Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти беморхонаи марказии

шаҳри Норак хабарнигори МТЖТ бо сартабиби беморхонаи мазкур Файзализода Сайвалӣ Файзалӣ суҳбат ихтисосӣ анҷом дод.

Номбурда дар оғози суҳбат қайд кард, ки таваҷҷӯҳу эътибори давлуту Ҳукумат, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи муҳим, яъне тиб аст, ки муассисаҳои тиббӣ бунёд гардида, бо вориди таҷҳизоту технологияи муосир бо маблағгузории буҷетӣ соҳаи тандурустӣ рӯ ба беҳбудӣ оварда, баробари беҳтар шудани ҳолати хизматрасонӣ, тарзу усулҳои пешқадами ташхису муолиҷа ба роҳ монда шуда истодааст.

Сохтори бемористон

Номбурда афзуд, ки беморхонаи марказии шаҳри Норак дорои 221 кат буда, аз 13 шуъбаҳои табобати (шуъбаи ҷарроҳӣ, бемориҳои даруна, бемориҳои кӯдакона, бемориҳои дил, қабулгоҳ, наҷот ва беҳискунӣ, бемориҳои занона, таваллудхона, бемориҳои сироятии калонсолон, бемориҳои сироятии кӯдакона, бемориҳои равонӣ, стомотология ва физиотерапевтӣ) ва 6 шуъбаю ҳуҷраҳои ёрирасон (озмоишгоҳ, оморӣ тиббӣ, ҳуҷраи ултрасадо, ҳуҷраи сабти барқии дил, ҳуҷраи рентгенӣ ва ҳуҷраи гастроскопӣ) иборат мебошад.

Базаи кадрӣ

Мавсуф тазаккур дод, ки айни ҳол аз ҷониби 40 табиби илми олидор, ки 8 (22,5%) нафарашон дараҷаи олӣ, 13 ( 32,5 %) нафар дараҷаи якум ва 11 (28 %) нафар дараҷаи дуюм ва 167 нафар ҳамшираҳои тиб, ки 53 (32,3 %) нафарашон дараҷаи олӣ, 23 (14 %) нафар дараҷаи якум ва 33 (20 %) нафар дараҷаи дуюм мебошанд, ба аҳолӣ хизмати тиббию санитарӣ мерасонанд. Кормандони хурд 101 нафар, коркунони хоҷагӣ 44 нафарро ташкил медиҳанд. Дараҷанокии табибон дар умум 80 % ва кормандони миёнаи тиббӣ 66,5 %-ро ташкил медиҳад. Ҳамагӣ дар беморхонаи марказӣ 352 нафар корманд кор ва фаъолият доранд.

Ҳамагӣ бастҳои корӣ дар беморхонаи марказии шаҳри Норак 415,25 воҳиди корӣ:

Табибон 57 аз инҳо банд 46,0 озод 9,0 воҳиди корӣ.

Ҳамшираҳои тиббӣ 168, аз инҳо банд 168, озод нест.

Кормандони хурд 123,75, аз инҳо банд 123,75, озод нест.

Дигарон 64,5 аз инҳо банд 61,5, озод 3,0.

Дар 12 моҳи соли 2023 дар беморхонаи марказии шаҳр 29 нафар корманд ба кор қабул карда шудааст.

Такмили дониш

Номбурда изҳор дошт, ки табибон ва ҳамшираҳои шафқати беморхона аз рӯи нақшаи тасдиқшуда, сари вақт аз курсҳои такмили ихтисос мегузаранд. Дар  соли 2023 тибқи нақша бояд 13 нафар табибон ва 27 нафар ҳамшираҳои тиббӣ аз курси такмили ихтисос мегузаштанд. Дар 12 моҳи соли 2023, 11 нафар табиб ва 21 нафар кормандони миёнаи тиб аз курси такмили ихтисос гузаштааст.

Дар 12 моҳи соли 2023 дар беморхонаи марказии шаҳрӣ 361 аснодҳои содиротӣ, 348 аснодҳои воридотӣ ва 37 фармонҳои дохилии беморхона ба қайд гирифта шудааст.

Иҷрои буҷет

Ҳамзамон, мавсуф зикр кард, ки нақша бо тағиротҳо – 8229144,0 сомонӣ (дар соли 2022 – 7470140 сомонӣ), иҷроиш – 8229144,0 сомонӣ- 100%, (дар соли 2022 – 7430571,53 сомонӣ – 99,47%).

Иҷроиш оид ба Қарори №600.

Нақша 450000,0 сомонӣ, (дар соли 2022 – 405000 сомонӣ), иҷроиш 444735,0 – 98,8 %, (дар соли 2022 – 408799 сомонӣ – 100,94%).

Хизматрасонӣ

Дар идомаи суҳбат номбурда тазаккур дод, ки дар 12 моҳи соли 2023 ба беморхонаи марказии шаҳри Норак 3745 бемор ва дар 12 моҳи соли 2022 (3814 нафар) бемор муроҷиат карадаву муолиҷа гирифтанд.

Дар 12 моҳи соли 2023 дар беморхона 1903 таваллуди навзод ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли гузашта (1696 нафар) 207 навзод зиёд мебошад.

Дар 12 моҳи соли 2023 дар Беморхонаи марказии шаҳр ба 393 кӯдак (дар 12 моҳи соли 2022 – 334 нафар) амалиёти хатна гузаронида шудааст, аз шумораи умумӣ аз 0 то 20 рӯза 362 нафар, (дар 12 моҳи соли 2022 – 301 нафар), аз 20 рӯза то 6 моҳа 21 нафар, (дар 12 моҳи соли 2022 – 18 нафар) аз 6 моҳа то 3 сола 5 нафар, (дар 12 моҳи соли 2022 – 8 нафар) ва аз 3 сола боло 5 нафар (дар 12 моҳи соли 2022 – 7 нафар).

Беморхонаи марказии шаҳри Норак оксигени тиббиро аз корхонаи ҶСП “Заводи таҷрибавии механикӣ” ЭМЗ тариқи ройгон дастрас менамояд.

Бунёдкорӣ

Дар фарҷоми суҳбат номбурда қайд кард, ки ҳамкории беморхонаи марказии шаҳрӣ бо лоиҳаҳои дохилию хориҷӣ хуб ба роҳ монда шуда, аз тарафи лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кудак дар чор ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо маблағгузории “Бонки Исломии Рушд” ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмири капиталии бинои асосии беморхона ва азнавсозии биноҳои ёрирасон ба монанди ҷомашуйхона, ҳуҷраи автоклав, дегхона (кателная) оғоз ёфта ва инчунин таъмини таҷҳизотҳои тиббӣ дар назар гирифта шудааст.

Бояд ёдовар шавам, ки таъмири капиталии бинои асосии беморхонаи марказии шаҳр аз шашмоҳаи дуюми соли 2022 оғоз гардида буд.

Ва албатта, бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ таъмири беморхона сурат гирифтааст ва бевосита вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар рафти таъмири капиталӣ доимо дидан менамояд, ки аз ин фурсати муносиб ба Ҳукумати кишвар ва Возорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ арзи сипоси худро мерасонем. Албатта, нисбати соҳаи тиб ғамхории Пешвои миллат бузург аст ва беморхонаи мо бори нахуст чунин таъмири капиталӣ мебинад ва мо кормандони ин беморхона дар навбати худ талошу кӯшиш мекунем, ки саҳми арзандаи хешро дар рушди соҳаи тиббӣ кишвар гузорем.

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь