Аввалин империяи ҷаҳон империяи Хоҳоманишӣ буд. Ниёгони мо аз ҳама пеш империя сохтанд. Дар идораи инфрасохтори он мудирот донишҳои нав ва дар гузашта таҷрибанадоштаро истифода мебурд. Садсолаҳо фаъолияти империя аз корбарии мудирияти мувофиқ буд. Аз ин рӯ, дар олам аввалин менеҷерони муваффақ гузаштагони мо тоҷикон будаанд.

Дар империяи инглис ҳеҷ вақт офтоб наменишаст ва сабаби устувории он дар корбарӣ (менеҷментӣ)–и дуруст буд. Империяи Шӯравӣ дар муддати кӯтоҳ пош хӯрд, чунки дар охир корбарони беҳавсала мудирият мекарданд.

Чунин аст воқеати ҳол: барои парвози металл дар осмон қонуни аэродинамикаро бояд донист, дар табобати беморӣ раванди сиҳатшавиро бо илми тиб идора мебояд кард, биноҳои осмонбӯс бо риояи нозукиҳои илми геометрия, қонунҳои физикӣ ва алгоритмҳои математикӣ рост меистанд.

Идораи кору фаъолияти одамон низ илми худро дорост ва онро дар замони муосир менеджмент (ингл. Management – назорат, системаи идоракунӣ, корбарӣ) – илм дар бораи идоракунии захираҳои корхона ва дигар сохторҳо бо воситаи маъмурияти корӣ буда, талаботи ҳозираи ҷомеаи имрӯза мебошад. Барои дуруст бурдани кор, натиҷагирии фаъолият, истифодаи максималии иқтидори зеҳнии кормандон, тақсимоти дурусти захираҳои моддиву техникӣ, баҳодиҳии дурусти вазъият, ҳосилнокии истеҳсолот, рақобати солим ва мутобиқгардонӣ ба талаботҳои муосир корбарии воқеӣ лозим аст.

Ҳамин тавр, менеҷмент маҷмӯи технологияҳои муосир барои идоракунии кору фаъолияти корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо буда, мақсади он баланд бардоштани самаранокии кор мебошад. Дар менеҷмент раванди фаъолият ба нуқтаи натиҷаи интизормешуда бурда шуда, барои он равиш бо усулу воситаҳои дар ихтиёрбуда идора мешавад, ки маҳсули бадастомада бо натиҷаи интизорӣ баробар бошад.

Корбарӣ ё менеҷмент таърихи таҳаввулотӣ (эволютсионӣ)-и худро дорад. Он ба 4 давра тақсим мешавад: ҷамъияти ибтидоӣ, ғуломдорӣ, феодалӣ, саноатӣ ва иттилоотӣ.
Дар ҷамъияти ибтидоӣ “алфа-нарина” – сардори қабила назорати фаъолияти гурӯҳи худро мебурд ва тақсими меҳнатро аз мавқеъи ишғолкардаи аъзоёни тим муайян намуда, худ раванди иҷроиши онро идора мекард. Дар ҷамъияти одамони ибтидоӣ бо назардошти хоҳиши сардор қувваи ҷисмӣ бе маҳдудият истифода бурда мешуд ва ин давраро “корбарии ҷисмӣ” номидан мумкин аст, ки ҳар вайронкунии қоидаҳои аз тарафи сардор муайяншуда қоидавайронкунро ҷисман ҷазо медоданд. Дарди ҷисмӣ “хати сурх”-и қоидаҳои ҷамъияти ибтидоӣ буд. Чун даргириҳои байниқабилавӣ асирон пайдо шуданд, онҳо қисми корҳои ҷисмонии қабилаи ғолибро ба дӯш мегирифтанд. Барои назорати кори асирон сардорони қабилаҳо мутасаддӣ таъин менамуданд ва онҳо аввалин корбарони сардорон буданд, ки ӯҳдадории назорати асиронро ба дӯш доштанд. Ин раванди таърихӣ ба ташаккули ҷамъияти ғуломдорӣ оварда расонд ва барои назорати миқдори зиёди ғуломон зарурати пайдошавии системаи идоравӣ пеш омад ва ҳисобу китоб кардан ва посбонӣ намудани ғуломон лозим шуд.

Дар ҷамъияти ғуломдорӣ қоидаҳо ба қонун мубаддал гаштанд ва ғуломдорон ғуломонро ба ғайр аз ҷазои ҷисмӣ бо эҳсоси тарс ҳам идора мекарданд; ҷазоҳоро дар шакли оммавӣ, яъне дар байни мардум мегузарониданд, то эҳсоси тарс сабаби дурустрафтории ғуломон шавад. “Хати сурх”-и қонунияти давраи ғуломдорӣ эҳсоси тарс буд ва ин давраро дар таърихи менеҷментӣ “давраи эҳсосӣ” номидан мумкин аст. Аз ҳисоби бисёрии ғуломон мудирияти онҳо чунин буд: аз байни ғуломон бақувваттарини онҳоро сардор монда, дар баробари худ ӯ корбари озоди аз тарафи ғуломдор интихобшударо итоат мекард. Ба ғайр аз ин, барои сарфаҳм рафтани хароҷоту даромади моддии ғуломондорон дар нигоҳубини ғуломон ҳисобчиёни аввалин пайдо шуданд, ки бо иероглифҳо ҳисобу китоб мекарданд. Аҷибаш он ки солҳои охир дар замони мо баргаштан ба иероглиф бо намуди “смайлик” ба назар мерасад, ки хело тааҷҷубовар аст.

Шӯришҳои барзиёди ғуломон ва осебпазир будани ҷомеаи ғуломдорӣ аз тарафи онҳо, ашрофони он замонро маҷбур сохт, ки реформаи ҷомеа гузаронанд ва диди худро нисбати зердастон иваз намуда, барои онҳо имконоти барои худ пайдо намудани хӯрока ва кор кардан, барои худ гирифтани фоизи муайяни даромад аз заминро иҷозат диҳанд. Ҳамин тавр, заминаҳо барои гузариш ба давраи феодалӣ пайдо шуданд.

Раванди гузариш аз ҷамъияти ғуломдорӣ ба феодалиро дар Осиёи марказӣ ва Шарқи миёна давлати Сомониён тезонид. Сабаб он буд, ки дар замони Сомониён мафҳуми “инсон” ва “инсонпарварӣ” (гумманизм) аз тарафи шоирону мутафаккирон дар шуури ҷомеаи онвақта ворид карда шуда буд ва онҳо ба ғуломон бо назари хирад нигариста, “мақоми одамӣ”-ро медоданд. Барои мисол, Маликушшуаро, сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс – Абуабдуллоҳи Рудакӣ чунин менависад:

Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ,

Бар кӯру кар-ар нуқта нагирӣ, мардӣ.

Мардӣ набувад фитодаро пой задан,

Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.

Ҳамин тавр, менеҷерони гузариш аз давраи ғуломдорӣ ба давраи феодалӣ аз миллати тоҷик буданд.

Тоҷикон аз аввал мардуми меҳнатдӯст ва кордӯст буданд. Аз аввал чӣ ботинан ва чӣ зоҳиран шахсияти пешрафтаи замон ба шумор мерафтанд. Хату савод доштанд, аз илмҳои замон бохабар буданд, мадрасаҳову китобхонаҳо доштанд ва ин шароитҳоро давлати Сомониён таъмин намуда буд. Доим дар саллаи сари зебои худ, ки бо нигин ороста мешуд, пари хатнавис мехалонданд. Ин образро рассомони он замонҳо намунаи одами муосири замон тасвир мекарданд: чеҳраи ҷиддии корӣ, саллаи сафеди ченак дар сар, қалами парии ба як тараф тобхӯрда ва дар нигини салла халонда, либоси тозаи шинам дар бар, аспи тозӣ зери пой…

Тоҷикон дар идораи давраи рушди феодалии Осиёи марказӣ ва Шарқи миёна нақши калидӣ бозиданд. Муносибатҳои дипломатӣ, тиҷоратӣ, логистикаи байни давлатҳо ва дигар муносибатҳои байни империяи арабро бо бодиянишинони саҳроӣ ва Чину Мочин тоҷирони тоҷик идора мекарданд ва дар нигоҳдории равобити “Роҳи абрешим” нақши муҳим мебозиданд. Ин давраи таърихии инкишофи менеҷериро давраи “менеҷерии ақлгарона” номидан мумкин аст, ки ба ин равиш бо диди илму савод менигаристанд, барои беҳбудии корбарӣ назарияҳои оқилона пешниҳод менамуданд ва ба ғуломон ҳамчун “одам” муносибат карданро дар ҷомеаи он замон талқин менамуданд, ки принтсипи гуманизмро асос мегузошт. Хати сурхи давраи феодалӣ қонунияти мантиқ буд.

Баъди аз байн рафтани давлати Сомониён ҳам системаи менеҷерии тоҷикон барои ғосибон кор мекард ва ба онҳо баҳри аз нестӣ эмин нигоҳ доштани миллати тоҷик қонунҳои инсонӣ, иҷтимоӣ ва давлатдориро навишта, китобат мекарданд ва ҳамин тавр, ҳокимони даврро ба риояи адолати иҷтимоӣ водор месохтанд:

– “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ (940-1020)

– “Сиёсатнома”-и Низомулмулки Тусӣ (1018-1092)

– “Қобуснома”-и Унсурмаолии Кайковус (1021-1087)

– “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ (1207-1273)

– “Хирадномаи Искандарӣ” – и Абдураҳмони Ҷомӣ (1414 – 1492)

– “Футувватномаи султонӣ”-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ (1420 -1505) ва ғайра. Бо эҷодиёти худ тоҷикон як давраи таърихиро пеш бурданд ва корбарии дурустро роҳандозӣ намуданд. Шогирдони тоҷикон – халқҳои ба Шарқи миёна омада он чиро, ки аз худ карданд, истифода бурданд: давлатҳо сохтанд, адолат барпо намуданд, вале “чандирии иҷтимоӣ”-ро ёд нагирифтанд ва саривақт ба талаботҳои иҷтимоӣ вокуниш нишон дода натавонистанд. Аз ӯҳдаи менеҷерӣ набаромаданд. Кӯшишҳои корбари воқеии асри ХIХ, олими барҷастаи тоҷик Аҳмади Дониш аз тарафи ҳокимони замон ба назар гирифта нашуданд. Ин сабаб ҷомеаи бунёди онҳо рӯ ба карахтӣ ниҳод ва аз тарафи давлатҳои пешрафта ғасб шуданд.
Давраи саноатии инкишофи менеҷерӣ фаро расид. Барои коргарон шароити корӣ фароҳам овардан лозим буд. Заводу фабрикаҳо ба коргарони тахассуснок ниёз дошт ва зарурати саводи касбӣ пайдо шуд. Омӯзиш, таъмини хона, додани маош, хизматрасонии тиббӣ, маишӣ ва назорати сифатнокии кор, ҳамаи ин аз менеҷерони давраи саноатӣ донишҳои нав талаб мекард. Ба ғайр аз ин, менеҷерон дар кор ба муносибати системавӣ рӯ ба рӯ шуданд, ки аз онҳо баҳодиҳии воқеии касбиятнокии коргаронро талаб мекард. Дар ин маврид менеҷер бояд имконоти қудратии ниҳонии косибро муайян намуда, тақсимоти меҳнатро дуруст ҷобаҷо мегузошт.

Дар давраи “менеҷерии иҷтимоӣ” корхона ё муассиса ҷойи худро дар системаи иҷтимоӣ ёфта, бо дигар соҳаҳои ҷамъият ҳамоҳангӣ кунад ва аҳамияти иҷтимоии худро нишон дода, аз дастовардҳои илму техника бохабар мебошад ва ба талаботҳои замон тез вокуниш нишон медиҳад. Акнун фаъолият дар танзими давлат қарор дошта, бо қонуну фармоишҳо идора мешавад ва тасмими идоракунӣ аз ҷониби Ҳукумат қабул мешавад. Бо инкишофи технологияи рақамӣ зарурати идораи иттило бо амалиётҳои математикӣ пеш омад. Мантиқи математикӣ – алгоритм имконоти идораи равандҳои фаъолияти кориро марҳила ба марҳила ҳисоб карда, омилҳои хавфдор ва фоиданокро пешбинӣ менамояд. Аз ин ҳисоб равиши мудирият шаффоф мегардад. Дар ин давра менеҷерӣ ба касб мубаддал шуда, соҳиби донишкада ва донишгоҳҳо шуд.

Ҳамин тавр, дар замони муосир менеҷерӣ яке аз усулҳои натиҷабахши корбарии раванди ҷомеаи имрӯзаи башарият ба ҳисоб рафта, дуруст истифода набурдани он истодагарии рақобатиро дар майдони тараққиёти навин заиф мегардонад.
Имрӯзҳо менеҷерӣ дар ҳама самтҳои ҷомеаи муосир фаъолият дорад. Яке аз самтҳои он дар соҳаи тандурустист.

Менеҷментӣ дар соҳаи тандурустӣ ин илмест, ки идора, танзим ва назорати молия ва захираҳои моддиву меҳнатии ин соҳаро дар бар гирифта, мақсади он бо назардошти захираҳои мавҷуда паст намудани талафоти ҷомеа аз беморӣ, маъюбӣ ва фавти аҳолӣ мебошад.
Яке аз мақсадҳои менеҷментӣ дар соҳаи тандурустӣ мутобиқ ва мувофиқ намудани фаъолият ва ташаккули системаи хизматрасонии тиббиву санитарии муассиса ба мақсадҳои дарпешмонда мебошад.

Дар баъзе корхонаҳо, ки аз рӯи нақша фаъолияти садфоиза доранд, аксар вақт мутлақияти он “чандирии иҷтимоӣ”-и муассисаҳоро барои вокуниши саривақтӣ ба воқеаҳои ногаҳонӣ номувофиқ гардонда, расидан ба мақсадҳои дар пешистодаро мушкил мегардонад ва монеаҳои зиёди соҳавӣ эҷод шуда, аз дастовардҳои илмиву техникӣ пурра истифода бурда наметавонад.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тайёр намудани кадрҳои дар самти менеҷмент таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунад. Дар Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кафедраи “Сиҳатии ҷомеа, иқтисод, идороти тандурустӣ бо курси омори тиббӣ” роҳбарони муассисаҳои тиббӣ ва самти идораи тандурустӣ курсҳои махсуси менеҷмент мехонанд, ки мо ҳам шунавандаи он ҳастем ва дар муддати кӯтоҳ аз донишҳои он баҳравар шудем. Ин мақола натиҷаи гузаштани курсҳои омӯзишии фанни менеҷмент мебошад. Омӯзиши он ба дарки он овард, ки миллати тоҷик дар ташаккули илми идорот (менеҷментӣ)-и ҷаҳонӣ дасти азиме доштааст. Кадом илм аст, ки хиради тоҷик парвоз накарда бошад. Ирсияти интеллектуалии мо башариятро ба коинот мебарад, агар бо нерӯи илм аз ғайрифаъол ба ҳолати фаъол гузарад. Чунин аст воқеати ҳоли мавқеи башарии миллати тоҷик.

Мо ба ҳайси менеҷер дар Шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббиву санитарии шаҳри Ҳисор фаъолият менамоем, ки системаи хизматрасонии тиббиву санитарии он мувофиқи нақшаҳои тасдиқшуда ва мақсадҳои дар пешмонда амал менамояд ва вазифаҳои приоритетии худро ҳуҷҷатгузории дуруст, гардиши ҳавлигӣ, дарёфти саривақтии беморон, бақайдгирии онҳо, табобати амбулаторӣ, назорати рафти табобат, ҳамоҳангии табобати беморон бо беморхонаҳо, назорати занони ҳомиладор, фарогирии эмгузаронии кӯдакону наврасон, диспансеризатсия, солимгардонӣ, таъмини муассисаҳои тиббӣ аз таҷҳизоти техникӣ, сохтмони биноҳои нави тиббӣ, ҳамкорӣ бо шарикони рушд, ҷалби маблағ барои рушди фаъолият ва умуман, идораи ҳолати саломатии сокинони шаҳри Ҳисор ва таъмини инрасохтории он меҳисобем.

Бо захираҳои мавҷудаи дар ихтиёрбуда сатҳи хизматрасонии тиббиву санитарии сокинонро то 85% расонидаем.

Зери шиори “Хизматрасонии сатҳи шаҳрӣ” дар ҳудуди шаҳри Ҳисор тавонистем инфрасохтори хизматрасонии марказҳои саломатиро бозсозӣ намоем. Бо дастгирии шарикони рушд зиёда 20 муассисаи тиббӣ таъмири капиталӣ шуданд ва як МСД (МСД Суғдиён) бо бино ва таҷҳизотҳои нав таъмин гашта, 10 биноҳои Бунгоҳҳои саломатӣ ва нуқтаҳои тиббӣ бо тамоми таҷҳизоти тиббӣ ва маишӣ сохта ба истифода дода шуданд. Қариб ҳама биноҳои тиббӣ бо таҷҳизотҳои тиббӣ ва маишӣ, аз ҷумла бо компютерҳо, яхдонҳо, кондитсионерҳо, обгармкунакҳо ва телевизорҳо таъминанд.

Дар бинои маркази саломатии шаҳрии шаҳри Ҳисор таъмири пурра гузаронида шуд. Он ки солиёни зиёд оби ҷорӣ надошт, аз оби равон, трансформатори нави ноқили сурх, гармидиҳии барқӣ, обгармкунакҳо, кондитсионерҳо, телевизорҳо, компютерҳо ва баландгӯяк таъмин шуд, ки ҳоло шакли бинои хизматрасонии тиббии сатҳи шаҳриро гирифтааст. Табибон ва кормандони миёнаи тиб доимо аз курсҳои такмили ихтисос гузашта, пайваста сатҳи дараҷанокии дониши худро боло мебардоранд. Системаи идороти муассисаҳои тиббии шаҳри Ҳисор бо усули командавӣ-регулятивӣ фаъолият намуда, бо дигар муассисаҳои тиббиву соҳавӣ ва зинаҳо идоравӣ кори худро ҳамоҳанг мекунад. Стратегияи маркази саломатӣ, ки идора ва назорати ҳолати саломатии мардуми ҳудуди шаҳри Ҳисорро мақсад дорад, бо усули тактикиву нақшавии пайдарҳам бо корбарии дурусти масъулон ба даст хоҳад омад.  Дар баробари пешравиҳо мушкилоти корие мавҷуданд, ки ҳалли қатъии худро талаб мекунанд.

Яке аз ин мушкилиҳои ҳалталаб “ташаккули табиби тафаккури иҷтимоидошта” мебошад. Ҳарчанд табибон тафаккури клиникиву касбӣ доранд, вале таффакури иҷтимоӣ ӯро масъулиятшинос намуда, соҳиби андешаи васеи ҷамъиятӣ мегардонад. Созмони табиби соҳибтафаккур, ки андешаи ӯ аз афкори ҷомеа дур нест, вазифаест ҳарчанд мушкил, вале дар ояндаи наздик ҳалшаванда.

Чунин табиб дар солимии мардум шавқманд буда, худро ҷузви ҷудонашавандаи рушди ҷомеа меҳисобад. Виҷдон ҳакам ва назоратчии ӯст. Дар муносибат бо ниёзмандон меҳрубон ва бо ҳамкорон бомаслиҳат аст. Вақти кориро ба кор дода, вазифаҳои дар пешистодаашро саривақт иҷро мекунад. Ихтисоси худро доим такмил дода, пайваста дараҷанокии касбии худро баланд мебардорад. Аз дастовардҳои илми тибби ҷаҳонӣ бохабар буда, донишҳои навро дар мувофиқа бо олимони тиб дар кори ҳаррӯзаи худ истифода мебарад. Чунин табиб, табиби универсалист.

Масъалаи дигари ҳалталаб ин маърифати тиббии сокинони шаҳри Ҳисор аст. Дар ҳақиқат маърифати тиббии мардуми Ҳисор дар сатҳи хуб қарор дошта, робитаи байни табибон ва аҳолӣ ба ҳамдигар манфиатовар аст, вале беҳтар намудани он ба баланд шудани сатҳи саломатии мардум оварда мерасонад, ки саривақт ба табиб муроҷиат намудан ва аз муоинаи тиббии давравӣ гузаштан омили муҳими пешгирии бемориҳо ва оризаҳои он мебошад. Ин аст шуури тиббии афкори ҷомеаи навини мо.

Ҳамин тавр, мардум қисме аз тафаккури худро барои нигоҳдории саломатии худ сарф мекунанд ва ташаккули шуури тиббӣ пурра мегардад.

Албатта, дар тарғиботу афзалиятнокии донишҳои тиббиву санитарӣ воситаи ахбори омма (ВАО) муҳим мебошад ва дар ин самт корро ҷоннок намудан ва иттилооти лозимии тиббиро саривақт ба мардум расонидан ҳалли бисёр масъалаҳои самти тандурустист, ки соҳибиттилоотии тиббии одамон кӯмаки дуҷониба барои ҳалли мушкилиҳои ин соҳа мебошад.
Идороти системаи ШМ КАТС-и шаҳри Ҳисор дар давраи гузариш ба идораи рақамӣ қарор дорад ва барои ин бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ва Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор заминаҳо фароҳам оварда шуда истодаанд. Дар ҳолати гузариш ба идороти рақамӣ вазъи солимии сокинон беҳтар шуда, саривақт кӯмаки тиббиву санитарӣ расонида мешавад.

Дар амаликунонии ин ниятҳо, мо барои ҳамкорӣ шахсиятҳои шинохтаи водии Ҳисор, зиёиён, тоҷирони муваффақ ва дӯстдорони илми тибро даъват мекунем, ки метавонанд дар сиҳатии ҷомеа саҳми худро гузоранд.

Аз ҳама азиз ва қадрнок барои одам саломатист. Дар меъмории солимии мардум даст доштан ҳам савоб асту ҳам баракат.

Кабиров Маҳмуд,

менеҷери ШМ КАТС-и шаҳри Ҳисор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь