Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Муассисаи Давлатии Маркази саломатии шаҳрии 1 шаҳри Душанбе хабарнигори МТЖТ бо директори муассисаи мазкур Юсупова Дилшода суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Мавсуф дар оғози суҳбат изҳор дошт, ки соҳаи тандурустӣ дар ҳаёти ҷомеа нақши калидӣ дорад ва тавре Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд, роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст бо мақсади беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои тиббӣ, доир ба дастгирии мутахассисони ҷавон, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони соҳа ва рушди истеҳсоли доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ тадбирҳои мушаххас андешанд. Роҳбарияти вазорат ҳамчунин вазифадор карда шуд, ки барои таъмин намудани аҳолӣ ба хизматрасониҳои баландихтисос ва махсусгардонидашуда, ҷиҳати ворид намудани усулҳои муосири ташхису табобат ва технологияҳои инноватсионӣ чораҳои заруриро амалӣ намоянд ва барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, аз ҷумла мутахассисони бемориҳои сироятӣ, вирусшиносҳо ва рушди саноати дорусозӣ бояд тадбирҳои ҷиддӣ ва қатъӣ андешида шаванд.

Ва боварии комил дорам, ки соҳаи тандурустӣ беш аз пеш дар кишвар рушд хоҳад кард, зеро фазои созандаву бунёдкорро Пешвои муаззами миллат барои ҳамагуна соҳаҳо фароҳам овардаанд ва ин ба мо имкон медиҳанд, ки соҳаи хешро рушд диҳем. Зимнан, бояд бигӯям, ки дар пеш Ҷашни Истиқлол дорем ва аз ин минбари шумо истифода карда, сокинони кишвари азизамонро муборакбод мегӯям ва таманнои онро мекунам, ки Истиқлоли кишварамон пояндаву ҷовидон бод!

Юсупова Дилшода қайд кард, ки Муассисаи Давлатии “Маркази саломатии шаҳрии №1” шаҳри Душанбе ҳамчун муассисаи тандурусти мустақилона аз соли 1975 фаъолияти худро оғоз намудааст.

Марказ дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин зерсохтори Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буда, баҳри баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, пешгирии бемориҳо, ташхис ва муолиҷаи беморон, иҷроиши барномаҳои миллию соҳавӣ, паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва ҷобаҷогузории мутахассисон равона карда шудааст.

Марказ ба 192102-нафар аҳоли кӯмаки аввалияи хизмати тиббию профилактики мерасонад.

Дар ҳудуди хизматрасонии Марказ 5-муассисаҳои томактабӣ, 12-мактабҳои таҳсилоти умумӣ, 1-интернат №1, 1 маркази Чароғи ҳидоят ва 1Донишгоҳ олӣ фаолият дорад, ки дар байнт онҳо мунтазам корҳои прафилактики-табобати гузаронида мешавад. Ҳаҷми хизматрасонии марказ аз 2461,5 м2 иборат буда радиуси хизматрасони маҳаллаи дуртарин маҳаллаҳои Шайнак ва Чимтеппа мебошанд, ки аз ҳисоби ноҳияи Рӯдакӣ ба шаҳри Душанбе ворид гаштаанд.

Барномаи миллии мубориза бар зидди сирояти ВНМО ва БПНМ

Бо мақсади амали намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 27 –уми феврали соли 2021 тахти № 50 дар бораи “Барномаи милли оид ба муқовимат бар зидди эпидемияи вируси норасогии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” паст намудани суръати паҳншавии сирояти ВНМО бо роҳи таъмини дастрасии умумии аҳолӣ, пешгирӣ, муолиҷа, нигоҳубин ва дастгирӣ, инчунин мусоидат намудан ҷиҳати татбиқи барномаву чорабиниҳои давлатӣ дар ин соҳа, дар МД “ МСШ №10” корҳои зерин ба анҷом расиданд:

Дар раванди татбиқи  барномаи  ислоҳоти соҳаи тандурустӣ  ва сохтори кӯмаки аввалияи  тиббию-санитарӣ татбиқ намудани дигар барномаҳои миллӣ, соҳавӣ, аз ҷумла: барномаи Ташаккули тарзи ҳаёти солим, барномаи Пешгирии аҳолӣ аз бемории ВНМО (ВИЧ/СПИД), Дурнамои  ҲБК, барномаи миллии иммунопрофилактикӣ, барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, барномаи фарбеҳӣ ва ғизои солим, барномаи миллии пешгирии аҳолӣ аз нашъамандӣ, барномаи миллӣ оиди солимии репродуктивӣ дар байни занони қобили таваллуд ва иҷрои дигар барномаҳои ғайрисоҳавӣ зери назорати роҳбарият қарор дорад.

Духтурони оилавӣ ва ҳамшираҳои тиббӣ- оилавӣ бо ҳамкорӣ бо табибони шӯъбаи машварати ҷавонон, мутасадии тарзи ҳаёти солим, наврасон ва сироятшинос дар байни сокинони маҳалаҳои зист оид ба ин мавзӯъ, паҳншавӣ ва пешгирии он семинар ва суҳбатҳо мунтазам мегузаронанд.

Дар муассиса ҳуҷраи маслиҳатдиҳии пеш аз тестӣ ва баъди тестӣ дар ШТМЧ оид ба ВНМО ва БПНМ мавҷуд аст, инчунин аз моҳи июни соли 2017 ҳуҷраи махсусгардонидашуда барои хизматрасониҳои иҷтимои барои кӯдакони мубталои бемории ВНМО фаъолият дорад.

Дар ҳамаи ҳуҷраҳои бо хун алоқаманд воситаҳои худмуҳофизатӣ ва профилактики (қуттиҳои зиддисадмавӣ) мавҷуд аст.

Чорабиниҳои пешгирию маърифатӣ

Дар давоми 6-моҳи соли 2023 дар ҳамкорӣ бо МД “Маркази шаҳрии ташакули тарзи ҳаёти солим” дар 3-мактаби миёнаи умуми ва ба 5-маҳалла иттилоот оиди бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории сил гузаронида шуд. Инчунин, дар 4-мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди хизматрасонии бо иштироки роҳбари муассиса ва дигар мутахассисон чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд, ки дар ҳар як чорабинӣ аз 180 то 210 нафар хонандагон ва муаллимон иштирок карданд. Барои табибони оилавӣ 7-семинар машварат, барои ҳамшираҳои тиббии оилавӣ 3-семинар машварат оиди самтҳои афзалиятноки бемории сил, хусусан иҷроиши индикаторҳои ба КАТС вогузор карда шуда: дарёфти бемории сил, ҷамъоварии балғам, муоинаи атрофиён, назорати табобати беморон дар давраи табобати амбулаторӣ, гузаронидани химиопрофилактика, оиди шаклҳои устувори бемории сил гузаронида шуданд.

Қарори №600

Дар бораи тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ» дар Марказ чунин корҳо ба анҷом расонида шуд. Дар асоси фармоиши Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе аз 17.03.2009, №61 «Дар бораи тартиби хизматрасонии тиббию санитари ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар Марказ аз 22.02.2010 сол №57 «Оиди қисман ба тарзи худмаблағгузори гузаштан фармоиш ирсол гардид ва иҷроиши он пурра зери назорати маъмурият қарор дода шудааст.

Корҳои ободонӣ ва созандагӣ

Директори маркази ном бурда қайд намуд, ки маъмурияти МД МСШ №1 шаҳри Душанбе оид ба иҷрои қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе таҳти №141 аз 12 июли соли 2023 Дар бораи рафти иҷрои Нақша чорабиниҳои корҳои ободониву бунёдкори  бахшида ба таҷлили ҷашни 35- солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои давраи солҳои 2022-2026 як чанд корҳоро ба самар расонидаанд. Аз ҷумла, ободониро дар маркази саломатии деҳоти “Шайнак”, Амбулаторияи тиббӣ оилавии Гулбутта, бунгоҳи тиббии (Обчакорон, Қаҳрамон, Сомон, Чимтеппа) аз таъмири капитали бароварда шуда,бо таҷҳизотҳои тиббӣ таъмин карда шуданд. Рангу бори биноҳои марказ толор (маҷлисгоҳ) ҳуҷраҳои кори қисман аз таъмири капитали бароварда шуда ва саҳни марказ бо сафолак руйпуш карда шуданд.

Аз ҷумла, дар марказ таҷҳизотҳои муосир дар даврони истиҳлолият ворид карда шудаанд, ки ба мардум хизмат мерасонанд, ки инҳо мебошанд; Дастгоҳи рентгени рақами 2-адад, дастгоҳи УЗИ 5-адад, дастгоҳи рентгени стаматологи 1-адад, дастгоҳи дандонпиҳзишки 3-адад, ҷевони безараргардонии хушк 13-адад, пулсоксиметри сайёр 1-адад, оксигенератор 1-адад,  консенратори кислород 10-адад, дастгоҳи безараргардонии вируси 1-адад асбоби ЭЭГ 1-адад, асбобҳои ЭКГ 6-адад ҳамаи ин дастгоҳҳо ва асбобҳо нав ва замонави ҳастанд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь