Ҳар ки нуқси хешро диду шинохт,

Андар истикмоли худ даҳсола тохт.

Инсон маҳсули олии табиати заминист. Инсон мураккабтарин ва нозуктарин низом аст. Аммо барои он ки аз ганҷҳои табиат баҳра барад, инсон бояд солим, қавӣ ва оқил бошад. Аксарияти бемориҳои мо кори дасти худи мост. Мо метавонистем аз ҳамаи онҳо канорагирӣ кунем, агар тарзи зиндагии оддию якрангӣ ва танҳоиро, ки табиат барои мо муқаррар кардааст, нигоҳ медоштем. Шумо бояд ҷисми худро қавӣ нигоҳ доред, то рӯҳатон қавӣ бошад.

Дар шароити имрӯза мардум бештар аз ягон намуд беморӣ шикоят мекунанд. Ва аксарият вақте ба ҳадди ниҳоии ин ё он бемории мубталошуда расиданд, баъдан ба беморхона мераванд ва ба табибон муроҷиат мекунанд. Дар байни мардум мақоле ҳаст, ки табиби ҳар кас худи ӯст. Яъне саломатии ҳар як шахс дар дасти худи ӯст. Агар вай саломатии худро эҳтиёт кард ва тарзи солими зиндагиро итихоб намуд ва онро мувофиқи қоидаҳои лозима риоя кард, саломатии худро нигоҳ медорад ва нафаре, ки ба саломатии худ бепарвоӣ кард албатта, гирифтори ин ё он намуд беморӣ мегардад. Агар бемории сироятӣ бошад саломатии худ ва наздикони худро низ зери хатар мегузорад.

Саломатии аҳолӣ, тавре ки Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) тафсир кардааст, ҳамчун ҳолати некӯаҳволии пурраи ҷисмонӣ, рӯҳонӣ ва иҷтимоӣ муайян карда мешавад, на танҳо набудани бемориҳо ё маъюбӣ. Ҳифзи саломатии ҳар инсон вазифаи бевоситаи худи ӯст, вай ҳақ надорад онро ба дигарон супорад. Аксар вақт ҳолате рӯй медиҳад, ки одам ба воситаи тарзи нодурусти зиндагӣ, одатҳои бад, камфаъолиятии ҷисмонӣ, аз ҳад зиёд хӯрокхӯрӣ дар синни 20-30 солагӣ худро ба ҳолати фалокатовар меорад ва танҳо баъд аз он дору ба ёдаш меояд.

Тарзи ҳаёти солим ин тарзи зиндагиест, ки ба принсипҳои ахлоқӣ асос ёфта, оқилона муташаккил, фаъол, меҳнатдӯстӣ, сахтгирӣ ва ҳамзамон аз таъсири манфии муҳити зист эмин нигоҳ дошта, имкон медиҳад, ки солимии ахлоқӣ, рӯҳӣ ва ҷисмониро то ҳадди имкон нигоҳ дорад. Ҳар як одам барои мустаҳкам намудан ва нигаҳдории тандурустии худ, то синни пирӣ нигаҳ доштани қобилияти меҳнат, фаъолияти ҷисмонӣ ва қувват имкониятҳои калон дорад.

Сабабҳои асосии марг дар аксари кишварҳои ҷаҳон бемориҳои ғайрисироятӣ мебошанд, ки дар навбати аввал ихтилоли дилу рагҳо, варамҳои ашаддӣ, бемориҳои музмини роҳи нафас ва диабети қанд мебошанд. Марги бармаҳалро метавон асосан тавассути тадбирҳои пешгирикунанда сади роҳ шуд, ки таъсири шахсони алоҳида ва аҳолӣ омилҳои хавфи бемориҳои ғайрисироятиро коҳиш медиҳад.

Муҳимтарини онҳо омилҳои ба истилоҳ хатари рафторӣ – тамокукашӣ, ғизои носолим, фаъолияти нокифояи ҷисмонӣ ва истеъмоли аз ҳад зиёди машруботро дар бар мегиранд. Гипертонияи шараёнӣ ва омилҳои асосии хатари биологӣ асосан ба омилҳои рафторӣ дуюмдараҷа мебошанд, аз ин рӯ, тарзи зиндагӣ ва стереотипҳои рафтори ба он алоқаманд ба саломатии аҳолӣ бештар таъсир мерасонанд.

Ташаккули тарзи ҳаёти солим дар байни шаҳрвандон аз давраи кӯдакӣ бо роҳи гузаронидани чорабиниҳое, ки ба огоҳонидани шаҳрвандон дар бораи омилҳои хавф барои саломатии онҳо, фароҳам овардани ҳавасмандӣ барои пешбурди тарзи ҳаёти солим ва фароҳам овардани шароит барои нигоҳ доштани он, аз ҷумла имконияти нигоҳ доштани ҳаёти солим таъмин карда мешавад.

Усулҳои дастрастарин барои муайян кардани бемориҳо муоинаи умумии тиббӣ ва муоинаи скринингии аҳолӣ мебошанд. Барои барвақт муайян кардани омилҳои хавфи рушди бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солими аҳолӣ Марказҳои саломатӣ таъсис дода мешаванд. Аҳамияти марказҳои саломатӣ дар он аст, ки ба воситаи онҳо профилактикаи ибтидоии инфиродӣ дар байни аҳолӣ пурзӯр карда мешаванд.

Саидмуъмин Бобохуҷаев,

директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳри Кӯлоб

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь