Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Шабакаи муассисаҳои ёрии аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Хуросон хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо роҳбари шабакаи болозикр Гулзода Раҷаб суҳбати ихтисоси анҷом дод ва фишурдаи онро пешакаши хонандагон менамоем.

Мавсуф дар оғози суҳбат изҳор дошт, ки соҳаи тандурустӣ дар ҷомеа муҳим арёбӣ мегардад ва тавре Пешвои миллат дар яке аз паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда буданд, роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, бо мақсади беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои тиббӣ, доир ба дастгирии мутахассисони ҷавон, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони соҳа ва рушди истеҳсоли доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ тадбирҳои мушаххас андешанд. Роҳбарияти вазорат ҳамчунин вазифадор карда шуд, ки барои таъмин намудани аҳолӣ ба хизматрасониҳои баландихтисос ва махсусгардонидашуда, ҷиҳати ворид намудани усулҳои муосири ташхису табобат ва технологияҳои инноватсионӣ чораҳои заруриро амалӣ намоянд ва барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, аз ҷумла мутахассисони бемориҳои сироятӣ, вирусшиносҳо ва рушди саноати дорусозӣ бояд тадбирҳои ҷиддӣ ва қатъӣ андешида шаванд.

Ҳамсуҳбати мо илова кард, ки мо- кормандони соҳаи тиб ҳидоятҳои Пешвои миллатро сармашқи фаъолияти худ карда, барои дар сатҳи баланд ба мардум хидмат расондан тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода хоҳем кард.

Ҳамзамон, мавсуф изҳор дошт, ки бо мақсади таъмини аҳолӣ ба хизматрасонии тиббии муосир саҳми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон басо муҳим арзёбӣ мегардад.

Бояд изҳор намоем, ки солимии аҳолӣ ва ҷомеа танҳо аз соҳаи тандурустӣ вобаста набуда, фаъолияти дастаҷамъона, байни бахшӣ сафарбаркунии тамоми бахшҳо ва худи аҳолиро тақозо дошта, оилаи солим бунёди ҷомеа ва давлатӣ солим мебошад.

Сохтор ва хизматрасонӣ

Ҳамзамон, номбурда тазаккур дод, ки дар шабакаҳои КАТС-и н. Хуросон 1 адад Маркази саломатии ноҳия (дар таркибаш Маркази солимии репродуктивӣ, Маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона ва Тибби оилавӣ), 15 адад маркази саломатии деҳотӣ ва 35 адад Бунгоҳҳои тиббӣ фаъолият доранд, ки ба зиёда аз 133883 нафар аҳолӣ хизмати тиббию санитарӣ мерасонанд. Дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар КАТС-и ноҳия ҳамагӣ 472 нафар кормандон кору фаъолият менамоянд.

Ҷиҳати беҳтарсозии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби кормандони минтақавии муассиса пайваста гардишҳои наздиҳавлигӣ анҷом дода шуда, беморони дарёфтшуда, баҳри ба табобат фаро гирифтан ба КАТС ирсол карда мешаванд. То нимсолаи соли 2024 аз ҷониби ҳамшираҳои минтақавӣ ва табибон зиёда аз 139121 гашти хонаҳо гузаронида шуда, аз ин шумора 551978 нафар аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ фаро гирифта шудааст.

Базаи кадрӣ ва масъулиятшиносӣ

Мавсуф афзуд, ки дар сатҳи КАТС-и ноҳия 36 нафар табибон (аз инҳо 15 нафар табиби оилавӣ) ва 284 кормандони миёнаи тиб (аз инҳо 53 нафар ҳамшираҳои оилавӣ) фаъолият мекунанд.

Дар Маркази солимии репродуктивӣ 4 табиби занона, ки аз онҳо 1 нафар дорандаи дараҷаи олӣ, ва 4 нафар момодоя ба зиёда аз 32581 нафар занҳои қобили таваллуд хизмати тиббӣ мерасонанд.

Дар нимсолаи соли ҷорӣ дар ҳудуди ноҳия (дар ҷамоати деҳоти С. Айнӣ, деҳаи Ҷавонӣ, ва ҷамоати деҳоти Қизилқалъа, деҳаи Файзалӣ Ғавниев) 2 бунгоҳи наву замонавии дигар бо дастгирии ташкилотҳои хориҷӣ сохта шуда ва мавриди истифода қарор дода шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки тибқи фармоиши роҳбари МКАТС-и ноҳия ҳар моҳ аз ҷониби табибон ва кормандони МКАТС дар деҳаҳои дурдасти ноҳияи Хуросон маъракаи “Корвони саломатӣ” баргузор шуда, тамоми аҳолии деҳот ба хизмати тиббии ройгон фари гирифта мешаванд.

Касбияти табиб

Ҳамсуҳбати мо дар рафти суҳбат афзуд, ки дар ҳаёти инсоният нақши пизишк муассир буда, барои сиҳатмандиву пешгирии бемориҳои гуногун инсонҳоро ҳифз менамояд. Табиист, ки пизишкон тамоми донишу малакаи хешро баҳри беҳбудиву солимии ҷомеа сарф мекунанд, аз ин рӯ, кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Хуросон низ тайи солҳои зиёдест, ки барои мардум заҳмат мекашанду беморонро табобат мекунанду ноумедонро умед мебахшаду маризонро аз марг наҷот медиҳанд. Ҳамсуҳбати мо зимни суҳбат бо хабарнигори МТЖТ изҳор дошт, ки мо- табибон шабу рӯз дар андешаи мардум ҳастему муроҷаткунандагонро сарвақт ба мушкилоташон расидагӣ мекунем. Мавсуф бар ин андеша аст, ки табиб бояд пеш аз ҳама равоншиноси хуб бошад, то тавонад беморонро нахуст бо сухан оромишу руҳбаланд намояд. Ҳамчунин, кори аз он иборат аст, ки ба беморон чунон муомила кунем, ки беморон нахуст аз ҷиҳати равонӣ руҳбаланд шаванду навмедию ранҷро то андозае аз дилашон дур намоянд.

Иҷрои қонун

Вобаста ба қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар КАТС-и ноҳия шахсони мутасаддӣ вобаста ба корҳои анҷомдода, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маълумот ирсол мешавад.

Дар фароварди суҳбат ҳамсуҳбати мо қайд кард, ки шароити корӣ ба мо тақозо мекунад, ки беш аз пеш хизматрасониро беҳтар гардонем ва албатта, талоши мо низ барои боз ҳам беҳтар гардондани хизматрасонӣ, инчунин сатҳи саводи касбиро боло бурдан аст.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь