Ҳукумати Тоҷикистон ба солимии аҳолӣ, ки сарвати миллии ҳар як давлат ба ҳисоб меравад, таваҷҷуҳи ҳамаҷониба зоҳир намуда, ҳифзи саломатии шарвандонашро яке аз афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии давлат муаррифӣ менамояд. Бо назардошти барномаҳои стратегии кишвар ва ҳадафҳои рушди миллӣ соҳаи тандурустии кишвар куллан таҳким ва такмил ёфта, ҳамакнун ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мегардад. Ин аст, ки дар раванди идома бахшидани ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ба масъалаҳои беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беш аз пеш аҳамияти хосса зоҳир мегардад.

Маҳз ворид намудани технологияи нав буд, ки миқдори шаҳрвандони кишвар, ки барои табобат ба мамлакатҳои хориҷӣ мерафтанд, солҳои охир хеле коҳиш ёфтааст.

Тавъам ба ин ислоҳоту дастовардҳо тайи солҳои охир бунёд гардидани муассисаҳои тандурустии замонавӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави табобат, ворид намудани технологияҳои муосири тиббӣ, ҷалби мутахассисони ботаҷрибаи соҳаи тиб ба марказҳои саломатӣ муаррифгари пешрафти илми тибби тоҷик гаштааст. Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар сазовор ҷашн гирифтани санаи таърихии 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ, беҳтар сохтани вазъи солимии аҳолӣ бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд пайваста тадбирҳои судманд анҷом медиҳанд.

Перомуни вазъи соҳаи тандурустӣ, ҳолати хизматрасонии тиббию санитарӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гузориши навбатии хабарнигори “МТЖТ” манзури хонандагони ҳафтаномаи “Фараж” мегардад. Гузориши мазкур дар асоси маълумотномаи пешниҳоднамудаи Сардори Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд Ҷабборов Илҳом Пӯлодович омода гардидааст.

 Натиҷаи санҷишҳо

Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд дар соли 2021 чунин корҳоро ба анҷом расонидааст.

Дар давоми дувоздаҳ моҳи соли равон дар асоси 158 қарор дар 158 муассисаҳои фармасевтӣ, тибқи 182 қарор дар 169 муассисаҳои табобатию профилактикии давлатӣ ва ғайридавлатии вилоят санҷишҳои нақшавӣ ва ғайринақшавӣ гузаронида шудааст. Аз санҷишҳои ғайринақшавӣ 60 санҷиш дар ҳамдастӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳангоми гузаронидани санҷишҳо 388 номгӯй ба миқдори 3099 адад маводҳои доруворӣ ва ороишию гигиении мӯҳлати истифодабариашон сипаригашта ва 193 номгӯй ба миқдори 1012 адад маводҳои доруворӣ ва маводҳои ороишию гигиении бесертификати мутобиқати сифат дарёфт гардида, тибқи санад аз муомилот гирифта шуд.

Ҳамагӣ аз тарафи Сарраёсати Хадамот соли равон нисбати ҳуқуқвайронкунандагон дар муассисаҳои фармасевтӣ, МТП-ҳои давлатӣ, МТП – ҳои ғайридавлатӣ ва мағозаҳои зери санҷиш қарор гирифта 178 протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳамагӣ ба маблағи 421340  сомонӣ ҷарима ба фоидаи буҷаи давлат ситонида шудаст.

Ба 160 муассисаҳои фармасевтӣ, МТП – и давлатӣ ва МТП – и ғайридавлатӣ амрномаҳо баҳри бартараф намудани камбудиҳо ирсол гардида, ҷавоби он оид ба бартараф намудани камбудиҳо сари вақт ворид гашт.

Аз тарафи Сарраёсати Хадамот барои боздид ва паст намудани дараҷанокии касбӣ нисбати 4 нафар табибон, оиди дар вазифаи ишғолнамуда  номуносиб будан нисбати 6 нафар кормандон, оиди гузаштани курси такмили ихтисос нисбати 6 нафар табибон, оиди татбиқ намудани чораҷӯии интизомӣ аз тарафи роҳбарони муассиса нисбати 84 нафар кормандон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ пешниход манзур карда шуд.

Ҳамзамон дар ин давра 4 нафар роҳбари муассиса ва 1 нафар мудири шӯъба аз вазифа сабукдӯш карда шудаанд.

Аз тарафи ширкатҳои воридкунандаи маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ 177 ариза оиди гирифтани рухсатномаҳои якдафъаина дида баромада шуда, 177 рухсатномаҳои якдафъаина дода шуд. Ҳамагӣ маблағи умумии воридот 5446171 доллари амрикоӣ (61945461 сомонӣ) ба вазни 3093979  кг мебошад.

Дар ин росто аз ҷониби ширкатҳо ва соҳибкорони инфиродии воридкунандаи маводҳои ороишию гигиенӣ 230 ариза оиди гирифтани рухсатномаҳои якдафаина дида баромада шуда, 230 рухсатномаи якдафъаина дода шуд. Дар маҷмуъ маблағи умумии воридот 6210895 доллари амрикоӣ (70708804 сомонӣ) буда, вазнашон 7943349  килограмро ташкил медиҳад.

Инчунин, ҷаласаи аккредитатсионӣ оиди бинои муассисаҳои фармасевтӣ ва мағозаю дӯконҳо гузаронида шуда, ҳамагӣ 986 ариза барои гирифтани шаҳодатномаи аккредитатсионӣ  дида баромада, ба 986 муассисаҳои фармасевтӣ ва мағозаю дӯконҳо  шаҳодатномаҳои аккредитатсионӣ дода шуд.

Аз тарафи мутахассисони шӯъбаҳои Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд маъракаи несту нобудсозии маводҳои доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводҳои ороишию гигиении мӯҳлати истифодабариашон гузашта, бе сертификати мутобиқат ва ба талаботҳои стандартӣ ҷавобгӯй набуда дар партовгоҳҳои вилояти Суғд бо таври сӯзонидан ҳамагӣ  3149 номгӯ, ба миқдори 423259,6 адад ва ба маблағи 2396107,99  сомонӣ, ки вазнашон 43293,3 кг мебошад, гузаронида шуд.

Фаъолияти озмоишгоҳ

Озмоишгоҳ дар давоми дувоздаҳ моҳи 2021 сол чунин корҳоро ба анҷом расонид:

Миқдори умумии маводҳои доруворӣ зери ташхис қарор гирифта 10287 номгӯйро  ташкил медиҳад, ки аз инҳо 10124 номгӯй ба тарзии яклухт, аз нуқтаҳо 150  номгӯй мебошанд. Истеҳсоли дохилӣ бошад, 13 номгӯйро ташкил медиҳад.

Аз ин миқдор 56 номгӯй (14 номгӯй аз воридот, 42 номгӯй аз нуқта) ба талаботи стандартӣ ҷавогӯй намебошад.

Миқдори маводи ороишию гигиении  ворид ва ташхис шуда  4403 номгӯйро ташкил медиҳад,  ки  он  ба тарзи яклухт 3853 номгӯй буда, аз нуқтаҳо 116 номгӯй, истеҳсоли дохилӣ 434 номгӯйро ташкил медиҳад.

Аз ин миқдор 30 номгӯй (26 номгӯй аз нуқта, 4 номгӯй истеҳсоли дохилӣ) ба талаботи стандартӣ ҷавогӯй намебошад.

Дар рафти санҷиш камбудиҳо ва норасоиҳои зерин дар сатҳи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ошкор карда шуданд:

-дастурамали вазифавӣ талаботи муқарраргардида омода ва амалӣ намегарданд;

-ҳуҷҷатгузорӣ дар самти коргузорӣ ва кадрӣ тибқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар бораи «Дастурамали коргузорӣ» аз 04.09.2017с., №705 ва тибқи қонунҳои амалкунандаи коргузорӣ ба роҳ монда нашудааст;

-парвандаҳои шахсии баъзе аз кормандон бо ҳуҷатҳои муқарраршуда таъмин карда нашудааст;

-дар марказҳо дастурамали уҳдадориҳои вазифавии кормандон пурра ва тибқи талаботҳои мавҷуда тартиб дода нашудааст ва аз тарафи маъмурияти марказ назорати доимӣ бурда намешавад ;

-ҳуҷҷатгузории шуъбаҳо тибқи талаботҳои фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии   Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 октябри соли 2015, №840 “Дар бораи тасдиқ намудани шаклҳои ҳуҷҷатҳои аввалияи тиббии муассисаҳои тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо пуррагӣ таъмин набуда, худсоз мебошанд;

-фоизи таъминот бо мутахасисони тибби оилавӣ дар сатҳи нокифоя ҷой дорад;

-татбиқи дастурҳои клиникӣ дар самти ташхису муоина ва табобати   бемории фишорбаландии шараёнӣ, бемории ишемиявии дил (БИД), назорати антенаталии занҳои ҳомила, дар сатҳи лозима қарор надорад;

-дар ҳуҷраҳо китоби қайди муроҷиаткунандагони амбулаторӣ то ҳол омода нашудааст. Дар дафтари ба қайдгирии беморон, ки дафтари оддии омода кардашуда аст (Ш-098) оид ба равиши ташхису табобати беморон маълумотҳо дарҷ нашудааст (тибқи протоколҳои клиникӣ) ;

– Кори комиссияҳои машварати тиббӣ, марганҷомӣ ва Шурои тиббӣ дар сатҳи паст қарор доранд.

Иҷроиши протоколҳои клиникӣ

Ҷараёни санҷиши воридсозии протоколҳо/дастурамалҳои клиникӣ, нишон дод, ки дар умум дар муассисаҳои КАТС-и зери санҷиш қарор дошта ба ҳисоби миёна  75% ва муассисаҳои сохтори госпиталӣ ба ҳисоби миёна 70%-ро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботи 32 адад муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ  мавриди баррасӣ қарор дода, нисбати ҳар муроҷиат ба унвонии сардори Сарраёсати Хадамот, ахборот дода шуда, ба шаҳрванд ҷавоби хаттӣ ирсол шудааст.

Мавзӯи муроҷиат асосан аз масъалаҳои зерин иборат аст:

-вобаста ба риоя накардани одобу муошират;                                                                                        

-вобаста ба нодуруст гузаронидани табобат;

-вобаста ба хизматрасонии тиббии музднок;

-вобаста ба мусоидат намудан оиди кумаки молиявӣ;

оид ба нодуруст табобат намудани фарзанд;                     

оид ба нодуруст табобат намудани ҳамсар;

– оид ба норозигӣ аз роҳбари КАТС – и ш. Истаравшан;

– оид ба одоби муошират.

Ҳамаи муроҷиатиҳо дар мӯҳлати муайян баррасӣ гардида, ба муроҷиаткунандагон ҷавоби хаттӣ ирсол карда шуд.

Танзими фаъолияти хусусии тиббӣ

Айни ҳол 263 муассисаи хусусии тиббӣ (114 шахсони ҳуқуқӣ бо 43 филиал ва 106 шахсони воқеӣ) фаъолият мекунанд. Дар ҳамин ҳол, соли 2020 247 адад муассисаҳои хуссусии тиббӣ мавҷуд буд, ки аз онҳо 105 шахсони ҳуқуқӣ, 107 шахсони воқеӣ ва 35 намояндагиҳо буданд.

Вобаста ба камбудиву норасогиҳои ошкоргардида ҳангоми гузаронидани санҷишҳои нақшавӣ  чораҳои зерин андешида шуданд:

– барои андешидани чораҳои интизомӣ нисбати 38 нафар корманди тандурустӣ ва иҷтимоӣ пешниҳодҳо манзур карда шуданд;

Муҷозоти интизомӣ:

– бинобар риоя накардани талаботҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ» аз 2 декабри соли 2008, қарори №600.

Татбиқи қарори 600 дар муассисаҳои тандурустӣ

Дар  муассисаҳои системаи давлатии соҳаи тандурустӣ вобаста ба риоя ва татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз  2 декабри  соли  2008,  № 600  «Дар бораи Тартиби  хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ» санҷишҳо гузаронида шуданд.

 Камбудиҳои ошкоргардида аз инҳо иборат мебошанд:

-тартиби нигоҳдории ҳуҷҷатҳои имтиёзнок ба талабот ҷавобгӯ нест;

-дар талонҳои пардохт ва ҳампардохт имзои шахси масъул мавҷуд нест;

– протоколҳои клиникии соҳаи бемориҳои асаб, ки аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №196 аз 27.02.2018 сол “Дар бораи тасдиқ ва ворид намудани дастурҳои клиникӣ оид ба ташхис ва муолиҷаи бемориҳои асаб” риоя намегарданд;

-протоколҳои клиникии “Ташхис ва табобати беморони стоматологӣ дар шароитхои дармонгохӣ”, ки бо қарори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, протоколи №16\54 аз 16 июли соли 2014 риоя намегарданд;

-талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ» аз 2 декабри соли 2008,  №600 риоя намегарданд;

-талаботҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №252 аз 01.05.2020 сол “Дар бораи барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба расонидани кӯмаки тиббӣ санитарӣ ба шаҳрвандони шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ”) риоя намегарданд.

Рушди бахши хусусӣ

Рушди бахши хусусӣ тавассути беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ яке аз ҷанбаъҳои муҳимтарини сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад ва дар даврони истиқлолият ислоҳоти куллии қонунгузорӣ дар бахшҳои сармоягузориву соҳибкорӣ гузаронида шуд.

Аз ҷумла, соддагардонии расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ, санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ, низоми иҷозатдиҳӣ, иҷозатномадиҳӣ, муколамаи давлат бо бахши хусусӣ, ташкили низоми ҳуқуқиву иқтисодии шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ташаккули низоми андозбандӣ ва соддагардонии савдои беруна ислоҳоти манфиатноке мебошанд, ки ба рушди бахши хусусӣ такони ҷиддӣ бахшиданд.

Дар ҷумҳурӣ барои дастгирӣ ва пешрафти бахшҳои воқеии иқтисодиёт, диверсификатсияи истеҳсолот, инчунин таҳкими имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар сохтани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ афзалият дода шудааст.

Мусаллам аст, ки Ҳукумати мамлакат инкишофи бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҳамчун воситаи асосии таъмин намудани ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст. Имрӯз муассисаҳои хусусии тиббӣ дар таъмини дастрасии мардум ба хизматрасониҳои баландсифати тиббӣ, татбиқи сиёсат ва стратегияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти боз ҳам баланд бардоштани сатҳ ва сифати саломатии аҳолӣ, саҳм гузошта истодаанд.

Маҳз сиёсати дурусти пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолӣ имконият дод, ки бахши хусусии тиббӣ дар кӯтоҳтарин мӯҳлат ба яке аз шохаҳои устувор ва рақобатпазири соҳаи тандурустӣ табдил ёбад.

Яке аз нишондодҳои рушди ин соҳа афзуншавии шумораи муассисаҳои хусусии тиббӣ дар як муддати на чандон тӯлонӣ ба ҳисоб меравад, чунончи дар вилоят: соли  соли 2016 – 192 адад, соли 2017 – 226 адад, соли 2018 – 228 адад, соли 2019 – 247 адад, соли 2020 -263, соли 2021-267 адад ва дар соли равон 292 адад муассисаҳои   хусусии тиббӣ  (121 адад шахсони ҳуқуқӣ  бо 54 филиал  ва  117 адад шахсони воқеӣ)   фаъолият мекунанд. Аз  ҷумлаи ҷамъиятҳо сатҳи бистаринамоӣ 76 муассиса ва 45 муассиаи дармонгоҳиро ташкил намудааст.

Танҳо дар солҳои 2021-2022 дар миқёси вилоят 25 муассисаи тибби хусусӣ бори аввал фаъолияти худро ба роҳ мондаанд, ки аз онҳо ҶДММ 10 адад бо 3 намояндагӣ ва 12 соҳибкорони инфиродӣ мебошанд.

Бояд тазаккур дод, ки имрӯз шабакаи муассисаҳои хусусии тиббӣ намудҳои муосири хизматрасониҳои тиббиро ба аҳолӣ пешкаш намуда, дастрасии онҳоро дар дохили ҷумҳурӣ таъмин намудаанд: ангиографияи шараёнҳои  коронарӣ ва гурда, ангиопластика, ҷарроҳиҳои гуногуни кушодаи дил, эндоурология ва сангшиканӣ (литотрипсия), тасҳеҳи лазерии биноӣ, ивазкунии буғуму косу рон, рон ва зону дар якҷоягӣ, ҷарроҳиҳои гуногун дар ковокии шикам бо усули эндовидеогӣ, плазмоферези мембранӣ якҷоя бо УФо-и хун, ташхиси томографияи компутерӣ, ташхиси рентгении сифравӣ ва ташхиси томографи компутерии резонансӣ, ташхисҳои озмоишӣ тавассути анализаторҳои автоматикро ҷорӣ намудааст.

Эзоҳ: Дар ин муассисаҳо таҷҳизоти эндовидеочаррохӣ 10 адад, рентгени рақамӣ 16 адад, КТ 4 адад, МРТ 5 адад, маммограф 1 адад,   ортопантомограф 2 адад, КАДКАМ 1адад, ангиограф 2 ададро ташкил медиҳанд.

Дар партави дастуру ҳидоятҳо

Дар фароварди суҳбат Илҳом Ҷабборов бо итминон ва ҳисси қаноатмандӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иброз дошт, ки:

– Дар маҷмуъ, Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд ҷиҳати амалисозиии нақшаҳои созандагӣ бо мақсади ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҷомеаи солим, иҷрои бемайлони қонуну қарорҳои ҶТ дар бораи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии мардум, фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ, ки дар партави дастуру ҳидоятҳо ва супоришу талаботҳои пешгузоштаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегиранд,  як қатор корхоро ба сомон расонид ва он имрӯзҳо низ идома дорад. Кормандони Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд фаъолити худро тибқи нақшаи пешакӣ муайянкардашуда ба роҳ монда, баҳри ноил гардидан ба натиҷаҳои баланд, пешгирӣ намудани маводи доруворӣ ва ороишии пастсифат, ки маншаи ҳамагуна бемориҳо мебошанд, корҳои ташвиқотию тарғиботиро вусъат бахшида истодаанд. Мутахассисони соҳа барои муҳофизат ва ҳифзи иҷтимоӣ ва саломатии аҳолӣ минбаъд низ ҳамаи дониш ва маҳорати худро сафарбар мекунанд, зеро ҷомеи солим фардои давлати солим мебошад.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь