Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин марҳилаи ташаккулёбии истиқлоли миллӣ ба рушди соҳаи илму маориф ва неруҳои ақлонии мамлакат аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамоянд, ки ин барои боз ҳам баланд бардоштани савияи илму маърифат ва касбомӯзии ҷавонон нерӯи қувватдиҳанда мебошад. Маъмурияти Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода» пайрави ин ташаббусҳо буда, нисбати раванди таълим аҳамияти ҷиддӣ дода истодааст.

Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода» ҳамчун муассисаи таълимии миёнаи касбӣ оид ба тайёр намудани мутахассисони соҳаи «Кори ҳамширагӣ» баъди таҳсилоти миёнаи асосӣ, «Кори ҳамширагӣ» баъди таҳсилоти миёнаи умумӣ, «Кори лабораторӣ» баъди таҳсилоти миёнаи умумӣ, «Беҳдошт, санитария, эпидемиология» баъди таҳсилоти миёнаи умумӣ, «Кори момодоягӣ» баъди таҳсилоти миёнаи умумӣ, «Кори фарматсевтӣ» баъди таҳсилоти миёнаи асосӣ, «Кори фарматсевтӣ» баъди таҳсилоти миёнаи умумӣ, «Кори ҳамширагӣ дар косметология» баъди таҳсилоти миёнаи умумӣ, «Кори ҳамширагӣ» (шабона) ва «Кори дандонсозӣ» баъди таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият менамояд. Коллеҷ дар тобеияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва ҳуқуқи додани дипломи маълумоти миёнаи тиббиро дорад. Дар коллеҷ аудиторияҳо, ҳуҷраҳои таълимии барои таълим махсусгардонидашуда аз фанҳои амалӣ мавҷуданд.

Дар асоси шартнома ва қоидаҳои амалкунанда Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода ду ошёнаи собиқ сардхонаи БМШ Турсунзода ва як қисмати ошёнаи дуюми озмоишгоҳи Беморхонаи марказиро ба тавозуни худ дароварда, дар заминаи бинои сардхона қисми иловагии Коллеҷи тиббӣ ҳамчун Маркази таҷрибаомӯзӣ ташкил карда шудааст. Масоҳати бинои мазкур 538,7 метри мураббаъро ташкил менамояд ва дар ин бино 1 маҷлисгоҳи дорои 60 ҷои нишаст, 12 синфхона, 2 кабинети корӣ, 2 ҳоҷатхона, 2 амборхона ҷой доранд. Дар синфхонаҳо мизу курсиҳои махсуси замонавӣ, ҷевонҳои махсус барои муляжу воситаҳои техникӣ, доскаҳои электронӣ, воситаҳои айёнӣ ва таҷҳизоти тиббӣ мавҷуданд. Маҷлисгоҳ ва ҳамаи синфхонаҳо бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Ҳамчунин, дар бинои дуошёнаи қисмати алоҳидаи коллеҷ, ки масоҳати умумии он 1157 метри мураббаъ мебошад, 11 ҳуҷраи корӣ, 12 ҳуҷраи таълимӣ, 1 толори лексионӣ ва бунгоҳи тиббӣ ҷойгир мебошад.

Дар кафедраи «Фанҳои умумитиббӣ», ки дар қисмати ошёнаи дуюми бинои ташхисии Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода ҷойгир аст ва масоҳати умумияш 384,3 метри мураббаъ мебошад, 4 толори лексионӣ, кабинети мудири кафедра, кабинети мудири қисми таҷрибаомӯзӣ ва ҳуҷраи таълимии момодоягӣ ҷойгир аст.

Айни ҳол дар коллеҷ раванди таълим бо таҳсили низоми кредитӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳайати омӯзгорон ба воситаи силлабусу модулҳои таълимӣ ва барномаҳои таълимие, ки аз тарафи Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ мегардад, раванди таълимро ба роҳ мондаанд. Машғулиятҳо дар асоси ҷадвали дарсии тасдиқгардида бо роҳи инкишофи фаъолияти инноватсионӣ, истифода аз технологияи муосир гузаронида мешаванд. Ҷиҳати сайқал додани таҷрибаву малакаи касбӣ ва баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён баҳри тайёр намудани мутахассисони миёнаи соҳаи тиб дар асоси шартномаҳои тарафайн донишҷӯён дар 23 муассисаи тиббии шаҳр ба машғулиятҳои таҷрибавӣ ҷалб гардидаанд.

Дар коллеҷ китобхона ва қироатхона бо 30 ҷои нишаст мавҷуд буда, ба компютер ва шабакаи интернетӣ пайваст мебошанд. Инчунин, дар китобхона 10737 адад китоб буда, аз шумораи умумӣ 6252 адад китобҳои таълимии тахассусӣ, 2000 адад китобҳои электронӣ, 120 адад китобҳои методӣ, 2102 адад адабиёти бадеӣ, 80 адад китобҳои муҳтарам Пешвои миллат ва 183 ададро китобҳои таълимии баъди синфи 9 ташкил медиҳанд. Дар китобхона ду нафар мутахассис – кадрҳои соҳавӣ бо собиқаи корӣ ва донишҳои технологию забондонӣ фаъолият мекунанд. Роҷеъ ба ин, китобхона бо китобхонаи марказии шаҳри Турсунзода ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон робита ва ҳамкории зич дорад. Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 1840 адад китобҳои тозанашр – 1660 адад китобҳои таълимӣ ва 180 адад китобҳои бадеӣ ба китобхона ворид карда шудааст. Ҳуҷҷатдорӣ ва корбарӣ дар китобхона тибқи талабот ба роҳ монда шуда, рафти аъзошавии донишҷӯён ва омӯзгорон мунтазам аз тарафи маъмурият назорат карда мешавад.

Барои баланд бардоштани сифати таълим ва тафаккури донишҷӯён дар таълимгоҳ диққати махсус зоҳир карда мешавад. Ҳамасола таълимгоҳ базаҳои моддӣ-техникии худро ғанитар мегардонад.

Тибқи шартнома дар беморхонаи марказии шаҳр, дар беморхонаи шаҳрии сироятӣ, шуъбаҳои ҷарроҳӣ, бемориҳои дарунӣ, гӯшу гулӯ ва бинӣ, бемориҳои пӯст, таваллудхона, Марказии саломатии шаҳр, беморхонаи шаҳраки Пахтаобод, Беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳринав ва клиникаҳои шахсӣ ҳамагӣ 32 синфхона ҳамчун утоқи таълимӣ ҷудо карда шудааст. Дар ин утоқҳо асосан дарсҳои таҷрибавӣ гузаронида мешаванд.

Дар таълимгоҳ кабинети методӣ фаъолият мекунад, ки омӯзгорон дар ҳамкорӣ бо кабинети мазкур тамоми ҳуҷҷатдорӣ ва коргузориро тибқи талабот ба роҳ мондаанд. Раванди таълим аз тарафи шуъбаи таълим ва услубшинос мувофиқи нақшаи тасдиқгардида мунтазам назорат карда мешавад. Услубшинос дар ҳамкорӣ бо мудирони кафедраҳои таълимӣ, роҳбарони комиссияҳои назоратӣ, деканони факултаҳо дарсҳои назариявии омӯзгоронро дар асоси нақшаи тасдиқгардида ҳамаҷониба таҳлил намуда, натиҷаи онро дар Шӯрои илмӣ-омӯзгорӣ баррасӣ менамоянд. Мутахассисони ҷавон барои омӯхтани методи корбарӣ ва ҷорӣ намудан аз усулҳои нави муосир ва иноватсия дар дарсҳо ба омӯзгорони соҳибтаҷриба вобаста карда шудаанд. Ҳафтаҳои фаннӣ ва дарсҳои кушод мувофиқи нақша гузаронида мешаванд, ки дар онҳо методҳои таълимӣ, маводҳои методӣ, методи истифодаи воситаҳои техникӣ ва аёнӣ, методӣ намоиши таҷриба, ҷамъоварии ҳамаи усулҳои кор дар давоми солҳо ва методи кори лабораторӣ нишон дода мешавад.

Дар таълимгоҳ Бахши идоракунии сифати таҳсилот фаъолият менамояд, ки ҳамчун сардори бахш омӯзгори фанни таърих Шарипов З. таъин карда шудааст. Бояд гуфт, ки тибқи нақшаи корӣ дар ҳар се моҳ мониторинги фанҳои таълимӣ гузаронида мешавад, ки бо воситаи он сатҳи сифати таълим муайян карда мешавад. Ҳамчунин, барои ҷоннок намудани фаъолияти касбӣ аз тарафи бахши мазкур ҷадвали таҳия ва нашри мақолаҳо ва дастурамалу китобҳои методӣ аз ҷониби омӯзгорон ташкил карда шудааст.

Бояд қайд намуд, ки дар коллеҷ нуҳ кафедраи фаннӣ – кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ”, кафедраи “Фанҳои тиббӣ-биологӣ”, кафедраи “Кори ҳамширагӣ”, кафедраи “Кори фарматсевтӣ ва кимиё”, кафедраи “Фанҳои умумитиббӣ”, кафедраи “Фанҳои морфологӣ ва кори дандонсозӣ”, кафедраи “Забонҳо”, кафедраи “Варзиш ва мудофиаи шаҳрвандӣ” ва “Фанҳои дақиқ ва риёзӣ” фаъолият доранд. Кафедраҳои мазкур дар асоси нақшаҳои корӣ ва тибқи супориш мунтазам фанҳои таълимӣ ва ҷараёни таълимро назорат менамоянд. Натиҷаи фаъолияти кафедраҳои фаннӣ дар ҷаласаҳои назди директор ва муовини директор баррасӣ мегардад.

Бо мақсади ҷоннок намудани фаъолияти кафедраҳои фаннӣ ва баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён тибқи нақшаи кории шуъбаи таълим байни кафедраҳои фаннӣ конференсия ва семинарҳои омӯзишӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, дар моҳи феврал аз тарафи кафедраи “Фанҳои морфологӣ ва кори дандонсозӣ” семинари омӯзишӣ таҳти унвони “Анатомия ва физиология таҳкурсии илми тиб аст”, дар моҳи март аз ҷониби кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ” конференсияи илмӣ таҳти унвони “Наврӯз – ҷашни таърихиву фарҳангии миллати тоҷик” ва моҳи сентябр конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Истиқлолият – орзуву ормони ҳазорсолаи халқи тоҷик”, дар моҳи апрел бо ташаббуси кафедраи “Забонҳо” конференсияҳои илмӣ-адабӣ таҳти унвони “С. Айнӣ – барҷастатарин адиби муосир”, “Мирзо Турсунзода – вассофи сулҳу дустӣ”, аз тарафи кафедраи “Кори фарматсевтӣ ва кимиё” конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Нақши химия дар ҳаёти ҷомеа”, дар моҳи май бо иштироки омӯзгорони кафедраи “Кори ҳамширагӣ” ва кафедраи “Фанҳои умумитиббӣ” озмуни “Ҳамшираи беҳтарин” ва семинар-омӯзиш таҳти унвони “Нақши ҳамшираи тиб дар гузаронидани иммунизатсия” гузаронида шудааст.

Дар асоси натиҷаи ниҳоии даври сеюми озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» донишҷӯён Муминова Зулфия аз фанни химия ҷои дуюм ва  Бадалова Гулмира аз фанни биология ҷойи сеюмро сазовор гаштаанд.

Бояд қайд намуд, ки рӯзҳои 20-21-уми майи соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” озмуни фанҳои таълимӣ баргузор гардидааст, ки дар он донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода иштирок намуда, бо ифтихорнома ва сипосномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарафроз гардонида шудаанд.

Қобили қайд аст, ки тибқи фармоиши директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми июни соли 2021 таҳти №322, рӯзҳои 2-8-уми июни соли равон муассиса аз аттестатсияи санҷишӣ гузаронида шудааст.

Бо мақсади санҷиши савияи дониши хатмкунандагон ва ба онҳо додани ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилот ва ихтисос дар соли ҷорӣ бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми январи соли 2021 таҳти №124 ва фармоиши директори Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода аз 1-уми апрели соли 2021 таҳти №1 Қосимов Зайниддин – номзади илмҳои тиб, мудири кафедраи анестезиология ва реаниматологияи Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ихтисоси 2-790131 – кори ҳамширагӣ (дар гуруҳҳои заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ), Назаров Бобоназар – номзади илмҳои тиб, мудири шуъбаи бемориҳои дарунии Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои касбӣ, дар ихтисоси 2-790131 – кори ҳамширагӣ (дар гуруҳҳои заминаи таҳсилоти миёнаи асосӣ), Одинаев Умаралӣ – директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Турсунзода, дар ихтисосҳои 2-790103 – кори тиббию профилактикӣ, 2-790104 – кори тиббию ташхисӣ, 2-790133 – кори дандонсозӣ, Саидова Муҳаббат – номзади илмҳои фарматсевтӣ, мудири кафедраи фарматсияи Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи миллии Тоҷикистон», дар ихтисоси 2-790108 – кори фарматсевтӣ, Арабова Солора – номзади илмҳои тиб, ходими илмии Пажуҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон, дар ихтисоси 2-790102 – кори момодоягӣ ҳамчун раисони комиссияи аттестатсияи давлатии хатм таъин карда шуда буданд. Тибқи ҷадвали таҳиягардида аз 15.06 то 07.07.2021 аттестатсияи давлатии хатм барои хатмкунандагони ихтисосҳои кори тиббию ташхисӣ, кори тиббию профилактикӣ, кори момодоягӣ, кори ҳамширагӣ (дар заминаи таҳсилоти миёнаи асосӣ ва умумӣ), кори фарматсевтӣ, кори дандонсозӣ гузаронида шудааст. Дар соли таҳсили 2020-2021 муассисаро 694 нафар аз рӯи ихтисосҳои амалкунанда хатм намудаанд. Аз шумораи умумӣ 19 нафар бо дипломи аъло ва 675 нафар бо дипломи муқаррарӣ хатм кардаанд.

Ҳамчунин, аз рӯи ихтисосҳои зикргардида 2347 нафар донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шуда, аз ин шумора 812 нафар тариқи буҷавӣ ва 1535 нафар тариқи шартномавӣ таҳсил мекунанд. Дар таълимгоҳ имрӯз 106 нафар омӯзгорон ва духтурони соҳибтаҷриба ҳамчун омӯзгори асосӣ ва 72 нафар ҳамчун омӯзгори ҳамкор кору фаъолият менамоянд, ки аз инҳо 79 нафар соҳиби маълумоти олии тиббӣ, 89 нафар соҳиби маълумоти олии омӯзгорӣ, 10 нафар соҳиби маълумоти миёнаи махсус мебошанд. 10 нафар дорандаи унвони соҳавии “Аълочии маорифи Тоҷикистон”, 7 нафар дорандаи унвони “Аълочии тандурустии Тоҷикистон”, 5 нафар номзади илмҳои тиб ва филология мебошанд.

Дар асоси нақшаи корӣ ва тибқи нақшаи дурнамои коллеҷ 32 нафар омӯзгорон курси такмили ихтисосро дар Муассисаи давлатии “Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф” гузашта, 10 нафар барои гузаштан аз такмили ихтисос ба Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда шудаанд. Тибқи нақшаи кории солона дар моҳи оянда ба такмили ихтисоси тахассусӣ фиристондани 10 нафар омӯзгор ба нақша гирифта шудааст.

Бахшида ба иди касбии табибон дар муассиса ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исуфи С. Ҷ. гузаронида ва ба чор нафар омӯзгорони соҳибтаҷриба унвони “Аълочии тандурустии Тоҷикистон”, ба 1 нафар ифтихорномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои муассиса бахшида ба Рӯзи дониш корҳои ободониву ҳашари дастҷамъона гузаронида шуда, рӯзи 8-уми сентябри соли ҷорӣ тамоми донишҷӯён ва аҳли кормандон дар чорабинии фарҳангии шаҳрӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намудаанд.

Қобили қайд аст, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассиса як қатор корҳои ободонӣ ба сомон расонида шудаанд. Аз ҷумла, ҳар рӯзи шанбе ҳашари дастҷамъона бо кормандон ва донишҷӯёни коллеҷ барои тоза намудани гирду атрофи муассиса ва инчунин дар минтақаҳои вобасташудаи шаҳр ташкил карда шудааст. Дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ тамоми гирду атрофи муассиса аз партовҳо, хору буттаҳои қоқшуда тоза карда шуда, корҳои тозагӣ ба сомон расонида шудаанд. Вобаста ба ин дар атрофи қитъаи замини ҷудошуда арча ва ниҳолҳои мевадиҳанда, зиёда аз 4000 адад қаламчаи гулҳои садбарг ва дигар гулҳои ороишӣ шинонда шудааст.

Ба гуфтаи директори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода» муҳтарам Муродов М. Ҷ., “дар самти тарбиявӣ дар давоми нуҳ моҳ як қатор корҳо анҷом дода шуда, масъулин барои пешбурди фаъолияти пурсамар мунтазам кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Аз ҷумла, Консепсияи миллии тарбия, ки сиёсати қонунӣ ва дурнамои давлатро дар соҳаи тарбияи миллии оммаи васеи аҳолӣ, махсусан насли наврас ва ҷавонон муайян месозад, сармашқи кори ҳамарӯзаи маъмурият ва омӯзгорони коллеҷ ба шумор меравад. Бинобар ҳамин, нақшаи чорабинии умумии коллеҷ оид ба корҳои тарбиявӣ бо нақшаи чорабинии роҳбарони гуруҳҳои амалкунанда дар асоси Консепсияи миллии тарбия ба роҳ монда шудааст”.

– Қайд намудан бамаврид аст, ки оид ба татбиқ ва амалӣ намудани Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои таълимгоҳ таҳия шуда, барои амалӣ намудани он як қатор корҳо ба сомон расонида шуд. Аз ҷумла, дар таърихи 4-уми феврали соли 2021 ҷамъомади умумии омӯзгорон ва донишҷӯён гузаронида шуд, ки дар он муҳтавои Паёми навбатӣ баррасӣ гардид,- афзуд ӯ.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь