Тан агар бемор шуд, бар сар маоредам табиб,

Эй азизон, кори тан саҳл аст, илоҷи дил кунед!

Барои дарёфти дарки дурусти ин ду мисраи ноб вориди утоқи кории табиби ҳозиқ Раҳматуллоев Хушрӯз Фарҳодович гардидам.

 – Духтури муҳтарам, шарҳи дақиқу саҳеҳи ҳамин ду мисраъ шеър маро ба ҳузури шумо овард, онро аз забони шумо шунидан хостам.

– Зимистони умри инсон давраи пиронсолист, ки дар он аксари узвҳо заифу бемадор мегарданд. Ана ҳамин сустшавию заифии узвҳо дар як вақти муайян ва ба таври баробар сурат намегиранд. Бо гузашти умр, пеш аз ҳама рагҳои дил дучори тағйирот мешаванд. Дили инсон дар як соат аз худ 300 литр хун мегузаронад. Ин узви хурдакак барои организми одам кори бузургеро ба анҷом мерасонад. Ба дили одами калонсол нафақат гузашти айём, балки аз худ дарак додани бисёр бемориҳои дигар низ таъсири ҷиддӣ мерасонанд. Аз ин рӯ, барои одамони солдида оромии асаб ва тановули бештари сабзавот аз манфиат холӣ нест.

– Дар қабули шумо чанд нафаре бо фишори пасти хун нишаста буданд. Фишори хун чаро паст мешавад?

– Дар тиб дар калонсолон 90/60, дар кӯдакон 70/40 мм сутунчаи симоб паст шудани фишори хун (артериальная гипотезия) номида мешавад. Ҳарчанд ин беморӣ ба мисли бемории фишори баланди хун (гипертония) сабаби пайдо шудани маризиҳои сактаи дил (инфаркт), сактаи мағзи сар (инсулт) намегардад, вале бемор беҳол, қобилияти кориаш паст мешавад.

– Фишори пасти хун чӣ гуна беморӣ аст?

– Одами гирифтори бемориҳои фишори пасти хун зуд монда мешавад, сараш вазнин гардида, дар дилаш эҳсосоти нохуш пайдо мешаванд, сараш давр мезанад. Хусусан вақти зуд аз ҷой бархостан ва тоб додани сар, он давр мезанад. Маълум аст, ки системаи дилу раги одами солим мувофиқи меъёр кор мекунад. Дар ҳолати бемории фишори пасти хун рагҳои хунгузар аз ҳад зиёд васеъ, тонусашон паст мешавад, ки дар натиҷа кори системаи дилу раг халал меёбад: қисми зиёди хун дар рагҳо монда, ба дил кам расида меояд. Дар натиҷа миқдори хуне, ки дил бароварда медиҳад, паст мешавад, рагҳои хунгузари мағзи сар ҳам бо хун пурра таъмин шуда наметавонанд. Яъне гардиши хун бад мешавад. Халалёбии шадиди асаб, дар вақташ истироҳат накардан, серӣ нахобидан, камҳаракатӣ ба паст шудани фишори хун оварда мерасонад.

– Хушрӯз Фарҳодович, дар бораи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ чӣ гуна андеша доред?

– Имрӯз хизматрасонии тиббӣ ба мардум, хоса ба маризони камбизоат ба виҷдони ҳар як шахси хилъати сафед пӯшида гузошта шудааст. Табиби асил агар ба савганди табибӣ содиқ бошад, бояд чун хилъати сафеди худ поку беолоиш бошад. Хизмати мардум сарбаландист. Ба эҳтироми мардум сазовор гаштан болотар аз ҳама гуна инъому ҳадяву мукофотҳои олист. Хизмати ҷавонмардона барои ҳифзи сиҳатии омма қарзи ҳар як табиб аст.

– Масъулияти роҳбарӣ дар чунин муассисаҳои баландпояи тандурустӣ аз ҳар сарваре маҳорати баланди кордониву ташкилотчигиро талаб мекунад. Чанд ҳарф дар бораи масъулияте бигӯед, ки ба уҳда доред.

– Аз соли 2015 то ба имрӯз масъулияти мудирии шуъбаи ташхиси функсионалиро ба уҳда дорам. Дилпурона бояд зикр намоям, ки бо талошҳои пайгиронаву бобарори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои қабул ва табобати ҳамаи беморон тамоми имкониятҳоро дар даст дорем. Ҳамчун мудири шуъба кӯшиш менамоям, ки барои фаъолияти босамари табибон ва табобати беморон шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Дар мавридҳои зарурӣ онҳоро дастгирӣ мекунам. Роҳбар бояд масъулияти ба уҳда доштаашро мардона дарк намояд ва онро амалӣ созад.

Бузургмарде фармудааст:

Мардҳо чашму чароғи рӯзгоранд,

Мардҳо осоиши мулку диёранд.

Ҳақ бар ҷониби муаллифи ин мисраҳост. Марди асил, дар кадом вазифаву мансабе набошад, бояд чун чароғ равшангари ҳаёт бошад.

Мусоҳиб: Раҷаб САИДӢ

Муаррифӣ:

Раҳматуллоев Хушрӯз Фарҳодович, санаи 29-уми августи соли 1985 дар деҳаи Ашти ноҳияи Ашти вилояти Суғд чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Баъди хатми литсейи №1-и ноҳия соли 2008 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро бо ихтисоси духтури бемориҳои дарунӣ сарбаландона ба итмом мерасонад. Солҳои 2008-2010 ба ҳайси духтури бемориҳои дил адои вазифа менамояд. Баъди хатми Ординатураи клиникӣ аз соли 2015 то ба имрӯз дар Муассисаи давлатии Маркази миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Шифобахш” ҳамчун мудири шуъбаи ташхиси функсионалӣ фаъолияти босамар дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь