Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Беморхонаи марказии шаҳри Исфара хабарнигори МТЖТ бо муовини сартабиби беморхонаи мазкур Мадибрагимова Насибахон Исмоилҷонова суҳбати ихтисосӣ анҷом дод ва фишурдаи он пешкаш мегардад.

Номбурда дар оғози суҳбат изҳор дошт, ки дар давоми шаш моҳи соли 2024 кормандони муассисаҳои тандурустии шаҳру деҳоти Исфара фаъолияти худро дар доираи нақшаи солона дар самти расонидани хизмати тиббӣ-беҳдоштӣ аз рӯйи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ”, барномаҳои миллию соҳавӣ, амру фармонҳои Пешвои муаззами миллат, қарорҳои раиси вилояти Суғд ва раиси шаҳри Исфара ва дигар дастуру фармоишҳои мақомоти давлатӣ ба роҳ монданд.

Мувофиқи ин ҳуҷҷатҳо, дар назди кормандони тибб мақсад ва вазифаҳо оид ба ҳимояи сиҳатии аҳолӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ба онҳо, пурзӯр намудани маърифати санитарии аҳолӣ ва бо истифода аз таҷҳизотҳои нави техникӣ ва усулҳои нави ташхис босифат ва беҳтар намудани хизматрасонӣ гузошта шудааст.

Пойгоҳи моддӣтехникӣ

Чунончи мавсуф қайд кард, дар шаҳри Исфара ҳамагӣ 77 муассисаи тиббӣ фаъолият дорад. Аз ҷумла, беморхонаи марказии шаҳрӣ, ки дорои 777 кати табобатӣ мебошад, беморхонаи пӯсту таносул бо 30 кат, 5 адад беморхонаи минтақавии деҳотӣ ҳамагӣ бо 200 кат, Маркази мубориза бар зидди бемории сил бо 25 кат, Маркази наркологӣ бо 10 кат, 4 адад маркази саломатии шаҳрӣ, 15 маркази саломатии деҳотӣ, 23 адад бунгоҳҳои саломатӣ, як адад маркази имуннопрофилактика, як адад маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, як адад маркази репродуктивии ноҳия, 5 адад нуқтаи ёрии таъҷилӣ, як адад ВНМО, як адад маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, як адад маркази бемориҳои руҳӣ, 1 адад маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, 11 адад муассисаи хусусӣ барои аҳолии шаҳр хизмати тиббӣ мерасонанд. Аҳолии шаҳри Исфара 290904 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо кӯдакони то синни 18-сола 90874 нафар, занҳо-143242 нафар, занҳои қобили таввалуд-71214 нафар, кӯдакони синни то1-сола 4246 нафар мебошанд.

Базаи кадрҳо

Дар ҷараёни суҳбат номбурда изҳор дошт, ки шумораи мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар сохтори бистарикунонии шаҳру деҳоти Исфара 2129 нафар буда, аз онҳо занҳо-1700-ро ташкил медиҳанд. Мутахассисони дорои маълумоти олӣ-190 нафар (занҳо-43 нафар) ва мутахассисони дорои маълумоти миёнаи тиббӣ 1053 нафар мебошанд.

Дараҷанокии табибон бо табибони ҷавон-82,7%-ро ташкил медиҳад. Ҳамшираҳои тибб-1053 нафар, аз онҳо занҳо-956 нафар. Дараҷанокии ҳамшираҳои тибб бо кормандони ҷавон-72,4%-ро ташкил медиҳад.

Таъминокӣ ба 10000 аҳолӣ бо мутахассисони дорои маълумоти олӣ 6,5 ва бо мутахассисиони дорои маълумоти миёнаи тиббӣ 36,1-ро сохтори бистаринамоӣ ташкил медиҳад.

Дар 6 моҳаи аввали соли 2024 ба сохтори госпиталии шаҳру деҳоти Исфара ҳамагӣ 11432 нафар бистарӣ гардиданд.

Буҷет

Мавсуф афзуд, ки дар 6 моҳи аввали соли 2024 аз буҷети шаҳр барои сохтори бистарикунонии шаҳр 19359750 сомонӣ маблағ пешбинӣ шуда буд. Мувофиқи маълумот барои таъмини эҳтиёҷи соҳаи тандурустӣ 19239406 сомонӣ ҷудо гардидааст, ки иҷроиши буҷет 99,4%-ро ташкил дод.

Инчунин нақшаи маблағҳои махсуси сохтори бистарикунонии шаҳр дар ин давра аз ҳисоби хизматрасониҳои музднок 1164690 сомонӣ буда, воридоти он 1719603 сомонӣ мебошад, ки иҷроишаш 103,3% (95%-2023)-ро ташкил медиҳад. Маблағҳо асосан барои музди меҳнати иловагии кормандони тибб, беҳтар намудани базаи моддию техникӣ ва хариди доруворӣ ва таҷҳизотҳои тиббӣ равона шудааст.

Корҳои ободонӣ

Дар бораи созандагиву ободонӣ ҳамсуҳбати мо сухан карда, аз ҷумла зикр кард, ки бо мақсади иҷрои “Барномаи рушди муассисаҳои табобатии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар давоми 6 моҳи соли ҷорӣ дар фаъолияти Беморхонаи марказии шаҳри Исфара якчанд навгониҳо ба амал оварда шуд:

1.Дар маҳаллаи Сангтудаи ҷамоати Ворух сохтмони хонаи саломатӣ бо Лоиҳаи дастгирии ҷомеа Каса-1000 ба анҷом расида, аз тарафи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба истифода дода шуд.

2.Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 2 адад нақлиёти тиббӣ ба муассисаҳои тандурустии шаҳру деҳоти Исфара тақдим карда шуд.

3.Шуъбаи табиатшифоии БМШ Исфара аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ ва ҳисоби махсуси беморхона ба маблағи 745000 сомонӣ аз таъмири куллӣ бароварда шуда, ба маблағи 2202655 сомонӣ бо таҷҳизотҳои муосир таъмин шуда, санаи 23-юми феврали соли ҷорӣ аз тарафи раиси шаҳри Исфара маросими кушодашавии шуъбаи мазкур гузаронида шуд.

4.Бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба беморон дар Беморхонаи марказии шаҳри Исфара ҳуҷраи гемеодеализӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси беморхона ба маблағи 23000 сомонӣ ташкил карда шуда, бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 351660 сомонӣ таҷҳизоти гемодеализӣ харидорӣ карда шуда, аз санаи 01.03.2024 ба фаъолият оғоз намуд.

5.Шуъбаи қабули БМШ Исфара аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба маблағи 73000 сомонӣ аз таъмири куллӣ бароварда шуда, бо таҷҳизотҳои ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонида шуда, ба фаъолият шуруъ намуд.

 Ҳодисаҳои сирояти ВНМО/БПНМ

Чӣ тавре иттило дода шуд, ҳамагӣ аз соли 2002-юм инҷониб, дар маҷмуъ, то ба санаи 05.06.2024 дар Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди БПНМ (СПИД)-и шаҳри Исфара 379 нафар сироятёфтагони ВНМО/БПНМ ба қайд гирифта шудаанд (аз он ҷумла занон 148 нафар (39,05%) ва мардон 231 нафар (61,1%) мебошанд).

Дар соли 2024 то санаи 15-уми июн аз тарафи Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди БПНМ (СПИД)-и шаҳри Исфара 11 нафар сироятёфтагони ВНМО /БПНМ дарёфт карда шудааст, ки аз онҳо 3 нафар занон ва 8 нафар мардон мебошанд. Дар 6 моҳи соли 2023-юм 14 нафар дарёфт гардида буданд, ки аз онҳо 6 нафар занон ва 8 нафари дигарро мардон ташкил медоданд.

Шумораи умумии бо ВНМО зиндагикунандагон 267 нафарро ташкил медиҳад (150 нафар мард ва 117 нафар зан мебошад).

Нигора САИДБЕКОВА,

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь