Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди идома бахшидани ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ба масъалаҳои беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин, рушди шаклҳои нави кӯмаки аввалияи тиббиву санитарӣ аҳамияти хоса медиҳад. Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи тандурустӣ дастовардҳои зиёде ба амал омадааст, ки ҳамаи он ба шарофати сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардидаанд.

Бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат ва сатҳу сифати хидматрасонии тиббӣ дар ин муассисаи давлатӣ хабарнигори МТЖТ бо сартабиби беморхонаи мазкур Шарипов Фирӯз ҳамсуҳбат шуд.

Сохтори муассиса

Сардухтури Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат Фирӯз Шарипов дар оғози суҳбат гуфт беморхона аз 12 шуъбанаҷоти калонсолон, наҷоти кӯдакона, бемориҳои дарунаи калонсолон, бемориҳои дарунаи кӯдакона, ҷарроҳии калонсолон, ҷарроҳии кӯдакона, урологӣ, шикастабандӣ, бемориҳои дил, бемориҳои асаб, бемориҳои сироятӣ ва шуъбаи таваллуд ва 662 кати бистаринамоӣ иборат мебошад.

– Се шуъбаи ёрирасон-физиотерапевтӣ, озмоишгоҳ, рентгенӣ ва ҳамчунин, дигар шуъбаву ҳуҷраҳои дигар-шуъбаи қабул, ёрии таъҷилӣ, нуқтаи шикастабандӣ, оморӣ, муҳосибот, паталогоанатомӣ, ҳуҷраи нигаҳдории ҷузъҳо ва зардобаи тайёри хун, шуъбаи безараргардонии маводҳоии ҷарроҳӣ ва қисми хоҷагидорӣ низ амал мекунанд. Маркази солимии репродуктивӣ, Маркази стоматологӣ, Маркази мубориза бар зидди бемориҳои вируси норасоии масъунияти одам, Маркази мубориза бар зидди бемориҳои сил, Маркази мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ, Маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва Маркази иммунопрофилактика аз муассисаҳои зерсохтори Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат мебошанд. Ҳамчунин, 6 беморхонаи минтақавӣ низ амал мекунад. Дар Беморхонаи марказӣ 1213 воҳиди корӣ мавҷуд аст, ки табибон 233, ҳамшираи тиб-462 ҳамшираҳои хурди тиб 315 ва дигар кормандон  202 нафарро ташкил медиҳанд,-иброз дошт сартабиб.

Таъминоти кадрӣ

Дар шаҳри Ваҳдат табибон ба 10000 ҳазор нафар аҳолӣ 12,7%, ҳамшираҳо бошад, ба 10000 ҳазор аҳолӣ 40,1% рост меояд.

Такмили ихтисос ва дараҷанокии кадрҳо

-Дар се моҳи соли 2024 дараҷанокии табибон 72,2%, ҳамшираҳои шафқат 79,8%-ро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли 2023 дараҷанокии табибон 3,5%, ҳамшираҳои шафқат 1,4% зиёд аст. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби табибон 3 ва ҳамшираҳои шафқат 36 нафар давраи такмили ихтисосро сипарӣ карданд. Айни ҳол дар шуъбаи кӯдакона 6 ва шуъбаи сироятшиносӣ 2 мутахассиси соҳа, инчунин як табиби эпидемиолог намерасад-гуфт Шарипов Ф.

Комиссияи сифат ва бехатарии табобат

Бояд қайд намуд, ки дар Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат Комиисияи сифат ва бехатарии тиббӣ фаъолият мекунад, ки бо фармоиши сартабиб таъсис дода шуда, ба ҳайати комиссияи мазкур табибони ботаҷриба шомил мебошанд.

-Ҷаласаҳои комиссия мунтазам гузаронида шуда, фаъолияти сохтор ва зерсохторҳо арзёбӣ карда мешаванд. Тамоми ҷаласаҳо бо санадҳо ва пешниҳодҳо ба мутахассисон равона гардида, оид ба беҳтар гардонидани фаъолияти корӣ, машваратҳо дода мешавад. То кунун фаъолияти шуъбаҳои қабул, бемориҳои дил ва бемориҳои муолиҷавии калонсолон баррасӣ карда шудааст,-гуфт сардухтури беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат Шарипов Фирӯз.

Навовариҳо

Тибқи иттилои сардухтур, дар беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат айни замон як қатор усулҳои табобатӣ ба роҳ монда шудааст.

– Солҳои қаблӣ аҳолии шаҳр барои табобати ин бемориҳо ба муассисаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ муроҷиат намуда, табобат мегирифтанд. Дар шуъбаи ҷарроҳии калонсолон ҷарроҳиҳои қафаси сина аз қабили эхинококэктомияи шушҳо ва ҷарроҳии буриши яквақтаи рӯдаи сигмашакл ба роҳ монда шудааст. Дар шуъбаи ҷарроҳии кӯдакона тармими нуқсонҳои модарзодии кӯдакона аз қабили тармими нуқсони гипоспадия ба роҳ монда шудааст. Дар шуъбаи шикастабандӣ гузаронидани штифти русткунанда ҳангоми шикасти устуҳонҳои найчашакли дарози андомҳои поён ва тармими баромади одатии сараки бозуҳо ба роҳ монда шудааст. Дар шуъбаи урологӣ баргузории ҷарроҳиҳои эндовидиоӣ ба роҳ монда шудааст. Дар шуъбаи  бемориҳои дил ворид кардани усули тромболизис ҳамчун ёрии аввалия барои беморони пеш аз сактавии дил, инчунин, истифодаи нуҷумаки барқии муваққатӣ то барқароршавии кори муназзами дил ба роҳ монда шудааст,-иброз дошт сартабиби беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат Шарипов Фирӯз.

Шарҳи ҳол

Шарипов Фирӯз Рустамович, соли 2009 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро хатм кардааст. Интернатураро дар Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина ва соли 2017 ординатураро дар шуъбаи шакли мутобиқгашта ба итмом расонидааст. Номбурда фаъолияти касбиашро соли 2012 дар вазифаи мудири шуъбаи қабулгоҳи Маркази миллии шуш, ва ҷарроҳиҳои қафаси сина оғоз намуда, соли 2014 муовини директор оид ба корҳои табобатӣ ва соли 2015 директори маркази мазкур таъйин гардидааст. Солҳои 2021-2023 ҳамаоҳангсози Барномаи ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил ва аз моҳи ноябри соли 2023 инҷониб дар вазифаи сартабиби Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат фаъолият карда истодааст.

Табиби ҳозиқ Шарипов Ф. дар 15 соли фаъолияти пурсамар дар ин соҳаи муҳим барои аҳолии мамлакат ба сипосномаву ифтихорномаҳои зиёди роҳбарияти вазорати тандурустии ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Ҳамчунин, мавсуф духтури дараҷаи олӣ, дорандаи нишони сарисинагии “Аълочии тандурустии Тоҷикистон” буда, соли 2021 Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

МТЖТ

 

 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь