Ҳофиз, ниҳоли неки ту қомат бароварад,

Ҷонҳо фидои мардуми некуниҳод бод.

Пешаи табибӣ- яке аз касбҳои қадимтарин буду ҳаст. Одамони маҳорату малакаи табобати беморро дошта ҳама вақт соҳибэҳтироми мардумон буданд ва ҳастанд. Табибони Кулобшаҳри бостон низ имрӯз соҳибэҳтироми сокинони шаҳри худанд. Дар давраи фаъолият Маркази саломатии шаҳрии шаҳри Кӯлоб ба мардуми ноҳия ва шаҳри Кӯлоб хизмати калоне карда истодааст.

Дар шаҳр ва деҳоти Кӯлоб шумораи аҳолӣ 222357 – нафарро ташкил медиҳад. Баҳри хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии шаҳру деҳоти Кӯлоб 73 адад муассисаҳои тандурустӣ, ки дар 22 муҳосибот марбут гардидаанд. Аз инҳо 5 муассиса ба бахши госпиталӣ ва 68 адади дигар ба бахши кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ рост меояд. Аз 73 адад муассисаҳои тиббӣ 15 адад дар ҳудуди шаҳр ва 58 адади дигар аз ҷумла 1 адад Маркази саломатии ноҳиявӣ, 15 адад Марказҳои саломатии деҳотӣ ва 41 адад бунгоҳҳои тиббӣ дар ноҳия ҷойгир мебошанд.

Шумораи умумии катҳои бистарикунонӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 448 ададро ташкил медиҳад, аз ҷумла: Беморхонаи марказии ноҳиявӣ ҷамоати деҳоти Зарқалъа, 1 адад, дорои 168 кат; Беморхонаи ноҳиявии № 1, ҷамоати деҳоти Зарбдор, 1 адад, дорои 85 кат; Беморхонаи сироятӣ 1 адад, дорои 130 кат; Таваллудхонаи шаҳрӣ 1 адад, дорои 45 кат; Маркази мубориза бар зидди бемории сил 1 адад;

Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Кӯлоб 1 адад, дорои 20 кат; Маркази саломатии ноҳиявӣ 1 адад; Марказҳои саломатии деҳотӣ 10 адад; Бунгоҳҳои тиббӣ 41 адад; Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ 1 адад; Марказҳои саломатии махсусгардонидашуда 12 адад; табибон 228 нафар; кормандони миёнаи тиббӣ 1784 нафар; корманди хурди тиббӣ 513 нафар; дигар кормандон 389 нафар;

Дар 12-моҳи соли 2023 бемориҳои сироятии тавассути ваксинаҳо идорашаванда: ба монанди кузоз, гулузиндонак, сурхча, фалаҷи ҳароммағз, бемориҳои сироятии махсусан хавфнок: вабо, тоун, табби хунин, ҳорӣ ва бемориҳои сироятии домана, исҳоли хунин, вараҷа ба қайд гирифта нашудааст.

Бо мақсади пешгирии мавҷи паҳншавии сирояти нави коронавирус (COVID-19) тибқи талаботи барқияномаи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ таҳти № 05 аз 22.01.2021 сол ҳолати санитарию гигиенӣ ва эпидемиологӣ дар асоси фармоиши директори Марказ таҳти № 4 бо мақсади пешгирӣ, интиқол ва паҳн нагардидани бемориҳои сироятӣ ва ғайри сироятӣ алалхусус коронавирус навъи (COVID-19) риоя намудани гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва эпидемиологӣ ва қоидаҳои беҳдоштӣ дар масҷидҳои ҷомеъи шаҳру ноҳияи Кӯлоб мутахассисон ҷудо карда шудааст, ки ҳар ҳафта рӯзҳои ҷумъа дар масҷидҳои мазкур назорати ҷори санитарӣ ва чорабиниҳои безараргардонӣ гузаронида мешаванд.

Ҳамзамон, дар рафти санҷишҳо аз тарафи мутахассисони Марказ дар иншоотҳои зери назорат буда, корҳои оммафаҳмонӣ, семинару машваратҳо оиди риояи гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ, қоидаҳои беҳдоштӣ, маърифатӣ санитарию гигенӣ ва эпидемиологӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайри сироятӣ дар байни аҳолӣ гузаронида шудааст.

Аз тарафи маъмурияти Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Кӯлоб Амрномаи санитарӣ ва Пешниҳодотҳо ба Раёсати маорифи шаҳри Кӯлоб баҳри пешгирӣ, интиқол ва паҳн нагардидани бемории сироятии коронавирус (COVID-19), риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ ва захира намудани маводҳои антисептикӣ, ниқобҳои муҳофизатӣ, хокаи хлори фаъолнокиаш баланд ва маҳлулҳои дастшӯӣ равона шуда, дар ҳолати риоя нагардидани қоидаҳои беҳдоштӣ чораҳои қатъӣ андешида мешавад.

Тибқи маълумотҳои Муассисаи давлатии «Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО»-и шаҳри Кӯлоб дар 12-моҳи соли 2023 дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб 47 – нафар сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам аз ҷумла 30 нафар мард ва 15 нафар занон ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбати соли гузашта зиёд мебошад. Дар таҳлилгоҳи марказ дар 12-моҳи соли 2023 ҳамагӣ 6937- хун ворид шуд. Бо ҷавоби мусбӣ 47- нафар дарёфт карда шуд, бо усули экспресс-тести фаврӣ 3410 –нафар, бо усули ташхиси иммуноферментӣ (ТИФ) 560 нафар санҷида шудаанд. Ташхисҳои иловагӣ ҳамагӣ 1517 нафар, сарбории вирусии миқдори 357-нафар, сарбории вируси муайянкунанда 17- нафар, қатраи хушки хун 5- нафар, гепатити С 335- нафар, гепатити В 225- нафар.

Оиди иҷроиши Барномаи миллӣ ташаккули тарзи ҳаёти солим аз тарафи кормандони марказ бо якҷоягӣ бо кормандони маркази ВНМО корҳои оммафаҳмонӣ дар байни толибилмон ва аҳолӣ гузаронида мешавад ва мунтазам аз тарафи кормандони марказ дар байни аҳолӣ хусусан ҷавонон ва наврасон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишкадаҳо буклету брошураҳо тақсим карда мешавад. Дар ҳама муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру деҳот утоқҳои тиббӣ фаъолият менамоянд ва бо мутахассисони соҳаи тиб таъмин мебошанд. Аз тарафи Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳри Кӯлоб дар 12-моҳи соли 2023 8 -барномаи телевизионӣ оиди пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайри сироятӣ бо ҷалби мутахассисон ба эфир баромад. Вобаста ба ҷалби Барномаи Милли ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 дар асоси Қарори раиси шаҳри Кӯлоб аз 15.01.2011 № 17 шӯрои ҳамоҳангсозӣ таъсис дода шудааст, ки дар он 18- нафар роҳбарони муассисаҳо ва ташкилотҳо шомиланд. Оиди иҷроиши Барномаи Миллӣ нақша ва чорабиниҳо тартиб дода шудааст. Вобаста ба иҷроиши Барномаи Миллӣ дар марказ 40- намуди варақаҳои иттилоотӣ оиди пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайри сироятӣ дастрас карда мешавад ва аз тарафи кормандони марказ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, Донишкадаҳо корхонаҳо ва дар байни аҳолӣ тақсим карда мешавад.

Дар 12-моҳи соли 2023 дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 6271 нафар навзодон таваллуд шудааст, ки нисбати 12-моҳи соли 2022 – 206 нафар кӯдак зиёд таваллуд шудааст. Нишондоди таваллуд ба 1000 нафар аҳолӣ 30,9 промилро ташкил медиҳад ва аз инҳо 94 нафар кӯдак дар хона таваллуд шудааст, ки нишондоди таваллуди хонагӣ 1,4 % – ро ташкил медиҳад. Фавти умумӣ дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб дар 12-моҳи соли 2023-ум 851 нафарро ташкил мекунад аз инҳо кӯдакони аз 0 то 18 соларо 216 нафарро ташкил мекунанд, фавти кӯдакони аз 0 то 1 сола бошад 194 нафар мебошад.

Аз тарафи мутахассисони Маркази зидди силии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ 2030 бемор қабул шудааст, ки аз инҳо бо ташхиси сил 158- нафар, бори аввал 138 -нафар, сили такрорӣ 20 -нафар, шакли мутобиқгаштаи сил 10 нафар, сил ВНМО 5-нафар, БК мусбат 56-нафар, сили ғайришушӣ 29 -нафар, алоқамандон 19 нафар, занҳои қобили таваллуд 27-нафар, кӯдакони бо сил гирифтор шудаанд 15- нафар, муҳоҷир 24 нафар, фавт 3 нафар ба қайд гирифта шудаанд. Айни ҳол ҳамаи беморон дар беморхона, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббии шаҳру ноҳия табобати зидди силӣ ройгон мегиранд. Беморон дар давраи табобат аз ташхисҳои рентгенӣ, балғам, аудиограмма, ЭКГ ва ташхиси хун ҳар моҳ ройгон мегузаранд. Аз тарафи ҳамшираҳои минтақавӣ дар байни аҳолӣ ва марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои саломатӣ оиди бемории сил суҳбатҳо мегузаронанд. Беморони сил ҳар моҳ аз ташхисҳои рентгенӣ, балғам, ЭКГ ва ташхиси хун ройгон мегузаранд.

Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ дорои 20 кат ва 11 автомашинаи ёрии таъҷилӣ мебошад. Дар 12 – моҳи соли 2023 ба 7026 даъватҳо хизмат расонида шуд, ки аз ин миқдор ба 7026 бемор ёрии тиббӣ расонида шуда, 893 бемори дигарро то муассисаҳои тиббии марбута бурда расонидаанд ва 345 амалиёти ҷарроҳӣ гузарониданд. Дар давраи ҳисоботӣ дар муассисаҳои бахши госпиталии шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳамагӣ 10867 нафар бистарӣ карда шудаанд, ки ин нисбати соли гузашта 1451 ҳолат зиёд мебошад.

– Баҳри беҳтар гардидани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ дар 12- моҳи соли 2023 дар шаҳру деҳоти Кӯлоб корҳои таъмирию сохтмонӣ анҷом дода шуда, вобаста ба пешгирӣ, интиқол ва пайдоиши бемории сироятии COVID-19 ба Маркази иммунопрофилактикаи шаҳри Кӯлоб барои босифат нигоҳдории ваксинаҳо 2-адад яхдони тамғаи Vestpost-114 бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ташкилоти механизми Ковакс, ворид шуд. Барои ворид намудани маҳзан оиди иммунизатсия 1-адад компютери HP-DESK TOP ва 1-адад принтер ворид карда шуд. Ба Маркази иммунопрофилактикаи ноҳияи Кӯлоб 2-адад Термокантейнери 20л, 10-адад Термосумкаҳои дастӣ ва 7-адад Яхдонҳо барои нигоҳдории ваксинаҳо, 1-адад Нетбук, компютер, вайфай, 2-адад принтер, ворид гардидааст. Дар 12 моҳи соли 2023 дар Маркази саломатии шаҳрии № 1-и шаҳри Кӯлоб ба маблағи 15000 сомонӣ корҳои таъмирӣ анҷом дода шудааст.

Аз ҳисоби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 59449 сомонӣ ба Маркази саломатии шаҳрии  № 1 ва Маркази саломатии шаҳрии № 2-и шаҳри Кӯлоб 12 номгӯй таҷҳизоти ғайритиббӣ ворид шудааст. Аз ҳисоби шуъбаи Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ба маблағи13332 сомонӣ 1-адад лампаи квартсӣ ворид шуд. Аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ба маблағи 105000 сомонӣ шуъбаи эҳёгарии таваллудхонаи шаҳрии шаҳри Кӯлоб аз таъмири капиталӣ бароварда шуд. Аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ба маблағи 1700 сомонӣ дар Маркази байниноҳиявии таълимию клиникии тибби оилавии шаҳри Кӯлоб корҳои таъмирӣ анҷом дода шудаанд аз ҷумла ҳуҷраи омӯзгорӣ аз таъмири косметикӣ ва қубурҳои обгузар аз таъмири капиталӣ бароварда шудаанд. Аз ҳисоби саховатмандон ба маблагӣ 22000 сомонӣ дохил ва беруни бинои Маркази солимии репродуктивии шаҳри Кӯлоб сафолакпушӣ гардида, 1-адад таҷҳизоти тиббии Кардиограмма шуда, 1-адад навиштаҷот барои марказ омода карда шуд. – мегӯяд, Бобохон Абдураҳмонов, ҳамоҳангсози соҳаи тандурустии шаҳри Кӯлоб.

Ба ҳолати 30 марти соли 2023 як қатор марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои саломатӣ аз қабили Маркази саломатии деҳоти Хонобод, Бунгоҳи саломатии Хоҷа-чархӣ, Бунгоҳи саломатии Файзобод ҷамоати деҳоти Даҳана ва Бунгоҳи саломатии деҳаи Саросиёб ҷамоати деҳоти Зарбдор барои сохтмон ва азнавсозӣ дар нақша буданд, аз ҳисоби саховатмандон ва соҳибкорон сохта ба истифода дода шудаанд. Сохтмони Бунгоҳи тиббии деҳаи В. Шамсов (Файзободи поён) ва Бунгоҳи тиббии деҳаи Файзободи боло ҷамоати деҳоти Зарбдор ва сохтмони Бунгоҳи тиббии Гулобод ҷамоати деҳоти Даҳана аз ҳисоби Барномаи ғайридавлатии «Бунёди миллӣ» ба нақша гирифта шудааст ва сохтмонашон оғоз мегардад. Инчунин бо дастгирии Лоиҳаи «Беҳтаркунонии хизматрасонии тиббӣ» Марказҳои саломатии деҳоти Зиракӣ, Ҳакимобод, Лағмон аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, ба маблағи 68544 сомонӣ бо таҷҳизотҳои тиббии замонавӣ таъмин карда шудаанд ва 10 марказҳои саломатии деҳотӣ ба маблағи 1977438 сомонӣ бо таҷҳизотҳои тиббӣ муҷаҳаз гардонида шуданд. Дар соли 2023 аз ҳисоби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 44271 сомонӣ ба Маркази саломатии шаҳрии № 2-и шаҳри Кӯлоб таҷҳизотҳои ғайритиббӣ-мизу курсӣ дастрас гардидааст.

Тибқи маълумотҳои пешниҳод намудаи роҳбарони муассисаҳои соҳаи тандурустии шаҳру деҳоти Кӯлоб як қатор мушкилотҳо ҷой доранд, ки бо бартарафшавии онҳо хизматрасонии тиббӣ боз ҳам беҳтару хубтар мегарданд. Аз ҷумла: Таваллудхонаи шаҳрии шаҳри Кӯлоб, Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Кӯлоб, Маркази солимии репродуктивии шаҳри Кӯлоб, Маркази байниноҳиявии таълимию клиникии тибби оилавии шаҳри Кӯлоб ба таъмири пурра ниёз доранд.

Беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб, Таваллудхонаи шаҳрии ша  ҳри Кӯлоб, Беморхонаи марказии ноҳияи Кӯлоб қарздорӣ аз истифодаи нерӯи барқ дошта, норасоии таҷҳизотҳои тиббӣ бошад дар Беморхонаи ноҳиявии № 1, ҷамоати деҳоти Зарбдор, деҳаи Андароб, Беморхонаи марказии ноҳияи Кӯлоб, ҷамоати деҳоти Зиракӣ, маҳаллаи Зарқалъа, Маркази солимии репродуктивии шаҳри Кӯлоб, Маркази мубориза бар зидди бемориҳои сили шаҳри Кӯлоб, Маркази стоматологии шаҳри Кӯлоб, МД “Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО”-и ноҳияи Кӯлоб, Маркази саломатии шаҳрии № 3-и шаҳри Кӯлоб, Маркази саломатии шаҳрии № 1-и шаҳри Кӯлоб, Маркази саломатии шаҳрии № 2-и шаҳри Кӯлоб дида мешавад.

Тибқи талаботу дархости муассисаҳои тиббии шаҳру деҳоти Кӯлоб 63 нафар мутахассисони маълумоти олидор-табибон намерасад. Инҳо табибони ренгенолог, табиби амрози даруна, табиби оилавӣ, духтури эҳёгар, духтури сироятшинос ва дигарҳо мебошанд

С. Халилиён,

МТЖТ”, шаҳри Кӯлоб

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь