Муассисаи давлатии «Кумаки аввалини тиббӣ-санитарӣ»-и шаҳри Истаравшан дар асоси таҷдиди сохтори тандурустӣ таъсис дода шуда, 2 адад Маркази саломатии шаҳрӣ, 19 адад марказҳои саломатии деҳот, 30 адад хонаҳои саломатӣ ва марказҳои солимии репродуктивӣ, иммунопрофилактикӣ, бемориҳои ҳамбастагии кӯдакона, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва шуъбаи барқароркунии саломатӣ зертобеи он мебошад. Дар заминаи маркази саломатии №1 шуъбаи байниноҳиявии тибби оилавӣ аз соли 2010  фаъолият мекунад. Дар шуъбаи мазкур омӯзиши давравии кормандони миёнаи тибби оилавӣ ба роҳ монда шудааст.

Таъминот бо кадрҳо

Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти КАТС-и шаҳри Истаравшан хабарнигори МТЖТ бо роҳбари муассисаи мазкур Шодиев Шодмон Маҳмудҷонович суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Дар оғози суҳбат мавсуф изҳор дошт, ки шумораи умумии коргарон 769 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин шумора табибон – 142, кормандони миёнаи тиббӣ – 517, кормандони хурди тиб – 77 нафар ва дигар кормандон – 33 нафар мебошанд.

Дар Маркази саломатии № 1 табибони гуногунихтисос – 32 нафар ва табибони оилавӣ – 23 нафар (се гурӯҳ) фаъолият мекунанд, ки 100% аз курси бозомӯзии тибби оилавӣ гузаштаанд. Ҳамшираҳои шафкат – 104 нафар ва кормандони хурди тиб – 10 нафар фаъолият мекунанд.

Дар Маркази саломатии  № 2 духтурон – 37 нафар, табибони  оилавӣ – 16 нафар (се гурӯҳ), ҳамшираҳои шафқат – 75 нафар, кормандони хурди тиб – 8 нафар фаъолият мебаранд.

Дар марказҳои саломатии деҳот 28 нафар табибони тибби оилавӣ фаъолият мекунанд, ки аз инҳо 27 нафа курси бозомӯзиро гузаштаанд. Ҳамшираҳои шафқат – 161 нафар ва кормандони хурди тиб – 25 нафар мебошанд.

Дар хонаҳои саломатӣ ҳамшираҳои шафқат ва бародарони шафқат – 135 нафар ва коркунони хурди тиб – 28 нафар мебошанд.

Бунёдкорӣ ва сохтмон

– Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар муассиса корҳои созандагӣ, ободонӣ, таъмиру таҷдид асосан дар деҳот оғоз гардидааст. Аз ҷумла бинои маркази саломатии деҳаи Куҳандиши ҷамоати деҳоти Зарҳалол солҳои тӯлонӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дошт. Ҳоло дар бинои нави маркази саломатӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба миқдори 160000 сомонӣ сарф карда шуда, корҳои сохтмонӣ давом дорад. Тибқи нақша то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешавад.

Дар бинои нави иловагии маркази саломатии №1 ба миқдори 6 млн. 200 000 сомонӣ маблағ сарф карда шуда, корҳои соҳтмонӣ давом дорад, ки то охири соли равон ба истифода дода мешавад.

Дар хонаҳои саломати деҳаи Янгиқишлоқ, хонаи саломатии Сепула, маркази саломатии деҳаи Варсик корҳои сохтмонӣ идома дошта, то пешвозгирии ҷашни Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешавад.

 Иммунизатсия

Ҳамзамон, номбурда изҳор дошт, ки Маркази иммунопрофилактики шаҳри Истаравшан барои пешгирии бемориҳои сироятии идорашаванда бо ваксинатсия дар соли 2023 нақшаи корӣ барои иҷроиши фармоиши ВТ ва ҲИА ҶТ аз 06.02.2020 таҳти №78 «Дар бораи такмилдиҳии системаи пешгирии бемориҳои сироятии бо ваксина идорашаванда» ва амалисозии «Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 27.02.2021 №51 ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятии бо ваксина идорашаванда, паст намудани сатҳи бемории шикамрави кӯдакони хурдсол, нигоҳдоштани ҳолати давлати озод аз бемории фалаҷ, инчунин қатъ намудани гардиши вируси фалаҷ, боназардошти тавсияҳои ТУТ шудааст тартиб дода ва аз рӯи нақша корбари карда истодааст.

Иҷроиши нақшаи иммунизатсия бо талаботи ТУТ бояд на кам 95 % иҷро шавад.

Аз таҳлил маълум мешавад, ки иммунизатсияи кӯдакони таваллудшуда бо ваксинаи БСЧ 98,9 %, ОПВ -0 98,7 %, ГЕП В 98,7%-ро ташкил медиҳад.

 Дарсҳои омӯзишии кормандони соҳа

Вобаста ба дарсҳои омӯзишии кормандони соҳаи тиб номбурда иттилоъ дод, ки бо мақсади таъмин иҷрои мақсад ва вазифаҳои “Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, мувофиқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08.02.2017 сол №66 ва фармоиши Раёсати тандурустии вилояти Суғд аз 10.02.2017 сол №23, дар бораи омӯзиши мунтазами ваксинаторон оид ба “Иммунизатсияи бехатар”  фармоиши роҳбари КАТС-и шаҳри Истаравшан аз 10.03.2023 сол №19 ба имзо расид.

Дар асоси фармоишиҳои дар боло зикргардида дар санаҳои 17.03.-18.03.2023 дар байни 77 нафар иштирокчиёни ваксинаторони муассисаҳои тиббии шаҳри Истаравшан дарси омӯзишӣ оид ба “Иммунизатсияи бехатар” бо тариқи саволу ҷавоб ва дар шакли презентатсия гузаронида шуд. Дар охир  ба ҳамаи иштирокчиён шаҳодатнома барои фаъолияти ваксинатсия гузарони барои 2023 сол дода шуд. Ҳамчунин дар санаҳоии 13-16 ва 22-24-уми феврали соли 2023 мутаносибан дар байни 55 ва 89 нафар  кормандони тиббии КАТС-и  шаҳри Истаравшан  машғулиятҳои омӯзишӣ гузаронида шуд.

Бо мақсади иҷрои фармоиши Вазорати тандурустӣ ва хифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Точикистон  аз 18.01.23 таҳти №26 ва фармоиши раёсати тандурустии вилояти Суғд аз 03.02.2023 №26 “Оид ба гузаронидани машгулиятхои омузиши”, амалисозии банди 4-и нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии “Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2021 №51 тасдиқ карда шудааст ва ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониши мутахассисони соҳаи тандурустӣ оид ба назорати эпидемиологӣ аз рӯи фалаҷи шадиди суст/фалаҷ дар саросари шаҳри Истаравшан барои кормандони тиб оид ба назорати эпидемиологӣ аз рӯи фалаҷи суст ва сурхча аз санаи 13 феврал то 16 феврали соли 2023 дарси омӯзишӣ гузаронида шуд.

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь