Муассисаи таълимии ғайридавлатии Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон нахустин муассисаи таҳсилоти олии касбии ғайридавлатии тиббӣ-иҷтимоии зодаи даврони Истиқлол мебошад. Донишкадаи мазкур бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати расонидани кӯмаки тиббӣ-психологӣ ба ашхоси мубталои бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ таъсис дода шуда, ҳамчун муассисаи олии таълимии касбии ғайридавлатӣ сиёсати давлатро дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ дар расонидани кӯмаки тиббиву равонӣ ба танзим медарорад. Муассиси донишкадаи мазкур доктори илми тиб, профессор Ибодов Ҳабибулло Ибодович буда, соли 2020 ба фаъолият оғоз намудааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки раванди таълиму тарбия дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон тибқи нақшаҳои таълимии аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, “Барномаи давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои давраи то соли 2030”, Стратегияи рушди маориф барои то соли 2030, “Барномаи татбиқ ва рушди забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба роҳ монда шуда, татбиқи консепсия, барнома ва стратегияҳои ба самти фаъолияти донишкада тааллуқдоштаро амалӣ мегардонад.

Ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти МТҒ Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон хабарнигори МТЖТ бо ректори он Ибодзода Зарина Ҳабибулло суҳбати ихтисосӣ анҷом дод, ки фишӯрдаи онро пешкашӣ хонандагони ҳафтаномаи “Фараж” мегардонем.

Дар оғози суҳбат ректори ДтиТ Зарина Ибодзода сараввал муҳассилини донишкадаро бо соли нави хониши 2023-2024 таҳният гуфта, барои андӯхтани дониши мукаммали тиббӣ ва хидмат ба халқу миллат бурдбориҳо таманно намуд. Номбурда ҳамзамон кулли сокинони кишварро ба Рӯзи забони давлатӣ, ки ҳамасола 5-уми октябр таҷлил мегардад, муборакбод гуфт.

Сохтори донишкада

Ректори МТҒ ДтиТ Ибодзода З. иброз намуд, ки барои пешбурди раванди таълиму тарбия дар сохтори донишкада 21 кафедра фаъолият дошта, 12-тои он кафедраҳои тахассусӣ мебошанд.

Бинои донишкада хуштарҳу замонавӣ буда, аз 7 ошиёна бо тамоми шароитҳои мусоиди таълимӣ бо дарбаргирии лабораторияҳо, озмоишгоҳҳо, кабинетҳои фаннӣ, толори варзишӣ, ошхона ва таҷҳизотҳои тиббӣ иборат аст. Он дар зарфи 4 сол бо маблағгузории Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, соҳибкорони маҳаллӣ ва маблағи таълимгоҳ сохта шудааст. Масоҳати умумии донишкада тибқи шиносномаи техникӣ 10 397 м2-ро ташкил дода, аз ин миқдор 8595 м2 масоҳати таълимӣ, маҷлисгоҳ 400 м2 барои 400 ҷойи нишаст, толори варзишӣ 701 м2, ошхона 701 м2 барои 300 ҷои нишастро ташкил медиҳад. Синфхонаҳои таълимӣ бо 27 тахтаи электронӣ, 27 проектор, 220 компютер, 4 синфхонаҳои имтиҳонӣ бо 79 компютер, инчунин китобхонаи электронӣ бо 30 компютер таъмин мебошанд, ки ҳамаи онҳо бо шабакаи интернет пайваст карда шудаанд. Дар муқоиса бо соли гузашта 9 тахтаи электронӣ, 9 проектор, 97 компютер зиёд мебошад,-иброз дошт Ибодзода З.

Тибқи маълумот, Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон аз 5 факултет: Факултети психологияи тиббӣ, Факултети иҷтимоӣ, Факултети тиббӣ, Факултети фармасевтӣ ва Факултети стоматология иборат буда, мутахассисони баландихтисоси соҳаи тибро дар самти кӯмаки психологии тиббӣ, кӯмаки иҷтимоӣ-тиббӣ-психологӣ, фармасевтӣ, стоматологӣ ва муолиҷавӣ омода менамояд. Ҳайати профессорону омӯзгорони донишкада 170 нафаранд, ки 105 омӯзгори асосӣ ва 65 омӯзгори ҳамкор мебошанд. Аз ҷумлаи кормандони дорои дараҷа ва унвони илмидошта, ки 51 нафаранд, 9 доктори илм буда, аз ин теъдод 8 доктори илми тиб ( 3 профессор), 1 узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва 1 доктори илмҳои биологӣ ва 18 номзади илми тиб (се дотсент) мебошанд. Омӯзгорони ҷавон 33 нафар буда, 5 (15,1%) нафари онҳо омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмидошта мебошанд. Теъдоди умумии занҳои дар донишкада фаъолияткунанда 65 (37,6%) нафар, аз ин  теъдод 12 (18,6%) нафари онҳо дорои дараҷа ва унвони илмӣ буда, роҳбарони сохторҳои донишкада мебошанд. Дар соли ҷорӣ аз шумораи умумии ҳайати профессорону омӯзгорони донишкада 14 (13,3%) нафари онҳо аз такмили ихтисос гузаштаанд.

Муҳтарам Зарина Ибодзода ҳамзамон, қайд намуд, ки барои гузаронидани дарсҳои амалӣ ва таҷрибаомӯзии донишҷӯён, дар назди донишкада Маркази клиникӣ, илмӣ-таълимӣ фаъолият дорад. Инчунин, донишкада бо 40 муассисаҳои тиббӣ-профилактикии шаҳри Душанбе барои гузаронидани таҷрибаомӯзӣ ва дарсҳои амалӣ шартномаи ҳамкорӣ бастааст.

Шумораи донишҷӯён

-Теъдоди муҳассилини Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон ба 2507 нафар расидааст, ки аз ин теъдод 1592 (63,3) писар ва 915 (36,7%) духтар мебошанд. Шумораи донишҷӯён имсол нисбати ба соли гузашта 759 нафар зиёд гардидааст. Дар донишкада 51 донишҷӯ аз хориҷи кишвар таҳсил мекунад, ки 41 писар ва 10 духтар ҳастанд. Ин донишҷӯён аз ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҷумҳурии Ҳиндустон, ҷумҳурии Покистон, ҷумҳурии Бангладеш ва аз ҷумҳурии Нигерия мебошанд,-иттило дод ректори донишкада.

Иштироки омӯзгорону донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ

-Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 07 июли соли 2022, № АП-227 ва мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти рақами 07/44-02-33, аз 07 феврали соли 2023, оид ба гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон-оинаи таърихи миллат” ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дар МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” даври якуми озмун баргузор гардид. Дар озмун байни омӯзгорони Донишкада, омӯзгори кафедраи гистология Хисрави Давлаталӣ ҷои якум, декани факултети кори ҳамширагӣ (коллеҷ) Нодиров Ардамеҳр ҷои дуюм ва Шодиева Латофат-омӯзгори кафедраи забонҳо ба ҷои сеюм сазовор гаштанд. Инчунин, 21-уми феврали соли 2023 дар даври аввали озмун 90 донишҷӯ аз ҳамаи факултетҳои донишкада иштирок варзиданд. Ҷои якумро донишҷӯи курси 2-юми факултети стоматология Искандарзода Муҳаммад, ҷои дуюмро донишҷӯи курси 2-юми факултети тиббӣ Аловиддинов Рабониддин ва донишҷуи курси 2-юми факултети кори психологияи тиббӣ Ёрматов Санҷарбек сазовор гардиданд. Ҷои сеюм бошад, насиби донишҷӯёни курси 3-юми ихтисоси психологияи тиббӣ Ҳакимова Субҳона, донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси психологияи тиббӣ Одиназода Шафоат ва донишҷӯи курси 1-уми факултети стоматология Насридинзода Саиднур гардид. Ҳамчунин, 15-уми марти 2023, ҷиҳати дарёфти истеъдодҳои наврасу ҷавон дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон, даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» доир гардид. Дар он 22 донишҷӯ ва 10 устоду докторант иштирок намуданд, ки 12 нафар донишҷӯ ва 2 омӯзгор аз рӯи 3 номинатсия ба даври 2-юми озмун роҳ ёфтанд. Дар даври дуюми ноҳиявии Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 4 нафар донишҷӯёни донишкада: Исмоилова Ф. аз номинатсияи адабиёти муосир ҷои сеюм, Саторова Ш. ва Набиҷонова Ф. аз номинатсияи адабиёти ҷаҳон ҷойҳои сеюм, инчунин, Раҳмон Дилноза донишҷӯӣ Коллеҷи тиббии назди донишкада аз номинатсияи эҷодиёти наср ҷои сеюмро ишғол намуданд. Дар ин озмун ассистентони донишкада Ҳайдарзода Б.М. аз номинатсияи эҷодиёти насрӣ ҷои дуюм ва Нодиров А. аз номинатсияи Адабиёти ҷаҳон соҳиби ҷои сеюм гардиданд. Дар даври ноҳиявии озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” аз номинатсияи математика (арифметика, алгебра ва геометрия) Собиров О. соҳиби ҷои сеюм, Бурҳонова А., аз номинатсияи химия соҳиби ҷои дуюм, аз номинатсияи физика Қурбонов Лутфулло соҳиби ҷои сеюм гардиданд. Аз ҳисоби ассистентони донишкада Холов С. дар озмуни “Илм- фурӯғи маърифат” дар ихтирокорӣ дар даври дуюми озмун ҷои аввалро ишғол намуд. Донишҷӯёни донишкада дар конференсияҳои байналмилалӣ низ ширкат карда, ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд. Аз ҷумла дар Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ бахшида ба 100-солагии Академияи тиббии Тошканд, ки рӯзи 28-уми феврали соли равон дар шаҳри Тошканд баргузор гардида буд, 3 донишҷӯи донишкадаи мо ширкат намуда, дар бахши морфология (анатомияи эътидолӣ ва гистология) Мақсудова М.Х.-донишҷӯи курси дуюми ихтисоси кори табобатӣ ҷойи дуюм ва Ашурқулов Э.-донишҷӯи курси дуюми ихтисоси кори табобатӣ ҷои сеюм ва дар бахши ташхиси тиббӣ Эшонбобоева Н. донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси табобатӣ ҷойи сеюмро ишғол намуданд. Ҳамчунин,  4-уми майи соли равон дар Донишгоҳи тиббии Астана озмуни байналмилалии “Таълимгирандагон-2023” баргузор гардид, ки дар он донишҷӯ Хоҷиев Хусрав Холбекович ҷои якумро ишғол намуда, соҳиби “ДИПЛОМ”-и ҷои аввал ва “СЕРТИФИКАТ”-и ҷои аввал дар байни ҳамсолон (Primus inter pares-Первый среди равных)” гардид. Сайдуллоева Анисахон донишҷӯи ихтисоси психологияи тиббӣ дар озмуни Ҷоми Раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ширкат намуда, ҷои дуюмро ишғол намуд. Дар Донишгоҳи тиббии шаҳри Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар озмуни расмҳои анатомӣ дар номинатсияи “Табиб-касби пуршараф” донишҷӯӣ курси якуми факултети тиббии донишкада Ҳомидзода Мунира сазовори ҷои дуюм ва Абдуллоева М. донишҷӯи курси якуми факултети тиббӣ сазовори ҷои сеюм гардиданд. Донишҷӯёни факултети тиббии донишкада аз фанҳои анатомияи одам, гистология, физиологияи эътидолӣ дар сеюмин олимпиадаи байналмилалӣ байни муассисаҳои олии касбии тиббӣ “Самарқанд-2020” барои иштироки фаъолона соҳиби 20 сертификат гардиданд. Дар озмуни байналмилалӣ, ки дар Федератсияи Россия баргузор гардид, донишҷӯи курси сеюми факултети тиббӣ Мирасилзода Манучеҳр ширкат намуда, сазовори “Сертификат” гардид. Дар кафедраи анатомияи одам ва истилоҳоти тиббии лотинӣ маҳфили фаннии “Дурахши ситораҳо” гузаронида шуд, ки дар он аз шумори 100 донишҷӯи ширкатнамуда, донишҷӯёни курси 2-юми ихтисоси “Кори табобатии факултети тиббӣ” Мақсудова М. ҷои якум, Аҳроров А. ҷои дуюм ва Манонов Ш. ҷои сеюмро ишғол намуданд,-бо ифтихор ректори донишкада Зарина Ибодзода аз пешрафтҳои устодону донишҷӯён ҳарф мезанад.

Дастовардҳои устодони донишкада

  1. Услубҳои нави табобат дар роҳҳои талхабарор: даруннигарии ретроградии холесистопанкреатографӣ (ЭРХПГ) ва папиллосфинктеротомия ҳангоми санги маҷрои роҳҳои талхагузар;
  2. Стентгузории узвҳои ҳозима дар мавриди омосҳои бадсифат;
  3. Услуби нави бужкунонии сурхрӯда дар мавриди тангшавиҳои баъдисӯхтагӣ ва тангшавиҳо баъдигузоштани анастомоз;
  4. Ба таври эндоскопӣ бурида гирифтани омосҳои калони рӯдаи ғафс;

Аз ҷониби ҳайати профессорон ва омӯзгорони донишкада  Шамсиддинов А. Ҷ., Холов С. Б., Ахмедов А., Мусозода С. М., Мижгони Сорбон., Махсудов К. С., Раҳмонов А. У., Раҳимов И. Ф., Мусоев Р. С., Сайфуллоева М. Ҳ. Шаҳодатнома (нахустпатенти №TJ 1376 ) ПАТЕНТ дар мавзӯи “Таркиб барои табобати бемории узвҳои ГГБ”, 19 январи соли 2023, аз Идораи Патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтанд. Инчунин, аз тарафи омӯзгорони донишкада 3 намуди иловаҳои фаъоли биологӣ коркард карда шуда, дар истеҳсолот ҷорӣ намуданд:

  1. Малҳами Маклюфер (шираи камол ва макфюлер);
  2. Қиёми Псоралея (барои касалиҳои пуст);
  3. Маҳлули спиртии йодак+бобуна ва озариён (календула);

Дар моҳи июни соли 2023 муовини ректор оид ба таълим ва таҷрибаомӯзӣ номзади илмҳои тиб Мижгони Сорбон, дар 16-умин озмуни байналмилалии бонувони ихтироъкор, ки дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ тариқи онлайн баргузор гардид, ширкат варзида, оид ба ихтирооташ-“Капсула аз растаниҳои шифобахши ватанӣ” (мармараки мускати гиёҳи иссоп ва баргҳои гули печак), ки барои табобати бемориҳои илтиҳоби гӯшу гулӯ ва бинӣ тавсия дода мешавад, сазовори ҷойи якум ва медали тилло гардид.

Аз ҷониби доктори илмҳои тиб, профессор Ҳабибулло Ибодов асбоби “Сфинктерометр” ихтироъ  карда шуд, ки он барои ташхиси бемориҳои кӯдакона бо норасогии функсияи мушакҳои рӯдаи рост истифода бурда мешавад. Рӯзҳои 14-15 сентябр профессор Ҳ. Ибодов дар Форуми байналмилалии таҳсилот дар Донишгоҳи тиббии Синдзяни шаҳри Урумчи иштирок ва баромад намуданд.

Матлабҳои илмии омӯзгорон

Ба иттилои ректор, аз ҷониби ҳайати профессорон ва омӯзгорони донишкада 12 мақолаи илмӣ дар маҷалаҳои КОА назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, 38 мақола, фишурдаҳо дар конференсияи дигар муассисаҳои таълимӣ, 8 мақола ва фишурда дар конференсияҳои байналмилалӣ, 18 мақола ва фишурда дар Маҷаллаи “Паёми тиббӣ-иҷтимоӣ”-и донишкада ва 120 мақола дар конференсия ва мизҳои муддавари сатҳи донишкадавӣ ва 24 мақолаҳои илмӣ дар Конференсияи 3-юми ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои мубрами илми тибби клиникӣ ва иҷтимоӣ, роҳҳои рушди он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки коршиносони давлатҳои бурунмарзӣ, ки дар рӯзҳои 22-23 сентябри соли 2023 баргузор гардид, нашр карда шудаанд.

Китобхона

Гуфта мешавад, фонди захиравии китобхона дар соли ҷорӣ 51541 китобро ташкил медиҳад, ки аз ин теъдод 12995 ададро захираи электронии адабиётҳои таълимӣ ташкил менамояд. Воридоти адабиёти таълимӣ дар нуҳ моҳи соли равон1430 нусхаро дарбар мегирад.

Ҳамкориҳои байналмилалӣ

–Дар самти ҳамкории байналмилалӣ донишкада ба як қатор муваффақиятҳо ноил гардидааст. Аз ҷумла, Донишкада рӯзи 21-уми марти соли 2023 ба феҳристи донишгоҳҳо ва донишкадаҳои тиббии  байналмилалӣ ворид шуд (World Directory of Medical Schools -info@wdoms.org). Инчунин, донишкада бо Академияи тиббӣ-техникии Россия, Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Донишгоҳи тиббии Украина”, Донишгоҳи Хансаи Малайзия (Maxca University), Донишгоҳи тиббии шаҳри Самарқанд, Донишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии педиатрии Қазоқистон ва ширкати Гэатару Медиа ҳамкории дуҷониба дар самти таҳсилот, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, табодули таҷрибаи донишҷӯён ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишкада ва дигар самтҳои соҳаи тиб ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст. Ҳамасола олимон дар Ҷумҳурии Россия барои хондани лексия ва дарсҳои назариявӣ ба донишкада ҷалб карда мешаванд,-гуфт ректори Донишкадаи тиббӣ иҷтимоии Тоҷикистон Зарина Ибодзода.

Дар фарҷоми суҳбат муҳтарам Зарина Ибодзода қайд кард, ки раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишкада ҷиҳати амалигардонии дастуру супоришҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём аз 23 декабри соли 2022 ба Маҷлиси Олӣ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» қайд намуданд, чораҳои амалӣ андешида, дар самти баланд бардоштани сифати таҳсилот, тайёр кардани кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ, омода намудани мутахассисони сироятшинос ва вирусологҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь