Беморхонаи клиникии шаҳри Бохтар, бо дасгириҳои бе воситаи Пешвои миллат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати кишвар, Вазорати тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва  шаҳри Бохтар ва Раёсати тардурстии вилоят  солҳои охир пурра таъмиру бозсозӣ шуда, бо муосиртарин таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳаз гардонида шуд, ки ин омил боиси баланд бардоштани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии шаҳр ва ноҳияҳои атроф гардидааст.

 Супоришҳо дар амал татбиқ мешаванд

Бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти беморхонаи мазкур хабарнигори МТЖТ бо сардухтури он Шамсиддин Абдураҳимов суҳбати ихтисосӣ анҷом дод. Мавсуф дар оғози суҳбат афзуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромадҳои хуш иброз медоранд, ки соҳаи тандрустӣ яке аз самтҳои аввалинтараҷаи сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, давоми солҳои охир бо маротиб рушд карда, то имрӯз ба пешравиҳои назарас ноил гардидааст.   Номбурда илова кард, ки мо баҳри боз ҳам беҳтар кардани шароит дар беморхона барои табобату муолиҷаи беморон аз ҳама имкониятҳо истифода к

арда, дастру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ карда, бо дилу нияти соф ба корафтодагон содиқона хизмат мекунем.

Корҳои ободонӣ дар доираи ҷашни 30 солагӣ ва 35-солагии Истиқлолият

Беморхонаи болозикр  давоми чанд соли охир бо дасгирии Ҳукумати кишвар, Вазорати тандрустӣ, мақомоти маҳаллӣ пурра аз таъмир бароварда шудааст. Аз ҳисоби маблағҳои буҷет ва ғайрибуҷетӣ беморхона дар соли 2021 ба маблағи 120 ҳазор сомонӣ корҳои таъмиру барқарорсозӣ ба анҷом раоснида шуд. Аз ҷумла таъмири бинои ошхона ва ҳуҷраҳои ренгенологӣ, хатти обгузаронӣ ва кабелҳои барқӣ, ҳамчунин дар соли 2022 ба маблағи 550000 ҳазор сомонӣ панҷараҳои гирду атрофи беомрхона, сафолпуш намудани саҳни беморхона, таъмири шӯъбаи эҳёгари, шӯъбаи амрози даруна, иваз кардани дару трезаҳо ба анҷом раоснида шуда буд.

Дар шӯъбаи тавалуди беморхона хати гармидиҳӣ бо барқ ва ангишт васл шудааст. Ҳамаи шӯъбаҳо бо канисанер пурра таъмин гаштааст. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ бошад ба маблағи 335000 ҳазор сомонӣ  корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар шӯъбаи қабул, толор, рангу бори гирду атрофи бинои беморхона ва роҳравҳо, иваз кардани тирезаҳо ба нақша гирифта шуда, то ин мудат қисмати зиёди корҳо ба анҷом расида, дар боқимонда корҳои таъмир идома дорад.

 Воридсозии 64 номгӯйи таҷҳизоти муосири тиббӣ дар шаш моҳ

Бо дасгирии Ҳукумати кишвар, Вазорати тандрустӣ ва талошҳои роҳбарияти Беморхонаи клиникии шаҳри Бохтар аз аввали соли ҷорӣ то имрӯз 64  номгу таҷҳизоти муосири тиббӣ ба беморхона аз ҷумла ЭКГ, УЗИ,  Допер, Ренген, Манитори замонавӣ, ИВЕЛ, таҷҳизоти безараргардонии аспобҳои ҷароҳӣ, кати ҷароҳи 20, адад,  катҳои функсеанали барои беморон 14 адад ва ба ҳамин монанд  даҳо таҷҳизоти наву муосири дигар ворид карда шуд, ки ин кори табибонро бо маротиб осон гардонид.

Роҳбарияти беомрхона талош дорад, дар оянда боз бо дасгирии Ҳукумати Ҷумҳурӣ, Вазорати тандурстӣ ва дигар манбаъҳо таҷҳизотҳои муосири тиббиро ба беморхона ворид созад.

 Таъминот бо кадр дар мадди аввал

Дар идома Шамсидин Абдураҳимов, қайд кард, ки  кормандони тибби беморхонаи клиникии шаҳри Бохтар дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят, фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати тандурустии вилояти Хатлон фаъолияти кориаашонро ба роҳ монда дар нимсолаи аввали соли 2023-ум корҳои зеринро ба сомон расонидаанд.

Дар беморхона 250 нафар (201 нафар занон) кормандон кор мекунанд, ки аз байни онҳо 31 нафарашонро духтурон, 132 нафарашонро кормандони миёнаи тиб, 63 нафарашонро кормандони хурди тиббӣ ва 24 нафарашонро кормандони хоҷагидорӣ ташкил медиҳанд.

Аз байни духтурони дараҷанокии касбӣ дошта: дараҷаи олидор 11 нафар, дараҷаи 1-ум 5 нафар ва дараҷаи 2-ум 5 нафарро ташкил медиҳанд. Дар байни кормандони миёнаи тиббӣ дараҷаи олидор 31 нафар, дараҷаи 1-ум 22 нафар ва дараҷаи 2-ум 16 нафарро ташкил медиҳанд.

Дар ин муддат ҳамагӣ 25 нафар кормандон ба кор қабул карда шуд, ки аз он 2 нафар табиб, 15 нафар корманди миёнаи тиб, 4 нафар фаррош ва 4 нафар корманди хоҷагидор буда, дар умум 15 нафарашонро корманди ҷавон ташкил медиҳад.

Дар давоми 6 моҳи аввали соли 2023-ум 3 нафар табиб ва 10 нафар корманди миёнаи тиб барои такмили ихтисос ва ихтисосгирии аввалия равон карда шуд. Дар беморхона занони роҳбарикунанда 4 нафарро ташкил медиҳад.

Мактубҳо саривақт барасиӣ мешаванд

Дар ин муддат ҳамагӣ 35 мактуб аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ва дигар сохторҳо ворид шуда, ба ҳамаи онҳо ҷавоб гардонида шуда, дар умум 176 мактуб содирот гардидааст. Инчунин дар ин давра 180 нафар муроҷиати шахсони воқеӣ ба қайд гирифта шуд, ки тамоми муроҷиатҳо ҳалли худро ёфтанд.

 Муроҷиат, бистарикунонии беморону шифоёбии онҳо

Гуфта шуд, ки Беморхонаи мазкур  дорои 6 шуъба мебошад, аз он ҷумла шуъбаи қабул, шӯъбаи ҷарроҳӣ, шуъбаи таваллуд, шуъбаи амрози даруна, шӯъбаи эҳёгарӣ ва шуъбаи таҳлилгоҳ. Беморхона дорои 120 кат мебошад, ки 40 кат ба шӯъбаи ҷарроҳӣ, 60 кат ба шӯъбаи таваллуд ва 20 кат ба шӯъбаи амрози даруна мансуб мебошад.

Дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ дар беморхонаи шаҳри Бохтар 2178 нафар беморон бистарӣ гардида, 2142 нафар беморон табобат ёфта ҷавоб шудаанд, ки ин 9199 кат-рӯзҳоро ва 48,0%-и иҷроишро ташкил медиҳад. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14% зиёд мебошад.

Дар ин муддат 1674 нафар занон (1280 нафари он сокини шаҳр) барои табобат ва зоиш дар шӯъбаи таваллудхона бистарӣ гардиданд, ки 71,5% иҷроиши нақшаро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 29,5% зиёд мебошад.

Дар давоми 6 моҳи аввали соли 2023-юм 1521 зоиш (453 нафар сокини шаҳр) ба қайд гирифта шудааст. Ҳамагӣ ба 144 нафар (60 нафар сокини шаҳр) буриши қайсарӣ гузаронида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 139 нафар кам мебошад. Дар ин муддат 1553 нафар (477 нафар сокини шаҳр) навзодони зинда дар шӯъбаи таваллуд ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 118 нафар кам мебошад.

Табобати саривақтии беморон

Дар шӯъбаи ҷарроҳӣ дар ин давра 406 бемор ворид шуда, 398 бемор ҷавоб шуд, ки ин 1935 кат-рӯзро (28,0%) ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,0 % кам мебошад. Ҳамагӣ дар шӯъба 395 ҷарроҳӣ гузаронида шуд, ки 281 ҷарроҳӣ ба таври фаврӣ ва 114 ҷарроҳӣ ба таври нақшавӣ мебошад.

Дар шуъбаи амрози даруна дар ин давра 98 нафар бистарӣ гардида, 89 нафар ҷавоб дода шуд, ки 829 кат-рӯз ва 24,0%-и иҷроишро ташкил медиҳад. Банднокии миёнаи катҳо 41, ҳисоби миёнаи бистарии беморон 8,9 ва гардиши катҳо 4,5 мебошад.

Бояд қайд намуд, ки дар беморхона шуъбаи ҷарроҳӣ, шуъбаи амрози даруна, шуъбаи таваллуд, ҳуҷраи ташхиси ултрасадо, ҳуҷраи эндоскопия, ҳуҷраи рентгенӣ ва сабти барки дил таҳти  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.12.2008 №600 «Дар бораи тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ» фаъолият намуда истодаанд.

Тибқи нақшаи пешбинигардидаи қарори №600 дар 6 моҳи аввали соли 2023 ба буҷаи беморхона 279528 сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2022-ум 119,7%-и иҷроишро ташкил медиҳад. Дар ин давра дар доираи қарори мазкур ба 37 нафар ба маблағи 8695 сомонӣ ба таври ройгон хизматрасонӣ карда шуд.

Ҳамзамон қайд кардан зарур аст, ки дар беморхона аз ҳисоби маъмурият ҳамарӯза навбатдориҳои шабонарӯзӣ ташкил намуда, мунтазам рейдҳо гузаронида мешавад.

 Ҳадф хизмати хуби тиббӣ ба беморону корафтодагон аст

Роҳбарият ва кормандони беморхона дар оянда низ кушиш ба харҷ медиҳанд, ки сатҳи сифати хизматрасонии тиббиро ба аҳолии шаҳри Бохтар ва ноҳияҳои атроф  боз ҳам хуб намуда, баҳри ташхис ва табобати беморон ҳамарӯза фаъолият намоянд. Ва аз ҳама муҳим ҷашнҳои дар пешистода яъне ҷашни таърихи 32-солагии  Истиқлолияти давалтии кишваро бо дастовардаҳои назарас пешвоз бигранд. Боқи саломату комёб ва мувафақу сарбаланд бошед, табибони арҷманди Беморхонаи клиникии шаҳри Бохтар.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь