Мақомоти Тоҷикистон пирӯзӣ бар бемории силро дар минтақае, ки барои даҳаҳоводии маргномида мешуд, эълом карданд. Соли ҷорӣ дар он ҷо танҳо як мавриди ибтило ба ин беморӣ сабт шудааст.

Рустам Нуров, директори Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иқтимоии аҳолии Тоҷикистон, гуфт, замоне, ки сил дар ин минтақа бедод мекард, ҳеҷ фановарии ташхиси модерне вуҷуд надошт ва табобат ғайримумкин буд.

“Вазъе, ки дар чанд деҳаи Восеъ ва ноҳияи Ҳамадонӣ ҳанӯз аз даврони Шӯравӣ ҳукм меронд, воқеан, нигаронкунанда буд”, – гуфт Рустам Нуров.

Вай афзуд, вазъи имрӯзаи эпидемиологӣ дар ноҳияи Восеъ ба эътидол даромада, дар ҷумҳурӣ аз рӯи нишондодҳои гирифторӣ ба сил дар мақоми 27-ум қарор дорад.

Аждаҳои сил

Ин хабар барои нависандаи ин сутур хабари хушест, аммо хотироти бисёр ғамангезиро бароям зинда мекунад. Силро бадтарин бемории башар медонам, зеро ваҳшатноктарин чашмдидҳоро аз он дорам.

Моҳи декабри соли 2003, ҳамроҳ бо чанд рӯзноманигори дигар, ба ҷамоатҳои Сино ва Хоҷа Сартези ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон, ба вежа рустоҳои Учқун, Ғелот, Кафтархона, Пушёнҳои Боло, Миёна, Поён ва ғайра барои ошноӣ бо вазъияти беморони мубтало ба сил рафта будам. Гуфтани ин, ки чизе, ки дар он ҷо дидам, наметавонам фаромӯш кунам, чизе нагуфтан аст. Он ҳама дар ҳофизаи ман ҳаккокӣ шудааст.

Ман бо чашмони худ дидам, ки чӣ гуна афроди мубтало ба ин беморӣ мунтазири марг ҳастанд ва дар хонаҳои худ мемиранд. Дар нигоҳи онҳо бо ин ки аксаран ҷавон буданд, умеде ба зиндагӣ набуд. Фақат як чиз хонда мешуд, яъне интизории марг.

Достонҳои он рӯз он қадар ваҳшатнок буд, ки ҳатто пас аз гузашти тақрибан 20 сол, бозгӯ кардани онҳо бароям сахт аст. Сил, монанди “аждаҳои марг”, ки дар замони Шӯравӣ ба ин рустоҳо омад, бисёре аз хонаводаҳоро комилан балъида буд. Ба унвони мисол, ба гуфтаи сокинон, беш аз 50 хонавода дар Пушёни Боло, беш аз 40 хонавода дар Пушёни Миёна ва беш аз 50 хонавода дар Пушёни Поин ба таври комил нобуд шуда буданд.

Дар рустои Учқун чаҳор то шаш нафар аз бархе хонаводаҳо дар тӯли сол ҷон бохтанд. Ба дидори Руқиямоҳ Комёбоваи 72-сола рафтем, ки се фарзандашро бар асари ин беморӣ аз даст дода, ду нафари дигар низ ин рӯзҳо бистарӣ буданд. Яке аз духтаронаш, ки дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекард, ба ҳамроҳи шаш фарзандаш бар асари бемории сил даргузашта буд.

Омор расмии он рӯзҳо ҳарфе аз ин фоҷиа намезад. Ба унвони мисол, аз даҳҳо мавриди беморӣ, танҳо 5-6 маврид ба таври расмӣ сабт мешуд. Аммо пизишкон ва масъулон дар гуфтугӯҳои хусусӣ эътироф мекарданд, ки вазъият воқеан фоҷиабор аст: на дору вуҷуд дорад, на мутахассис, мардум мемиранд ва ҳукумату вазорати тандурустӣ таваҷҷӯҳе намекунанд.

Баъзе аз рустоҳо, агар иштибоҳ накунам, то ду ҳазор нафар сокин доштанд. Аммо кӯчаҳо хилват буд. Агар касеро дучор меомадем, аз мо фирор мекард. Оё худашонро лоиқи сӯҳбат бо мо намедонистанд? Ё намехостанд маризиашон ба мо гузарад? Ман ҳанӯз намефаҳмам. Ҳоло фикр мекунам далели фирори онҳо аз иртибот бо мо навъе эътироз буд, эътироз ба ин ки мо онҳоро фаромӯш кардаем.

Чизҳое аз ин фоҷиа вуҷуд дошт, ки дарси бузурге ба ман омӯхт. Мактаби рустои Учқун тиреза дошт, аммо бештари оинаи он шикаста буд. Дар ҳамон декабри сард, хонандагон сари дарс ҳозир буданд ва бо ин ки механдиданд, чашмони хаста ва ғамгинашон пур аз дарду роз буд. Ҳоло вақте бархӯрди бачаҳо нисбат ба мактабро мебинам, ёди ҳамон бачаҳои Учқун меафтам.

Аз ҳазордостони он рӯз, воқеан бароям сахту дарднок аст, ки дар мавриди Гулпарӣ аз рустои Ғелот сӯҳбат кунам (он мавқеъ, ки дар бораи ӯ навиштам, номашро тағйир дода будам ва акнун аз ӯ ба номи Гулпарӣ ёд мекунам, зеро ӯ бо ин ном барои ҳамеша дар хотирам мондааст). Он духтари 16-солаи нозанин, ки аз ҳузураш он хонаи торик, ки бӯи марг медод, як нури рӯҳонӣ дошт. Вақте лабханд мекард, чашмонаш барқ мезад. Ин лабханди пур аз дард буд. Чеҳрае зард дошт ва ҳам чашмоне, ки дар онҳо қиссаи ҳазорон орзуи фавтидаи як арӯси хонаи интизори шаҳро мешуд хонд. Лабханди ба мисли чашмони маъсуму хаста ва нотакрораш, ҳанӯз ҳам гоҳе пеши чашмонам ба ҷилва меоянд. Аммо ман ҳеҷ коре наметавонистам барои ӯ анҷом диҳам. Гулпарӣ як дарди бедаво дошт. Фақат дуо мекунам, ки Худо ба хоҳараки азизам он мақомеро, ки лоиқаш буд, лоақал дар он дунё арзонӣ дорад.

Ба хотири Гулпарӣ то абад аз сил мутанаффир ҳастам ва онро ваҳшатноктарин бемории башарият бадтар аз КОВИД, СПИД ва ғайра медонам.

Шикасти аввал

Сил дар даҳаи 70 ба “водии марг” омад. Аз куҷо? Ҳеҷ кас намедонист. На беморон, на пизишкони русто, на масъулони тандурустӣ дар Восеъ ва ҳам Кӯлобу Душанбе. Ба гуфтаи онҳо, дар авохири даҳаи 1980, мутахассисон мутаваҷҷеҳ шуданд, ки ин ҷамоатҳои Восеъ ва як ҷамоат дар ноҳияи ҳамҷавори он – Ҳамадонӣ ба манбаъи хатарноке барои шуйӯъи бемории сил табдил шудаанд. Эътиқод бар ин буд, ки касоне, ки фикр мекарданд сироят нашудаанд, бо тарки маҳалли зисти худ бемориро ба манотиқи дигар густариш медиҳанд. Аммо коршиносон мегӯянд, ки иллати шуйӯъи ин беморӣ дар дараҷаи аввал хурофот будааст. Мардум аз тарси ин ки касе бо духтарашон ё писарашон издивоҷ намекунад, бемориҳои худ ва хонаводаҳояшонро пинҳон мекарданд.

Он замон дар сатҳи Иттиҳоди Шӯравӣ занги хатар ё сигнали “SOS” ба садо даромад ва мутахассисон ба минтақа сарозер шуданд. Аммо ин дуруст замоне буд, ки Шӯравӣ дар ҳоли фурӯпошӣ буд. Пас аз ба даст овардани истиқлол ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон дар гирифт, ҳукуматҳо тағйир мекарданд ва на танҳо мушкили “водии марг”, балки кулли соҳаи тандурустӣ низ фаромӯш шуд ва мавриди ғафлат қарор гирифт.

Аммо пас аз соли 2003, ки рӯзноманигорон мушкилро матраҳ карданд, ҳукумати Тоҷикистон, ки тоза аз ботлоқи ҷанги дохилӣ берун омада буд, таваҷҷуҳи худро ба ин минтақа равон кард ва аввалин иқдомотро рӯи даст гирифт. Доруҳо фиристода ва тимҳои сайёри мутахассисон эҷод шуданд. Аммо дар ибтидо натиҷаи мавриди интизор ба даст наомад.

Аслиддин Раҷабзода, муовини директори Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили Тоҷикистон мегӯяд, далели аввалини шикаст дар дармони беморони сил дар ноҳияи Восеъ, мутобиқшавӣ ё созгории ин беморӣ бо бадани бемор будааст ва доруҳои, ба истилоҳ, “хатти аввал” рӯи бемор таъсире надоштанд.

“Вақте ин воқеият ошкор шуд, мушкили дигаре пеш омад – набуди фанновариҳои ташхисии модерн. Он замон таҳлили беморро ба шаҳри Мюнхени Олмон мефиристодем ва ду моҳ баъд натоиҷро дарёфт мекардем. Тасаввур кунед, ки фақат баъди ду моҳ мефаҳмидем, ки мариз чӣ беморӣ дорад ва ин ҳам фурсати табобат буд, ки аз даст мерафт, табобате, ки ҳамагӣ ду ҳафта замон мехоҳад”, – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи вай, мубориза бо сил дар Тоҷикистон ҷиддан аз соли 2009 оғоз шуд. Ҳукумати Тоҷикистон барномаи ҷадидеро барои солҳои 2010-2015 тасвиб кард, ки шомили бемориҳои татбиқӣ буд.

“Дар ин байн абзорҳои ташхиси модерн барои таъйини ҳассосияти чӯбчамикроби бемории сил дастрас шуданд. Ҳоло мешуд ташхисро на дар ду моҳ, ки дар ду соат, табобатро дар ду ҳафта анҷом дод ва хатарро барои дигарон хунсо кард. Ва барои дармони бемориҳои татбиқӣ, доруҳои, ба истилоҳ, “хатти дувум” тавсия мешуд. Аз соли 2009 мизони ибтило ба ин беморӣ ба шиддат коҳиш ёфт ва имсол танҳо як мавриди сил дар ин минтақа ба сабт расидааст”, – гуфт Аслиддин Раҷабзода.

Як поёни хуш

Дар соли 2003, ки дар “водии марг” будем, Шариф Рашидов, директори танҳо “Ҳуҷраи сил” дар ҷамоати Хоҷа Сартез, ки чизе барои дармон надошт, моро роҳбаладӣ мекард. Он рӯз боздид аз чандин “хонаи интизории марг” бархе аз ҳамроҳони моро на фақат ки хаста кард, балки ба ваҳшат андохт. Онҳо намехостанд ба хонаи баъдӣ бираванд. Ёдам намеравад вақте ба дари хонае расидем ва мехостем ворид шавем, яке аз онҳо аз Шариф пурсид: “Баъд аз ин ҳама наметарсӣ дохил равӣ?” Посух ӯ моро мутааҷҷиб кард: “Таваккалам бар Худост!”

Вақте аз пирӯзӣ бар фоҷиаи сил дар Восеъ мутталеъ шудам, худи Шариф Рашидов ин иттифоқро ба ман ёдоварӣ кард. Вай гуфт, ки аз соли 1994 дар маркази сили рустои Пахтакор машғул ба кор буда ва акнун мудири он аст. Аз ӯ мепурсам: “Баъд аз бозгашти мо чӣ шуд?”

Шариф Рашидов гуфт, вақте вазорати тандурустӣ, мушкили беморони силро ҷиддӣ гирифт ва кӯмакҳои аввалия расид, дар қадами аввал як маъракаи густардаи фаҳмондадиҳӣ ба роҳ андохта шуд.

“Мо бояд мардумро мутақоид мекардем, ки бемории худро пинҳон накунанд. Дувумин чизе, ки онҳо бояд дарк мекарданд ин буд, ки сил қобили дармон аст ва дар замони кӯтоҳе. Аз сари ноумедӣ, мардум ба истиқболи мо омаданд, шурӯъ ба ҳамкорӣ карданд ва дарвозаи пешравиҳо боз шуд”, – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи вай, дар соли 2003 танҳо дар як санҷиш дар ду ҷамоат 147 мавриди бемории сил ба сабт расида, охирин омори баланди ин беморӣ 24 нафар дар ду соли пеш буд ва соли равон танҳо як бемор сабт ва беҳбуд ёфтааст.

“Ҳуҷраи сил” дар ин минтақа дар соли 1991 таъсис ёфт. Акнун ду дастгоҳи ташхисӣ дорад, як лаборант, ки бемориро дар ду соат мушаххас мекунад. Илова бар худи директор, 8 нафари дигар низ дар он кор мекунанд.

Пас аз сӯҳбат бо Шариф Рашидов, як оҳи сабук кашидам. Акнун барои ман фоҷиаи “водии марг”, хушбахтона, бо як поёни хуш (“ҳеппи енд”) ба фарҷом расид…

Фахриддини Холбек

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь