Роҳбарият ва кормандони Муассисаи  давлатии   таълимии «Коллеҷи тиббии  шаҳри   Бохтар» тамоми донишу малакаи худро баҳри омодасозии мутахассисони рақобатпазир равона карда, барои донишҷӯёни  коллеҷ ҳама шароиту имкониятҳои дарсомӯзиро фароҳам овардаанд. Ин ҳама пешравиҳо дар коллеҷи мазкур бо дастгириҳои бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон рӯйи кор омадаанд.  Оид ба бурду бохти Муассисаи  давлатии   таълимии «Коллеҷи тиббии  шаҳри   Бохтар»   хабарнигори МТЖТ бо директори он Мусозода Иброҳим суҳбати ихтисоси анҷом дод.

Фаъолияти назарраси шуъбаҳо

Мавсуф дар оғози суҳбат қайд кард, ки Муассисаи таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар» дар асоси  Қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 16.03.1999  сол таҳти  № 100, Фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 8.04.1999 сол таҳти № 141 “Оиди табдил додани омӯзишгоҳҳои тиббӣ ба   Коллеҷи тиббӣ” таъсис дода шудааст. Дар коллеҷи тиббӣ   шаш  шуъба ва шуъбаи шабона (кори ҳамширагӣ,  кори фармасевтӣ) амал намуда, бо ихтисосҳои зерин мутахассисонро тайёр менамояд: Шуъбаи кори момодоягӣ бо тахассуси момодоя,  Шуъбаи  кори  табобатӣ бо тахассуси ҳамшираи (бародарӣ) тибби оилавӣ, Шӯъбаи кори ҳамширагӣ  ва шабона бо тахассуси ҳамшираи тиббӣ (мӯҳлати таҳсил 2 солу 10 моҳ), Шуъбаи кори дандонсозӣ бо тахассуси техники дандон, Шуъбаи кори фарматсевтӣ  ва шабона бо тахассуси  ёрдамчии фармасевт    (мӯҳлати таҳсил 2 солу 10 моҳ), Шуъбаи табобати дандон бо тахассуси ёрдамчии духтури дандон   (мӯҳлати таҳсил 2 солу 10 моҳ). Ҳамчунин, дар коллеҷи мазкур Факултетҳои кори табобатӣ, кори момодоягӣ, ҳамширагӣ ва фармасевтӣ фаъолияти пурсамар  доранд.

Омодасозии мутахассисон

Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар”-и Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз калонтарин  таълимгоҳҳои  миёнаи касбӣ дар вилояти Хатлон  мебошад.  Дар он шакли таълим рӯзона ва  шабона  буда, теъдоди донишҷӯён дар аввали соли хониши 2022-2023  ҳамагӣ 3236 нафарро ташкил дода, дар он донишҷӯёни миллатҳои гуногун таҳсил менамоянд, аз ҷумла дар гурӯҳҳои  буҷавӣ 635  нафар ва дар гурӯҳҳои шартномавӣ 2604 нафар.  Айни ҳол  теъдоди донишҷӯён дар коллеҷ ҳамагӣ 3257 нафар буда, дар гурӯҳхои буҷавӣ 631 нафар ва шартномавӣ 2626  нафар таҳсил менамоянд. Шумораи донишҷӯдухтарон  2679  нафар ва писарон 631   нафар  аст. Дар коллеҷ 26 нафар ятимони кул таҳсил менамоянд, ки пайваста аз ҷониби роҳбарияти коллеҷ ба онҳо кӯмак карда мешавад.

Мусозода Иброҳим афзуд, ки  айни ҳол дар Коллеҷи тиббӣ  245  нафар омӯзгорон фаъолият менамоянд, ки 178  нафар омӯзгорони асосӣ мебошанд. Дар соли хониши нав ба Коллеҷи тиббӣ 7 нафар омӯзгорони асосӣ ба кор ҷалб карда шуданд, ки аз онҳо 4 нафарашон омӯзгорни ҷавон мебошанд. Бо вуҷуди он ки имсол шумораи омӯзгорони асосӣ зиёд гаштааст, вале ҳанӯз норасоии мутахассисон аз ҳисоби духтурони бемориҳои амрози даруна, тибби оилавӣ, кӯдакона, ҷарроҳон, бемориҳои чашм, бемориҳои сироятӣ ва момодоягӣ  ба назар мерасад. Омӯзгорони асосӣ 165нафар ( занҳо 98 нафар) буда, 89  нафар (занҳо 40 нафар) омӯзгорони соатбайъ мебошанд. Аз ин қабил 8 нафар Аълочиёни соҳаи тандурустӣ, 6 нафар Аълочиёни соҳаи маориф, 5 нафар дорандаи Ифтихорномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 нафар дорандаи Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии   Тоҷикистон, 1 нафар дорандаи Медали шафқат, 1 нафар номзади илми тиб , 48 нафар кормандони асосӣ бо маълумоти олии тиббӣ, 97  нафар кормандони асосӣ бо маълумоти олии педагогӣ, 21   нафар бо маълумоти миёнаи тиббӣ, 8 нафар бо маълумоти олии нопурра, 40 нафар бо дараҷаи тахассусӣ олӣ, 21 нафар бо дараҷаи тахассуси якум  ва 17 нафар бо дараҷаи тахассуси дуюм фаъолият намуда, ба донишҷуён таълим медиҳанд. Теъдоди омӯзгорони соатбайъ 89 нафар буда, бештари онҳоро омӯзгорони собиқадор ва пуртаҷриба ташкил медиҳанд. Тибқи нақша аз ҷониби  шуъбаи таълим ва мудирони кафедраҳо бо омӯзгорони ҷавон ва соатбайъҳо семинари омӯзишӣ  доир ба қайди дурусти мавзӯъҳои дарсӣ ва мутобиқати онҳо бо барномаи таълимӣ, меъёри баҳогузорӣ ва дигар мавзӯъҳо дар аввали моҳи сентябр гузаронида  шуд. Аз ҷониби муовини директор оид ба корҳои таълим ҷадвали дурнамои гузаштани курси такмили ихтисоси омӯзгорони коллеҷ барои солҳои 2022-2026 таҳия карда шуд.

Синфхонаҳои замонавӣ

Дар  Коллеҷи тиббӣ 116  синфхона  бо таҷҳизотҳо ва асбобу аёниятҳои таълимӣ таҷҳизонида шудааст. Дар синфхонаҳои кафедраҳо таҷҳизоти компютерӣ ва тахтаи электронӣ гузошта шуда, аксари машғулиятҳо бо истифодаи онҳо гузаронида мешаванд. Дар кафедраҳои ҷарроҳия, момоӣ, тибби  оилавӣ, кори ҳамширагӣ, химия, тибби биологӣ, кори  ҳамширагӣ дар  терапия ва педиатрия, фармакология, машғулиятҳо  ба тариқи дарс–лексия  ташкил мешаванд. Бо  гузаштан ба низоми  кредитии таҳсилот дар ҳамаи  кафедраҳо  дар   миқдори зиёди фанҳо дарс–лексия ташкил карда шуда, синфхонаҳои лексионӣ  барои гузаштани лексияҳо омода карда шудаанд. Дар коллеҷ маркази тестӣ ташкил карда шуда, мутамарказонида шудааст.

Фаъолияти кафедраҳо

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, азхудкунии маҳорату малакаи  касбӣ ва омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ ба талаботҳои стандартӣ ҷавобгӯ буда, дар Коллеҷи тиббӣ аз соли 2017 тарзи кафедравии таълим ташкил карда шудааст. Айни ҳол дар Коллеҷи тиббӣ 8 кафедра фаъолият менамояд, аз ҷумла,  Кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ ва табиӣ-риёзӣ, Кафедраи момоӣ, Кафедраи тибби биологӣ,  Кафедраи фармасевтӣ, Кафедраи забонҳо,  Кафедраи ҷарроҳия ва  кори ҳамширагӣ,  Кафедраи  тибби оилавӣ,  Кафедраи амрози даруна ва кӯдакона. Дар назди кафедраҳо маҳфилҳои фаннӣ ташкил карда шудаанд. Ҷиҳати баланд  бардоштани малакаҳои омӯзгорӣ омӯзгорони  коллеҷ мунтазам дониши худро сайқал дода, дар семинарҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ бо пешниҳод намудани маърӯзаҳо ширкат меварзанд. Дар кафедра маҳфилҳо аз фанни асосҳои инфарматика, таърихи халқи тоҷик ва сотсиалогия ташкил карда шудаанд. Нақшаи гузаронида шудани дарсҳои кушод ва намунавӣ аз ҷониби  мудири кафедра таҳия карда шуда, ин дарсҳо  мувофиқи нақша гузаронида  мешаванд. Дар кафедра ҳамаи омӯзгороне, ки барои тайёр кардани  донишҷӯён ба озмунҳои “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат” ва олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни “Таърихи халқи тоҷик”  вобаста карда шудаанд, ҳамарӯза фаъолият намуда, 4 нафар донишҷӯёни беҳтарин  дар даврҳои якуми озмунҳо ғолиб дониста шуданд. Айни  ҳол аз ҷониби омӯзгорон барои донишҷӯёне, ки  дар озмуни  Ҷумҳуриявӣ  аз фанҳои таълимӣ ( таърихи халқи тоҷик)  ширкат меварзанд,  дарсҳои иловагӣ ташкил карда шудааст. Баъди гузаронида шудани се давраи озмун  як нафар донишҷӯ аз шуъбаи кори фарматсевтӣ барои иштирок дар озмуни ҷумҳуриявӣ номнавис карда шуд. Ҳуҷраҳои таълимии кафедра бо асбобу айёниятҳои таълимӣ ва овезаҳо доир ба фанни таълимӣ таҷҳизонида шудаанд. Барои донишҷӯёни сустхон дарсҳои иловагӣ ташкил карда шуда, дар як ҳафта ду маротиба гузаронида мешаванд.

Хобгоҳи донишҷӯён

Дар Коллеҷи  тиббӣ  хобгоҳ барои донишҷудухтарон  фаъолият менамояд, ки айни ҳол дар он 156 нафар духтарон аз ноҳияҳои дурдаст истиқомат мекунанд. Дар  таътили тобистона ҳамаи ҳуҷраҳои хобгоҳ  ва роҳравҳо  аз таъмири хушсифат бароварда шуда, бо ашёҳои хобгоҳ таъмин карда шуданд. Дар хобгоҳ китобхона, ду қироатхона, ду хонаи истироҳатӣ, ду ҳуҷра барои шустушӯ, се нуқтаи хӯрокпазӣ мавҷуд аст. Ҳолати беҳдории хобгоҳ ҳамарӯза аз ҷониби омӯзгорони навбатдор назорат карда мешавад. Ҳар моҳ вохӯрии роҳбарияти коллеҷ бо донишҷӯдухтарони  хобгоҳ гузаронида шуда, доир ба масъалаҳои мубрами рӯз сӯҳбатҳо гузаронида мешаванд. Дар хобгоҳ маҳфилҳои омӯзишии забони англисӣ, русӣ ва тоҷикӣ фаъолият менамояд. Ҳамчунин, маҳфилҳои дӯзандагӣ, гулдӯзӣ, чакандӯзӣ ҷиҳати эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ  ташкил карда шудаанд. Намоиши ҳунарҳои гулдухтарон 15-уми марти соли ҷорӣ  дар чорабинӣ бахшида ба “Наврӯзи Аҷам” аз ҷониби кормандони телевизиони вилоятии Хатлон ба навор гирифта шуда, тариқи  барномаи телевизиони Хатлон пахш карда шуд. Ғайр аз ин, духтарони хобгоҳ дар чорабиниҳои фарҳангию варзишии коллеҷ, шаҳр ва вилоят фаъолона иштирок менамоянд.

Таъмини китобхонаҳо бо китобҳои лозима

Дар китобхонаи коллеҷ 17 ҳазору 728 адад китоб мавҷуд буда, теъдоди китобҳои таълими тахассусӣ 12 ҳазору 801 адад, таълими умумӣ 700 адад, адабиётҳои методӣ 1072 адад, адабиётҳои бадеӣ 2707 адад ва  адабиётҳои мухталиф 90 ададро ташкил медиҳанд. Барои баланд бардоштани завқи донишҷӯён ба китобхонӣ дар коллеҷ маҳфилҳои адабӣ,  мизҳои мудаввар ташкил карда шуда,  озмуни «Китобхони беҳтарин» дар байни донишҷӯён гузаронида мешавад. Ғолибони озмуни  «Китобхони беҳтарин» дар моҳи феврали соли  ҷорӣ бо туҳфаҳои  хотиравӣ мукофотонида шуданд. Ба иштирокчиёни фаъоли  озмун тавсия дода шуд, ки дар моҳи апрели соли ҷорӣ дар озмунҳои «Фуруғи субҳи доноӣ» ва «Илм фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», ки дар коллеҷ гузаронида шуд,  фаъолона иштирок  намоянд. Дар китобхона дафтари алоҳида барои феҳристи китобҳо ва рӯйхати китобҳо барои мутолиаи тавсияшуда ташкил карда шудааст. Ба китобхона омӯзгорони асосии  коллеҷ аъзо буда, аз китобҳои таълимӣ ва тахассусӣ  мунтазам истифода менамоянд. Ҳамаи омӯзгорон матни лексияҳоро тибқи барномаҳои таълимӣ омода намудаанд. Дар китобхона шӯрои  китобхона бо 5  нафар аъзо фаъолият менамояд. Аъзоёни китобхона 95,4 %-и донишҷӯёнро ташкил медиҳад. Бо супориши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри самаранок истифода намудани вақтҳои холигии донишҷӯён, махсусан, дар вақти таътил аз ҷониби роҳбарони гурӯҳхо  корҳои таблиғотию ташфиқоти ҷиҳати мутолиаи китобҳои бадеӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо, китобҳои дарсӣ  гузаронида мешаванд. Аз соли 2012 китобхонаи электронӣ фаъолият менамояд, ки дар 4 синфхонаи электронӣ 60 адад компютер мавҷуд буда, ҳамаи онҳо ба шабакаи интернет пайваст  мебошанд. Дар китобхонаи электронии коллеҷ  лексияҳои омӯзгорон ҷойгир карда шуда, дар он беш аз  5000 номгӯи китобҳо  мавҷуд мебошад. Баҳри баланд бардоштани савияи дониш, баланд бардоштани маданияти нутқу ҷаҳонбинии омӯзгорон ва донишҷӯён коллеҷи тиббӣ дар маъракаи обунашавӣ барои соли 2023 фаъолона иштирок намуда, ба газетаю маҷаллаҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ обуна шуд. Дар  моҳи апрели соли ҷорӣ аз ҷониби муассиса ба Филиали Ташкилоти “Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон” дар шаҳри Бохтар, Филиали  Ташкилоти   ҷамъиятии “Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон”, Ташкилоти ҷамъиятии маъюбони “Шодком”-и вилояти Хатлон ва Маркази  Иҷтимоӣ – Тавонбахши нобиноёни шаҳри Бохтар  кӯмакпулӣ  гузаронида шуд.

Иштироки фаъолона  дар озмунҳо

Зикр карда шуд, ки дар баробари ин аз ҷониби омӯзгори  кафедра  Манижаи Қувватзода донишҷӯи бахши якуми  кори ҳамширагӣ  Мирзоева Дилноза  барои иштирок дар  озмуни ҷумҳуриявии  «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» омода карда шуд. Мирзоева  Дилноза дар озмуни муассиса ва шаҳрӣ фаъолона иштирок намуда, барои иштирок дар  даври  вилоятии    озмуни ҷумҳуриявии  «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат  гирифт.  Инчунин,  донишҷӯи бахши дуюми  кори момодоягӣ  Султонова Дилноза дар даври шаҳрии озмуни  «Тоҷикистон Ватани азизи ман» фаъолона иштирок намуда, барои иштирок дар  даври  вилоятии озмуни ҷумҳуриявии  « Тоҷикистон Ватани азизи ман» соҳиби роҳхат гардид.

Дастовардҳои варзишӣ

Санаи 5-6 марти соли ҷорӣ бахшида ба “Рӯзи модарон” аз ҷониби мактаби варзишӣ- маҳоратии шаҳри Бохтар дар коллеҷ мусобиқаи “Волейбол” байни  бонувон (хонандагон  ва донишҷӯёни шаҳри Бохтар) баргузор гардид, ки дар  натиҷа дастаи Коллеҷ ғолиби мусобиқа дониста шуда, бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳо сазовор гардиданд. Санаи 18–19 марти соли  ҷорӣ дастаи писаронаи  “Волейболбозон”-и коллеҷ дар мусобиқаи шаҳрии байни коллеҷҳо, ки бахшида ба “Наврӯзи Аҷам” баргузор гардида буд, иштирок намуда, сазовори ҷойи якум гардида, бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд. 28 апрели соли ҷорӣ донишҷӯйи бахши дуюми шуъбаи кори момодоягӣ Маҳкамбоева Манижа дар  Чемпионати  ҷумҳуриявӣ аз намуда “Бадминтон”, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, дар гурӯҳи даставӣ иштирок намуда, сазовори ҷойи 2-юм гардид. Ғайр аз ин, дар ҳамин мусобиқа  донишҷӯйи бахши якуми шуъбаи кори ҳамширагӣ  Кабирова  Манижа  низ дар  Чемпионати  ҷумҳуриявӣ аз намуди “Бадминтон” дар шаҳри Хуҷанд дар мусобикаи даставӣ сазовори ҷойи якум, дар  мусобиқаи инфиродӣ сазовори ҷойи якум, дар ҷуфти омехта бо Шарипов сазовори ҷойи дуюм ва дар мусобиқаи ҷуфтӣ бо Мусулмонова сазовори ҷойи дуюм гардид.

Бунёди беморхонаи замонавӣ дар коллеҷ

Дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар ва баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муассиса айни ҳол бинои нави таълимӣ иборат аз 5 ошёна бо маблағи 10500 (даҳ хазору панҷсад ) миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода мешавад. Корҳои таъмирӣ бо маблағи 3500 (сеҳазору панҷсад) миллион сомонӣ то 01.09.2023 ба анҷом  расонда шуда, барои солҳои 2023-2024 3000000 (се) миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст. Дар таҳхона ва ошёнаи якум маркази ташхисӣ дар самтҳои бемориҳои асаб, дилу рагҳо, бемориҳои узвҳои ҳозима ва пешоббарор, бемориҳои геникологӣ, бемориҳои чашм, гӯшу гулӯ ва бинӣ, бемориҳои ғадудҳои даруна таҷҳизотҳои ташхисӣ дастрас карда мешавад. Инчунин, таҳлилгоҳи клиникӣ, биохимиявӣ, вирусологӣ ба истифода дода мешавад. Дар ошёнаи дуюм шуъбаи бемориҳои амрози даруна бо 36 кат ба истифода дода мешавад. Дар ошёнаҳои 3, 4, 5-ум ҳуҷраҳои таълимӣ барои фанҳои тахассусӣ ба нақша гирифта шудааст.

Нақшаҳои дарпешистода

Дар оянда роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии  шаҳри Бохтар» барои пешрафту шукуфоии коллеҷ, омода кардани мутахассисони варзида дар соҳаи тиб аз ҳама имкониятҳо истифода карда, тамоми дастуру супоришҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дода мешавад, саривақт иҷро намуда, ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишваро бо дастовардҳои назаррас истиқбол хоҳанд гирифт.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь