Дар ҳаёти инсоният нақши табиб муассир буда, барои сиҳатмандиву пешгирии бемориҳои гуногун инсонҳоро ҳифз менамояд. Табиист, ки табибон тамоми донишу малакаи хешро баҳри беҳбудиву солимии ҷомеа сарф мекунанд, аз ин рӯ, қаҳрамони мо низ тайи солҳои зиёдест, ки барои мардуми кишвараш заҳмат мекашаду беморонро табобат мекунанд ва ноумедонро умед мебахшаду маризонро аз марг наҷот медиҳад. Қаҳрамони мо изҳор медорад, ки мо- табибон шабу рӯз дар андешаи мардум ҳастему муроҷаткунандагонро сарвақт ба ҳалли мушкилоташон расидагӣ мекунем. Ҳамсуҳбати мо бар ин андеша аст, ки табиб бояд пеш аз ҳама равоншиноси хуб бошад, то тавонад беморонро нахуст бо сухан оромишу руҳбаланд намояд. Ҳамчунин, кори аз он иборат аст, ки ба беморон чунон муомила кунем, ки онҳо нахуст аз ҷиҳати равонӣ руҳбаланд шаванду навмедию ранҷро то андозае аз дилашон дур намоянд.

Бо ин мақсад ва инчунин ошноӣ аз фаъолияти КАТС-и шаҳри Ҳисор, ҳамзамон дастовардҳо ва нақши тоҷикон дар илми тиб бо роҳбари шабакаи мазкур Кабиров Маҳмуд Ғайратович суҳбати ихтисосӣ анҷом додем.

Чӣ тавре, ки ба мо маълумот доданд, Муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Ҳисор муассисаҳои тиббию профилактикӣ буда, аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор тибқи тартиби муқарраргардида моҳи январи соли 2009 таъсис дода шудааст ва кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба аҳолии шаҳр мерасонад.

Кормандони муассисаҳои шабакаи КАТС-и шаҳр дар 9 моҳи соли ҷорӣ фаъолияти худро мутобиқи қарору фармоишҳои Пешвои муаззами миллат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору амрҳои раиси шаҳр ба роҳ монда, корҳои пешгирию табобатӣ ва як қатор корҳои ободонию таъмириро давом дода истодааст.

 -Пеш аз суҳбат, Шумо вожаи “сиёсати тиббӣ гуфтед, каме шарҳ медодед…

-Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, дар равандҳои глобалии он фаъолона иштирок менамояд. Дар ин равиш ба маърифати давлатдории ниёгони худ ва дастовардҳои бошариат такя намуда, дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати  хосаро соҳиб гаштааст.
Яке аз масъалаҳои муҳими сатҳи ҷаҳонӣ солимии аҳолии кураи Замин ҳисобида мешавад. Ҳар сол дар дунё ҳазорон одамон аз бемориҳои ба монанди фишорбаландӣ, саратон, диабети қанд, фалаҷ, сактаи дил ва дигар бемориҳои актуалӣ ҷони худро аз даст дода, ҳазорони дигар маъюб мегарданд. Хатари бемориҳои сироятӣ бошад, метавонад ба иқтисодиёт ва иҷтимоёти олам зарбаи сахт зада, миллионҳо талафоти ҷонию молӣ биёрад. Пандемияи бемории сироятии Ковид – 19 аз ин хатар шаҳодат дод, ки ҳақиқатан дар замони ҳозира бемориҳои сироятӣ барои тамаддуни бошарият таҳдиди ҷиддӣ зоҳир мекунанд ва масъалаи саломатии аҳолии рӯи Замин проблемаи як давлат набуда, сатҳи глобалӣ дорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам ҷиддияти ин хатарҳоро эҳсос намуда, дар самти нигоҳдории солимии аҳолии кишвар диққати зарурӣ медиҳад. Суханони Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: – “Солимии миллат, бойгарии давлат аст”, “Соҳаи тандурустӣ самти афзалиятноки сиёсати давлат ҳисобида мешавад” – тасдиқкунандаи гуфтаҳои боло зикр шуда мебошанд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун системаи иммунии  ҷомеъаи мо, дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои солимнигаҳдории давлатҳои гуногун ва дигар ташкилоту созмонҳои ҷамъиятии умуми ҷаҳонӣ на танҳо барои саломатии аҳолии Тоҷикистон, балки барои  солимии умуми башарӣ саҳми арзандаи худро гузошта истодааст.

Сиёсати тиббӣ-сиёсатест, ки ин идоракунии солимии аҳолии кураи Замин буда, ба системанокгардонидани он равона шудааст.

Ҳамагон шоҳиди қурбонии ҷони одамият аз КОВИД-19 гардидем ва дар ҳаёти одамон тарсу ваҳм эҷод кард, ки то ҳол нишонҳояш боқӣ мондааст. Лутфан ҳамчун мутахассиси соҳаи тиб мегӯфтед, ки дар набард бо ин вирус илми тибби ҷаҳонӣ, ба хусус табибони тоҷик чӣ чораҷӯӣ карданд?

-Яке аз маъракаҳои муҳими самти нигоҳдори саломатии мардумин ваксинатсияи зидди бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла КОВИД-19 ҳисобида мешуд. Мувофиқи маълумоти омори ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) дар байни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) Тоҷикистон бо шумораи камтарини сироятшудагон аз КОВИД – 19 ҷои аввалро мегирад. Дар ҷои дуввум Ӯзбекистон ва Қазоқистон ҷой гиранд. Саввум ҷойро Арманистон,  Молдава ва Украина бо миқдори зиёдтари сироятшудагон ишғол мекунанд.
Албатта, чораҳои саривақтии зиддиэпидемикӣ, ваксинатсияи аҳолӣ аз бемории сироятии КОВИД – 19, иттилоотнокигардонии мардум бо воситаи ВАО, риояи талаботҳои санитарву гигиенӣ ва фаъолияти қурбонталаби кормандони соҳаи тандурустӣ сабаб шуданд, ки сатҳи сироятёбӣ аз ин“вабои аср”паст шуда, талафоти ҷонӣ камтар шавад.

ТУТ саҳми арзандаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мубориза бар зидди бемории сироятии КОВИД – 19 ба назар гирифта, 18-уми феврали соли 2022 вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷамолиддин Абдуллозодаро бо граммотаи махсуси ТУТ дар мубориза бо КОВИД-19 сарфороз гардонид.

Яке аз масъалаҳои муҳим ҳолати баъди КОВИД-19 мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ин масъала диққати махсус медиҳад ва мо ба тавонбахши (реабилитация)-и ин гуна беморон хубтар кор бурда истодаем.
-То ҷое воқиф ҳастем, фарзона фарзандони миллати тоҷик дар пешрафти илми тиби ҷаҳонӣ саҳми боризи худро гузоштаанд, аз ин лиҳоз, арзёбӣ мекардед, ки мақом ва саҳми тоҷикон дар илми тиби дирӯз ва имрӯзи башарият дар кадом поя аст?

-Дар ҳақиқат, тибби тоҷик дар арсаи байналмилӣ мақоми хоса дорад ва инро табибон ба осонӣ ба даст надаровардаанд. Таърихи тибби тоҷик гувоҳи он аст, ки дар тӯли таҳаввулоти системаи тибби ҷаҳонӣ намояндагони халқи тоҷик барои пешрафти илми тиб хизмати арзандае кардаанд. Дар замони ориёиҳо аввалин беморхонаҳова дорухонаҳо сохта шуда, дар ин самт пажуҳишҳо мегузарониданд. Дар давлатдории сосониён намояндагони Академияи “Ганҷи Шопур” Барзуя, Ибни Муқаффаъ, Муҳаммадал-Ҳарис, Теодорус, Собур ибни Саҳл, Мусавайх ва дигарон бо сарварии Бахтишуъ аввалин шуда, бо иштироки олимон аз дигар давлатҳо ҷаласаҳои илмии тиббӣ мегузаронданд.

Асосгузори тибби маънавии классикии тоҷику форс – Абубакр ар-Розӣ дар тайёркунии моддаҳои гуногуни доруворӣ ба ташаккул ёфтани илми кимё  муяссар гашт. Алкогол (спирт) яке аз ихтироҳои ӯст. Ба ғайр аз ин ҳолатҳои равониву руҳии одамро дар рисолаи худ“Тибби маънавӣ” дуруст баҳо дода, дунёи ботинӣ ва аксуламалҳои равонии онро дарҷ кардааст. Асарҳои Шайхураис Абу алӣ ибни Сино – асосгузори тибби классикии тоҷику форс бошанд то 700 сол китоби рӯи мизии олимони Аврупо буданд ва то ҳол моҳияти актуалии худро гум накардаанд. ”Империяи тибби Сино” дар асоси назарияи “мизоҷ” сохта шуда буд ва имрӯз пояҳои илмии худро ёфтааст.

Чунин аст ҳақиқати таърихӣ, ки дар ирсияти тоҷик гени табибӣ фаъол аст. Миллати тоҷик табиб миҷоз аст. Ҳақ бар ҷониби шоири тоҷик Бозор Собир аст, ки мегӯяд: “Бӯи Сино мекунад ин халқ аз даври қадим”.
Ҳамин тавр, халқи тоҷик дар тиббу табобат барномарезӣ шуд ва агар шоирону мутаффакирони миллат бо ашъори худ забони модариамонро нигоҳ доштанд, табибони халқии мо “ҷавҳари тиб”-и моро амонат шуданд ва то имрӯз оварда расонидаанд.
Мо онро ба система дароварда илман асоснок кардем ва бо вожаи “тибби классикии тоҷик” ба ҷомеъа пешниҳод намудем. Асосгузори тибби классикии тоҷик –  Абуаллӣ ибни Сино буда, асоси назариявии онро мафҳуми “мизоҷ” ташкил медиҳад ва алифбои он “Ал-қонунфит-тиб”-и Синост.
Албатта, дар тӯли садсолаҳо таҷрибаи чандин солаи фаъолияти табибони халқи тоҷик ба бозсозиву ғанигардони тибби классикии мо оварда расонидааст, ки ин равиш ба талаботи замонаи қарнҳо рост меомад.
-Аз мушкилот то пешрафти тиб тоҷик чанд сухан мегӯфтед

-Ворид шудани тибби муосири аврупоӣ бо ҳукумати Шӯро самти моддиёти одам-баданро (соматика) дар тибби халқии мо густариш дод ва барои ҳамин номи вазорати мо вазорати тандурустиро гирифтааст, ки зершуурона нигоҳдории танро авлавият дода, проблемаҳои равонӣ ва руҳӣ мавқеи дуввумдараҷаро гирифтаанд. Ин ҳолати ба вуқӯъ омада ба фаъол гаштани табибони руҳии халқӣ дар ҷомеъа шуда, равони мардумро бо хурофотпарастӣ водор месозанд. Оқибатҳои афзалияти тибби соматикӣ дар солҳои асри 21 асари муайяне ба фаъолити тиббӣ расонид ва таваҷҷуҳи мутасаддиёнро ба тайёр кардани кадрҳои тиббии соҳаи равонпизишкӣ (психатр), равоншиноси тиб (психологи тиббӣ), равоншифо (психотерапевт), равонтаҳлил (психоаналитик), равондармон (психореабилитолог) сусттар намуд. Ёдовар мешавем, ки мактаби равонпизишкии профессор Ғуломов М. Ғ. тавониста буд, ки системаи хуби кории кӯмаки тиббӣ ба беморони руҳӣ расонад, вале тобиши зуҳури чунин беморон дар замони шӯравӣ дигар буд ва ҳоло он ранги дигар гирифтааст.

Одами солим нерӯи созандаи ҷисмонӣ, эҳсосоти мусбат ва андешаи солим дорад. Чунин шахсият сабаби пешравии ҷомеаи шуда, сарвати моддӣ ва зеҳнии онро зиёд мегардонад. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо ҳамбастагӣ бо дигар соҳаҳои иҷтимоӣ дар нигоҳ доштани ҳолати саломатии шаҳрвандон ва ташаккули шахсияти солим нақши муҳим мебозад. Инфрасохтори нигоҳдории тандурустии вазорат, ки имрӯз фаъолият мекунад кишварро фаро гирифта, ҳатто ноҳияҳо ва рустоҳои дурдастро низ хизмати тиббӣ мерасонад. Ин муваффақияти бузургест дар самти соҳаи тандурустии мамлакат.

Чунин ташкили дурусти системаи хизматрасонии тиббиву санитарӣ имкон додааст, ки ҳолати саломатии мардум идорашаванда бошад ва онро ба самти беҳтар равона созад.

Пайи дарҳам дастовардҳо ва имконотҳои тибби тоҷик ба шуури ҷомеъаи мутаммадини мо пешниҳод шуда, аз тарафи аҳолӣ дуруст истифода бурда хоҳанд шуд, ки ин маърифати тиббии мардумро баланд бардошта, сари вақт хизматрасонии тиббӣ мегиранд ва дар солимии ҷомеъа саҳми худро мегузоранд. Миллат бо яке аз чунин усулҳо солимии худро нигоҳ медорад.

Дар давраи ҷаҳоруми инкишофи тибби тоҷик масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии системаи тиббиро ба шакли электронӣ технологияи рақами гузаронида, тамоми зерсохторҳои вазоратро бо усули истифода аз имкониятҳои интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ идора мекунад. Ба ғайр аз ин дар ташхису табобат методи муосири “телетиб” ба роҳ монда шуда, ҳар нафари бемори аз марказ дурро мутахассисони варзидаи тиб машварат медиҳанд ва дар баробари ин муоина, ташхис ва муолиҷа мекунанд. Ҳатто амалиётҳои ҷарроҳиро мегзаронанд, ки дар он баъзан мутахассисони тибби хориҷӣ ҳам иштирок менамоянд. Ҳамаи ин сатҳи дониши кормандони тибро баланд бардошта, мубодилаи таҷриба бо мутахассисони соҳаи тибби берун аз кишвар мегардад.

-Оид ба фаъолияти КАТС-и ш. Ҳисор маълумот медодед ва ҳамзамон мегӯфтед, ки КАТС чӣ нақшаву барномаҳоеро рӯи даст гирифтаасту тибқи он амал мекунад?

-Вобаста ба рафти иҷроиши нақша-чорабиниҳои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми январи соли ҷорӣ №АП-321 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, инчунин вобаста ба иҷроиши банди 48-нақша-чорабиниҳои шабакаи муассисаҳои КАТС, ҳамзамон бо мақсади вусъатбахшии корҳои ободониву созандагӣ ва таъмин намудани рушди ҳамаҷонибаи деҳоти кишвар ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тамоми чораҳоро меандешад.

Тибқи нақша-чорабиниҳои шабакаи муассисаҳои КАТС, дар сатҳи шабакаи муассисаҳои КАТС-и ш. Ҳисор сохтмон ва таъмири муассисаҳои тиббӣ оғоз гардида, айни ҳол идома дорад.

Дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ ҷиҳати ободонии гирду атрофи Маркази саломатии шаҳрӣ, Маркази саломатии репродуктивӣ, марказҳои саломатии деҳотӣ ва бунгоҳҳои саломатӣ ҳамарӯза корҳои ободонӣ рафта истодааст.

Дар асоси банди 20-и нақша-чорабиниҳои шабакаи муассисаҳои КАТС бо мақсади иҷроиши Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-уми декабри соли 2008 №600 “Дар бораи тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ” дар назди Маркази саломатии шаҳрии шаҳри Ҳисор комиссияи доимамаликунандаи назоратӣ таъсис дода шудааст, ки кори ҳуҷраҳоро таҳти назорати доимӣ қарор додаанд.

Бо итминони комил гуфта метавонам, ки кормандони КАТС-и ш. Ҳисор барои шаҳрвандон хидмати саривақтиву самимона карда истодаанд ва албатта, дар оянда боз ҳам хидматрасониро беҳтартар хоҳем кард, зеро вазифаи мо хидмат ба давлату миллат аст, ки хушбахтона кормандони КАТС-и ш. Ҳисор ин масъулияти муҳими хешро медонанду тибқи он амал мекунанд.

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь