Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти шабакаи КАТС-и ноҳияи Кӯшониён хабарнигори МТЖТ бо иҷрокунандаи сардори шабакаи мазкур Иноятов Фаррух суҳбати ихтиссосӣ анҷом дод ва фишурдаи он пешкаши хонандагон мегардад.

Номбурда дар оғози суҳбат қайд кард, ки хизматрасонии кӯмаки аввалияи тиббию санитари вазифаи муҳими соҳаи тандурустӣ буда, зери таваҷҷуҳи хоса қарор дорад. Баҳри пешбурди фаъолияти кори соҳа ва дар амал татбиқ намудани он нақшаю чорабиниҳо тартиб дода шуд. Сохтори шабакаҳои муассисахои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (ШМ КАТС) тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.10.2002, №525 таҳия шуд. Аз санаи 15.04.2010 дар сохтори тандурустии ноҳия тағйиротҳо ба амал омада, ШМ КАТС аз бахши госпиталӣ ҷудо карда шуд.

ШМ КАТС-и ноҳияи Кӯшониён ҳамагӣ аз 71 муассисаҳои тиббӣ иборат буда, аз ҷумла 1 Маркази саломатии ноҳия, 24 маркази саломатии деҳотӣ, 46 то бунгоҳи тиббиро дар бар мегирад.

Базаи кадрӣ ва хидматрасонӣ

Мавсуф тазаккур дод, ки хизматрасонии тиббӣ аз тарафи марказҳои саломатӣ, маркази тибби оилавӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ тибқи барномаҳои соҳаи тандурустӣ кор ва фаъолият намуда истодаанд. Дар ШМКАТС-и ноҳия хамаги 714 нафар кормандон фаъолият менамоянд, ки аз инҳо 73 нафар табиб, 475 нафар ҳамшира ва 166 нафар коркунони хурди тиб ва дигарон кор мекунанд. Аз кормандони КАТС 8 нафар дорандаи унвони аълочии тандурустӣ буда, аз инҳо 3 нафар зан ва 5 нафар мардро ташкил мекунад.

Шумораи аҳолии ноҳияи Кӯшониён 260954 нафар ва занҳои қобили таваллуд -64036 нафар мебошанд. Шумораи таваллуд дар давраи ҳисоботӣ ҳамагӣ-1480 нафар.

Маркази саломатии ноҳия

Номбурда қайд кард, ки ҳамагӣ 7445 нафар шаҳрвандон қабул ва муоина карда шуд. Аз инҳо ҷарроҳӣ 674 нафар, бавлияшинос 927 нафар, осебшинос 349 нафар, гӯшу гулӯ ва бинӣ 601 нафар, амрози даруна 598 нафар, кӯдакона 670, чашм 1017 нафар, асабшинос 543 нафар, ғадудшинос 310 нафар, сироятшиносӣ 233 нафар, сӯзандору 466 нафар, бақайдгирӣ 671, физиотерапея 13 нафар, ҳуҷраи ВНМО -0 нафар мебошад.

Ташрифоти шаҳрвандон

Мавсуф афзуд, ки аз тарафи кормандони тиббӣ ҳамаги қабул ва муоина карда шуд 349097 нафар. Ба назди духтур омад -29279 нафар. Ташрифи табибон дар хона ба 14174 нафар.

Аз тарафи кормандони миёна қабул ва муоина карда шуд 89666, ташрифи кормандони миёна дар хона ба 215978 нафар.

Ёрии таъҷилӣ

-Дар ноҳия се шӯъбаи ёрии таъҷилӣ, дар шаҳраки И. Сомонӣ, ҷамоати Заргар ва ҷамоати Бохтариён фаъолият дорад. Шӯъбаи ёрии таъҷилӣ аз соли 2013 дар ноҳия ташкил карда шуда, дар аввали соли 2022 аз бахши госпиталӣ ба бахши КАТС гузаронида шуд. Шӯъбаҳои ёрии таъҷилӣ бо 4 нақлиёт таъмин буда, аз он ҷумла, дар соли 2022, 2 нақлиёти ёрии таъҷилии ҳозиразамон ворид карда шуд. Дар давраи ҳисоботӣ шумораи даъват 966 маротиба, аз инҳо то 18 сола 99 нафар, бистарикунони 64 нафарро дар бар мегирад,-гуфт мавсуф.

Дастовардҳо

Дар боби дастовардҳо ҳамсуҳбати мо сухан карда, аз ҷумла қайд кард, ки дар давоми солҳои истиқлолият 52 иншоотҳо сохта ба истифода дода шуд. Ин иншоотҳо, аз ҷумла 1 маркази саломатии ноҳиявӣ, 6 марказҳои саломатии деҳотӣ, 38 бунгоҳҳои саломатӣ, 5 муассисаҳои тибби хусусиро ташкил мекунад. Инчунин панҷ масҷиди ғайри расмӣ ба бунгоҳи саломатӣ табдил дода шуд.

Дар давоми 3 солаи охир аз ҳисоби буҷаи корхона ба ҳисоби 210 000 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо намуда, МСД Меҳнатобод, МСН ва маркази саломатии ҷ\д Бустонкалъаро таъмири косметикӣ намуда шуд. Бунгоҳи саломатии Калташур аз нав сохта, ба истифода дода шуд. Бинои МСД Дониёрқул ҷ. Меҳнатобод ба таври ҳашари умумихалқӣ таъмир карда, ба истифода дода шуд. Дар ҷамоати Бустонқалъа бунгоҳи саломатии Ниҳолпарвар ба таври ҳашари умумихалқӣ сохта, аз моҳи марти 2020 ба халқ хизмат намуда истодааст.

Дар деҳаи Гулистони ҷ\д Бустон- Калъа аз тарафи соҳибкор Ҳамидов Бадридин ба маблағи 80 000 сомонӣ бунгоҳи тиббӣ сохта ба истифода дода шуд, ки аз моҳи ноябри соли 2020 ба кор шуруъ намуда, ба сокинон хизмат намуда истодааст.

Аз ҳисоби соҳибкор Имомов Ҷамшедбек дар маркази саломатии ҷ\д Бохтариён бунгоҳи саломатии Остонкат бо тамоми таҷҳизотҳои тиббияш ба маблағи 300 000 ҳазор сомонӣ ба истифода дада шуд, ки аз моҳи сентябри соли 2020 ба халқ хизмат намуда истодааст.

Дар ҷ\д Заргар бунгоҳи саломати дар деҳаи Крупский бо тариқи ҳашар ба маблағи 17310 сомонӣ сохта ба истифода дода шуд.

Дар соли 2021, дар ҷашни Наврӯз бо иштироки Пешвои миллат иншооти ҷашнӣ клиникаи хусусии Ваҳдат, ки аз тарафи соҳибкор Фақиров А. сохта шуда буд, ба истифода дода шуд.

Бинои маркази саломатии ноҳия дар маркази ноҳия дар ш. И. Сомонӣ ҷойгир буда, дар аввали соли 2021 ба маблағи 101428 сомонӣ аз ҳисоби маблағи ноҳия аз таъмир бароварда шуда, бо таҷҳизотҳои аввалиндараҷа таъмин карда шуд.

Бунгоҳи саломатии М. Горкий дар ҷ/д. Заргар деҳаи М.Горкий ҷойгир буда, дар соли 2021 ба тариқи ҳашари умумихалқӣ ба маблағи 3000 сомонӣ аз таъмири косметикӣ бароварда шуд.

Дар соли 2022 Бунгоҳи саломатии Бофанда дар ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлол, деҳаи Бофанда ҷойгир мебошад. Сохтмони муассиса дар соли 2021 оғоз ёфта, дар соли 2022 аз тарафи соҳибкор Ҷелиев Фарҳод ба маблағи 1000000 сомонӣ сохта ба истифода дода шуд. Бинои маркази “Симо”, 3 ошёна буда, аз мағоза, толори варзишӣ, бунгоҳ, муассисаи тиббӣ-хусусӣ иборат мебошад. Бунгоҳ дар якум ошёна ҷойгир буда, аз 4 ҳуҷра, аз ҷумла, ҳуҷраи қабули беморон, эмгузаронӣ, сӯзандору ва ҳуҷраи хоҷагидорӣ иборат мебошад. Дар ошёнаи дуюм маркази саломатии хусусии “Симо” иборат аз ҳуҷраҳои қабули беморон, стоматологӣ, физиодармонӣ, ташхиси ултрасадо, момодоягӣ мебошад.

Аз тарафи лоиҳаи беҳтаргардонии хизматрасонии тиббӣ дар аввали соли 2022 ба нақша гирифта шудааст, ки 13 МСД, аз ҷумла, МСД Комсамол, МСД Уртабуз, МСД Дониёркул, МСД Бустонкалъа, МСД К Гулов, МСД Навкор, МСД Навобод, МСД Сабзавод, МСД шуъбаи 1, МСД С Истиқлол, МСД Истиқлол, МСД шуъбаи 4, МСД Навбаҳор аз таъмири капиталӣ бароварда, бо таҷҳизотҳо таъмин карда шавад.

Айни ҳол дар ҳаммаи 13 марказҳои саломатӣ таъмир ба итмом расида, ин иншоотҳо ба истифода дода шуданд.

Инчунин, аз тарафи “Лоиҳаи инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон” ба нақша гирифта шудааст, ки дар маркази ноҳия як бинои нави маркази саломатии ноҳиявӣ сохта шавад ва 6 марказҳои саломатии деҳотӣ, аз ҷумла МСД Меҳнатобод, МСД Варашилов, МСД Чорсӯ, МСД М. Гиёев, МСД Л. Шералӣ, МСД ҷ. Бохтариён ш. 3 аз таъмири капиталӣ бароварда, ба истифода дода шавад. Айни ҳол аз тарафи ин лоиҳа МСД Чорсӯ, МСД М. Гиёев, МСД Л. Шералӣ, МСД Меҳнатобод, МСД Варашилов, МСД Бохтариён- шӯъбаи 3 аз таъмир бароварда, ба истифода дода шуд. Сохтмони бинои маркази саломатии ноҳия дар марҳилаи нақшабандӣ мебошад.

Дар соли 2022, 2 нақлиёти ёрии таъҷилии тиббии ҳозиразамон дастрас карда шуд.

Дар соли 2023 дар ҷ.Заргар, деҳаи заводи Хишт ба таври ҳашари умуми халқӣ бунгоҳи саломатӣ сохта шуд. Дар назди бинои маркази саломатии ноҳия майдончаҳои сабзазоркунӣ, ки иборат аз гулҳо ва ниҳолҳои ороиши аст, азнавсозӣ карда шуд.

Дар бунгоҳи саломатии шӯъбаи 2 ҷ. Бохтариён аз тарафи маблағҳои буҷети сохтмонӣ бинои нав оғоз шуда, сохтмони бино идома дорад.

Дар соли 2023 бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 2 адад дастгоҳи ташхиси ултрасадо ва як адад дастгоҳи гаронарзиши рентгенографияи рақами дастрас карда шуд. Як адад дастгоҳи ташхиси ултрасадо ва дастгоҳи рентгенография дар ҷамоати Заргар ва як адад дастгоҳи ташхиси ултрасадо дар ҷ.Бустонкалъа насб карда шуд.

Нисбати таъминоти кадрӣ 13 нафар табибон, аз ҷумла табибони кӯдакона,  амрози даруна, ҷарроҳ, момодоя, гушу гулӯю бинӣ бо роҳхати вазорат бо ҷои кор таъмин шуданд.

Дар соли 2024, аз тарафи “Лоиҳаи инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон” дар санаи 28.02.2024 тариқи ройгон 506 адад намгӯи таҷҳизотҳои тиббӣ бо маблағи 435778,95 сомонӣ ворид карда шуд.

Маъмурият ва кармандони КАТС аз имкониятҳои мавҷудбуда истифода намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки кори соҳаро пеш бурда, саҳми худро барои пешравии ватани азиз гузоранд.

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь