Бо мақсади бо вазъ ва фаъолияти Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор” шинос гардидан, хабарнигори МТЖТ бо директори муассисаи мазкур Раҷабзода Баҳодур Баҳром суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.
Мавсуф дар оғози суҳбат изҳор дошт, ки сараввал мехоҳам сокинони кишвари азизамонро бо Ҷашни 30-солагии Истиқлол муборакбод бигӯям ва таманно мекунам, ки миллати азизамон ҳамеша дар фазои сулҳу субот, осоиштагӣ зиндагӣ намоянд. Барои ҳар фарди кишвар албатта, Истиқлол ва озодӣ азиз аст ва ин муқаддасотро мо бояд чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Ҳамзамон, баҳри боз ҳам пешрафту гулгулшукуфоии Тоҷикистони азиз заҳмат кашему ҳиссаи арзандаи хешро гузорем ва чунон ки Пешвои муаззами миллат дар ҳар суханронии худ таъкид менамоянд, ки содиқона ва самимона баҳри миллату давлат хизмат намоем ва мо ҳамеша суханони боҳикмати Пешвои миллатро дастури фаъолияти касбии худ намудаему менамоем.
Дар идома Раҷабзода Баҳодур Баҳром қайд намуд, ки Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор” фаъолияти худро дар асоси амру фармон ва дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, талаботи қонунҳои давлатӣ, фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру қарорҳои раиси шаҳри Ҳисор, Оиннома ва дастурамали нақшаи ягонаи коллеҷ ба роҳ монда шудааст.
Ихтисосoҳо
Дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор” таълими ихтисосҳои “Кори ҳамширагӣ”, “Кори фарматсевтӣ”, “Кори момодоягӣ”, “Кори дандонсозӣ”, “Кори табобатӣ”, “Кори тиббию – ташхисӣ”, “Кори тиббию – профилактикӣ” бахшҳои 1-ум, 2-юм, 3-юм ва 4-ум, 01-14 “Кори ҳамширагӣ” (таҳсилоти умумии асосӣ), 101-111 Кори ҳамширагӣ, 101-106 “Кори ҳамширагӣ” (шабона), 101-103 “Кори фарматсевтӣ”, 101-102 “Кори фарматсевтӣ” (шабона), 101-105 “Кори момодоягӣ”, 101 “Кори момодоягӣ” (шабона), 101-102 “Кори дандонсозӣ”, 101 “Кори дандонсозӣ” (шабона), 101-103 “Кори табобатӣ”, 101 “Кори табобатӣ” (шабона), 021-20 “Кори ҳамширагӣ” (таҳсилоти умумии асосӣ), 201 “Кори табобатӣ” (шабона), 201-210 “Кори ҳамширагӣ”, 201-203 “Кори ҳамширагӣ” (шабона), 201-205 “Кори момодоягӣ”, 201 “Кори момодоягӣ” (шабона), 201-204 “Кори фарматсевтӣ”, 201-202 “Кори фарматсевтӣ” (шабона), 201 “Кори тиббию-профилактикӣ”, 201 “Кори дандонсозӣ” (шабона), 201 “Кори тиббию-ташхисӣ”, 031-34 “Кори ҳамширагӣ” (таҳсилоти умумии асосӣ), 031 “Кори табобатӣ” (таҳсилоти умумии асосӣ) 301-311 “Кори ҳамширагӣ”, 301-305 “Кори фарматсевтӣ”, 301 “Кори тиббӣ – ташхисӣ”, 301 “Кори тиббию-профилактикӣ”, 041-43 “Кори ҳамширагӣ” ба роҳ монда шудааст.
Ҳайати омӯзгорон
Айни ҳол дар муассиса 153 нафар кор ва фаъолият менамоянд, ки аз инҳо 109 нафар омӯзгори асосӣ мебошанд. Аз шумораи умумии омӯзгорон 39 нафар омӯзгорони тиббӣ буда, 61 нафарашон омӯзгорони соҳаи омӯзгорӣ мебошанд. Дар муассиса айни ҳол 8-нафар омӯзгорони дар марҳилаи унвонҷӯӣ, 30 нафар бо дараҷаи олӣ, 13-нафар бо дараҷаи 1-ум, 19-нафар бо дараҷаи 2-юм ва 38-нафар бе дараҷаи тахассусӣ ба донишҷӯён дарс медиҳанд.
Корҳои методӣ
Мавсуф дар идомаи суҳбат қайд намуд, ки аз ҷониби кормандони коллеҷ пайваста ба омӯзгорон ёрии методӣ расонида мешавад. Нақшаи солонаи Шӯрои омӯзгорӣ, Шӯрои илмӣ-методӣ, барномаҳои таълимии силлабус, нақшаи инфиродии таълимии омӯзгорон, нақшаҳои кории мудирони кафедраҳо, деканҳо ва дигар зерсохторҳои муассиса аз ҷониби кормандони шӯъба дида баромада шуда, мувофиқа карда шудаанд. Мувофиқи нақшаи иштирок ва таҳлили дарсҳо ҳафтае 2- маротиба бевосита дар дарсҳои дилхоҳ омӯзгорон иштирок намуда, дарсҳои онҳоро таҳлил менамоянд. Ҳамеша бо омӯзгорони ҷавон кор бурда мешавад. Дар оянда нақша дорем, ки 5 номгӯи семинарҳои омӯзишӣ дар мавзӯъҳои мухталиф миёни омӯзгорони муассиса гузаронем (бо талаботҳои пешгирии сирояти коронавирус).
Натиҷагирӣ аз имтиҳонҳо
Номбурда идомаи суҳбат зикр намуд, ки ба ҳамаи мудирони кафедраҳо ҷиҳати омода намудани саволномаҳои имтиҳонӣ (тестҳо) аз тарафи маъмурияти муассиса супориш дода шуда ва ҳамаи саволномаҳои имтиҳон то саршавии сессия барои тасдиқ ба шӯъбаи таълим пешниҳод карда шуд. Ҷадвали гузаронидани сессия ва сессияи хурд даҳ руз пеш аз баргузории имтиҳонҳо омода карда шуда, дар тахтаи эълонҳо овезон карда шуда буд. Барои баҳои дуруст ва шафофият гузаронидани сессия аз тарафи шӯъбаи таълим ва мудирони кафедраҳо нозарати ҷиддӣ бурда шуд. Донишҷуёни бахши якум ва дуюми муассиса тибқи низоми кредитӣ ба роҳ мондашуда, ҳамаи имтиҳонҳо дар маркази тестии назди коллеҷ қабул карда шуд.
Дар оғози нимсолаи якум дар коллеҷ 2256 нафар донишҷӯён тибқи фармоиши директор ба супоридани сессия иҷозат дода шуда буд. Аз ин шумора 13 нафар донишҷӯ ба сессия иштирок накарданд, ки ин 0,5% ва шумораи иштирокнамудагон 99,5%-и донишҷӯёнро ташкил медиҳад.
Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки сессияро 60 нафар донишҷӯён бо баҳои «аъло» ҷамъбаст намудаанд (2,7%), бо баҳои «хубу аъло», 106 нафар (4,7%), бо баҳои «хуб» 704 нафар (31,2%), бо баҳои «аъло, хуб, қаноатбахш» 1159 нафар (51,4%) ба анҷом расониданд.
Баргузории конференсияҳо, мизҳои мудаввар
Мавсуф қайд намуд, ки кормандони коллеҷ баҳри гузаронидан ва иштироки конференсияҳои сатҳи кафедравӣ ва муассисавӣ дар мавзӯъҳои гуногун, аз он ҷумла «Роҳҳои пешгирии бемориҳои саратонӣ», «Фишорбаландии ҳомиладорон», «Пешгирии сирояти дохили бемористонӣ дар муассисаҳои табобатию профилактикӣ», «Роҳҳои пешгирии сирояти коронавирус», «Пешгирии фарбеҳӣ», «Дорувориҳои зидди вирусӣ» ва ғайраҳо баргузор ва иштирок намудаанд. Ғайр аз ин, бахшида ба Рӯзи илм санаи 11.04.2021 дар назди кафедраи «Фанҳои табиию риёзӣ» мизи мудаввар дар мавзӯи «Аҳамияти таҷҳизотҳои физикӣ дар илми тиб» гузаронида шуд.
Таҷлили ҷорабиниҳо
Дар санаи 26-уми январи соли 2021 Пайёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври мустақим пахш гардид. Вобаста ба ин дар ҳудуди коллеҷ дар санаи 26 январи соли 2021 тавассути телевизион тамошои дастаҷамъона ташкил карда шуд. Бо мақсади омӯзиши Пайём дар таърихи 11-феврал соли 2021 дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор” вохӯрии намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассиса баргузор гардид, ки дар он нуқтаҳои асосии Паём мавриди омӯзиш қарор дода шуд.
Дар асоси Қарори раиси шаҳри Ҳисор аз 21-январи соли 2021 таҳти №17 дар бораи таҷлили “Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар муассиса нақшаи чорабинӣ тартиб дода, корҳои назаррас ба анҷом расонида шуд.
Бахшида ба “Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар таърихи 18-уми феврали соли равон дар маҷлисгоҳи муассиса Конференсияи илми назариявӣ таҳти унвонӣ «Мафҳуми ватан ва номуси ватандорӣ» гузаронида шуд.
Дар асоси Қарори раиси шаҳри Ҳисор аз 11-уми феврали соли 2021 таҳти №59 оид ба таҷлили «Рӯзи шаҳри Ҳисор» дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор чорабиниҳои зиёде баргузор гардид:
Дар таърихи 2-юми марти соли равон бо ташаббуси кафедраи «Фанҳои гуманитарӣ» дар ҳамкорӣ бо Осорхонаи бостоншиносии шаҳри Ҳисор бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯён мизи мудаввар дар мавзӯи «Ҳисори зарнисорам» гузаронида шуд. Бахшида ба ин чорабинӣ дар таърихи 3-юми марти соли равон дар толори фарҳангӣ бо донишҷӯён ва омӯзгорон Конфренсия бахшида ба таҷлили «Рӯзи шаҳри Ҳисор» баргузор гардид, ки дар он 55 нафар омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Дар асоси нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Рӯзи модарон» дар тамоми корхонаву муассисаҳои шаҳри Ҳисор дар байни бонувон мусобиқаи волейбол гузаронида шуд, ки дар ин мусобиқа дастаи волейболбозони Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор ҷойи дуюмро ишғол намуд.
Бояд қайд намуд, ки дар асоси нақшаи пешбинишуда дар байни донишҷӯён озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Меҳри модар» гузаронида шуд, ки дар ин озмун 16 нафар иштирок карданд. Бояд қайд намуд, ки донишҷӯи бахши аввали гуруҳи 07, ихтиссоси «Кори ҳамширагӣ» Каримова Омина сазовори ҷойи аввал гардид.
Дар таърихи 22.03.2021 чорабинии фарҳангӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Қалъаи Ҳисор баргузор гардид, ки дар он омӯзгорону донишҷӯёни муассиса фаъолона ширкат варзида, муассисаро бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва пешниҳоди хони Наврӯзӣ муаррифӣ намуданд.
Дар асоси Қарори раиси шаҳри Ҳисор дар бораи “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” аз 20.04.2021 таҳти №361 ва фармоиши директори Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор аз 12-уми майи соли 2021 дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор корҳои назаррас ба анҷом расонида шудааст.
Дар таърихи 26-уми июни соли 2021 чорабинии фарҳангии театрии бахши фарҳангӣ шаҳри Ҳисор бахшида ба «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» дар Қалъаи Ҳисор баргузор гардид, ки дар он 20-нафар донишҷӯписарон ва 20-нафар донишҷӯдухтарони Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор баромад намуданд.
Чи тавре ба ҳамагон маълум аст ҳамасола 1-уми сентябр дар саросари кишвари азизамон “Рӯзи дониш”- дарси сулҳ бо як шукуҳу шаҳомат таҷлил карда мешавад. Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бошад, бахшида ба “Рӯзи дониш” ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.
Бояд қайд намоям, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни пуршукуҳи миллии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар таърихи 7.09.2021 гузашти низоми бо иштироки ҳамаи сохторҳои қудратӣ, афсарони эҳтиётӣ дар сатҳи баланд гузаронида шуд, ки дар он 51-нафар донишҷӯдухтарон, 51-нафар донишҷӯписарон ва 51 нафар омӯзгорон иштироки фаъолона доштанд.
Дар таърихи 08-уми сентябри соли равон дар шаҳри Ҳисор роҳпаймоӣ бахшида ба ҷашни “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар он 250-нафар донишҷӯён ва 70 нафар омӯзгорони Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор иштирок намуданд.
Бахши тарбияи Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор корро дар самти иҷрои нақша ҷоннок намуда, дар оянда низ чунин чорабиниҳои тарбиявӣ, тарғиботиву ташфиқотӣ, сиёсиву фарҳангӣ ва ғайраро фаъолона ба роҳ хоҳад намуд.
Ҷалби донишҷӯёни боистеъдод
Дар назди шӯъба ҷамъияти илмии донишҷӯён фаъолият менамояд. Айни замон баҳри гузаронидани конференсияҳои илмӣ-назариявӣ, адабӣ, тарбиявӣ дар муассиса бо онҳо кор бурда мешавад. Дар назди кафедраҳои муассиса бошад, озмунҳои маҳоратӣ таъсис дода шуда, ин озмунҳо давравӣ гузаронида мешаванд. Дар назди кафедраҳои «Кори ҳамширагӣ» ва «Кори момодоягӣ» озмуни маҳорати касбии «Ворисони Сино» таъсис дода шудааст. Нақшаи мавзӯҳо бошад аз ҷониби шуъбаи илм ва инноватсия пешниҳод шудааст. Конференсияҳо вобаста аз муҳлати иҷроишашон баргузор мегарданд.
Нашри мақолаҳо
Дар муассиса дар 3-моҳаи аввали соли 2021 1 нафар номзади илм, 3-нафар унвонҷӯ кор ва фаъолият менамуданд. Дар семоҳаи охири соли 2021 аз ҷониби 26-нафар омӯзгорони муассиса мақолаҳо навишта шудааст. Бояд қайд намуд, ки то имрӯз муассиса бо 26 газетаву маҷалаҳо ва нашрияҳои зерин: «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Народная газета», «Бонувони Тоҷикистон», «Халқ овозӣ», «Адабиёт ва санъат», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Ваҳдат», «Пайванд», «Садои шарқ», «Помир», «Минбари халқ», «Ҳисори шодмон», «Ҳисори зарнисор», Рӯзномаи «Омӯзгор», Маҷалаҳои «Маърифати омӯзгор», «Маорифи Тоҷикистон», «Масъалаҳои методикаи таълим», Нашрияи «Паёми Шифо», Ҳафтаномаи ҷамъияти сиёсии «СССР», Ҳафтаномаи «Ёрии таъҷилӣ», Маҷалаи «Нигаҳдории тандурустӣ» ва ғайраҳо обуна мебошад. Баҳри иҷроиши ин самт аз ҷониби кормандони коллеҷ тадбирҳои зарурӣ андешида шудааст.
Корҳои ободонӣ
Мавсуф дар анҷоми суҳбат изҳор дошт, ки кормандони коллеҷ пайваста дар шанбегиҳо, корҳои ҷамъиятии муассиса ва ҳудуди шаҳри Ҳисор фаъолона иштирок менамоянд.
Бо мақсади иҷрои Қарори раиси шаҳри Ҳисор аз 11 январи соли 2021, №3 Дар бораи эълон намудани “300-рӯзи ободонӣ” бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, кормандони муассиса оиди Қарори номбурда ҷидди кор бурда истодаанд.
Дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор» аз моҳи марти соли 2021 то инҷониб як қатор корҳои ободонӣ ба анҷом расонида шуд, аз қабили:
Сохтани 2-адад партовҷой бо роҳравҳояш ва 12-адад қутӣ барои партов
3-бинои муассиса пурра таъмир карда шуд.
Таъмири пурраи ҳуҷраи китобхонаи электронӣ ва аз нав барқарор кардани китобхонаи электронӣ бо 16-адад компютер, 1-адад доскаи электронӣ, овардани китобҳои нави таълимӣ, мизу курсиҳои ҳозиразамон ва 16-адад лампаҳои болои мизӣ.
Утоқҳои кории маъмурият (утоқи кории директор бо қабулгоҳ, ҳуқуқшинос ва раиси шӯрои занон, ҷонишини директор оид ба тарбия, ҷонишини директор оид ба таълим, шуъбаи таълим, шуъбаи кадрҳо, шуъбаи таҷрибаомӯзӣ, муҳосибот, шуъбаи умумӣ, мудирони кафедраҳо ва деканатон) пурра таъмир карда шуд.
Таъмин намудани синфхонаи анатомия «Толори дастамалҳо» бо 60 адад курсии ниммулоим ва китобхона бо 60 адад курсии ниммулоим.
Ошхонаи коллеҷ пурра аз таъмир бароварда шуд ва бо таҷҳизотҳои нави замонавӣ таъмин карда шуд.
1-адад мағозаи конселярӣ ва нуқтаи фуруши яхмос ва коктейл сохта ба истифода дода шуд.
Бахтиёр АЛИМОВ,
МТЖТ