Соҳаи тиб дар ҳаёти инсоният нақши муассир дорад ва аз ин рӯ, Ҳукумати ҷумҳурӣ пайваста мекӯшад сатҳу сифати соҳаи тиб бамаротиб дар ҷумҳурӣ боло равад ва инчунин барои беҳтар гардидани соҳаи тиб Ҳукумати ҷумҳурӣ шароити мусоидро фароҳам овардаасту меорад. Бинобар ҳамин, хабарнигори МТЖТ бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон бо директори муассисаи мазкур Амиров Шарофиддин Рустамович суҳбати ихтисосӣ анҷом дод, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагони азиз мегардонем.

Дар оғози суҳбат номбурда қайд кард, ки Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовараҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурусти  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи ҳифзи сиҳатии аҳолӣ, Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ, “Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Консепсияи миллии тарбияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Оинномаи коллеҷ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Ҳамаи ин ҳуҷҷатҳо дар ҷаласаи Шӯрои олимони Муассисаи давлатии  таълимии “Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор дода шуда, нақша- чорабиниҳо оид ба иҷроиши онҳо тартиб дода шуда, мунтазам кор бурда мешавад.

Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон ҳамчун муассисаи таълимии миёнаи касбӣ оид ба тайёр намудани мутахассисони соҳаи «Кори ҳамширагӣ», «Кори тиббӣ- ташхисӣ»,  «Кори момодоягӣ», «Кори фарматсевтӣ», «Кори табобатӣ», «Кори дандонсозӣ» фаъолият менамояд.

Коллеҷ дар тобеияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва ҳуқуқи додани дипломи маълумоти миёнаи тиббиро дорад.

Суроғаи ҳуқуқии Коллеҷи тиббӣ- Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ноҳияи Ёвон, кӯчаи К. Қурбонов – 182/а.

Пояи моддӣтехникӣ

Мавсуф инчунин, иттило дод, ки дар асоси қарори иxлосияи 14-уми маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон аз 28 марти соли 2018 № 691 ба тавозуни Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон» бинои озодшудаи Шуъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон  иборат аз 4 ошёна масоҳаташ 3148, 97 метри мураббаъ ва масоҳати заминҳои атрофи бино 6941,0 метри мураббаъ гузаронида шуд.

Ҳамаи кафедраҳои амалкунанда, аз он ҷумла кафедраҳои «Забонҳо», «Гуманитарӣ», «Табии риёзӣ», «Марфологӣ», «Фанҳои биологӣ», «Тарбияи ҷисмонӣ», «Момодоягӣ» ва “Кори ҳамширагӣ” ба бинои нави муассисаи таълимӣ, ки дар суроғаи ноҳияи Ёвон кӯчаи Кароматулло Қурбонов 182/а ҷойгир шудааст,  кӯчонида шуданд. Бинои навтаъсиси муассисаи таълимӣ пурра аз таъмир бароварда шуда, дар чор ошёнаи муассисаи таълимӣ бо тартиби зайл маъмурият ва кафедраҳои таълимӣ ҷой дода шуданд.

Машғулиятҳо дар бинои нав мунтазам аз ҷониби омӯзгорони ботаҷриба бо истифодабарии усулҳои нави таълимӣ, албатта, бо истифодабарии технологияи муосир, аз қабили доскаҳои электронӣ ва видеопректорҳо гузаронида мешаванд.

Дар сохтори коллеҷ ихтисосҳои «Кори ҳамширагӣ», «Кори тиббӣ-ташхисӣ», «Кори  момодоягӣ», «Кори фарматсевтӣ», «Кори дандонсозӣ» ва «Кори табобатӣ», мавҷуд мебошанд. Айни замон дар коллеҷ 10 кафедра фаъолият дорад: «Морфологӣ», «Гуманитарӣ», «Забонҳо», «Таббии-риёзӣ», «Тарбияи ҷисмонӣ», «Кори ҳамширагӣ дар ҷароҳия», «Кори ҳамширагӣ дар терапия», «Фанҳои биологӣ», «Кори ҳамширагӣ» ва “Момодоягӣ”. Ҳамчунин, сохтори коллеҷ аз қисми таълимӣ ва тарбиявӣ, таҷрибаомӯзӣ, илм ва инноватсия, факултетҳо,  кабинети илмӣ-методӣ, лаборатория, китобхона, қисми хоҷагӣ, шуъбаи кадрҳо, бойгонӣ, бунгоҳи тиббӣ ва аз муҳосибот иборат аст. Аз рӯи имкониятҳои ба даст омада, бо ташаббус ва дастгирии маъмурияти муассисаи таълимӣ ҷиҳати азнавсозии саҳн ва атрофи муассисаи таълимӣ таҷдиди назар карда шуда, атрофи муассиса бо деворҳои ҳозиразамон бо истифода аз хиштҳои бетонӣ ва дар қисмати пеши даромадгоҳи бинои муассиса бо панҷара маҳкам карда шуд. Айни замон дар коллеҷ сохтмони варзишгоҳи хурд, сохтмони ошхонаи ҳозиразамон барои донишҷӯён идома дорад.

Воҳидҳои сохтории коллеҷ фаъолияти худро дар асоси талаботи Оиннома (бо Фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон № 970 аз 16.12.2019 тасдиқ карда шудааст) ва Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, (бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01 марти 2018, №94) ба роҳ мондааст.

Раванди таълим дар коллеҷ дар ду давра гузаронида мешавад. Дар баробари ин қайд кардан лозим аст, ки машғулиятҳои амалӣ асосан дар синфхонаҳои заминавӣ, яъне синфхонаҳои шуъбаҳои Беморхонаи марказӣ, КАТС, МНДСЭ-и ноҳия, Стоматология гузаронида мешавад.

Дар коллеҷ барои мустаҳкам намудани пояи моддӣ-техникӣ дар ҳамаи синфхонаҳо системаи гармидиҳӣ таъмин карда шуда, фаршҳои замонавӣ ва бо линолиум пeшида шудаанд. То инҷониб 43 адад компютерҳо дар синфхонаҳои «Компютерӣ» мавҷуд аст, 26 адад тахтаҳои электронӣ ва видеопроекторҳо харидорӣ гардидаанд. Умуман 4 адад ноутбук, 8 адад нетбук, 132 адад компютер, 50 адад принтер, 42 адад нусхабардор барои синфхонаҳо харидорӣ карда шуда, мавриди истифода қарор доранд.

 Заминаи кадрии коллеҷ

Дар идомаи суҳбат номбурда тазаккур дод, ки дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон” айни ҳол 224 нафар кормандон фаъолият доранд.

Аз он ҷумла, 112 нафар омӯзгорони асосӣ: 45 мард, 67 зан; 71 нафар омӯзгорони соатбайъ: 47 мард, 24 зан;

10 нафар омӯзгорон дар рухсатии ҳомиладорӣ ва нигоҳубини тифл қарор доранд.

41 нафарро аъзоёни роҳбарияти коллеҷ, кормандони хоҷагӣ ва ёрирасон, ташкил медиҳанд.

Теъдоди омӯзгорони асосӣ аз рӯи маълумот чунин мебошад:

– бо маълумоти олии тиббӣ 28 нафар; бо маълумоти олии ғайритиббӣ 55 нафар; бо маълумоти миёнаи касбӣ 15 нафар; бо маълумоти олии нопурра 14 нафар.

Дар моҳи январи соли 2023 аз курсҳои такмили ихтисос 20 нафар омӯзгорон дар заминаи курсҳои бозомӯзии такмили ихтисоси назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз курси такмили ихтисос гузаштанд.

Аз моҳи апрели соли 2023 бо Фармони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон № 29 аз 4 апрели соли 2023, ба сифати Директори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон” номзади илмҳои тиб Амиров Шарофиддин Рустамович таъин гардид.

 Ҷараёни таълим

Ҳамсуҳбати мо ҳамчунин изҳор дошт, ки ҷараёни таълим тибқи нақшаҳои таълимӣ, ки бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа ва аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2018, тасдиқ карда шудааст, ба роҳ монда шудааст. Тибқи нақшаҳои таълимӣ ҷадвали раванди таълим тартиб дода шуда, аз ҷониби директор тасдиқ карда шудааст. Дар асоси нақшаи раванди таълим ҷадвали машғулиятҳо тартиб дода шудаанд, ки аз ҷониби директор тасдиқ карда шудааст ва машғулиятҳо устуворан тибқи ин ҷадвалҳо сурат мегиранд. Раванди таълим мунтазам аз ҷониби маъмурият, муовини таълим назорат карда мешавад. Иҷроиши нақшаҳои раванди таълим низ аз ҷониби муовини директор оид ба корҳои таълимӣ мунтазам назорат карда мешавад. Қайд намудан зарур аст, ки аз соли 2018 муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон” ба низоми таҳсили кредитӣ гузаштааст. Бо ин мақсад нақшаҳои таълимии низоми кредитӣ барои ҳамаи ихтисосҳои дар коллеҷ мавҷуд буда, дастрас карда шудааст.

 Иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ

Мавсуф қайд кард, ки бо ташаббуси масъулини муассисаи таълимӣ, ҷиҳати мақсаднок амалӣ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.02.2023 № АП-330, дастури хаттии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.03.2023, №03 (20)/03-480, оид ба гузаронидани даври аввали озмуни ҷумҳуриявӣ “Фурӯғи субҳи донои китоб аст”, аз 02.02.2023  № АП-331, дастури хаттии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.02.2023 № 07(46)02-42, оиди гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии “Илм- фурӯғи маърифат” чораҳои дахлдор андешида шудаанд.

Бо ҳамин мазмун дастури хаттии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  07.02.2023, № 02(44)02-34, ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 7- уми июли соли 2022 № АП-227, вобаста ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии ““Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат” ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон  Ғафуров, ба роҳбарӣ гирифта шуда,  даври якуми озмуни мазкур дар муассисаи таълимӣ бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯён амалӣ гашт, ки натиҷааш чунин аст.

Лозим ба ёдоварист, ки  дастури хаттии  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  08.12.2022,  № 04(26)1-05-984 вобаста ба иҷрои фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.09.2022, №1337, ҷиҳати омӯзиш ва азёд намудани 400-вожаи серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, байни устодону донишҷӯён, дар муассисаи таълимӣ мақсаднок  роҳандозӣ гардида, марҳилаи якуми омӯзиш ва азёд намудани 400 вожаи серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, дар кафедраҳои таълимӣ, байни донишҷӯёну омӯзгорон баргузор гашт ва даври ниҳои дар сатҳи муассисаи таълимӣ бо иштироки ғолбоне, ки аз кафедраҳо пешбарӣ шуданд, моҳи январи соли 2023 гузаронида шуд. Дар натиҷа ғолибон аз ҳисоби донишҷӯёну омӯзгорон муайян гаштанд:

Шоимардонова Сафина, донишҷӯи курси якум гурӯҳи 103 К/Ҳ ҷойи якум.

Зиёзода Шукрона, донишҷӯи курси дуюм гурӯҳи 225 К/М ҷойи дуюм.

Бобоқулов Илҳом, донишҷӯи курси дуюм гурӯҳи 222 К/Ҳ ҷойи сеюм.

Неъматова Ситора, омӯзгори кафедраи “Гуманитарӣ” ҷойи якум.

Нуров Шаҳбоз омӯзгори кафедраи “Морфологӣ” ҷойи дуюм.

Ситораи Барот омӯзгори кафедраи “Фанҳои биологӣ” ҷойи сеюм.

 “Илм – фурӯғи маърифат”

Дар кафедраи “Фанҳои биологӣ” ва кафедраи “Табии риёзӣ”-и Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон” давраи якум ва дуюм гузашт, ки дар даври якум 103 нафар, дар даври дуюм 24 нафар иштирок намуданд. Дар даври ноҳияви бошад 16 нафар донишҷуёни коллеҷ иштирок варзида 11 нафар онҳо ба даври вилоятии озмуни мазкур роҳхат гирифтанд.

 “Фурӯғи субҳи донои китоб аст”

Вобаста ба озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи донои китоб аст” дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон” даври аввали озмун гузаронида шуд, ки дар он 2 нафар дар номинатсияи “Адабиёти кӯдакона”; 6 нафар дар номинатсияи “Адабиёти классикӣ”; 5 нафар дар номинатсияи “Адабиёти муосир”; 1 нафар дар номинатсияи “Адабиёти ҷаҳон”; 2 нафар дар номинатсияи “эҷоди назм” ҷамъулҷамъ 16 нафар иштирок намуда, 5 нафари онҳо ба даври дуюм, яъне ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд. Дар даври дуюм бошад 5 нафар иштирок намуда, аз онҳо се нафар ба даври вилоятии озмуни мазкур роҳхат гирифтанд; Ҳасанова Азиза Фахриддиновна дар номинатсияи “Адабиёти классикӣ”, Холова Фархунда Ҷомаҳмадовна дар номинатсияи “Адабиёти муосир” ва Ятимова Ҳоҷимоҳ Шоҳиновна дар номинатсияи “Адабиёти классикӣ”.

 “Тоҷикон – оинаи таърихи миллат”

Оид ба озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон – оинаи таърихи миллат” дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон” санаи 22.11.2022 даври якуми озмун гузаронида шуд, ки дар он зиёда аз 100 донишҷӯ ва омӯзгорон иштирок намуда, аз байни онҳо 7 нафар донишҷӯ ва 3 нафар омӯзгор ба даври ноҳияви роҳхат гирифтанд. Даври дуюми озмун санаи 07.06.2023 баргузор шуда, аз 10 нафар 3 нафар ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифтанд; Хамаева Шоира Мансуровна, Султонова Сабриниссо ва Қаҳҳоров Дилшод Қурбоналиевич.

Таҷрибаомӯзии таълимӣистеҳсолӣ

Номбурда зикр кард, ки таълими амалии донишҷӯён дар асоси Низомнома “Оид ба таълими амалӣ дар коллеҷҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.04 соли 2009, №253 тасдиқ гардидааст ва фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оиди вобаста намудани заминаҳои таҷрибаомӯзии донишҷуёни Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ №151, аз 09.12 соли 2012 ба роҳ монда шудааст.

Дар шуъбаи таълими амалӣ нақшаи кории муовини директор оид ба таълими амалӣ тартибдодашуда аз ҷониби директори коллеҷ тасдиқ карда шудааст.

Таълими амалӣ (таҷрибаомӯзӣ)-и донишҷӯён дар кабинетҳои қабликлиникӣ, кабинетҳои фаннӣ ва кабинетҳои таълимии заминаҳои таълими амалӣ ва инчунин дар қароргоҳҳои беморон, бевосита дар назди бистари беморон, ҳуҷраҳои ташхисӣ-табобатӣ, дармонгоҳҳо ва амалиётгоҳҳои муассисаҳои тиббӣ, муассисаҳои фарматсевтӣ дар асоси шартномаҳо мегузаранд. Барои гузаштани таҷрибаомӯзии донишҷӯён бо ҳамаи марказҳои саломатии ноҳияи Ёвон, муассисаҳои тандурустӣ, корхонаҳо шартномаи дуҷониба ба муддати аз  2 то 5 сол баста шудаанд.

Таълими амалӣ ва таҷрибаомӯзиҳои донишҷӯён дар муассисаҳои тиббӣ ва фарматсевтии ноҳияи Ёвон ва ноҳияҳои вилояти Хатлон гузаронида мешаванд.

Таълими амалӣ (таҷрибаомӯзӣ) аз ҷониби кафедраҳои мувофиқ, ки 7 ададро ташкил медиҳанд, аз ҷониби мутахассисони соҳибтаҷриба, омӯзгорони собиқаи коридошта, дараҷаҳои тахассусии омӯзгорӣ ва касбӣ дошта, амалӣ гардонида мешаванд.

Шумораи кабинетҳои таълимии амалӣ соли 2023 дар муассисаҳои тандурустӣ то 20 ададро ташкил медиҳад.

Дар бинои асосӣ ва бинои таълимии коллеҷ шумораи кабинетҳои таълимӣ 75 ададро ташкил медиҳанд, ки бо аёниятҳо, асбобу анҷомҳо ва таҷҳизотҳои гуногун муҷаҳҳаз гардонида шудаанд ва нақшаи кории кабинетҳо тартиб дода шудааст ва аз тарафи муовини директор оид ба таълими амалӣ тасдиқ карда шудаанд.

Шуъбаи таълими амалӣ нақша дорад боз ҳамкориро бо муассисаҳои тандурустӣ ва дигар корхонаҳо, ки дорои лабораторияҳои ҷиҳонизонида шуда мебошанд боз  идома дода, шумораи кабинетҳо ва заминаҳои таҷрибаомӯзиро зиёд гардонад.

Таълими амалии донишҷӯён аз ҷониби бахши таълим, бахши таълимӣ- амалӣ, мунтазам зери назорат қарор дошта, масъалаҳои таълими амалӣ ҳамасола дар Шӯроҳои олимон, ҷаласаҳои машваратии назди директор ва муовинони директор мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор мегирад. Дар давраи ҳисоботӣ масъалаи мазкур чанд маротиба дар ин ҷаласаҳо баррасӣ ва муҳокима карда шуданд ва нисбати беҳтарсозии ин бахши муҳими таълим қарорҳои дахлдор ва мушаххас қабул карда шуда, иҷроиши онҳо зери назорати маъмурият қарор дорад.

Барои гузаштани таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ-истеҳсолӣ, қаблидипломӣ оид ба ҳама намудҳои ихтисосҳо барномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ омода карда шудааст, ки ҳар яки онҳо дар ҷуздон алоҳида ҷойгир карда шудаанд.

Фармоиш оиди гузаштани таҷрибаомузии донишҷӯён аз тарафи директори муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон” ба имзо мерасад ва дар шуъбаи кадрҳо рақамгузорӣ карда мешавад. Таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар муассисаҳои тиббӣ таҳти назорати роҳбари методӣ қарор мегирад, ки бо донишҷӯён дар давраи таҷрибаомӯзӣ аз рӯи барномаи додашудаи шуъбаи таҷрибаомӯзӣ кор мебаранд. Дар охири таҷрибаомӯзӣ аз тарафи роҳбарони бевосита ва методӣ тавсифнома ба гурӯҳ ва ба ҳар як донишҷӯ навишта мешавад.

Таҷрибаомӯзии донишҷӯён аз тарафи муовини директор оид ба таълим  мунтазам назорат карда мешавад.

Дар ҳамин давраи ҳисобот бо мақсади расонидани ёрии амалӣ- методӣ дар машғулиятҳои омӯзгорони фанҳои клиникӣ ва назариявии тиббӣ иштирок намуда, маслиҳатҳои методӣ дода мешавад.

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь