– Ҳазорон маротиба шукри даврони соҳибистиқлолӣ ва Пешвои миллат, ки дар кишвар чунин як беморхонаро бунёд карданд. Хушбахтона, корафтодагон, бахусус нафарони пайвандсозии гурда дигар маблағи калон сарф карда, ба хориҷи кишвар нарафта, дар кишвари худамон бе мушкилии ҷойи зист гурдаи худро пайванд месозанд. Хубии кор дар он аст, ки ҳар сол аз хориҷи кишвар низ нафарони корафтода барои пайвандсозии узви бадани худ ба кишвари мо меоянд,- гуфт Суҳроб ном нафари корафтодае ҳангоми вохӯрӣ дар МД БҶК-и ноҳияи Данғара.

Ҳақ ба ҷониби суханони ин нафар аст. Тӯли зиёда аз 7 соли фаъолият МД БҶК-и ноҳияи Данғара ба мардуми ноҳия, вилояти Хатлон ва ҷумҳурӣ хизмати калоне карда истодааст.

Сохтмон ва таҷҳизоти МД БҶК-и ноҳияи Данғара ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошанд. Аз ҷумла таҷҳизотҳо: ангиография, томографияи компютерӣ, рентгени рақамӣ, рентгени Сиремобил С – дуга, рентгени мамограф, ортопантомограмма, ултрасадо Siemens, Acuson Х300 1 адад, ултрасадо Siemens Acuson P300 1 адад, Эндовидео Аескулар, дастгоҳи диализ, дастгоҳи таъминкунии оксиген (оксигенераиор).

МД БҶК-и ноҳияи Данғара бисёрсоҳавӣ буда, дорои шуъбаю бахшҳои зерин мебошад: маъмурият, муҳосибот, шуъбаҳои қабул, ёрии таъҷилӣ, нуқтаи шикастабандӣ, озмоишгоҳ, дармонгоҳ, таваллуд, бемориҳои занона, бахши ҷарроҳию безараргардонӣ, шуъбаҳои наҷот ва баъди ҷарроҳӣ, ҷарроҳии кӯдакона, ҷарроҳии калонсолон, бемориҳои даруна, пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон, бемориҳои дил, бахши офият, хоҷагӣ.

Беморхона ба беморони фаврию нақшавӣ ва ба тамоми муроҷиаткунандагони ҷумҳурӣ ва берун аз он ёрии тиббии худро мерасонад. Фаъолияти муассиса ва хизматрасонии он мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №600 дар бораи «Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ» ба роҳ монда шудааст.

Дар беморхона 306 нафар кормандон кор ва фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 51 нафарашон табибони маълумоти олидор буда, аз ин шумора 7 нафар дараҷаи касбии олӣ, 2 нафар дараҷаи касбии якум ва дигаронашон дараҷаи касбии дуюм мебошанд. Кормандони миёнаи тиббӣ 147 нафар, кормандони хурди тиббӣ 63 нафар, дигар кормандон 45 нафар, мувофиқи маълумоташон олӣ 61 нафар, миёнаи махсус 151 нафар, миёна 94 нафар, 1 нафар бо ордени хизмати шоиста ва 3 нафар бо ордени аълочии соҳаи тандурустӣ сарфароз гардонида шудааст. Беморхона бо бисёр муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ ва берун аз он, аз қабили Россия, Белорусия, Шветсария, Олмон ва дигарҳо ҳамкории зич дорад.

Сартабиби МД БҶК-и ноҳияи Данғара Қаҳрамон Камолов мегӯяд, ки соҳаи тандурустӣ яке аз соҳаҳои афзалиятноки ҷомеа ба ҳисоб меравад. Имрӯзҳо хизматрасонии сифатноки тиббӣ ба аҳолии ноҳия ва берун аз он дар Муассисаи давлатии Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Беморхонаи ҷумҳуриявии Клиникии ноҳияи Данғара дорои 105 кат мебошад, ки аз ин 20 каташ ба шуъбаи бемориҳои дил, 20 каташ ба шуъбаи бемориҳои узвҳои дарунаи калонсолон ва наврасон, 10 каташ ба шуъбаи пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон, 15 каташ ба шуъбаи ҷарроҳии калонсолон, 10 каташ ба шуъбаи ҷарроҳии кӯдакона ва урологӣ, 9 каташ ба шуъбаи бемориҳои амрози занона, 13 каташ ба шуъбаи таваллудӣ, 8 каташ ба шуъбаи наҷот ва баъди ҷарроҳӣ рост меояд.

Шуъбаи қабул

Дар шуъбаҳои БҶК-и ноҳияи Данғара дар давоми фаъолияти кориаш дар ҳашт моҳи соли 2021 шумораи беморони бистаришуда ба 2698 нафар расида, аз инҳо 824 нафарашон аз дигар шаҳру ноҳияҳо мебошанд. Аз шумораи умумии бистаришудагон шумораи ҷарроҳиҳо ба 774 нафар расид. Аз ин шумораи ҷарроҳиҳо 162 нафар ҷарроҳиҳои пластикӣ, 13 нафар ҷарроҳии пайванди гурдаи хешу таборӣ. Шумораи хатна бошад, 430 нафарро ташкил медиҳад ва амалиётҳои ҷарроҳиҳои дармонгоҳӣ ба 103 нафар мерасад. Бемороне, ки ба онҳо кумаки тиббии амбулаторӣ расонида шуд, шумораи онҳо ба 2581 нафар расид. Аз он ҷумла беморони аз дигар шаҳру ноҳияҳо ёри тиббии амбулаторӣ гирифта 433 нафаранд.

Бистарикунонӣ дар беморхона

Дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ба шуъбаи бемориҳои дил 257 нафар, шуъбаи бемориҳои узвҳои даруна – 217 нафар, шуъбаи ҷарроҳии калонсолон – 352 нафар, шуъбаи ҷарроҳии кӯдакона ва урологӣ – 237 нафар, шуъбаи бемориҳои амрози занона – 224 нафар, шуъбаи таваллудӣ – 199 нафар, шуъбаи пайвандсозӣ – 65 нафар ва ба шуъбаи наҷот ва баъди ҷарроҳӣ 15 нафар бистарӣ кунонида шудаанд.

Нуқтаи шикастабандӣ

Қабули беморон ва расонидани ёрии тиббии амбулаторӣ дар нуқтаи шикастабандӣ 1369 нафарро ташкил медиҳад, ки 978 нафарашон аз ҳудуди ноҳия, 391 нафарашон аз дигар шаҳру ноҳияҳо, аз шумораи умумии қабул 60 нафарашон дар шуъбаҳои ҳамин беморхона бистарӣ  карда шудаанд.

Бахши ташхиси нурӣ ва ултрасадоӣ

Томографияи компютерӣ 1877 нафар, рентгени рақамӣ 2656 нафар, рентгени Сиремобил – S-duga бо монитор 17 нафар, рентгени мамограф 11 нафар, ортопантомограмма 61 нафар, ултрасадо (Акузон Х300) 1363 нафар, эндовидео Аескулар 11 нафар.

Шуъбаи озмоишгоҳ ва кори дармонгоҳ

Дар озмоишгоҳ 25117 таҳлилҳои лабораторӣ гузаронида шуд. Аз шумораи умумии таҳлилҳо ба беморони статсионарӣ 5323 таҳлил, беморони амбулаторӣ 19794 таҳлил. Дар дармонгоҳ зиёда аз 6318 нафар беморон муоина ва муолиҷа карда шудаанд, ки аз инҳо 1128 нафар аз дигар шаҳру ноҳияҳо мебошанд. Аз шумораи умумии муоинашудагон 818 нафар бемор барои табобату ташхиси пурра ба бистарӣ фаро гирифта шудаанд.

Шуъбаи наҷот ва баъди ҷарроҳӣ

Бемороне, ки бистарӣ шудаанд, ба дигар шуъбаҳои ҳамин беморхона гузаронида шуда, 398 нафарро ташкил медиҳанд. Эҳёгарӣ ва мадҳушгардонии умумӣ 745 нафарро ташкил медиҳад, ки аз инҳо мадҳушгардонии В/В 159 нафар, мадҳушгардонии В/В бо ДНС 219 нафар, мадҳушгардонии В/В бо ДНС ва эндотрохеалӣ 138 нафар, мадҳушгардонии дохилиҳароммағзӣ 139 нафар мебошад. Фавти беморон дар шуъба 15 нафар.

Шуъбаи таваллудӣ ва бемориҳои амрози занона

Қабули таваллуд дар шуъбаи таваллудхона 1331 нафар, сабти умумии таваллуд 1353 нафар. Дар шуъбаи таваллудӣ ба 211 нафар амалиёти фаврии ҷарроҳӣ бо усули буриши қайсарӣ гузаронида шудааст.

Ҳомиладорӣ бо камхунӣ 984 нафар. Аз шумораи умумии таваллудшудагон 1092 нафар кӯдакони навзод аз эмгузаронии БЦЖ гузаштаанд. Эмгузаронӣ зидди бемории Полиомиелит 1102, эмгузаронӣ зидди бемории «Ҳепатити В» 1102, мурдатаваллуд 14 нафар, фавти баъди таваллуди навзодон 21 нафар, фавти модар нест.

Бистарии беморон дар шуъбаи бемориҳои амрози занона ҳамагӣ 224 нафарро ташкил медиҳад. Беморони аз ҳудуди ноҳия 179 нафар, аз дигар ноҳия 45 нафар. Шумораи ҷарроҳиҳои гузаронидашуда 53 нафарро ташкил медиҳад. Аз инҳо нақшавӣ 40, фаврӣ 13 нафар.

Шуъбаи бемориҳои узвҳои даруна ва ҷарроҳии калонсолон

Қабул ва бистарии беморон дар шуъбаи бемориҳои даруна аз рӯи нақша сурат мегирад. Ҳамагӣ бистарӣ 217 нафарро ташкил медиҳад. Беморони аз ҳудуди ноҳия 134 нафар, аз дигар ноҳия бистаришуда 83 нафар мебошанд.

Бистарии беморон дар шуъбаи ҷарроҳӣ 352 нафарро ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии бистарӣ 277 бемор ҷарроҳӣ шудаанд, ки аз инҳо 81 нафар ҷарроҳии фаврӣ ва 185 нафар нақшавӣ ва 11 нафар бо усули «Эндовидео Аэскулап», инчунин, табобатҳои консервативӣ 75 нафарро ташкил медиҳад.

Шуъбаи ҷарроҳии кӯдакона ва урологӣ

Дар шуъбаи ҷарроҳии кӯдакона ва урологӣ 23 бемор бистарӣ шудаанд. Аз шумораи умумии бистарӣ 206 нафар бемор ҷарроҳӣ шудаанд, ки аз инҳо 45 нафар фаврӣ, 161 нафари дигараш нақшавӣ, инчунин, табобатҳои консервативӣ 31 нафарро ташкил медиҳад.

Шуъбаи бемориҳои дил ва тавонбахшӣ

Қабули беморон дар шуъбаи бемориҳои дил 257 нафар, аз шумораи умумии бистаришудагон 217 нафар сокинони ҳудуди ноҳия, 40 нафари дагараш шаҳрвандони берун аз ноҳия мебошанд. Дар ҳуҷраи ангиография ба 8 нафар бемор ташхиси коронография гузаронида, стенгузорӣ карда шуд. Фавт дар шуъба 1 нафарро ташкил медҳад.

Қабули беморон дар шуъбаи тавонбахшӣ (физиотерапия) 469 нафар, амбулаторӣ 250 нафар, статсионарӣ 219 (27) нафарро ташкил медиҳад, ки муоина ва муолиҷа карда шудаанд. Ба беморони амбулаторӣ ва статсионарӣ 9954 намуди табобат, амбулаторӣ – 1704, статсионарӣ – 8250 намуд гузаронида шуд.

Шуъбаи пайвандсозии узв

Қабули беморон дар шуъба 65 нафарро ташкил медиҳад, ки 17 нафарашон аз ҳудуди ноҳия, 32 нафар аз дигар шаҳру ноҳияҳо ва 8 нафари дигар шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд. Аз шумораи бистаришудагон 26 нафарашон амалиётҳои ҷарроҳӣ ба таври нақшавӣ гузаронида шуд. 13 нафарашонро пайванди гурда ташкил медиҳад. Фавт дар шуъба 2 нафарро ташкил медиҳад.

Ҳуҷраи диализ ва шуъбаи ёрии таъҷилӣ

Дар ҳуҷраи диализ дар давоми моҳи январ ба 38 нафар бемор 144 амалиёти гемодиализ гузаронида шуд, ки аз инҳо 21 нафарашон беморони амбулаторӣ ва 17 нафари дигарашонро беморони статсионарӣ ташкил медиҳад.

118 нафар барои бистарӣ фаро гирифта шуданд. Аз ҷумла, бемории фишорбаландӣ 71 нафар, БСП халазании гурдаҳо – 24 нафар, ҳомиладорон – 16 нафар, дистонияи неросикулярӣ – 59 нафар, бемории шадиди роҳҳои нафас – 99 нафар, энтерокалиди шадид – 31 нафар, беморони осебдида ва латхӯрӣ – 37 нафар, интиқолдодагон – 17 нафар, невралгияи байниқабурғавӣ – 2 нафар, газаки шадиди рӯдаи кирмшакл – 3 нафар.

Истифода аз маводҳои гиёҳдармонӣ

Ҳамагӣ шахсоне, ки дар ҳашт моҳи соли 2021 аз гиёҳдармонӣ истифода бурдаанд, шумораи онҳо ба 1458 нафар расид. Аз ҷумла, тавонбахшӣ (физиотерапия) – 231 нафар, шуъбаи бемориҳои дил – 117 нафар, шуъбаи бемориҳои узвҳои даруна – 198 нафар, шуъбаи ҷарроҳии калонсолон – 212 нафар, шуъбаи ҷарроҳии кӯдакона ва урологӣ – 146 нафар, шуъбаи бемориҳои амрози занона – 135 нафар, шуъбаи пайвандсозӣ – 115 нафар, дармонгоҳ – 95 нафар ва шуъбаи қабул ва нуқтаи шикастабандӣ бошад, 209 нафар.

Билоли ШАМС, МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь