Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти ташкилоту муассисаҳои тиббии вилояти Суғд хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо сардори Раёсати тандурустии вилоят Ҳабибулло Хайруллозода Муҳиддин суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Мавсуф дар оғози суҳбат изҳор дошт, ки соҳаи тандурустӣ дар ҳаёти ҷомеа нақши калидӣ дорад ва тавре Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд, роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст бо мақсади беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои тиббӣ, доир ба дастгирии мутахассисони ҷавон, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони соҳа ва рушди истеҳсоли доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ тадбирҳои мушаххас андешанд. Роҳбарияти вазорат ҳамчунин вазифадор карда шуд, ки барои таъмин намудани аҳолӣ ба хизматрасониҳои баландихтисос ва махсусгардонидашуда, ҷиҳати ворид намудани усулҳои муосири ташхису табобат ва технологияҳои инноватсионӣ чораҳои заруриро амалӣ намоянд ва барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, аз ҷумла мутахассисони бемориҳои сироятӣ, вирусшиносҳо ва рушди саноати дорусозӣ бояд тадбирҳои ҷиддӣ ва қатъӣ андешида шаванд.

Дар рафти суҳбат номбурда қайд кард, ки дар вилоят 934 муассисаи тандурустии давлатӣ, аз  ҷумла 135  муассисаи госпиталӣ, 799 муассисаи шабакаи КАТС ва дигар муассисаҳо, инчунин 292 муассисаҳои хусусӣ, аз ҷумла 121 ҶДММ бо 54 намояндагӣ ва 117 соҳибкори инфиродӣ фаъолият мебаранд.

Баpои таъмини эҳтиёҷи соҳаи тандуpустӣ 594,1 млн. сомонӣ ҷудо гаpдидааст, ки иҷpои нақша 98,0%-pо ташкил  медиҳад.

Ба аҳолии вилоят 5199 табиб ва 17854 корманди миёнаи тиббӣ хизмат расонида истодаанд. Нишондоди таъминот бо табибон ба 10 ҳазор  аҳолӣ 19,0 ва бо кормандони миёна ба 65,4 баробар аст.

Аз оғози сол дар вилоят 271 нафар табиб, аз ҷумла 154 нафар ҷавонон ба кор қабул гаштанд.

Дар заминаи Шуъбаи Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва Маркази таълимию клиникии тибби оилавии вилоят дар давраи нақшавӣ ва ғайри нақшавии такмили ихтисос 864 нафар табибон ва  765 нафар кормандони миёнаи тиб гузашта, 69 нафар табибон ва 287 нафар кормандони миёнаи тиб давраи ихтисосгириро хатм намуданд.

Бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар   соли ҷорӣ 2 нафар табибон давраи такмили ихтисосро доир ба «Эндоурология ва лапароскапия дар урология» дар Федератсияи Россия ва «Ҷарроҳии атраскопии буғуми зонуҳо» дар шаҳри Бурсаи Ҷумҳурии Туркия гузарониданд.

Бунёдкорӣ ва сохтмон

Номбурда изҳор дошт, ки дар ин давра  сохтмон ва таъмири 129 адад иншоотҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд  ба итмом расонида шуд.  Аз ҷумла, сохтмони   беморхона, шуъбаҳо ва иншоотҳои ёрирасон дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Истиқлол, Конибодом, Панҷакент, Деваштич ва Ашт, марказҳои саломатӣ дар ноҳияҳои Б. Ғафуров ва Спитамен, бунгоҳҳои саломатӣ дар шаҳрҳои Панҷакент, Истаравшан ва ноҳияҳои Айнӣ, Зафаробод, Спитамен, Шаҳристон ва Ҷ. Расулов ба итмом расида, таъмири 40 адад беморхона ва шуъбаҳои онҳо дар шаҳрҳои  Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Истаравшан, Истиқлол, Исфара, Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ, Деваштич, Б. Ғафуров, Зафаробод, Мастчоҳ ва Ҷ. Расулов,  таъмири марказҳои саломатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Истиқлол, Панҷакент, Айнӣ, Б. Ғафуров, Деваштич, Зафаробод, Кӯҳистони Мастчоҳ, Мастчоҳ, Ҷ. Расулов ва  бунгоҳҳои саломатӣ дар ноҳияҳои Айнӣ, Б. Ғафуров, Зафаробод, Кӯҳистони Мастчоҳ ва шаҳри Паҷакент ба итмом расонида шуд.

Дар давраи ҳисоботии соли равон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои нави таваллудхонаи шаҳрӣ ва Муассисаи хусусии Маркази стоматологӣ дар шаҳри Панҷакент, бинои нави Беморхонаи ноҳиявии №5-и ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт, бинои иловагии Беморхонаи марказии шаҳри Конибодом, Маркази тиббии “Ортепедия ва технологияи муосир” ва баъди ба итмом расидани таъмири куллӣ Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 дар шаҳри Хуҷанд, бинои нави Маркази саломатии Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Умонов дар ноҳияи Б. Ғафуров ва дар доираи сафари меҳмонон бинои иловагии Маркази саломатии ноҳияи Б. Ғафуров ва бунгоҳи саломатии Зарафшони ноҳияи Ҷ. Расулов ба истифода дода шуд.

Дар 16 адади иншоотҳои соҳаи тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои сохтмону таъмир   идома дорад.

Дастрасӣ ба таҷҳизоти соҳавӣ

-Бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд шуъбаи нави ташхисӣ ташкил шуда, таҷҳизоти томографияи магнитию резонансӣ –  қувваи  майдони магнитаиш  0,44 Тесла ба фаъолият оғоз намуд.

Дар доираи лоиҳаи “Корвони саломатӣ”, ки бо маблағгузории Фонди АвруОсиёии  субот ва рушд дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беморхонаи мазкур ду адад нақлиёти сайёри тиббӣ  дастрас шуд. Нақлиётҳои сайёр дорои таҷҳизоти рентгенӣ, ташхиси стоматологӣ, кардиологӣ ва дигар лавозимоти зарурии  тиббӣ мебошад, – изҳор дошт мавсуф ва афзуд, ки бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  шарикони рушд дар  беморхона сехи оксигенӣ бо  ҳаҷми 500 куб васл гардид, ки он имконият медиҳад беморони вазнини шуъбаи наҷот ва беҳискунӣ бо оксиген доимӣ таъмин  бошанд.

Инчунин, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят  ба шуъбаи  бемориҳои  чашми беморхона таҷҳизоти даптери лазерӣ, ба шуъбаи ҷарроҳӣ дастгоҳи эндоҷарроҳӣ бо лавозимоти лапароскопӣ ва ба шуъбаи урология  коагулятори барқӣ ворид шуд.

Дар соли 2022 аз ҳамаи сарчашмаҳо 1917 адад таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ ба маблағи 50,8 млн. сомонӣ харидорӣ ва дастрас карда шудааст. Аз ҷумла: аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24,3 млн. сомонӣ, аз ҳисоби маблағҳои МИҲД ба маблағи 5,2 млн. сомонӣ, аз кӯмакҳои башардӯстона ба маблағи 5,1 млн сомонӣ, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба маблағи 15,5 млн. сомонӣ,  аз ҳисоби суратҳисоби махсус 720,2 ҳазор сомонӣ.

Дар соли 2022 барои хариди доруворӣ ва молҳои тиббӣ 19,1 млн сомонӣ маблағ ҷудо гардида, ба маблағи 3,1 млн. сомонӣ доруворӣ ва молҳои тиббии истеҳсоли ватанӣ харидорӣ карда шудааст.

Натиҷаҳои фаъолияти табибон

Вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти кормандони соҳаи тандурустӣ номбурда изҳор дошт, ки дар шуъбаи ҷарроҳии нуқсони модарзодӣ ва тарбоди дили Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд ба номи профессор Амонулло Орифов, дар соли 2022 ҳамагӣ 62 амалиёти ҷарроҳӣ,бо нуқсони модарзодии дил 40 ҷарроҳӣ ва бо нуқсони гирифторшудаи дил 22 ҷарроҳӣ гузаронида шудааст. Ба 7 нафар беморон ҷарроҳии гузоштани импланти стимулятори барқии дил иҷро карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар шуъбаи бемориҳои ишемияи дил ва рагҳои хунгарди маркази номбурда ҳамагӣ 255 амалиёти ҷарроҳӣ иҷро карда шудааст. Аз ҷарроҳиҳои гузаронида 90 амалиёти ҷарроҳиро шунткунонии аортокаронарӣ ташкил медиҳад. Дар ин муҳлат ба 426 нафар бемор ангиографияи шараёнҳои коронарӣ ва 241 амалиёти стентгузорӣ иҷро карда шудааст.

Дар шуъбаи “Ташхис ва муолиҷаи рентгенэндоваскулярӣ” ба 3 нафар бемор амалиёти аблятсияи радиочастотӣ, ба 5 нафар бемор ангиографияи майнаи сар гузаронида шудааст. Инчунин, дар муассисаи мазкур ҷарроҳии нав ба монанди “Аневризмаи қабат-қабат шоҳраг” бо усули Бентал Де Боно, ҷарроҳии “Пластикаи аневризмаи меъдачаи чап” бе истифодаи ксеноперикард, ҷарроҳии “Репротезкунонии дарғоти митралӣ” гузаронида шудааст.

Дар шуъбаҳои осебшиносию раддодии вилояти Суғд дар соли 2022, 45 амалиёти эндопротезкунонии буғуми косу рон гузаронида шудааст.

Дар муассисаи ҶДММ “Ортопедия ва технологияи муосир” ҷарроҳии остеосинтези шикасти мураккаби устухони корс, остеосинтези шикаст ва баромади қисми тушии калитак, артроскопияи зону ва пластикаи пайи салибшакл,  эндопротезкунонии буғуму корсу рон 40 ҷарроҳӣ,  буғуми зону 8 ҷарроҳӣ  гузаронида шудааст.

Дар соли 2022 дар вилоят ба 8-нафар бемор амалиёти холангиопанкреатография ва папиллосфинктеротомияи эндоскопӣ, ба 2 нафар бемор басту банди венаҳои варикозии сурхрӯда бо усули эндоскопӣ, ба 3 нафар бемор стентгузорӣ ба беморони омоси сурхрӯда, ба 19 нафар бемор эндокоагулятсияи захмхои хунраванда, ба 16 нафар бемор гирифтани ҷисмҳои бегона аз сурхрудаю меъда иҷро карда шудааст.

Дар  шуъбаи урология  беморхонаи мазкур бо дастгоҳи эндоурологӣ  ба 170  нафар бемор ҷарроҳии гирифтани санг бо усули эндоурологӣ – 120, гузоштани стенд ба 50 нафар бемор бо муваффақият иҷро карда шуд. Ҷарроҳии литотрипсия бо усули лазери голминӣ ба 58 бемор, литоэкстраксия ба 21, резексияи трансуретралии ғадуди пешҷой 15, резексияи уретроселе бо усули лазери голминӣ ба 9 бемор иҷро карда шудааст.

Дар шуъбаи ҷарроҳии калонсолони Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд дастгоҳи эндоҷарроҳӣ аз моҳи августи соли ҷорӣ ба фаъолият оғоз карда, ба 50 нафар беморон ҷарроҳӣ бо ин дастгоҳ бо муваффақият гузаронида шуд.

Дар Маркази саратоншиносии вилоят ҷарроҳии нефрэктомия бо тромби омосӣ аз рагҳои ҳолии поёнӣ, резексияи қисми пеши рӯдаи рост ва гузоштани анастомоз бо дастгоҳи махсус барои чунин амалиёт иҷро карда шуд.

Инчунин, дар Беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пас аз омода кардани мутахассис ҷарроҳии миниинвазивӣ таҳти назорати ултрасадо гирифтани кистаҳо, кушодани дабилаҳо ва найчагузории он бори аввал ба роҳ монда, чунин амалиёт ба 41 бемор бо натиҷаи қаноатбахш иҷро карда шуд.

Дар ҳудуди вилоят шумораи ҳомиладорони ба  қайди назорати  антенаталӣ гирифта шуда 57845 нафарро ташкил дода, аз миқдори умумии занони ҳомиладорон  дар муҳлати то 12 ҳафтаи ҳомиладорӣ 53720 нафар (92,8%) ба қайд гирифта шудаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз скрининги патологияи перинаталӣ 57845 нафар ҳомилазанон гузаштанд, нуқсонҳои дохилибатнии тифл дар 283 нафар ҳомилазанон дарёфт гардид, аз инҳо ҳомиладории 224 нафар қатъ карда шуданд.

Дар соли 2022 дар муассисаҳои тиббии вилоят –60897 таваллуд, нисбати 57989 таваллуд дар соли 2021 ба қайд гирифта шудааст, ки 2908 адад зиёд аст. Аз он ҷумла хизматрасонии доявии стасионарӣ – 99,8%, зоиш дар хона – 0,2%,  муқобили  0,3%  дар соли 2021, таваллуд бо роҳи буриши қайсарӣ  – 5359 (8,8%), муқобили 5300 (9,1%) дар соли 2021 ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба 59 адад зиёд шудааст.

Дар соли равон дар вилоят 12 ҳодисаи фавти модарон муқобили 22 ҳодисаи ҳамин давраи соли гузашта ба қайд гирифта шуд. Нишондоди фавти модарон дар давраи ҳисоботӣ 19,7 ба 100000 зинда таваллудёфтагон,  нисбати 37,9  соли гузашта мебошад.

Дар муассисаҳои Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии назди таваллудхонаҳо ва шуъбаҳои ҷарроҳии кӯдаконаи шаҳру ноҳияҳо 215 ҳуҷраҳои хатна таъсис дода шудааст.

Дар соли 2022 ҳамагӣ 27920 (соли 2021 ҳамагӣ 26136) амалиёти хатнаи кӯдакон гузаронида шудааст. Аз ҷумла, синни то 20 – рӯза 20,2% ( соли 2021 16,0%), синни аз 20 рӯза то 6 моҳа -13,8%, синни аз 6 моҳа то 3 сола– 36,8%, синни аз 3 – сола боло– 29,9%-ро ташкил дод.

Дар вилоят ҳамагӣ 9926 нафар (соли 2021 – 8618)  беморон бо фарбеҳӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин кӯдакони то 14-сола 736 (2021-605) нафар, наврасони синни мактабӣ 521 (2021-331) нафар, калонсолон 8669 (2021-7682) нафар ташкил медиҳад. Бори аввал ба қайд гирифта шудагон 2308 (2021 – 3379) нафар. Сабаби зиёд шудани шумораи беморон бо фарбеҳӣ риоя накардани реҷаи парҳезӣ, камҳаракатӣ ва машғул нашудан ба варзиш вобастагӣ дорад.

Дар давраи ҳисоботӣ 2361 нафар беморони сил дар сатҳи вилоят  таҳти назорат қарор доранд: бо сили шушҳо 1855 нафар ва сили ғайри шуш 413 нафар. Беморони сили ҳодисаи нав 775 нафар дарёфт шудаанд, ки аз он бо бемории шакли мутобиқгаштаи сил 81, ҳодисаи нав 53 нафарро ташкил медиҳад.

Дар соли 2022 нақшаи ваксинатсияи кӯдакон зидди 12 бемории сироятӣ тибқи тақвими миллии иммунизатсия дар сатҳи вилоят иҷро шудааст.

Нисбати ваксинатсияи зидди коронавирус бояд қайд кард, ки дар умум аз моҳи апрели соли 2021 то инҷониб ба вилоят 5951968 воя ваксина ворид шуда, бо вояи якум 105,0%, бо вояи дуюм 103,8%, бо вояи сеюм 100,3% ва бо вояи чорум 68,8% бо иммунизатсия фаро гирифта шуданд.

Дар моҳи октябри соли 2022 барои иммунизатсияи кормандони тибби шаҳру ноҳияҳо 5000 вояи ваксинаи зукоми мавсимӣ ворид шуда, айни ҳол мавриди истифода қарор дорад.

Фарогирии иммунизатсия бо ваксинаи Ваксинаи пнемококкии конюгатсияшуда (ВПК), ки моҳи ноябри соли 2022 оғоз шуда буд, нақшаи фарогирӣ дар 2 моҳ  17,6 % ташкил дод.

Бемории буғумдард ҳамагӣ 92 ҳодиса ба қайд гирифта шудааст.

Захмдоршавии шаҳрвандон аз газидани ҳайвонот ҳамагӣ 4596 ҳодиса ба қайд гирифта шудааст.

Теъдоди умумии маъюбон дар давраи ҳисоботии соли 2022 ба 47280 нафар баробар буда, шумораи умумии маъюбон дар вилоят дар муқоиса ба соли гузашта (47363) ба 83 нафар нафар коҳиш ёфтааст. Аз онҳо маъюбони гурӯҳи якум 5144 нафар (10,9%), маъюбони гурӯҳи дуюм 24338 нафар (51,4%), маъюбони гурӯҳи сеюм 9595 нафар (20,3%) ва кӯдакони маъюби то синни 18-сола 8203 (17,3%) нафар мебошад.

Кор бо мактубҳо ва муроҷиатҳои шаҳрвандон

Дар фарҷоми суҳбат ҳамсуҳбатамон зикр кард, ки дар соли 2022 ба Раёсати тандурустии вилоят 1510 ҳуҷҷат ва 358 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардидааст.

Ҳамаи арзу муроҷиатҳои шаҳрвандон дар муҳлатҳои муайяншуда баррасӣ гардида, ба шахсони муҳтоҷ муолиҷаи ройгон дар муассисаҳои тиббӣ, таъмин бо доруворӣ, гузаронидани ташхисҳои мураккаб ташкил карда шуд. Ба мақомотҳои дахлдор ва ба муроҷиаткунандагон аз натиҷаи баррасии муроҷиат ҷавобӣ хаттӣ ирсол карда шуд.

Раёсати тандурустии вилоят ва ташкилоту муассисаҳои соҳа дастгирии ҳамаҷонибаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро эҳсос намуда, баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳа пайваста тадбирҳои мушаххас меандешанд. Кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки  сокинони вилоятро бо хизмати босифат ва замонавии тиббӣ ҳамарӯза фаро гиранд, баҳри пешгирии бемориҳо ва ҳифзи сиҳатии мардум фаъолият намоянд.

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь