Соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар давоми қариб се даҳсолаи охир бомаром рушд карда, то ба имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.

Ҳукумати мамлакат дар ин давра ба пешрафти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои ҳалли мушкилоти ин соҳаи ҳаётан муҳим тадбирҳои зиёдеро амалӣ намуда истодааст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ яке аз бахшҳои муҳими соҳаи тандурустӣ ба шумор рафта, саҳми он дар таъмини солимии аҳолӣ муҳиму назаррас мебошад. Ҳамзамон, дар пайравӣ аз сиёсати пешгирифтаи давлат дар самти солимии мардум, ки бойигарии давлат арзёбӣ мешавад, табдирҳои судманд амалӣ мегарданд. Менеҷери муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Варзоб Раҳимов М.М ва табибони ноҳия дастуру супоришҳои Роҳбари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, баҳри хизматрасонии тиббии аҳолӣ саъю кӯшиш доранд.

Шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Варзоб дар ҳайати 1 маркази саломатии ноҳиявӣ, 10 маркази саломатии деҳотӣ, 24 бунгоҳи саломатӣ муттаҳид шудааст. КАТС-и ноҳияи Варзоб дорои 334 нафар кормандони сатҳи гуногун аст, ки аз ин шумора 40 табиб, 187 ҳамшира ва бародарони шафқат, 83 нафар кормандони хурди миёнаи тиб ва 24 нафар хизматчиёни идорӣ мебошанд. Дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ дар ШМКАТС-и ноҳия 59820 ташриф ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора аз ҳама бештар ташрифи занҳои қобили таваллуд  аст, ки 25898 ададро ташкил медиҳад.

Тавре аз нишондодҳо бармеояд, соли ҷорӣ нисбат ба солҳои сипаригардида фаъолияти мутахассисони тибби оилавӣ дар самти бақайдгирии саривақтии беморон, таҳлилу ташхисгузорӣ, муолиҷаю солимгардонӣ, пешгирии бемориҳо, гаштҳои хонагӣ ва хизматрасонӣ ба нафарони имтиёздошта хеле беҳтар гардидааст. Аз ҷумла, табибон ва ҳамшираҳои оилавӣ мунтазам бо аҳолӣ суҳбату вохӯриҳо намуда, масъалаҳои тозагии муҳити зист, ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ, назорати ғизодиҳии кӯдакон ва таъмини иммунизатсиякунонии бефосилаи онҳо, танзими оила ва дигар масъалаҳоро баррасӣ ва ҳал менамоянд. Инчунин, бо мақсади баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ дар мавзуъҳои “Пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи бемориҳои ишемиявии дил”, “Оқибатҳои никоҳи хешутаборӣ”, “Пешгирии бемории фишорбаландӣ”, “Пешгирии бемории камхунӣ”, “Пешгирии бемории диабети қанд”, “Пешгирии бемории ВНМО”, “Пешгирии бемориҳои сил”, “Ғизои зани ҳомиладор”, “Пешгирии бемориҳои дарунравӣ миёни кӯдакон” ташкил ва баргузор карда мешаванд.

Дар робита ба ин қайд кардан бамаврид аст, ки дар маркази саломатии ноҳия табибони асабшинос, чашм, гӯшу гулӯ ва бинӣ, қалбшинос ва ҳамзамон табибони кӯдакона, сил, занона, дандонпизишк ва ҷарроҳ кору фаъолият намуда, ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.

Маркази саломатии ноҳия бо таҷҳизотҳои замонавӣ ва муосир, ки ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад, пурра ҷиҳозонида шудааст. Аз ҷумла, дастгоҳи ултрасадо (УЗИ), сабти барқии дил (ЭКГ), офтолмаскоп, оттоскоп ва ҳамзамон таҷҳизоти нави ташхиси лабораторӣ, ки зиёда аз 34 намуди таҳлилҳоро санҷиш карда метавонад.

Фаъолияти ҳуҷраи ултрасадо (УЗИ) дар асоси фармони директори маркази саломатии ноҳия таҳти раками 191 аз санаи 3-юми сентябри соли 2004 оғоз гардида, аз ин сана Меликов Б.М ба ҳайси табиби ултрасадо дар маркази саломатии ноҳия дар ҳаҷми 1,0 воҳиди корӣ бо таҷҳизоти истеҳсоли Ҷопон SonoScape фаъолият менамояд. Дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ 1940 нафар аз ташхиси ултрасадо гузаштанд. Аз ин шумора 582 нафарашон ройгон ва 1358 нафарашон музднок бо тариқи иҷроиши Қарори №600 ташхис шуданд.

Духтури дилшинос Давлатова П .Ф дар якҷоягӣ бо сабти барқии дил дар як ҳуҷра фаъолият мекунанд. Ҳуҷраи дилшиносии марказ бо 2 адад дастгоҳи СБД таъмин карда шудааст: як адад дастгоҳи 3-каналаи истеҳсоли Чин тамғаи Sinohero SE 600, як адад дастгоҳи 3-каналаи истеҳсоли Ҳиндустон тамғаи Maestrj Magic.СБД (сабти барқии дил аз ҷониби ҳамшираи шафқат мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон таҳти раками 600 аз 2-юми декабри соли 2008 ва фармони ВТ ва ҲИАҶТ таҳти раками 81-1 аз 10-уми феврали соли 2009 “Дар бораи тартиботи хизматрасонии тиббию санитарӣ” ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Точикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ амалӣ гардонида мешавад. Дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ 460 нафар аз ташхиси СБД гузаштанд. Аз ин шумора 295 нафарашон ройгон ташхис шуданд, 165 нафарашон музднок бо тариқи иҷроиши Қарори №600 ташхис шуданд. Дар маркази саломатии ноҳия “Мактаби фишорбаландӣ” ташкил карда шуд. Дар марказҳои саломатии деҳот, ки дар минтақаҳои дурдасти ноҳия ҷойгиранд, мунтазам дарсҳои омӯзишӣ оид ба фишорбаландии шараёнӣ, омилҳои хатар, роҳҳои пешгирӣ ва табобати беморӣ гузаронида мешаванд.

Маркази саломатии ноҳия дар назди худ боз нуқтаи ёрии таъҷилӣ низ дорад. Нуқтаи ёрии таъҷилии маркази саломатии ноҳия дар назди шоҳроҳи Душанбе –Чаноқ ҷойгир аст, ки дар он 10 табиб ва 5 фелшер шабонарӯз навбатдорӣ мекунанд. Дар нуқтаи ёрии таъҷилӣ дар 9 моҳи соли 2023 ҳамагӣ 2450 муроҷиат шудааст.

Боиси тазаккур аст, ки табибону масъулони КАТС-и ноҳияи Варзоб бо шукргузорӣ аз тинҷиву осоиштагии кишвар изҳор медоранд, ки фароҳам гардидани шароити мусоиди кору зиндагӣ бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ба даст омада, ҷавобан ба дастгириҳои Роҳбарияти давлат, онҳо низ дар иҷрои рисолати бар зимма доштаашон саъю кӯшиш хоҳанд кард, ки то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд.

 Табиб-кардиологи

КАТС-и ноҳияи Варзоб,

Давлатова ПАРВОНА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь