Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромадҳои худ иброз медоранд, ки соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, давоми солҳои охир бамаротиб рушд карда, то имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. Роҳбарият ва кормандони Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш баҳри боз ҳам беҳтар кардани шароит дар беморхона барои табобату муолиҷаи беморон аз ҳама имкониятҳо истифода карда, дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ карда, бо дилу нияти соф ба корафтодагон содиқона хизмат мекунанд. Бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти Беморхонаи марказии ноҳияи Вахши вилояти Хатлон хабарнигори МТЖТ бо сардухтури он Раҳмоналӣ Гадоев суҳбати ихтисосӣ анҷом дод. Мавсуф дар оғози суҳбат гуфт, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат бо дастгирии Ҳукумати кишвар теъдоди зиёди беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ бунёд гашта, ҳамаи муассисаҳои тандурустии кишвар бо таҷҳизотҳои муосири тиббӣ таъмин гардида, хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар гаштааст. Аз ҷумла, дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон Беморхонаи марказӣ ва беморхонаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ноҳия ва Раёсати тандурустӣ таъмиру бозсозӣ шуда, бо муосиртарин таҷҳизоти замонавии тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд, ки ин омил боиси хуб шудани шароити кор барои табибон ва баланд бардоштани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии ноҳия гардидааст.

 Тӯҳфаи арзанда барои табибон

Номбурда илова кард, ки дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар бо дастгири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории Фонди Рушди Олмон бо маблағи 32 миллион сомонӣ аз тарафи ҶДММ “Манора сохтмон” моҳи декабри соли 2023 корҳои сохтмонӣ ва васлкунӣ дар Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш пурра ба анҷом расонида шуд. Рӯзи 15-уми декабри соли 2023 бо иштироки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш мавриди истифода қарор дода шуда, барои хизматрасонии 218 ҳазору 183 нафар аҳолии ноҳия айни ҳол шабонарӯзӣ хизматрасонии тиббӣ карда истодааст.

Қайд гардид, ки Беморхонаи мазкур бо тамоми таҷҳизоти тиббӣ кишварҳои муосири пешрафтаи ҷаҳон чун Олмон, Ҷопон, ИМА, Испания ва ғайра муҷаҳҳаз карда шудааст, ки ин кори табибони ноҳия ва табобатро барои беморон осон кард.

Сардухтури беморхона ҳамчунин илова кард, ки дар соли 2023 шуъбаи сироятии Беморхонаи марказӣ аз ҳисоби ташкилоти Байналмилалии Юнисеф ба маблағи 1 миллиону 87 ҳазор сомонӣ таъмир ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва ғайритиббӣ таъмин карда шуд. Ҳамчунин, дар ин сол Беморхонаи минтақавии Меҳробод дар Ҷамоати деҳоти Машъал бо тамоми шароити тиббӣ ба кор шурӯъ кард, ки ин ҳама аз рушди соҳаи тандурустӣ дар ноҳияи Вахш дарак медиҳад.

Солимии ҷомеа боигарии давлат аст

Мавсуф қайд кард, ки соҳаи тандурустӣ ҳамчун соҳаи афзалиятноки ҷомеа ба ҳисоб рафта хизматрасонии тиббӣ, беҳдошти вазъи саломатии аҳолӣ, бахусус пешгирии маъюбшавии кӯдакон ва дуруст ба роҳ мондан дар самтҳои зикршуда, дар ноҳияи Вахш аз ҷониби табибон як қатор корҳои назаррас мавриди амалишавӣ қарор дода шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки табибони бо таҷрибаи Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш ва зерсохторҳои он дар соли гузашта ба 218 ҳазору 183 нафар аҳолии ноҳия хизматрасонии босифати тиббӣ ва санатирӣ расониданд.

Дар ноҳия таваҷҷуҳ ба табибон хуб буда, айни замон дар беморхона 385 нафар кормандони тиб фаъолият мекунанд, ки аз онҳо 56 нафар духтурони маълумоти олидор, 155 нафар кормандони миёнаи тиб, 116 нафар кормандони хурди тиб ва 57 нафар дигар кормандон мебошанд. Аз 56 нафар табибон 27 нафар дараҷаи олидор, 14 нафар дорои дараҷаи 1 ва 6 нафар дорои дараҷаи дуюм мебошанд. Ҳоло норасоии кадрӣ дар беморхона тамоман вуҷуд надорад, – илова кард ӯ.

Бистарикунонӣ ва муолиҷаи беморон

Зикр шуд, ки Беморхонаи марказии ноҳия дорои 225 кат буда, аз 7 шуъбаи бистарикунонӣ, 3 шуъбаи ёрирасон ва 4 ҳуҷраи ташхисию ёрирасон иборат мебошад, ки ба аҳолии ноҳия кӯмаки тиббӣ-тахассусӣ мерасонад. Аз ҷумла шуъбаи ҷарроҳӣ бо 50 кат, шуъбаи сироятӣ бо 35 кат, шуъбаи бемориҳои даруна бо 30 кат, шуъбаи бемориҳои дил бо 25 кат, шуъбаи эҳёгарӣ бо 6 кат, шуъбаи кӯдакона бо 25 кат ва шуъбаи таваллуд бо 60 кат бо ҳама шароити муосири тиббӣ таъмин мебошанд.

Дар 12 моҳи соли 2023 дар ҳама шуъбаҳои Беморхонаи марказӣ 21068 кат рӯз ба нақша гирифта шуда буд. Дар асл бошад рӯзи кории катҳо 13065 иҷро шудааст, ки 62,1 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин муддат 2843 нафар беморон бистарӣ карда шуда, 2830 нафар ҷавоб дода шудаанд. Миқдори миёнаи банди катҳо 93,3 миқдори миёна будани беморон дар катҳо 4,6 ва гардиши катҳо ба 20,2 баробар мебошад.

– Ҳамагӣ дар беморхонаи минтақавӣ 160 кат фаъолият мекунад, ки дар онҳо 28302 кат рӯз ба нақша гирифта шудааст. Дар асл бошад 14899 кат рӯз иҷро шудааст. Фоизи иҷроиши катҳо баробари 52,6-ро ташкил медиҳад. Ҳамагӣ дар беморхонаҳои минтақавӣ бистарӣ шуданд, 1665 нафар ва аз ин шумора 1682 нафарашон шифо ёфта рухсат шудаанд. Миқдори миёнаи банди катҳо 39,1 буда миқдори будани беморон дар катҳо 8,8 рӯз гардиши катҳо 10,5-ро ташкил медиҳад, – афзуд номбурда.

 Хизматрасонии таббӣ ба аҳолӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст

Раҳмоналӣ Гадоев илова кард, ки дар соли 2023 дар шуъбаи ҷарроҳӣ 234 амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шудааст, ки аз ин 163 нафарашон фаврӣ буда, нисбати соли 2022 25,5 фоиз зиёд мебошад. Дар шуъбаи таваллуд дар ин сол 1817 кӯдак таваллуд шудааст, ки аз онҳо 151 нафарашон бо буриши қайсарӣ мебошад. Гуфта шуд, ки шуъбаҳои Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш ғайри шуъбаҳои таваллуд ва сироятӣ дар доираи фармоиши Вазорати тандурустӣ таҳти рақами 600 фаъолият доранд. То моҳи декабри соли ҷорӣ фаъолияти Беморхонаи марказӣ дар бинои иҷоравии ҶДММ “Сино” қарор дошт. Ба ин нигоҳ накарда иҷрои нақшаи хизматрасонии тиббию санитарӣ ба маблағи 410677 сомонӣ амалӣ карда шуд, ки ин 106,7 фоизи нақша буда, нисбати соли 2022 120,4 фоизро ташкил медиҳад.

Нақшаҳои оянда

Мавсуф иброз дошт, ки ҳамаи арзу муроҷиатҳои шаҳрвандон аз ҷумла беморон дар мӯҳлатҳои муайяншуда баррасӣ гардида, ба шахсони мӯҳтоҷ муолиҷаи ройгон дар беморхона тиббӣ, таъмин бо доруворӣ, гузаронидани ташхисҳои мураккаб ташкил карда шуд.

Маъмурияти Беморхонаи марказӣ ва табибони ботаҷрибаи ноҳияи Вахш аз дастгирии ҳамаҷонибаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро эҳсос намуда, баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи тандурустӣ дар ноҳия пайваста тадбирҳои мушаххас меандешанд. Онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки сокинони ноҳияро бо хизмати босифат ва замонавии тиббӣ ҳамарӯза фаро гиранд, баҳри пешгирии бемориҳо ва ҳифзи сиҳатии мардум фаъолият намоянд. Зеро дар доираи ҷашни 30-солагӣ ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии кившар беморхона пурра бо дастгири ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати тандурустӣ, мақомоти маҳаллӣ таъмиру бозсозӣ гардида, бо муосиртарин таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд.

Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ,

ФАРАЖ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь