Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо сардори ниҳоди мазкур Пӯлотзода Илҳом Пӯлот суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Номбурда дар оғози суҳбат қайд кард, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба солимии аҳолӣ, ки сарвати миллии ҳар як давлат ба ҳисоб меравад, таваҷҷуҳи ҳамаҷониба зоҳир намуда, ҳифзи саломатии шаҳрвандонашро яке аз афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии давлат муаррифӣ менамояд. Бо назардошти барномаҳои стратегии кишвар ва ҳадафҳои рушди миллӣ соҳаи тандурустии кишвар куллан таҳким ва такмил ёфта, ҳамакнун ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардидааст. Ин аст, ки дар раванди идома бахшидани ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ба масъалаҳои беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беш аз пеш аҳамияти хосса зоҳир мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ҳар баромадҳои худ таъкид месозанд, ки соҳаи тандурустӣ беш аз пеш рушд дода шавад ва ҳамзамон, бо супоришу дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат солҳои охир барои пешрафти соҳаи тандурустӣ шароитҳои мусоид фароҳам гардидааст. Пешвои миллат дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаи тиб суханони пурҳикмат гуфта, аз ҷумла изҳор доштанд: Давлату Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, танзими фаъолияти соҳа ва таҳкими пойгоҳи моддиву техникии ин самти афзалиятнок ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Дар ин давра ислоҳоти сохтори тандурустии мамлакат оғоз шуда, то ба имрӯз бомаром идома дорад.

Ҳамчунин, мавсуф афзуд, ки Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд дар моҳи майи 2023 сол фаъолияти худро дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №597 аз 29.12. соли 2017 «Дар бораи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ», Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти фармасевтӣ ва тиббӣ, Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Суғд,  фармоишҳои Сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро пеш гирифта, фаъолияти пурсар анҷом дода истодааст.

Фаъолияти фармасевтӣ

Номбурда қайд кард, ки аз ҷониби кормандони шуъбаи назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар моҳи майи соли 2023 чунин корҳо ба анҷом расид: Аз тарафи мутахассисони шуъба дар асоси қарори Сарраёсат санҷиши нақшавӣ дар дорухонаи назди ҶДММ “Доруи Спитамен” воқеъ дар н. Спитамен, ш-ки Нов, кӯчаи Спитамен 134 гузаронида шуд. Оиди камбудиҳои ҷойдошта аз фармасевти дорухонаи дар боло зикргардида баёнот дар варақаи алоҳида гирифта шуда, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Нисбати фармасевти нуктаи дорухонагии мазкур бо моддаи 121-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳури Тоҷикистон ба маблағи 3400-сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуд.

Хамзамон, аз тарафи мутахассисони шуъба дар асоси қарори Сарраёсат санҷиши нақшавӣ дар дукони дорухонагии №38-и назди ҶСП “Томирис” воқеъ дар н. Спитамен, ш-ки Нов, худуди бозори маркази  гузаронида   шуд.  Оид ба камбудиҳои ҷойдошта аз фармасевти нуқтаи дорухонагии дар боло зикргардида баёнот дар варақаи алоҳида гирифта шуда,  протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Нисбати фармасевти нуқтаи дорухонагии мазкур бо моддаи 121-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳури Тоҷикистон  ба маблағи 3400-сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуд.

Аз тарафи мутахассисони шуъба дар асоси мактуби Прокуратураи ноҳияи Б. Ғафуров таҳти №8/681-23 аз 18.04.2023 ва қарори Сарраёсат дар муассисаҳои фармасевтии ноҳияи Б. Ғафуров санҷиши ғайринақшавӣ гузаронида шуд.

Оид ба  камбудиҳои ҷойдошта аз фармасевти нуқтаи дорухонагии дар боло зикргардида баёнот дар варақаи алоҳида гирифта шуда, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Нисбати фармасевти нуқтаи дорухонагии мазкур бо моддаи 121-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳури Тоҷикистон  ба маблағи 4080-сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуд.

Инчунин, дар вақти санҷиш аз нуқтаи дорухонагии №30-и назди ҶДММ “Уфуқ” воқеъ дар н. Б. Ғафуров, ҷамоати Исфисор, к. Б. Ғафуров №58 оид ба камбудиҳои ҷойдошта баёнот дар варақаи алоҳида гирифта шуда, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмури тартиб дода шуд. Нисбати фармасевти нуқтаи дорухонагии мазкур бо моддаи 121-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳури Тоҷикистон  ба маблағи 3400-сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуд.

Ҳамзамон, аз тарафи мақомоти Прокуратураи шаҳри Панҷакент оиди баррасии мактуб нисбати нуқтаи дорухонагии №59-и назди ҶДММ “Азия-Фарм” воқеъ дар ш. Панҷакент, кӯчаи Рӯракӣ 34, дар вақти гузаронидани санҷиш аз тарафи кормандони Прокуратураи шаҳри Панҷакент ва Маркази ташхиси минтақавии тоҷикстандарт дар ш. Панҷакент камбудиҳои ҷойдошта ифшо карда шуд ва нисбати фармасевти нуқтаи дорухонагии мазкур бо моддаи 121-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳури Тоҷикистон ба маблағи 3400-сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуд.

Ҳамзамон, ҳангоми гузаронидани назорат дар муассисаҳои фармасевтии шаҳри Истаравшан маълум карда шуд, ки 2-нафар ғайримутахассис, ки бо фармони роҳбари ширкати ҶДММ “Имдоди Шифо” фаъолият доштанд, ошкор гардида, саривақт огоҳинома ба директори ҶДММ “Имдоди Шифо” равона гардида, дар натиҷа фармонҳои ғайримутахассисон бекор карда шуда, шаҳодатномаи аккредитатсионии нуқтаи дорухонагии №7-и назди ҶДММ “Имдоди Шифо” бозпас гирифта шуда, нуқтаи дорухонагии мазкур тибқи фармони роҳбари ширкат муваққатан фаъолияташ боздошт карда шуд, нусхаи фармон ба СХНДТ ва ҲИА дар вилояти Суғд равона гардид.

Аз тарафи мутахассисони шуъбаи назорати давлатии фаъолияти фармасевти дар моҳи марти соли равон 11-протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмури тартиб дода шуда,  ба маблағи умуми 38080 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуд.

Аз тарафи шуъба дар моҳи апрели соли равон 41-ҳуҷҷатҳои аккредитатсионӣ дида баромада шуда, барои гузаштан аз комиссияи аккредитатсионӣ ба бахши омодасозӣ ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои воридоту содирот ва аккредитатсияи муассисаҳои фармасевтӣ супорида шудаанд.

Дар ҳайати комиссияи салоҳиятнок дар моҳи майи соли 2023, 1-маротиба маъракаи несту нобудсозӣ дар партовгоҳи ш. Хуҷанд гузаронида шуда, бо тариқи сузонидан 18-номгӯ,  ба миқдори  952324-адад, ба маблағи 2249709 сомонӣ, вазнаш 29800-кг маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббиӣ муҳлати истифодабариашон гузашта, қалбакӣ ва бесертификати мутобиқати сифат несту нобуд карда шуд, ки ҳамааш тариқи мактуб мебошад, 18- номгӯй ба миқдори 952324- адад ба маблағи 2249709- сомонӣ.

Ҳамагӣ аз тарафи Сарраёсати Хадамот  дар 5-моҳи соли равон нисбати ҳуқуқвайронкунандагон дар муассисаҳои фармасевтӣ, муассисаҳои табобатию профилактикӣ новобаста аз шакли моликият ва дӯкону мағозаҳои зери санҷиш қарор гирифта 89 протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳамагӣ ба маблағи 222020 сомонӣ ҷарима ба фоидаи буҷаи давлат ситонида шудаст.

Аз тарафи мутахассисони шӯъбаҳои  Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд маъракаи несту нобудсозии маводҳои доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводҳои ороишию гигиении мӯҳлати истифодабариашон гузашта, бе сертификати мутобиқат ва ба талаботҳои стандартӣ ҷавобгӯй набуда дар партовгохи   шаҳри Хуҷанд бо таври сӯзонидан гузаронида шуд, ки ҳамагӣ дар  5 моҳ  793-номгӯ, ба миқдори  1415826,8-адад, ба маблағи 4846166 сомонӣ, вазнаш 55890- кг мебошад.

Ба 40-муассисаҳои фармасевтӣ, МТП-и давлатӣ ва МТП-и ғайридавлатӣ амрномаҳо баҳри бартараф намудани камбудиҳо ирсол гардида, ҷавоби он оид ба бартараф намудани камбудиҳо сари вақт ворид гаштааст.

Хулоса, фаъолияти самти назорати доруҳо хуб ба роҳ монда шудааст ва ончи мо аз фаъолияти он изҳор доштем, хеле фишурда карда гуфтем ва мекӯшем назоратро боз ҳам пурзуртар намоем.

Назорати фаъолияти тиббӣ

Дар рафти суҳбат номбурда қайд кард, ки дар давоми моҳи май 2 адад санҷиши нақшавӣ дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ: Беморхонаи клиникавии вилояти Суuд ва Диспансери равоншиносии вилояти Суuд гузаронида шуд.

Инчунин, 20 адад санҷиши ғайринақшавӣ (3 адад муроҷиати шаҳрвандон, 13 адад санҷиши муштарак бо прокуратура ва 4 адад супориши вазир) гузаронида шуд. Муҷозоти маъмурӣ 7 нафар ба маблаuи 4760 сомонӣ ва муҷозоти интизомӣ 8 нафар.

Фаъолияти  муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва муассисаҳои тиббии ғайридавлатӣ дар ҷараёни суҳбат ҳамсуҳбати мо афзуд, ки дар давраи моҳи майи соли 2023 дар муасссиаҳои тандурустӣ 10 адад санҷишҳои нақшавӣ гузаронида шуданд. Аз 10 адад санҷишҳои нақшавӣ 7 адад дар муассисаҳои тибби хуссусӣ ва 3 адад дар муассисаҳои давлатӣ гузаронида шудааст, ки 1 ададаш дар якчоягӣ бо шуъбаи назорати давлатии тиббӣ ва фармокологӣ гузаронида шудаанд. Инчунин, 2 санҷиши ғайринақшавӣ ва 1 баррасии муроҷиати шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ гузаронида шуд.

Санҷишҳои нақшавӣ 7 адад гузаронида шудааст.

Айни ҳол 292 адад муассисаҳои хусусии тиббӣ (121 адад шахсони ҳуқуқӣ бо 54 адад филиал ва 117 адад шахсони воқеӣ) фаъолият мекунанд.

Маводи ороишию гигиенӣ

Номбурда ҳамчунин, изҳор дошт, ки аз тарафи мутахассисони бахш дар моҳи майи соли 2023 тибқи 9- қарор ва 1-қарори ғайринақшавӣ дар мағозаи “Амид”-и ш. Хуҷанд, маҳ.13, 31 ва кӯчаи Фирдавсӣ, мағоза ва дӯконҳои бозори ҶДММ “Ашроф”-и ноҳияи Ҷ. Расулов, мағозаи “Оазис Гулбаҳор”-и ш. Хуҷанд, мағозаи “Чинор”-и ш. Бӯстон, мағозаи “Оазис”-и ш. Бӯстон, дӯконҳои ҳудуди бозори ҶДММ “Бозори Марказӣ”-и шаҳри Исфара санҷиши маводи ороишию гигиенӣ, ғизои кӯдакона ва обҳои минералии дорои хусусияти табобатию пешгирӣ дошта, гузаронида шуда, дар натиҷа дар дӯконҳои назди ҶДММ “Хуҷанди ман”-и шаҳри Хуҷанд санҷиши ғайринақшавӣ тибқи мактуби ҶДММ “Тиҷорати Сомон” оид ба маҳсулоти тамғаи “Shulei” гузаронида, дар натиҷа дӯкони №11-и ҳудуди бозори ҶДММ “Хуҷанди Ман”-и ш. Хуҷанд  дар натиҷа 1-номгӯй ба миқдори 75 адад маводҳои ороишию гигиении муҳлати истифодабариашон гузашта дарёфт карда шуда, нисбати камбудиҳои ҷойдошта аз фурӯшандаи мағоза баёнот гирифта шуда, тибқи моддаи 121 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 3400,00 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуд.

Инчунин, дар дӯкони б/р-и ҳудуди бозори ҶДММ “Бозори Марказӣ”-и ш.Исфара санҷиши нақшавӣ гузаронида шуда, нисбати камбудиҳои ҷойдошта аз фурӯшандаи дӯкон Ваҳобов А. баёнот гирифта шуда, тибқи моддаи 121 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда,  ба маблағи 3400,00 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуд.

Дар мағозаи “Амид”-и шаҳри Хуҷанд санҷиши нақшавӣ гузаронида, нисбати фурӯшандаи мағозаи мазкур бо моддаи 121-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳури Тоҷикистон ба маблағи 3400-сомонӣ  ҷарима ба буҷаи давлат ситонида шуд.

Инчунин, дар мағозаи “Мадина”-и назди ҶДММ “Ашроф”-и ноҳияи Ҷ.Расулов санҷиши нақшавӣ гузаронида, нисбати фурӯшандаи мағозаи мазкур бо моддаи 121-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳури Тоҷикистон ба маблағи 3400-сомонӣ ҷарима ба буҷаи давлат ситонида шуд.

Ҳамагӣ дар моҳи майи соли равон 4 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи умумии 13600 сомонӣ ҷарима ба фоида буҷаи давлат ситонида шуд.

Ҳамзамон, аз тарафи мутахассисони бахш дар моҳи майи соли равон 12- ҳуҷҷатҳои аккредитатсионӣ дида баромада, барои гузаштан аз комиссияи аккредитатсионӣ ба бахши омодасозӣ ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои воридоту содирот ва аккредитатсияи муассисаҳои фармасевтӣ тибқи санад супорида шуд.

Ҳуҷҷатҳои рухсатномадиҳии воридоту содирот ва акредитатсия

Дар идомаи суҳбат мавсуф тазаккур дод, ки дар моҳи майи соли 2023 аз тарафи бахши омодасозӣ ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои рухсатномадиҳии воридоту содирот ва аккредитатсия муассисаҳои фармасевтӣ чунин корҳо ба анҷом расонида шуд: Аз тарафи ширкатҳои воридкунандаи маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ 24-аризаҳо оиди гирифтани рухсатномаҳои якдафаина дида баромада шуда, 24-рухсатномаҳои якдафаина дода шуд. Ҳамагӣ маблағи умумии воридот 819795 доллари амрикоӣ (8960359 сомонӣ) ба вазни 501143  кг мебошад.

Аз тарафи ширкатҳо ва соҳибкорони инфиродии воридкунандаи маводҳои ороишию гигиенӣ 18-аризаҳо оиди гирифтани рухсатномаҳои якдафаина дида баромада шуда, 18-рухсатномаҳои якдаъфаина дода шуд. Ҳамагӣ маблағи умумии воридот 1039034 доллари амрикоӣ (11356642 сомонӣ) ба вазни 586886 кг мебошад.

Инчунин, 1 маротиба ҷаласаи аккредитатсиони оиди бинои муассисаҳои фармасевтӣ гузаронида шуда, ҳамаги 41-ариза оиди гирифтани шаҳодатномаҳои аккредитатсионии муассисаҳои фармасевтӣ пешниҳод шуда, дида баромада, ба 41-муассисаҳои фармасевтӣ шаҳодатномаҳои аккредитатсионӣ дода  шуд.

Ҳамзамон, 2 маротиба ҷаласаи аккредитатсионӣ оиди бинои мағозаю дӯконҳо гузаронида шуда, ҳамагӣ 28-ариза оиди гирифтани шаҳодатномаҳои аккредитатсионӣ дида баромада, ба 28-мағозаю дӯконҳо шаҳодатномаҳои аккредитатсионӣ дода  шуд.

Сифати маводи доруворӣ ва молҳои тиббии КВД «ЭОМФТ»

Номбурда қайд кард, ки Озмоишгоҳ дар давоми моҳи майи соли равон чунин корҳоро ба анҷом расонид:

Миқдори умумии маводҳои доруворӣ зери ташхис қарор гирифта, 699 номгӯйро ташкил медиҳад:

– аз инҳо 662-номгӯй бо тарзии яклухт, аз нуқтаҳо 35-номгӯй ва истеҳсоли дохилӣ 2- номгӯйро ташкил медиҳад.

Хулоса, Озмоишгоҳ дар давоми панҷ моҳи 2023 сол чунин корҳоро ба анҷом расонид:

Миқдори умумии маводҳои доруворӣ зери ташхис қарор гирифта 4938 номгӯйро ташкил медиҳад:

– аз инҳо 4733-номгӯй бо тарзии яклухт,аз нуқтаҳо 196-номгӯй ва истеҳсоли дохилӣ 9 номгӯйро ташкил медиҳад. 79-номгӯй (5-номгӯй аз воридот ва 74 номгӯй аз муомилот) ба меъёри талаботҳои стандартӣ ҷавобгӯй  намебошад.

Дар фароварди суҳбат ҳамсуҳбати мо изҳор дошт, ки миқдори маводи ороишию гигиении ворид ва ташхис шуда, 475-номгӯйро ташкил медиҳад, ки  он  бо тарзи яклухт 431-номгӯй буда,  аз нуқтаҳо 23-номгӯй буда, истеҳсоли дохилӣ 21 номгӯйро ташкил медиҳад. Аз ин 7-номгӯй (1-номгӯй аз муомилот ва 6-номгӯй аз истеҳсоли дохилӣ) ба меъёри талаботҳои  стандартӣ ҷавобгӯй намебошад.

Миқдори маводи ороишию гигиении  ворид ва ташхис шуда 2536-номгӯйро ташкил медиҳад,  ки  он  бо тарзи яклухт 2280-номгӯй буда,  аз нуқтаҳо 123 номгӯй ва истеҳсоли дохилӣ 133 номгӯйро ташкил медиҳад.

Ва албатта, мо ҳама имконоту воситаҳоро баҳри боз ҳам пурзур карданӣ назорати сифати доруворӣ равона хоҳем кард ва дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат сармашқи фаъолиятамон аст ва дар оянда низ тибқи супоришҳои Пешвои миллат фаъолият хоҳем кард.

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь