Бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти Беморхонаи килиникии вилояти Хатлон ба номи Бурӣ Воҳидов хабарнигори МТЖТ бо сартабиби беморхонаи мазкур Хушнуд Баҳодурзода суҳбати ихтисосӣ анҷом дод. Мавсуф дар оғози суҳбат афзуд, ки соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба шумор рафта, дар давоми 32-соли Истиқлолият бомаром рушд карда, то ба имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. Пешвои муазами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин давра ба пешрафти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои ҳалли мушкилоти ин соҳаи ҳаётан муҳим тадбирҳои зиёдеро амалӣ гардонид. Маъмурияти Беморхонаи мазкур ва табибони он   дастуру супоришҳои Роҳбари давлат,  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомти иҷроияи ҳокиимяти давалтии вилояти Хатлонро сармашқи кори худ намуда, баҳри хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ шабонарӯз омода ҳастанд.

 Солимии миллат – боигарии давлат

 Зимни суҳбат Хушнуд Баҳодурзода  иброз дошт, ки феълан дар сар то сари мамлакат, аз он ҷумла дар вилояти Хатлон  корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланди меҳнатӣ давом дорад. Кормандони Беморхонаи Бурӣ Воҳидов  низ ин иқдомро бо як ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ дастгирӣ намуда, ҷидду ҷаҳд доранд, то дар ин марҳалаи муҳими созандагӣ саҳми босазои хешро гузоранд. Бояд қайд кард, ки дастгирии соҳаи тандурустӣ ҳамчун самти афзалиятнок ва меҳвари ҳаёти ҷомеа мансуб меёбад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати худро дар самти рушди соҳаи тандурустӣ таҳти шиори “Солимии миллат – боигарии давлат” ба роҳ монда, сол аз сол ба афзун намудани раванди маблағгузории соҳа, қабул ва мавриди амал қарор додани стратегияву барномаҳои миллӣ, беҳтар намудани сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Ҳамаи ин дасгириҳои роҳбари давлат буд, ки  табибони Беморхонаи килиникии вилояти Хатлон ба номи Бурӣ Воҳидов дар 8 моҳи соли ҷорӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.

Хизмати содиқона мароми мост

Номбурда қайд кард, ки Беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Б. Воҳидов аз 20 шуъбаҳои табобатӣ ва 8- хуҷраҳои ёрирасон дорои 610 кат буда ба аҳолии вилоят  шабонарӯз хизмати  тиббӣ мерасонад. Аз инҳо: шӯъбаи амрози даруна 125 кат, шӯъбаи кӯдакона 85 кат, шӯъбаи таваллуд 100 кат, шӯъбаи ҷарроҳӣ 220 кат, шӯъбаи сироятӣ 80 кат,  аз инҳо: 10 кати эҳёгарӣ; 5 кати кӯдакона ва 5 кати калонсолон-ро ташкил медиҳад.

Таъминот бо кадр ва такмилии ихтисоси онҳо  дар мадди аввал

Дар беморхона 1035 нафар  кормандон фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 144 нафар табибон, 563 нафар кормандони миёна, 263 нафар кормандони хурди тиббӣ ва 62 нафар кормандони техникӣ мебошанд,-илова кард ӯ ва гуфт, ки  аз 144 нафар табибон дараҷанокии касбии олӣ -43 нафар, дараҷанокии якум 18 нафар, дараҷанокии касбии дуюм 25 нафар, 39  нафар табибони ҷавонро ташкил медиҳад. Дар давоми 8 моҳи соли 2023-юм -9 нафар табиб ба кор қабул шуданд. Аз 6 нафари қабулшуда мутахассисони ҷавон буда 1 нафар хатмкунандаи соли 2020, 1 нафар хатмкунандаи 2019,  1 нафар хатмкунандаи 2021 ва 1 нафар хатмкунандаи 2022 бо тариқи роҳхат омада расиданд. Аз мутахассисони дорои маълумоти олӣ 5 нафаршон табиб номзади илмҳои тиб мебошанд.

Дар 8 моҳи соли ҷорӣ -19 нафар табибон ва 78 ҳамшираҳои шавқат аз курси такмили ихтисос гузаштанд.

Заҳматҳо бе подош намемонанд

Заҳматҳои шабонарузии кормнадони Беморхонаи килиникии вилояти Хатлон ба номи Бурӣ Воҳидовро Ҳукумати кишвар ва Вазорати тандрустӣ ва ҳукумати вилоят  ба инобат гирифта дар 8 моҳи соли равон онҳоро қадрдонӣ карданд. Сартабиби беморхона Баҳодрузода  Хушнуд  бо нишони “Аълочии тандурустии иттифоқи касабаи “Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гардид. Ҳамчунин Бахшида ба иди касбии табибон Камолов Н муовини сартабиб оиди сиҳатии модарон, Бурҳонова С.С-мудири шуъбаи таваллуд, Ҷорубова С табиби навзодон  бо «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сазовор гардида, мудири шӯъбаи наҷоти калонсолон Сатторов В.Т ва муовини сартабиб оиди сиҳати модар Шарипова М.С бо ҷоизаи “Вориси сино”  қадрдонӣ шуданд.

Беморон саривақт қабул ва муоилиҷа  мешаванд

Қабулу муроҷати корафтодагон аз ҷумла беморон зери таваҷҷуҳи хоси роҳбарияти беморхона қарор дошта, дар ин давра аз ҷониби табибони беморхона 12 ҳазору 616  нафар  бемор қабул гашта, 12 ҳазору 354 нафар пас аз қабули табобат, шифо ёфтанду ба хонаҳояшон рухсат шудаанд.

Қадами мубораки Пешвои миллат ба беморхона

Дар беморхона бунёди Маркази Перинаталӣ барои модару кӯдак бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон ва бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон кушода шуд. Марказ дорои беҳтарин шароитҳо буда, бо таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ пурра таъмин карда шудааст. Нисбати кор ва истифодабардии таҷҳизотҳо, мутахассисони Марказ аз тарафи мутахассисони Олмон омӯзонида шудаанд. Сохтори Марказ: бинои куҳна аз 2 ошёна иборат буда аз таъмири капиталӣ бароварда шудааст, иборат аз шӯъбаҳои бемориҳои занона дар 30 кат, шӯъбаи модару кӯдак дар 30 кат аз 73 ҳуҷра иборат аст.  Бинои нав аз 3 ошёнагӣ иборат буда ба пуррагӣ сохта шудааст, аз 110 кат иборат аст; шӯъбаи таваллуд 60 кат,  шӯъбаи марҳилаи дуюми  навзодон (20 кат). шӯъбаи амрози занона 30 кат, аз 119 ҳуҷра.

Ҳуҷраҳои шӯъбаҳо бо таҷҳизотҳои ҳозиразамон  таъминанд

Айни ҳол ҳамаи катҳо, рахти хоб ва таҷҳизотҳо омода карда шудааст. Дар ҳамаи утоқҳои кории табибон 22 адад компютер бо 11 адад принтер бо алоқаи интернет пайваст карда шудааст. Табибони акушер-гинеколог 21 нафар, 7 табиби наҷот, 6 табиби неонотолог, 4 табиби  кӯдакона,  ҷарроҳони амалиётхона, таҳлилгарон, функсионалистон кор ва фаъолият мекунанд. 45 нафар момодоя, 5 нафар ҳамшираи ҷарроҳӣ, 28 нафар навзодон ва 40 нафар фаррошон.

Воридсозии таҷҳизот дар 8 моҳ

Дар 8 моҳи соли ҷорӣ ба беморхона беш аз 15 намуд таҷҳизотҳои муосири тиббӣ  қабул карда шудааст. Аз ҷумла Пневматический Литотиптер ВИБРОЛИТ як адад бо харҷи 80300, Компрессор для воздуха 1 адад, бо харҷӣ 5500, Уретероскоп адад бо маблағӣ 96000 ҳазор сомонӣ, Шипци для захвата камней 2 адад бо харҷӣ 7280, Корзина для захвата камней як адад ба маблағӣ 4200 ҳазор сомонӣ,  Эндоскопическая камера 1 адад ба мбалағи 75000, Медицинский источник холодного света як адад ба мабағи 45300 ҳазор сомонӣ, Монитор медицинский як адад бо харҷи 68000 ҳазор сомонӣ, Тележка для медицинских инструментов для эндоскопов як адад бо харҷи 24500 зазор сомонӣ, Зафхо барои кислород 10 адад, Танзимкунандаи кислород 10 адад, ароба барои сарф, калид барои зарф ва тасмаи бехатари барои зарф як адади харидори карда шудааст.

Кӯмак ба шаҳру ноҳияҳо

Хушнуд Баҳодрузода афзуд, ки дар шӯъбаи кӯмаки сайёри махсусгардонидашудаи ёрии акушери перинаталии беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Б. Воҳидов   бо хати авиатсияи санитари табибони акушер- гинеколог дар 8-моҳи  соли 2023, 125  маротиба ба шаҳру ноҳияҳои вилоят сафар намуда ба зиёда аз 250 нафар  хизматрасонӣ намудаанд. Аз тарафи мутахассисони корвони саломатӣ дар давоми 8 моҳи соли 2023 ба шаҳру ноҳияҳои вилоят сафар намуда ба аҳолӣ хизматрасониҳои тиббию ройгон расонида шуд. Ба монанди: хизматрасониҳои тиббии  соҳаи гушу гулу ва бинӣ, урологӣ, ҷарроҳии кудакона, осебшиносӣ, дил, шуш, сирояти, асаб, хуншиносӣ, озмоишгоҳи, СБД расонида шуд.

Омодагӣ ба ҷашни 35-солагӣ

Ба мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷашни Наврӯз дар беморхона як қатор корҳои ободонию созандагӣ аз ҷумла ба миқдори 8000 адад гулҳои ороишӣ шинонида шуд. Инчунин шӯъбаҳои узвҳои ҳозима, шӯъбаи бемориҳои дил, шӯъбаи бемориҳои шуш, шӯъбаи дуюми кӯдакона, шӯъбаи гушу гулу ва бини, шӯъбаи барқароркунии саломати кӯдакона, шӯъбаи наҷоти кӯдакона ва калонсолон аз таъмири капиталӣ бароварда шуд.

Кӯмак ба ниёзмандон

Ба 60 нафар кормандони хурди тиббии камбизоати беморхона кӯмаки молиявӣ ба маблағи 50 сомонӣ дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба иди модарон расонида шуд. Бахшида ба ҷашни Наврӯз чорабинии пуршукӯҳ бо иштироки кормандони беморхона 60кг биринҷ  ош пухта зиёфат дода шуд.

Дар иди моҳи шарифи Рамазон ба оилаҳои камбизоат ва осебпазир, ки дар ҳудуди ҳавзаи интихоботии №6 истиқомат доранд кӯмак дар намуди маводи ғизои (орд, равған, шакар, биринҷ, картошка ва пиёз) инчунин ҳангоми муроҷиати ҳамин табақаи осебпазир кӯмаки тиббии ройгон низ расонида шуд. Дар оянда низ ин иқдом идома хоҳад ёфт.

Мароми мо хизмати содиқона ба халқу ватан аст

Маъмурияти Беморхонаи  килиникии вилояти Хатлон ба номи Бурӣ Воҳидов ва  табибони ботаҷрибаи он  аз дастгирии ҳамаҷонибаи, Ҳукумати кишвар, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро эҳсос намуда, баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳа пайваста тадбирҳои мушаххас меандешанд. Кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки  вилоятро  бо хизмати босифат ва замонавии тиббӣ ҳамарӯза фаро гиранд, баҳри пешгирии бемориҳо ва ҳифзи сиҳатии мардум фаъолият намоянд. Зеро дар се соли охир беморхона пурра бо дасгири Ҳукумати Ҷумҳурии, Вазорати тандурустӣ, мақомоти маҳаллӣ таъмиру босози гардида бо муосиртарин таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд.

Раҳмоналӣ Додаррхуҷаев,

“Фараж”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь