Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббӣ»-и шаҳри Истаравшан хабарнигори МТЖТ бо директори муассисаи мазкур Сафарализода Рустам Сафаралӣ суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.
Дар оғози суҳбат номбурда қайд кард, ки омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Истаравшан аз соли 1991 дар асоси фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.04.1991 таҳти рақами 282 ҳамчун муассисаи таълимии мустақил фаъолият мекунад. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 03.03.2014 таҳтии №148 ҳамчун муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббӣ»-и шаҳри Истаравшан табдил дода шуд.
Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан ҳамчун муассисаи таълимии миёнаи касбӣ оид ба тайёр намудани мутахассисони соҳаи «Кори ҳамширагӣ», «Кори тиббию ташхисӣ», «Кори тиббию профилактикӣ», «Кори фарматсевтӣ» ва «Кори момодоягӣ» фаъолият менамояд.
Коллеҷ дар тобеияти Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва ҳуқуқи додани дипломи маълумоти миёнаи тиббиро дорад.
Албатта, дар пешрафти илми тиб фарзандони миллати тоҷик саҳми боризи хешро гузоштаанд, номдортаринашон Закариёи Розӣ ва Пури Сино мебошанд, ки мо талош мекунем дар таълиму омӯзиш номбардори ин арбармардони илми тиб буда бошем!
Пояҳои меъёрию ҳуқуқии таълимгоҳ
Ҳамзамон, мавсуф тазаккур дод, ки коллеҷ фаъолияташро тибқи Оиннома амалӣ месозад, ки он дар Раёсати андозии шаҳри Истаравшан аз санаи 20.04.2015 таҳти №0006330 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст.
Оинномаи коллеҷ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 – ноябри 2008 таҳти №512 «Дар бораи Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фармасевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоxикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба маълумоти миёнаи касбӣ мураттаб гардидааст.
Заминаҳои моддию техникӣ, таълимию лабораторӣ
Номбурда қайд кард, ки бинои таълимӣ аз 2- ошёна иборат буда, масоҳати умумии таълимгоҳ 2075,1 метри мураббаъ баробар аст. Тибқи шартнома дар беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан яке аз шуъбаҳои беморхона шуъбаи бемориҳои пуст дар асоси супориши Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати муайян ба миқдори 10 кабинетҳои таълимӣ ба масоҳати 180,0 метри мурабба ва дар собиқ шуъбаи наркологии БМН шаҳри Истаравшан 6 кабинетҳои таълими 1 лаборатория ба масоҳати умумии 200 метри мурабба ва аз он ҷумла, дар шуъбаҳои сироятӣ, ҷарроҳӣ, ҷарроҳии кӯдакона, бемориҳои дарунӣ, гӯшу бинӣ, бемориҳои пӯст, осебшиносӣ, эҳё, эхёи кӯдакона, таваллудхона, марказии беҳдоштӣ, вогиршиносӣ, кӯмаки аввалияи тиббӣ санитарӣ ва умуман ҳамагӣ 22 синфхона ҳамчун утоқи таълимӣ ҷудо карда шудааст. Дар ин утоқҳо асосан дарсҳои таҷрибавӣ- амалӣ гузаронида мешаванд, ки масоҳати умумии онҳо ба 1154,64 метри мураббаъ баробар аст.
Дар бинои таълимӣ 10 кабинетҳои кории маъмурӣ ва 33-синфхонаҳои таълимӣ фаъолият доранд: анатомия, момодоягӣ, забони лотинӣ ва фармакология, физиология, педиатрия, 5- синфи Кори ҳамширагӣ, терапия, физикаи тибби, химия ва биология, биохимия, микробиология, 2-лаборатория, 2-синфи ҷомеашиносӣ, 2-синфи лингофонӣ, 4-синфи омӯзиши компютерӣ, забон ва адабиёти тоҷик, забони хориҷӣ ва забони русӣ.
Дар сохтори коллеҷ шӯъбаҳои «Кори ҳамширагӣ», «Кори тиббӣ- ташхисӣ», «Кори тиббию профилактикӣ», «Кори фарматсевтӣ» ва «Кори момодоягӣ» мавҷуд мебошанд. Ҳамчунин, сохтори коллеҷ аз қисми таълимӣ ва тарбиявӣ, таҷрибаомӯзӣ, кабинети методӣ, лаборатория, китобхона, қисми хоҷагӣ, шуъбаи кадрҳо, бойгонӣ ва аз хазина иборат аст. Воҳидҳои сохтории коллеҷ фаъолияти худро дар асоси талаботи Оиннома ва Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-сентябри 2003, №470 ба роҳ мондааст.
Раванди таълим дар коллеҷ дар ду давра гузаронида мешавад. Дар баробари ин қайд кардан лозим аст, ки дарсҳои амалӣ асосан дар синфхонаҳои базавӣ, яъне утоқҳои дарсии шуъбаҳои беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан дар кабинетҳои дарсии кумаки аввалияи тиббию санитари гузаронида мешаванд.
Дар назди бинои коллеҷ майдончаи варзишӣ сохта ба истифода дода шудааст.
Дар бинои асосии муассиса майдончаи варзишӣ, қисми хоҷагӣ, китобхона ва бойгонӣ низ ҷойгир шудаанд. Бояд қайд кард, ки дар маҷмӯъ дар коллеҷ 58 адад ҳуҷраҳо, аз он ҷумла 48 синфхона, 10 ҳуҷраҳои корӣ мавҷуд мебошад. Ҳамаи синфхонаҳо бо рӯшноии табиию барқӣ таъмин мебошанд. Хуҷраҳои таълимӣ бо таҷҳизот таъмин буда, барои пеш бурдани ҷараёни таълим ба талаботи раванди таълиму тарбия мувофиқ аст.
Таъминоти кадрӣ
Дар ҷараёни суҳбат мавсуф роҷеъ ба базаи кадрӣ суҳбат карда, аз ҷумла тазаккур дод, ки миқдори кормандони маъмурӣ ва ёрирасон дар соли ҷорӣ 31,5 воҳиди кориро ташкил медиҳад.
Дар соли таҳсили 2022-2023, 106-нафар, 57%, омӯзгори асосӣ (меъёр-80,0%) ва 80 нафар (43%) омӯзгорони ҳамкор фаъолият мебаранд. Аз 106 нафар омӯзгорони асосӣ, 33 нафарашонро (31,1 %) омӯзгорони маълумоти олии тибби тахассусӣ, 12 нафарашонро (11,3%) омӯзгорони маълумоти миёнаи махсуси тибби ва 61 нафарашон 57,5% маълумоти олии омӯзгорӣ мебошанд.
Банақшагирӣ ва ташкили xараёни таълим.
Ҳамчунин, номбурда зикр кард, ки Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан фаъолияти худро мувофиқи нақшаҳои солона ба роҳ мондааст, ки дар шӯрои омӯзгорӣ №1 аз 31.08.2022 тасдиқ гардидааст. Раванди таълим мувофиқи ҷадвали машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ ба роҳ монда шудааст. Ҷадвали машғулиятҳо барои ҳар як нимсола тартиб дода шудаанд. Реҷаи раванди таълим риоя карда мешавад. Ҳамаи барномаҳои таълимӣ барои низоми таҳсилоти кредитӣ мавҷуданд, ки шӯъбаи илмӣ-методии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намудааст. Машғулиятҳои фанҳои таълимии дар нимсолаҳои пешбинишуда гузаронида мешаванд. Соатҳои дар нақшаи таълимӣ пешбинишуда ба пуррагӣ истифода бурда мешаванд. Иҷрои корҳои санxишии донишҷӯён мавҷуд буда, тибқи ҷадвали тасдиқшуда гузаронида шуд. Бо системаи баллӣ-рейтингӣ баҳо додани дониши донишҷӯёни коллеҷ ба роҳ монда шудааст.
Ҳисоб ва тақсими соатҳоро бахши таълим амалӣ месозад, ин раванд бо назардошти теъдоди донишҷӯён дар гурӯҳҳо ва бахшхо, инчунин соати нақшаҳои таълимӣ ба роҳ монда шудааст.
Фаъолияти омӯзгорону кормандон ба амалӣ гардонидани талаботҳои асосии “Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикиситон” равон карда шудааст. Дар Коллеҷ тарзи таълими лексионӣ-семинарӣ ва лексионӣ-амалӣ ворид карда шудааст. Ҳамаи устодони коллеҷ нақшаҳои фардӣ доранд, ки дар он тамоми фаъолияти таълимӣ, методӣ, тарбиявӣ ва ғайра инъикос ёфта, тибқи он фаъолият менамоянд. Машғулиятҳои амалӣ дар кабинетҳои таълимии қабликлиникӣ, фаннӣ гузаронида мешаванд, ки ҷиҳозонидани онҳо қаноатбахш мебошанд. Инчунин, дар соли 2023 аз 106 нафар омӯзгорон 21 нафар омӯзгорон аз курси бозомӯзии такмили ихтисоси омӯзгорон аз санаи 12 июни соли 2023 то санаи 29 июни соли равон ба нақша гирифта шуда, моҳи июли соли ҷорӣ омӯзгорон бо дипломи донишкадаи такмили ихтисоси муассисаҳои олии касбии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тақдим мегарданд.
Фаъолияти табобатӣ
-Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ расонидани ёрии фаврии тиббӣ дар коллеҷ ҳуҷраи тиббӣ фаъолият дорад (1 воҳиди корӣ). Дар ҳуҷраи тиббӣ мувофиқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.07.2014 таҳти №523 номгӯи ҳатмии дорувориҳо вуҷуд дорад. Шумораи муроҷиаткунандагон аз моҳи январ то моҳи 10 июни соли ҷорӣ 57 нафарро ташкил медиҳад. Аз тарафи ҳамшираи тиб 16 маротиба суҳбатҳо оиди пешгирии бемориҳо, гигиенаи шахсӣ, танзими оила ва ғайра гузаронида шуд,-қайд кард номбурда.
Иҷрои барномаҳои миллии соҳаи тандурустӣ
Дар ҷараёни суҳбат мавсуф изҳор дошт, ки барномаи давлатии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.04.2007с., № 166) ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қонунҳо ва низомномаҳо таҳия гардидааст. Барнома афзалият ва самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф муайян менамоянд.
Самтҳои афзалиятноки барномаи мазкур андешидани чораҳои зеринро дар назар дорад: таҷдиди назари низоми музди меҳнати кормандони соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ;
давра ба давра компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ; такмили асосҳои таълимии методӣ, моддию техникӣ ва илмии рушди таҳсилоти миёнаи касбӣ;
беҳбуди заминаи моддию техникӣ аз ҳисоби нашри адабиёт ва хариди таҷҳизоти илмию лабораторӣ;
таҷдиди назар ва такмили номгӯи ихтисосҳо мутобиқи эҳтиёҷоти бозори меҳнат.
Оиди иҷроиши “Барномаи милли ташаккули тарзи ҳаёти солим” дар муассиаи таълимӣ нақша-чорабинӣ таҳия ва тасдиқ шуда, иҷроиши он зина ба зина амалӣ карда мешавад. Инчунин, иҷроиши “Барномаи миллӣ ташаккули тарзи ҳаёти солим” дар шӯрои омӯзгорони коллеҷ баррасӣ карда шудааст.
Дар моҳи марти соли ҷорӣ семинар оиди иҷроиши “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи ғизодиҳии табии кӯдакон” ва иҷроиши “Барномаи миллии таъминот бо шири модар” бо иштироки омӯзгорони фанни кори хамширагӣ дар педиатрия ва донишҷуён гузаронида шуд. Илова ба ин, дар давоми соли ҷорӣ ҳамаи барномаҳои миллии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд.
Таълими истеҳсолӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Дар рафти суҳбат номбурда изҳор дошт, ки дар коллеҷи тиббии ш. Истаравшан машғулиятҳои амалӣ, таҷрибаомӯзии таълимии истеҳсолӣ ва таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ-қабл аз дипломӣ аз рӯйи нақшаи таълимӣ ва аз рӯи Низомнома оид ба таълими амалӣ, таҷрибаомӯзӣ дар коллеҷҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.
Кор дар самти муҷаҳҳаз намудани утоқу лабораторияҳо аз фанҳои амалӣ бо таҷҳизотҳо, асбобҳои айёнӣ, тиббӣ ва техникӣ, дастрас намудани воситаҳои техникии замонавӣ барои истифода дар машғулиятҳои амалӣ аз тарафи омӯзгорон ва маъмурият рафта истодааст.
Машғулиятҳои амалии ҳамаи бахшҳо аз рӯйи ҷадвали машғулиятҳои аз тарафи директори коллеҷ тасдиқшуда, ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин, хатмкунандагони соли таҳсили 2023 аз санаи 27 апрели соли 2023 то санаи 14 июни соли ҷорӣ барои гузаронидани таҷрибаомӯзии қаблидипломӣ ба шӯъбаҳои беморхонаи марказии шаҳру нохияҳо, марказхои саломати ва дорухонаҳо равона карда шудаанд. Барои дар савияи баланд гузаронидани машғулиятҳои амалӣ, таҷрибаомӯзии қаблидипломӣ сол аз сол пойгоҳҳои таълимӣ-амалӣ дар бинои асосӣ ва дар заминаҳо (беморхонаи марказии шаҳр, маркази саломатии шаҳр) ва дар дигар муассисаҳои муолиҷавии шаҳр васеъ ва бо таҷҳизотҳои лозимӣ таъмин шуда истодаанд, ки он ба боз ҳам амиқтар азхуд намудани машғулиятҳо мусоидат менамояд.
Натиҷагирӣ
Мавсуф ҳамзамон, илова кард, ки дар ҳудуди муассисаи таълимӣ ба ҷои бинои фарсуда шуда, ки дар соли 1991 бо масолеҳи чӯбин сохта шудааст ва ба талаботи ҳозираи дарсугузарони ҷавобгӯ намебошад, роҳбарияти муассисаи таълимӣ бахшида ба 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои сеошёнаги дорои 20 синфхонаҳои таълимӣ ва лаборатория ба нақша гирифта шуда, лоиҳаи ангоравии бинои мазкур барои мувофиқа ба мақомотҳои дахлдор, ҳамзамон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзӣ иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.
Даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» 8.07.2023 то 10.07.2023 дар Гимназияи №-4 шаҳр баргузор гардид, ки дар он донишҷӯён Исроилова Ашӯрбӣ, Шокирова Шамсия, Кенҷаева Шаҳзода ва омӯзгори фанни омодагии дифои ҳарбӣ Бобохоҷаев Анвар иштирок намуда, щолибиятро дар даври шаҳрӣ ба даст оварданд. Дар ин озмун сазовори ҷои якум Исроилова Ашӯрбӣ, сазовори ҷои дуюм Шокирова Шамсия ва сазовори ҷои сеюм Кенҷаева Шаҳзода дониста шуда, ба даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» Исроилова Ашӯрбӣ роҳхат гирифт. Инчунин, омӯзгори фанни «Омодагии дифои ҳарбӣ» Бобохоҷева Анвар низ сазовори ҷои сеюм гашт.
Даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» санаи 4-майи соли 2023 дар Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан баргузор гардид, ки дар он донишҷӯён Аҳсанзода Г. ва Мазбутова Д. иштирок намуда, ғолибиятро аз рӯи номинатсияи адабиёти классикӣ дар даври шаҳрӣ ба даст оварданд. Дар ин озмун сазовори ҷои якум Аҳсанзода Г. ва сазовори ҷои дуюм Мазбутова Д. дониста шуд. Аҳсанзода Г. ба даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт. Инчунин, омӯзгори фанни «Забони тоҷикӣ» Шарифзода Муноҷоти Ихтиёр ғолибиятро аз рӯи номинатсия адабиёти классики дар даври шаҳрӣ иштирок намуда, сазовори ҷои сеюм гашт.
Аз рӯи нақшаи озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи марифат” дар коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан санаи 17.04.23 даври якуми ин озмуни мазкур баргузор гардид ва дар он зиёда аз 86 нафар донишҷӯён ширкат варзиданд ва аз байни онҳо беҳтаринҳо интихоб карда шуданд. Аз рӯи наминатсияи “Химия”- Аминов Манучеҳр сазовори ҷои аввал гардид. Аз рӯи наминатсияи “Биология”-Азимова Озода сазовори ҷои аввал гардид. Аз рӯи наминатсияи “Физика”-Азимова Маниҷа сазовори ҷои аввал гардид. Аз рӯи наминатсияи “География” – Абдуманонзода сазовори ҷои аввал гардид. Ҳамаи ин донишҷӯён ба даври шаҳри пешниҳод карда шуданд ва дар даври шаҳри низ ҷойҳои аввалро ишғол намуданд. Аз руи наминатсияи “Химия”- Аминов Манучеҳр сазовори ҷои аввал гардид. Аз руи наминатсияи “Биология”- Азимова Озода сазовори ҷои аввал гардид. Аз руи наминатсияи “Физика”- Азимова Маниҷа сазовори ҷои аввал гардид. Аз рӯи наминатсияи География-Абдуманонзода сазовори ҷои аввал гардид.
Тибқи фармоиши комиссия даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи марифат” ҳамаи донишҷӯёни ғолиб омада ба даври вилоятии озмун роххат гирифтанд.
Ҳамзамон, донишҷӯёни муассисаи мазкур дар озмунҳои, ки дар коллеҷи ҷумҳуриявӣ аз фанҳои тахассуси ва дар озмунҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илмӣ Чумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шудаанд. Тибқи нақшаи чорабини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Истаравшан донишҷуёни коллеҷ дар спартакиадаи шаҳри аз рӯи бозиҳои воллейбол, футбол, шоҳмот ва шашка иштирок намуда, аз рӯи бозии воллейбол сазовори ҷои дуюм гаштанд.
Роҳбарияти муассисаи таълимӣ тасмим гирифтааст, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, барои ғани гардонидани базаи моддӣ техники муассиса минбъад низ ҳама чораҳои заруриро меандешад.
Нигора САИДБЕКОВА,
МТЖТ