Соҳаи сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуда, солҳои охир босуръат рушд карда истодааст. Албатта, ин бесабаб нест. Зеро Тоҷикистон дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда, барои ҷалби теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ ба кишвар имкониятҳои зиёд дорад. Рушди ин соҳа  бахусус дар солҳои 2017-2019 хеле хуб эҳсос шуда, шумораи сайёҳон дар як сол то ба 1 миллиард расида буд. Албатта, ин бесабаб нест. Зеро маҳз дар соли 2019 бо пешниҳоди президенти кишвар баҳри ҷалби бештари сайёҳон  ва шаҳрвандани хориҷӣ ба Тоҷикистон раводиди навъи сайёҳии бисёркарата ҷорӣ шуда, муҳлати он то 60 рӯз дароз карда шуд. Инчунин, пешниҳод шуд, ба соҳибкорони хориҷие, ки ба иқтисодиёти Тоҷикистон зиёда аз як миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ менамоянд, раводиди бисёркаратаи панҷсола дода шавад.

Илова бар ин, бо мақсади соддагардонии рафтуомади ҳамватанони бурунмарзие, ки зодагони Тоҷикистон мебошанд, раводиди бисёркаратаи сесола ҷорӣ карда шуд. Бояд қайд кард¸ки, ҷиҳати боз ҳам тараққӣ додани бахши сайёҳӣ Ҳукумати мамлакат вобаста ба пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ як қатор имтиёзҳо ба ширкатҳое дод, ки ба ҷалби сайёҳон машғуланд. Ҳамаи ин имконият дод, ки бахши сайёҳӣ рушд кунад ва сайёҳони зиёде ба кишвар ҷалб карда шаванд. Вале аз соли 2020 бо сабаби фарорасии бемории ковид ва ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо вуруди сайёҳон ба Тоҷикистон хеле кам гардид ва ширкатҳои зиёде муваққатан дарҳои худро ба рӯи мизоҷон бастанд.

Лағви маҳдудиятҳои ковидӣ

Ба назар чунин мерасад, ки дар кишвари мо имтиёзҳои зиёде барои ҷалби сайёҳон ҷорӣ карда шудааст, вале мушкилоти асосӣ дар айни замон маҳдудиятҳои ковидӣ боқӣ мондаанд.  Аз 1-уми июн бештари кишварҳо, аз ҷумла Туркия, Италия, Тайланд маҳдудиятҳои ковидиро барои сайёҳон лағв ё сабук карданд, чаро ин корро мо ҳам накунем?

Вазорати тандурустии ҷумҳурии Кипр хабар дод, ки аз 1-уми июн мақомоти Қибрис талаби пешниҳоди санҷишҳо дар бораи набудани коронавирус ва ваксинаро бекор карданд. Қарор рӯзи 27-уми май қабул шуд. Дар ин кишвар аз ҳеҷ як мусофире, ки вориди Ҷумҳурии Кипр мешавад, новобаста аз кишвари аслиашон, талаб карда намешавад, ки шаҳодатномаи эмкунӣ, санҷишҳои ПТР ё экспресс-тестҳо пешниҳод кунад. Мақомоти сайёҳии Тайланд низ хабар доданд, ки аз 1-уми июн Тайланд талаботи ҳатмии карантини коронавирусро барои сайёҳон аз ҳама кишварҳо лағв кард. Пас аз ворид шудан ба Тайланд, сайёҳон метавонанд фавран дар саросари салтанат озод ҳаракат кунанд. Италия ва Австрия ҳам аз 1-уми июн тамоми маҳдудиятҳои коронавирусро барои сайёҳон лағв карданд. Аз якуми июн барои онҳое, ки ба Ҷопон ворид мешаванд, ягон талаботи карантин вуҷуд надорад. Ин ба онҳое низ дахл дорад, ки зидди коронавирус ваксина нагирифтаанд.

Ветнам аз 15-уми май дигар аз хориҷиён шаҳодатномаи эмкунӣ ё санҷиши COVID-19-ро талаб намекунад. Ҳама протоколҳои санитарӣ дар даромадгоҳ бекор карда шудаанд. Кишвари Мянмар низ додани раводиди сайёҳии электрониро аз сар гирифт. Марокаш талаби пешниҳоди санҷиши ПТР-ро барои онҳое, ки эм карда шудаанд, аз 17-уми май бекор кард. Барои ворид шудан ба Кишвари Индонезия танҳо шаҳодатномаи эмкунӣ талаб карда мешаваду халос.

Барои ворид шудан ба Юнон низ минбаъд санҷишҳо ва шаҳодатномаҳои эмкунӣ лозим нестанд.

Пешниҳод:

Тоҷикистон низ бояд маҳдудиятҳои ковидиро лағв кунад

Тоҷикистон яке аз нахустин кишварҳоест, ки бар Ковид ғолиб омад ва инак чандин моҳ аст, ки ягон ҳолати сабти гирифторшавӣ ба ковид дар кишвари мо ба қайд гирифта нашудааст. Аммо, тибқи маълумоти ба даст овардаи мо, то ҳанӯз дар фурудгоҳҳо ва ҳангоми аз гузаргоҳҳои сарҳадӣ ворид шудан, ҳатман санҷиши ПТР ё шаҳодатномаи эмкунӣ пурсида мешавад. Фикр мекунем, замоне фаро расидааст, ки дар кишвари мо низ ҳама маҳдудиятҳои ковидӣ барҳам дода шаванд, то вуруди сайёҳон ба кишвар бештар шуда, ба ҳолати пеш аз ковидӣ баргардонида шавад. Пешниҳод мекунам, ки минбаъд аз сайёҳон санҷишҳо дар бораи набудани коронавирус ва ваксина пурсида нашавад ва ҳама маҳдудиятҳои ковидӣ бекор карда шаванд. Лағв кардани санҷишҳои ковидӣ ва шаҳоданомаи эмкунӣ кори муҳоҷиронеро  низ, ки нав ба Ватан бармегарданд, осон хоҳад кард. Зеро дар чунин ҳолат онҳоро зарур намеояд, ки назди ташхисгоҳҳои Федератсияи Русия сарсон шаванд. Онҳо баръакс вақт ва маблағи худро сарфа карда, метавонанд онро ба Ватан оранд ва барои наздикони худ харҷ кунанд. Дигар ковид ҳам аз байн рафтаву, фикр мекунам, ба шаҳодатномаи эмкунӣ, санҷишҳои ПТР ё экспресс ниёзе нест.

Холиқи МУҲАММАДНАЗАР

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь