Чун анъана ҳар сол дар Тоҷикистон 18-уми август ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ таҷлил карда мешавад. Дар ин рӯз кормандони соҳаи тандурустии кишвар барои хизматҳои шоёни худ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои давлатӣ қадрдонӣ карда мешаванд. Чаро маҳз дар ин рӯз, яъне 18-уми август Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ таҷлил карда мешавад? Зеро дар ин рӯз фарзанди машҳури халқи тоҷик Абуалӣ ибни Сино матаваллид шудааст.  

Сино ва асари ҷаҳонии ӯ

Буалӣ Сино, ки дар Ғарб бо номи “Авитсена” машҳур аст, дар давоми умри 57-солааш аз худ осори азиме (зиёда аз 450 асари илмӣ, фалсафӣ ва адабӣ) боқӣ гузоштааст. Яке аз чунин асарҳои арзишманди ин ҳакими машриқзамин “Ал-Қонун фи-т-тиб” мебошад. Ин асари ӯ яке аз асарҳои муҳиммтарин, муфассалтарин, машҳуртарин ва аз ҷумла барҷастатарин китобҳои соҳаи тибби Шарқ ва Ғарб ба ҳисоб меравад. “Ал-Қонун фи-т-тиб” аз замоне, ки таълиф шуда то наздик ба ҳашт қарн дар Аврупо ва имрӯз дар кулли дунё мавриди истифодаи олимони соҳаи тиб қарор гирифтааст.

Бояд ёдовар шуд, ки умуман тамоми мероси илмию фалсафӣ ва адабии ҳакими бузург Абуалӣ ибни Сино диққати муҳаққиқони соҳаҳои мухталифи илмро аз гӯшаву канори мухталифи дунё ба худ ҷалб кардааст. Зеро дар тӯли ин муддат дар аксари кишварҳои ҷаҳон хосатан дар кишварҳои Аврупо ҳам осори илмӣ, аз ҷумла китоби “Ал-Қонун фи-т-тиб” ва ҳам осори фалсафии ин олими барҷаста дар давраҳои гуногун дар китобҳо таҳқиқ шудааст, ки дар онҳо саҳми ӯ дар тараққӣ ва рушду такомули маърифату маданияти ҷаҳонӣ таъкид шудаанд.

Ба назари муҳаққиқон Абуалӣ ибни Сино дар “Ал-Қонун фи-т-тиб” ба равиши илмӣ такя кардааст. Тибқи навиштаи Ҷузҷонӣ  Ибни Сино бахши аввали асари мазкурро тақрибан дар синни 35-солагӣ дар Гургон таълиф намудааст. Ба навиштаҳои ин шогирди ҳаким дар бораи замон ва макони комил шудани асар Ҳамадон зикр шудааст. Яъне “Ал-Қонун фи-т-тиб”  дар Ҳамадон ба анҷом расидааст. Аз навиштаи худи Ибни Сино дар “Аш-шифо” маълум мешавад, ки вай “Ал-Қонун фи-т-тиб”-ро  пеш аз «Аш-шифо» навиштааст.

“Ал-Қонун фи-т-тиб” тавассути шогирдони Ибни Сино ба тамоми марказҳои илмии ҷаҳон дар кӯтоҳтарин фурсат роҳ ёфта, ба китоби дарсӣ мубаддал мешавад, ки дар партави он донишмандони зиёде дар ҷаҳон тарбия меёбанд.

Бояд таъкид кард, дар “Ал-Қонун фи-т-тиб” тибби анъанавӣ бештар зикр меёбад, ки ба табиат такя менамояд. Ҳар он чизе, ки ба саломатии инсон дахл дорад, ба гунае ба тибби Ибни Сино тааллуқ мегирад, аз қабили хобу бедорӣ, обу ғизо, манзил ва муҳити зист ба мисли хонаву шаҳр, обу ҳаво, ғизо, либос, варзиш ва амсоли он.

Арзиши дигари “Ал-Қонун фи-т-тиб”  ҷанбаи маънавии он аст. Аз ин рӯ, ин китоб зуд таваҷҷуҳи аҳли фазлро ба худ ҷалб карда ва дар тамоми давраҳои таърихии гузашта китоби дарсии донишмандон ва асари илмии муҳим гардидааст.

Системаи тандурустии Тоҷикистон ва заминаҳои бавуҷудомадаи он

Ҳоло системаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун системаи тандурустии Федератсияи Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ ба анъанаҳо ва мактаби тибби советӣ, ки дар таърихи инсоният беҳтарин ва самарабахштарин усули тиб ба ҳисоб меравад, такя мекунад. Системаи мазкур ҳанӯз дар замони Шӯравӣ поягузорӣ шудааст ва он дар асоси принсипҳои инсондӯстона пеш бурда мешавад. Бояд гуфт, ки системаи тандурустии Иттиҳоди Шӯравӣ аз системаи тандурустии кишварҳои Ғарб ба кулли фарқ мекунад. Зеро он на ба суду манфиат ва тиҷорат, бал пеш аз ҳама ба ғамхорӣ ба халқу миллати худ нигаронида шудааст. Дар кишварҳои Ғарб бошад дар нигоҳи аввал пардохти ҳақи хазматрасонии кормандони соҳаи тандурустӣ муҳим дониста мешавад.

Ҳанӯз аз замонҳои аввали таъсиси Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз соҳаҳои муҳим ва асосӣ ин соҳаи тандурустии кишварҳои узви Иттиҳод ба ҳисоб мерафт. Зеро сиёсати Иттиҳоди Шӯравӣ ин ғамхорӣ ба халқу миллат буда ва аз ин рӯ, расидан ба ин ҳадаф вазифаи муҳимми кишварҳо дониста мешуд. Дар солҳои аввали таъсис ва чанд соли пас аз он дар аксари кишварҳои Иттиҳод ва аз ҷумла Тоҷикистон касалиҳои сироятӣ ба мисли вараҷа ва ғайра зиёд паҳн шуда буданд. Аз ин рӯ, кишварҳои узви Иттиҳод бо дастгирии ҳамдигар барои муборизаи он кӯшиш намуда ва зина ба зина ба ҳадафи дарпешгузоштаи худ мушарраф гардиданд. Барои мубориза бар вараҷа дар Тоҷикистон якчанд нафар мутахассисон ва пизишкон аз маркази Иттиҳоди Шӯравӣ – Русия равона карда шуданд. Зеро дар Ҷумҳурии сотсиалистии Тоҷикистони навбунёд дар соҳаи тандурустӣ қариб ки, мутахассисе вуҷуд надош. Дар ин бора ҷарроҳ ва коршиноси соҳаи тандурустӣ Носирӣ Қаҳҳор чунин мегӯяд: “Бояд таъкид кард, ки аз соли 1917 то соли 1924 қарни XX соҳаи тиб ва тандурустии Тоҷикистон амалан рушд наёфта буд: тақрибан на муассисаҳои тиббӣ вуҷуд доштанд ва на кормандони тиб. Баъзе аз тадбирҳои табобатию-профилактикӣ ва санитарию эпидемӣ тақрибан аз ҷониби кормандони шуъбаи ҳарбӣ анҷом дода мешуданд. Дар ҳайати ҳукумати ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон Комиссарити халқии тандурустии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Бо вуҷуди ин, Комиссариати халқии тандурустии навбунёд бояд корро аз сифр оғоз мекард. Дар робита ба воқеаҳои инқилобие, ки дар солҳои 1917-1918 рӯй доданд, инчунин, дар Осиёи Миёна, шабакаҳои хурди муассисаҳои тиббии фаъолиятдошта бекор карда шуданд ва кормандони тиб ба минтақаҳои марказии Русия сафарбар шуданд. Таъсиси Ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Ӯзбекистон барои рушди сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии он имкониятҳои воқеӣ фароҳам овард; дар ҳалли проблемаҳои муҳим, таваҷҷуҳи муайян ба ҳифз ва беҳбуди саломатии коргарон равона шуда буд, ки ҳалли он дар давраи дуюм, яъне солҳои 1924-1929 оғоз гардид, вақте ки Тоҷикистон ҳанӯз ҷумҳурии автономӣ буд.

Пас аз таъсиси Ҷумҳурии советии сотсиалистии Тоҷикистон (1929) мушкилоти омӯзиши кормандони тиб ба вуҷуд омад. Соли 1930 аввалин экспедитсияи бузурги илмӣ ба Тоҷикистон омад, ки роҳбарии онро профессор E.M. Марсиновский аз Донишгоҳи марказии тропикӣ бар уҳда дошт ва барои ташкили мубориза бар зидди бемории вараҷа равона шуда буд. Заҳмати шоистаи академик E. Н. Павловскийро қайд кардан ҷоиз аст, ки ӯ якчанд экспедисияҳои илмиро барои омӯзиши бемориҳои паразитӣ дар Тоҷикистон пешбарӣ ва ташкил додааст. Ӯ муассис ва роҳбари филиали Академияи илмҳои ИҶШ буд, ки соли 1941 дар Душанбе таъсис ёфтааст. Аввалин табиби тоҷик, мутахассиси бемории вараҷа, хатмкунандаи факултети тиббии Донишгоҳи Осиёи Миёна дар соли 1931 –  У.М. Муминов буд”.

Ҳамин гуна бо мутахассисони марказӣ, ки аз Русия фиристода шуда буданд, систимаи тандурустии Тоҷикистон марҳила ба марҳила рушд ёфта ва ба вазифаҳои дарпешгузошташудаи худ мушарраф гардид. Бо ба назар гирифтани мушкилоти мавҷуда дар Тоҷикистон, аз ҷумла соли 1939 Донишкадаи тиббии Тоҷикистон таъсис ёфт. Дар ин бора раиси Хадамоти ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Носирӣ Қаҳҳор чунин мегӯяд: “Ташкили Донишкадаи тиббии Тоҷикистон яке аз саҳифаҳои дурахшон дар таърихи ҷумҳурӣ, ташаккул ва инкишофи илмҳои тиб, таҳсилоти олии тиббӣ ва саломии аҳолӣ дониста мешавад. Зеро ҳамаи дастовардҳои системаи тандурустии ҷумҳурӣ минбаъд бо фаъолияти он алоқаманд гардид.

Соли 1939 А.А. Краус роҳбари Донишкадаи тиббии Тоҷикистон таъйин гардид. Краус ва муовинони ӯ – П.В. Сиповский ва A.M. Лобанов ҳамаи шароити заруриро барои қабул ва омӯзиши донишҷӯён фароҳам оварданд. 1-уми сентябри соли 1939 ба курси якум ба факултети тиббӣ 97 нафар донишҷӯ қабул шуданд, аз ҷумла 20 нафар шаҳрвандони маҳаллӣ, ки соли 1943 Донишкадаро хатм намуданд”.

Донишкадаи тиббии Тоҷикистон, ки ҳоло Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ном дорад, бо мутахассисони марказӣ таъмин гардида, дар давоми солҳои баъдӣ яке аз беҳтарин муассисаҳои олии касбӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ дониста шуд. Донишгоҳи мазкур мутахассисони баландихтисоси зиёдеро марҳила ба марҳила  ба воя росонид, ки онҳо минбаъд дар рушду тараққии соҳаи тандурустии тамоми ҷумҳуриҳои Иттиҳод ва аз ҷумла пешрафти тамоми соҳаҳои илми тиб нақши фавқуллода гузоштанд.

Равобити Русияву Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ ва рушду дурнамои он

Равобит дар соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои асосии муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия ба ҳисоб меравад. Ин соҳа асосан дар се бахш: илм, таълим ва тандурустӣ ҷараён дорад. Равобити мазкур ҳанӯз аз даврони Шӯравӣ заминагузорӣ шуда ва имрӯз – дар замони истиқлолият бошад, ба зинаҳои баланди муносибат расидааст. Пизишкони Тоҷикистон ва Русияро фазои ягонаи забонӣ муттаҳид мекунад, ки онро табодули таҷриба ва навтарин дастовардҳои илми тиб фароҳам овардааст.

Дар аввали соли ҷорӣ ҳайати Русия бо роҳбарии Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд, ки дар ҳайати он вазири тандурустии ин кишвар Михаил Албертович Мурашко низ ҳузур дошт. Дар ин ин сафар вазири тандурустии Федератсияи Русия бо вазири тандурустии ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дидор намуда, муносибатҳои кишварҳоро дар соҳаи тандурустӣ ба баррасӣ кашид. Ҳамчунин, дар доираи сафар вазири тандурустии Федератсияи Русия аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дидан намуд ва дар ин Донишгоҳи бонуфуз бо қарори Шӯрои олимон бо унвони фахрии профессори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино сарфароз гардонида шуд. Дар ин сафар вазири тандурустии Федератсияи Русия ва вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон доир ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла таълиму ҳифзи тандурстӣ як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Бояд ёдовар шуд, ҳоло 2076 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар риштаи бакалаврӣ, тахассусӣ ва магистратура дар Русия таҳсил мекунанд, ки ин шумор нисбат ба панҷ соли пеш қариб 40 фоиз бештар мебошад. Яъне равобити Тоҷикистону Русия дар соҳаи тандурустӣ давра ба давра рушд ёфта ва он ҳоло бахши асосии равобити кишварҳоро ташкил медиҳад.

Дар соҳаи ҳифзи тандурстии ҷомеа бошад, Русия ҳамеша ба Тоҷикистон дасти ёрӣ дароз мекунад. Масалан, дар давраи оғози паҳншавии Ковид-19 ин кишвар ба Тоҷикистон аввалин қисмҳои кӯмакҳои башардӯстонаи худро равона сохт ва дар соли 2021 бошад ба Тоҷикистон даҳ мошини реаниматсионӣ, ки бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз шуда буданд, ҳадя кард. Илова бар ин, ба Тоҷикистон 6 миссияи мутахассисон оид ба мубориза бо коронавирус аз ҷониби Русия фиристода шуданд.

Ҳамчунин, дар ин давра, яъне дар 6 моҳи соли 2023 ба Тоҷикистон ҳудуди 7,7 ҳазор тонна дору ба маблағи 30 миллион доллар аз Русия ворид шудааст. Яъне Русия ҳамчун кишвари содиркунандаи асосии дору ба Тоҷикистон баъд аз  Ҳиндустон (38%) дар ҷойи дуюм (25%) қарор дорад.

Дар баробари ин, Русия дар омода намудани мутахассисони баландихтисос ҳам дар соҳаи илмҳои тиб ва ҳам тандурустӣ Тоҷикистонро ҳамеша дастгирӣ менамояд. Ҳамин тариқ, дар заминаи Маркази миллии тадқиқотии тиббии радиология ба номи П.А. Герсен (NMICR), ки яке аз марказҳои бонуфузи мубориза бо саратон дар ҷаҳон ба шумор меравад, кадрҳои ҷавоне аз Тоҷикистон таълим гирифта ва таҷрибаи худро дар кишвар ҷорӣ менамоянд.

Дар доираи Барномаи кумаки техникӣ дар соҳаи пешгирӣ, назорат ва назорати ВНМО ва дигар бемориҳои сироятӣ, Русия ба Тоҷикистон пайваста маҷмааҳои клиникии сайёр мефиристад. Буҷети умумии барномаи Тоҷикистон барои солҳои 2013-2021 аз 231 миллион сомонӣ гузаштааст. Барои татбиқи марҳилаи кунунии он то соли 2024 зиёда аз 160 миллион рубл ба таври иловагӣ аз ҷониби Русия ҷудо карда шудааст. Дар ҳамин ҳол, Русия на танҳо барои таҷҳизот, балки барои системаҳои дигар низ ба Тоҷикистон ёрӣ мерасонад.

Дар баробари ин, имрӯзҳо аксари табибони Тоҷикистон, ки дар Русия кор мекунанд, дар ин кишвар ҳамчун мутахассиси пуртаҷриба ва пурдониш шинохта гардидаанд. Масалан, Фурқат Ғафуров дар синни 29-солагӣ таҳти роҳбарии кардиологи рус Лео Бокерия рисолаи номзадиашро дифоъ намуда, баъд аз он мудири кафедраи кардиологияи Маркази байниминтақавии вилояти Маскав таъйин гардид.

Шаҳриёри Б.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь