50-соли Коллеҷи тиббии Бохтар

Соли 2018 барои Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппа) соли махсус аст. Зеро маҳз дар ҳамин сол аз таъсиси Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар 50 сол пур шуда, устодону муҳассилин 50 соли пур аз файзу баракат, 50 соли пур аз саҳифаҳои рангин ва 50 зинаи такмилро таҷлил доранд. Таърихи 50 – солаи муассисаи мазкур аз 19 декабри соли 1968 оғоз ёфта, бо Қарори Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон таҳти №346 нахуст ҳамчун филиали Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе, бо роҳбарии духтури ҷарроҳ Раҳимов Теша таъсис дода шуда, аллакай 1 сентябри  соли 1969, яъне ҳамагӣ баъди 10 моҳ ҳамчун Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа бо шуъбаҳои фелдшерӣ, момодоягӣ, ҳамширагӣ ва  кори ҳамширагӣ ба қайд гирифта шуд. Дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар” дар айни замон 244 нафар омӯзгорон фаъолият менамоянд, ки  134 нафари онҳо (65 нафар занҳо)  омӯзгорони  асосӣ  мебошанд. 5 нафар аз устодон номзадҳои илми тиб, 14 нафар аълочиёни соҳаи маориф  ва тандурустӣ мебошанд.

Ташрифи мо ба Коллеҷи мазкур ва вохӯрӣ бо устодону муҳассилини он дар остонаи 50 солагӣ, ки 50 соли пур аз ифтихору таҳсин аст,  навгониҳои зиёдеро ба рӯямон боз намуд. Зеро ба назар чунин мерасид, ки Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар на як коллеҷи оддӣ, балки ҳаматарафа рушдкардаву бо бинои ҳозиразамон ва технологияи муосир муҷаҳхаз гардонида шуда, тӯли фаъолияти худ дар тарбияи даҳҳо ҳазор табибони ҳозиқ нақши арзанда гузоштааст. Директори Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар номзади илмҳои тиб Аскар Нуриддинзода, дар сӯҳбат бо мо дар бораи таърихи 50 соли Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар сухан ронда, иброз дошт, ки “дар чанд соли охир мо бо такя ба супоришҳову роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардаҳое ноил шудем, ки на дар ҳар Коллеҷи тиббӣ дида мешавад”. Ӯ роҷеъ ба 50 соли фаъолияти Коллеҷи мазкур сухан ронда, хизматҳои шоистаи роҳбарон ва устодони қаблии онро махсус арзёбӣ карда гуфт: “-50 соли пур аз файзу баракати  Коллеҷи мо, ки пеш аз ҳама аз хизматҳои асосгузори омӯзишгоҳ ва нахустин директори он Гамидова А.Д. (солҳои  1969 – 1972) ва роҳбарони минбаъда Ҳакимова Роза Пулатовна  (солҳои 1972 – 1975), Аълочии соҳаи маориф ва тандурустӣ, дорандаи Ифтихорномаи фахрии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадори меҳнат – Воҳидов Раҳим Воҳидович  (солҳои 1975 – 2004),  корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарроҳи дараҷаи олӣ Муродов Иноят Мармарович (солҳои (солҳои 2004 – 2008) ва номзади илмҳои тиб, духтури ҷарроҳ Партов Мустафо Шоймардонович (солҳои 2008 – 2010) сахт вобастагӣ дорад. Хизматҳои шоистаи онҳо буд, ки Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар дар айни замон ба яке аз беҳтарин Коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ табдил ёфта, аз тамоми гӯшаву канори кишвар барои таҳсил довталабон ба Бохтар меоянд.

 Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Қурғонтеппа» дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.03.1999 таҳти  № 100 ва фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8.04.1999 № 141 ба  Коллеҷи тиббӣ табдил дода шудааст.

   

Факултетҳо ва шуъбаҳои Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар

Айни замон  дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар» 5 факултет фаъолият менамояд:

      1. Факултети кори момодоягӣ

      2. Факултети кори табобатӣ

      3. Факултети кори ҳамширагӣ

      4. Факултети кори фарматсевтӣ

      5. Факултети шуъбаҳои шабона

Мувофиқи Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар коллеҷ 7 шуъба амал мекунад. Инҳо шуъбаҳо ва ихтисосҳое мебошанд,ки  дар Коллеҷ омӯхта мешаванд:

1.Шуъбаи кори момодоягӣ – бо ихтисоси кори момодоя, мутахассисони миёнаи тиббӣ, мӯҳлати таҳсил  4 сол;

2.Шуъбаи кори табобатӣ –  бо ихтисоси ҳамшираи  (бародари) тибби оилавӣ, муҳлати таҳсил  4 сол;

3.Шуъбаи кори ҳамширагӣ, бо ихтисоси ҳамшираи (бародари)  тиббӣ, мӯҳлати таҳсил 3 сол.

4.Шуъбаи кори тиббӣ-ташхисӣ, бо ихтисоси лаборант, муҳлати таҳсил 3 сол;

5.Шуъбаи кори тиббӣ – профилактикӣ, бо ихтисоси ёрдамчии табиби гигиенист, эпидемиолог ва санитарӣ, муҳлати таҳсил 3 сол;

6.Шуъбаи кори дандонсозӣ, бо ихтисоси техники дандон, мӯҳлати таҳсил 3 сол;

7.Шуъбаи кори фарматсевтӣ, бо ихтиссоси ёрдамчии фарматсевт, мӯҳлати таҳсил 3 сол.

Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар аз соли 2013 инчунин шуъбаҳои шабона амал мекунанд, ки дар  факултетҳои кори ҳамширагӣ ва кори фарматсевтӣ ба роҳ монда шудаанд ва мӯҳлати таҳсил 3 сол мебошад.

Дар базаи Коллеҷ соли 2008 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабари соли 2006 №603 инчунин Гурӯҳҳои мақсаднок ташкил шудаанд, ки дар 11 шаҳру ноҳияҳои  минтақаи Бохтари вилояти Хатлон, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои Леваканд, Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ,  Кушониён, Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрав ва Панҷ фаъолият дошта, 1048 нафар донишҷӯро ба таҳстл фаро гирифтааст. 

 

Шумораи умумии муҳассилин

Феълан дар Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар теъдоди умумии донишҷӯён  3824 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 2981 нафар духтарон ва 843 нафарро писарон меюошанд. Аз ин, дар шуъбаи рӯзонаи Коллеҷи тиббӣ 2345 нафар (1742 нафар духтарон ва 603 нафар писарон) таҳсил мекунанд.

Дар шуъбаи шабона бошад, 431 нафар (духтарон 316 нафар, писарон 115 нафар) дар гурӯҳҳои шартномавӣ таҳсил менамоянд.

Зимни боздид аз Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар мо мушоҳида намудем, ки гурӯҳҳои буҷавии он қариб як баробар бештар аз гурӯҳҳои шартномавианд. Тибқи нишондод дар гурӯҳҳои буҷавии рӯзона 1543 нафар ва шартномавӣ 802 нафар таҳсил мекунанд.

Дар гуруҳҳои мақсаднок, теъдоди донишҷӯён 1048 нафар буда, аз ин духтарон 923 ва писарон 125 нафарро ташкил медиҳанд, ки  731 нафар дар гурӯҳҳои буҷавӣ ва 317 нафар дар гурӯҳҳои шартномавӣ таҳсил мекунанд.

 Дар шуъбаи шабонаи факултетҳои кори ҳамширагӣ ва фарматсевтӣ 2 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии исломии Афғонистон низ таҳсил менамоянд.

 

Бинои нави таълимӣ

Мо мақте аз бинои нави таълимӣ, синфхонаҳои наву барҳавои бо ҳама лавозимоти техникиву компютерӣ муҷаҳҳзагардонидашуда шинос шудем, нахустин суол ин буд, ки «Бинои мазкур кай ва бо сармоягузории кӣ бунёд шуда,  чӣ бартариятҳоеро дорост?». Албатта, чунин тарзи саволгузорӣ бесабаб набуд. Зеро одат шудааст, ки дар бисёр ҷойҳо асосан аз ҳисоби сармоягузориҳои давлатӣ ва хориҷӣ чунин иншоотҳои бузурги муосир бунёд карда мешаванд ва бунёди чунин биноҳои боҳашамати таълимӣ аз ҳисоби худи муассисаҳо хеле кам ба назар мерасанд. 

Директори Коллеҷ, номзади илмҳои тиб Нуриддинзода Аскар ҳадафи моро фаҳмида, бо табассум иброз дошт, ки Бинои нави таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар дар соли 2017 ба истифода дода шуда, аз се ошёна ва таҳхона иборат аст. Барои сохтмони он 5 261 390 млн. сомонӣ ва барои харидории таҷҳизотҳои муосири замонавӣ  зиёда аз 1млн. сомонӣ аз суратҳисоби махсуси Коллеҷ хароҷот карда шудааст. Бахусус, синфхонаи лингофонӣ, ки бо 17 компютер ҷиҳозонида шуда, донишҷӯён аллакай аз курси як барои омӯзиши забон аз он истифода мебаранд, шоёни таҳсин аст. Инчунин, имтиҳонҳо ва санҷишҳо низ ба воситаи компютер гирифта мешаванд, ки ба он дар баробари донишҷӯ ва устоди имтиҳонқабулкунанда, директори мактаб низ дастрасӣ дорад.

Дар бинои нави таълимӣ инчунин толори бузурги варзишӣ бо майдони махсуси  замонавии  баскетбол сохта шуда, дар он мусобиқоти гуногуни сатҳи вилоятӣ низ гузаронида мешавад. Дар беруни бино майдончаи муосири футбол низ бунёд шудааст, ки назир надорад.

 

Дарсҳои таҷрибавӣ чун воситаи асосии такмилдиҳандаи донишҳои назариявӣ

Дарсҳои таҷрибавии Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар бештар дар пойгоҳҳои таълимӣ – дар беморхонаҳо, дармонгоҳҳо, ва диспансерияҳои шаҳри Бохтар аз ҷониби омӯзгорони собиқадор бо намоиш додани амалиётҳои тиббӣ ва иштироки бевоситаи мариз гузаронида мешавад. Дар ин дарсҳо донишҷӯён дониши назариявии худро дар амал такмил дода, бевосита иҷро менамоянд, ки ин барои баланд бардоштани савияи дониши амалӣ аҳамияти калон дорад. Дар худи бинои асосии Коллеҷ ҳуҷраи қабл аз амал фаъолият менамояд. Дар ин ҳуҷра мулуҳо (муляжҳо)  барои ҳамаи шуъбаҳо дастрас карда шудааст. Донишҷӯён дар ин мулуҳо таҷрибаи қаблиамалӣ гузаронида, худро барои машғулиятҳои амалӣ омода менамоянд. Ҳамарӯза дар ин ҳуҷра аз ҷониби омӯзгорони собиқадор машғулиятҳо  бо истифодаи айёниятҳои таълимӣ ва муляжҳо гузаронида мешавад. 

Бояд зикр кард, ки аз ҷониби омӯзгорони Коллеҷи тиббии ноҳияи Бохтар якчанд китобҳои дарсӣ низ таълиф карда шудаанд, ки дар асоси он дар аксар муассисаҳои тиббӣ дарс дода мешавад. Китоби дарсии “Микробиология ва УТКЛ”, ки ба қалами омӯзгори Коллеҷи мазкур Махкамова М. тааллуқ дорад, аз ҷумлаи онҳост. Инчунин,  китоби “Услубхои тадқиқоти клиникӣ – лабораторӣ ва  18 дастури методии аз ҷониби омӯзгорони дигар омода карда шуда, дар дарсҳо барои такмили тахассусии донишҷӯён фаъолона истифода бурда мешаванд. 

 

Дастгирии ятимони кул ва донишҷӯёни камбизоат

Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар феълан 20 нафар ятими кулл  дар гуруҳҳои буҷавӣ таҳсил намуда истодаанд, ки ҳамаи онҳо бо идрорпулӣ таъмин мебошанд. Ба ҳамаи ятимони кулл ва донишҷӯёни камбизоат инчунин дар ҷашнҳо ва рӯзҳои ид  (Иди Наврӯз  ва ҷашнгирии соли мелодӣ) кӯмакҳои моддӣ расонида мешавад. Ятимони кул ба истиснои кӯмакпулӣ, ҳамарӯза бо хӯроки гарми ройгон дар ошхонаи донишҷӯён таъмин карда шудаанд.

Дар Коллеҷи тиббӣ чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси Сулҳ, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷашни зодрӯзи  Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ  ва  Ҷалолуддини Балхӣ, Рӯзи омӯзгорон , Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатӣ, Рӯзи пешгирии бемории ВИЧ СПИД дар ҷумҳурӣ, Рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи Модарон, Наврӯзи аҷам, Рӯзи Ғалаба, Рӯзи Ваҳдати миллӣ гузаронида шуда, конференсияҳо, семинарҳо,  мизҳои мудаввар ва вохӯриҳо дар ин ҷашнҳои миллӣ  ташкил карда мешаванд.

 Коллеҷи тиббиро дар соли 2017 1234 нафар хатм намуданд, ки 37 нафари онҳо сазовори дипломи аъло гардиданд. Аз 762 нафар хатмкардагони гуруҳҳои буҷавӣ 583 нафар бо ҷойи кор таъмин карда шуд, ки ин 78,1 фоизро ташкил медиҳад. Омори мазкур нишондиҳандаи он аст, ки дараҷаи бо кор таъминшавии хатмкунандагон низ хеле баланд аст.

 

Иштироки донишҷӯён дар олимпиадаҳои тахассусӣ

Ба назар чунин мерасад, ки муҳассилини Коллеҷи тибби шаҳри Бохтар танҳо бо гузаронидани машғулиятҳои дарсӣ қаноат намекунанд ва инчунин, дар озмунҳои гуногуни фанниву олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гаштаанд. Далели ин иштироки донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар  дар соли 2017 дар озмуни фаннии ҷумҳуриявӣ, аст ки дар ноҳияи Ҳисор баргузор гардида, 1 нафар  аз фанни “Таърихи халқи тоҷик” сазовори ҷойи дуюм ва 1 нафар  аз фанни  “Биология” сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Дар Олимпиадаҳои фанҳои тахассусӣ донишҷӯи шуъбаи кори  табобатӣ Ҳайдарова Марҷина сазовори ҷойи дувум гардида, соҳиби роҳхат барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳи миллӣ гардид.

Дар чунин олимпиадаҳо донишҷӯён қариб ҳар сол ширкат варзида, сазовори ҷойҳои фахрӣ ва медалҳо мегарданд. Соли 2015 донишҷӯи бахши 3-юми шӯъбаи кори табобатӣ Ашӯрзода Қ. дар озмуни ҷумҳуриявӣ аз фанни биология иштирок намуда, сазовори ҷойи якум ва соҳиби дипломи дараҷаи якум гардид. Соли 2016 3 нафар донишҷӯёни коллеҷ дар Олимпиадаи фанҳои тахассусӣ ширкат варзида, сазовори Ифтихорномаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.

 

Дастовардҳо дар соҳаи варзиш дар соли 2018

Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар на танҳо дар олимпидаҳои тахассусӣ иштирок кардаву ғолиб меоянд, балки дар соҳаи варзиш низ дастовардҳои зиёде доранд, ки қобили таҳсин аст. Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дастаи мунтахаби волейболи Коллеҷи тиббӣ ду маротиба сазовори Ҷоми раиси вилояти Хатлон гардидааст. Моҳи май нахустин маротиба дастаи волейболи мардонаи коллеҷ ва баъд аз он  дастаи волейболи занонаи коллеҷ дар бозие, ки байни ташкилоту муассисаҳои вилояти Хатлон шуда гузашт, Ҷоми раиси вилояти Хатлонро соҳиб шуданд. 

Дар моҳи март  Фарангиси Худойбердӣ – донишҷӯи бахши дуюм дар мусобиқаҳои вилоятӣ аз намуди бокс дар вазни 51 кг иштирок намуда, сазовори ҷойи якум гардид. Аз намуди дастхобонӣ  донишҷӯ, номзади устоди варзиш Орипова Фирӯза дар мусобиқаи вилояти Суғд иштирок намуда, дар вазни 65 кг ҷойи якумро соҳиб шуд. Дар моҳи апрел аз намуди мусобиқаи гимнастика ва шоҳмоту шашка дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ се нафар донишҷӯ ширкат варзида, сазовори ҷойи  якум гардиданд. Донишҷӯ Ёров Ҳамза дар мусобиқаи варзиши сабук, ки дар миқёси вилоят шуда гузашт, ҷойи ифтихориро соҳиб шуд.  

Дар Спартакиадаи ҷумҳуриявӣ, ки моҳи май дар шаҳри Турсунзода баргузор гардид, дастаи баскетболбозон (писарон) сазовори ҷойи дуюм ва соҳиби медали  нуқра ва Дастаи баскетболбозон (духтарон) соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.

 20 майи соли ҷорӣ Дави миллӣ баргузор гардид, ки дар он донишҷӯён ва омӯзгорони Коллеҷ фаъолона ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гаштанд.  Як нафар донишҷӯ  сазовори  ҷойи дуюм  ва ду нафар  сазовори ҷойи сеюм гашта, бо ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд. Моҳи сентябр 2 нафар донишҷӯи коллеҷ дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, ки байни ҷавонон баргузор гардид, ширкат намуда, дар намуди варзиши бокс (духтарон) дар вазни 48 кило ва  каратэ (писарон) сазовори ҷойи  аввал гардида, бо медалҳои мусобиқа мукофотонида шуданд.

Соли 2017 кормандони коллеҷ дар мусобиқаи варзишӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, ки дар байни муассисаҳо ва идораҳо баргузор гардид, сазовори ҷойи аввал гашта, бо Ҷоми раиси вилоят мукофотонида шуданд. Инҳо ҳама дастовардҳои варзишеанд, ки танҳо дар 9 моҳи соли равон ба даст омадаанд.

 

Нишастгоҳҳо ва табиати зебо

Тамошои муҳити атрофи Коллеҷи тиббии ноҳияи Бохтар, нишастгоҳҳои муосири замонавӣ, наққошии махсуси ҳунармандони ватании ба таври дастӣ оро додашуда, роҳравҳои ба таври махсус сохташуда, таваҷҷӯҳи ҳар бинандаро ба худ ҷалб мекунанд. Ба ҳусни зоҳирии он духтарони зебои бо хилъатҳои тиббӣ нишаста, ҳусни дучандон меафзоянд. Шароите дар ин ҷо муҳайё шудаааст, ки ҳам барои истироҳат ва ҳам барои нишастану тайёр намудани дарсҳо ва ё хондани китобҳои бадеӣ басо созгору мувофиқ аст. Аз сӯҳбат бо муҳассилин маълум шуд, ки аксар вақт онҳо китобҳоро аз китобхонаи муассиса гирифта, ба берун меоянд ва дар оғӯши ин табиати махсус барои фароғат муҳайёшуда, сабзазори сабзу шукуфон ва ҳавои тоза нишаста, мутолиа мекунанд. Бояд ёдовар шуд, ки китобхонаи муассиса бо тамоми китобҳои соҳавӣ, ки ба донишҷӯён зарур мебошад, таъмин аст ва муҳассилин барои дастрас намудани китобҳо ҳеҷ мушкилие надоранд.

 

Хобгоҳи ройгон

Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар аз чор ошёна иборат буда, се ошёнаи он пурра аз таъмир бароварда шуда, дар он 178  донишҷӯйдухатарон  зиндагӣ мекунанд. Дар ошёнаи чоруми хобгоҳ дар айни замон таъмири капиталӣ мегузарад ва тибқи нақша дар арафаи Соли нав ба истифода дода хоҳад шуд. Аз ҳама аҷибаш он аст, ки ҳуҷраҳои хобгоҳ ба муҳассилини аз ноҳияҳои дуру наздик омада, ба таври ройгон дода мешаванд ва ҳеҷ маблағе на аз онҳое, ки дар бахшҳои буҷавӣ таҳсил мекунанд ва на аз онҳое, ки дар бахши шартномавӣ, ситонида намешавад. Хонандагон аз ин дастгирии роҳбарияти муассиса басо қаноатманд буда, бар ивази он хониши хубу аъло, интизоми намунавӣ ва мутахассиси хуб шуданро ваъда додаанд. То имрӯз мо ҳеҷ коллеҷ ва ҳатто донишгоҳу донишкадаеро дучор наомада будем, ки ҳуҷраҳои хобгоҳро ба муҳассилин куллан ройгон пешниҳод карда бошанд. Ин воқеан дастигирии ҷиддист ва бояд намунаи ибрат бошад. 

Дар хобгоҳ бахшида ба Соли рушди сайҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳуҷраи махсуси дӯзандагӣ ва бофандагӣ омода карда шудааст, ки духтарон дар он ҳунари дӯзандагӣ ва бофандагиро меомӯзанд. Ин ҳунарро бо гузаштани курсҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ ва бофандагӣ ба духтарон дӯзандагони моҳир меомӯзанд ва аллакай бо гирифтани диплом донишҷӯёни зиёде ба истиснои касби асосӣ, касби дӯзандагиро низ аз худ мекунанд, ки  ин дар оянда метавонад ҳамчун касби дуюм барояшон даромади хуб орад.  

Директори Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар номзади илмҳои тиб Нуриддинзода Аскар дар хотима иброз дошт, ки “-Мо ба ҳама довталабон, ки мехоҳанд ба Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар  дохил шаванд ва ба ҳамаи онҳое, ки аллакай дохил шуда, дар инҷо таҳсил мекунанд, комёбиҳо орзу намуда, таманнои онро дорем, ки орзуи онҳо амалӣ гашта, мутахассисони хуби соҳаи тандурустӣ шаванд ва барои халқу Ватани азизи худ  хизмат намоянд”.

Холиқи Муҳаммадназар,

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь