Дар зарфи 30 – соли Истиқлолияти давлатӣ якчанд марҳилаи ислоҳоти соҳаи маориф ва тандурустӣ амалӣ гардида, ҳамзамон, навсозии инфрасохтори ин ду соҳаи муҳими ҷомеа, такмили сатҳу сифати таълиму тарбия, низоми нави омода намудани мутахассисони соҳибкасби ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат дар раванди татбиқ қарор дорад. Дар баробари ин, гузариш ба сатҳу сифати нави таҳсилот имкон фароҳам овард, ки ба низоми маорифи кишвар як қатор дигаргуниҳои куллӣ ворид карда шаванд. Ҳамрадиф бо ин, тавассути татбиқи барномаҳои давлатӣ масъалаҳои вобаста ба дастрасии баробар ба илму донишомӯзӣ, азхуд кардани касбу ҳунарҳои мухталиф ва баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифати ҷавонону наврасон тадриҷан ҳаллу фасл шуд. Фаромӯш набояд кард, ки асоси пешрафти ҳар як кишвар аз сатҳи саводнокии мардум, бахусус ҷавонону наврасони он вобаста мебошад. Зеро насли бомаърифат қудрату тавоноии давлату миллат мебошад. Давлате, ки мардумаш соҳиби донишу маърифати баланд нест, ҳеч гоҳ пурқудрат нахоҳад шуд. Дар ин радиф Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ аз боргоҳҳои маърифати куҳанбунёдест, ки дар таълиму тарбия ва омодасозии омӯзгорони болаёқат ва соҳибтахассус саҳми бориз дорад.

Заминаи моддию техникӣ ва кадрӣ

Соли 2021 ба таъсиси Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” 86 сол пур шуд. Таърихи ин кохи бузурги илму маърифат ва касбу ҳунар аз соли 1935 оғоз мегардад. Бо Қарори Шӯрои Комиссарони Халқи ҶШС Тоҷикистон 25 -уми августи соли 1935 дар шаҳри Сталинобод (Душанбеи имрӯза) Политехникуми тиббӣ таъсис ёфт, ки соли 1936 номи Мактаби миёнаи тиббӣ ва баъдан, Омӯзишгоҳи тиббиро гирифт.

Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади ба талаботи байналмилалӣ ҳамчун муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ҷавобгӯ буданаш, муассиса якчанд маротиба тағйири ном кардааст.

Давоми солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар коллеҷ дигаргунҳои муҳиму назаррас ба вуқӯъ пайваст. Заминаи моддию техникӣ ва кадрии коллеҷ сол аз сол мукаммал гардид.  Айни замон МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” дорои 3 бинои таълимӣ, хобгоҳ, 2 маркази таълимӣ-истеҳсолии дорусозӣ, маркази таълимӣ – табобатии ҷарроҳия, маркази таълимӣ – табобатии стоматология, маркази таъмири техника ва таҷҳизоти тиббӣ, маркази омӯзиши малакаҳои амалии ҳамширагӣ, маркази таълимӣ – ахборотии таълими фосилавӣ оид ба мавзӯи банақшагирии оила, 4 ташхисгоҳи таълимӣ (микробиологӣ, биокимиёӣ, физикӣ, таҳлили сифати маводи доругӣ), 1 типография, зиёда аз 410 адад синфхонаҳои таълимӣ, 28 толори лексионӣ, 3 синфхонаи компютерӣ, 3 синфхонаи лингофонӣ, 3 майдончаи варзишӣ, 2 толори варзишӣ, 2 толори маҷлис, 2 ошхона мебошад.

Қобили тазаккур аст, ки соли 2020 бинои нави таълимии МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” дар суроғаи кӯчаи Раҳмон Набиев 248 ба истифода дода шуд. Масоҳати таълимии бино ҳамакнун имкон медиҳад, ки то дар як баст 3325 донишҷӯ ба таълиму омӯзиш фаро гирифта шаванд.

Бо мақсади ба шароити муосири таълим мутобиқ намудани раванди таълим солҳои охир теъдоди зиёди технологияи компютерӣ харидорӣ карда шудааст. Айни замон шумораи компютерҳо дар коллеҷ 452, принтерҳо 221, тахтаҳои электронӣ 87, проектори мултимедӣ 85 ададро ташкил медиҳанд. 97 адад компютер дар китобхона, маркази таълимӣ-иттилоотии омӯзиши фосилавии банақшагирии оила, синфхонаҳои компютерӣ, кабинетҳои мудирони кафедраҳо ва деканони факултетҳо бо хатти Интернет пайваст мебошанд, ки донишҷӯён ва омӯзгорон аз онҳо васеъ истифода менамоянд.

Дар коллеҷ айни замон 431 нафар омӯзгор фаъолият доранд. Се нафар кормандони коллеҷ бо мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла 2 нафар бо медали “Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 2 нафар бо медали “Хизмати Шоиста” ва як нафар бо медали “Шафқат” сарфароз гардонида шудаанд. 35 нафар кормандони коллеҷ бо медали “Аълочии тандурустӣ”, 16 нафар бо ифтихорномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 10 нафар бо медали “Аълочии маорифи Тоҷикистон” ва 6 нафар бо Ифтихорномаи “Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадрдонӣ карда шудаанд.

Марказҳои таълимию табобатӣ ва истеҳсолӣ

Роҳбарияти коллеҷ бо муассисаҳои таҳсилоти баъдидипломӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст, ки дар натиҷа солҳои охир шумораи дараҷанокии омӯзгорон бештар шуда, он нисбат ба соли 2015 то 57% боло рафтааст.

Бо мақсади беҳтар намудани раванди машғулиятҳои амалии донишҷӯён ва баланд бардоштани сатҳи тахассуснокии омӯзгорон дар Коллеҷ якчанд марказҳои таълимию табобатӣ ва истеҳсолӣ ташкил карда шуданд, аз ҷумла маркази таълимӣ – табобатии “Ҷарроҳия”, маркази таълимӣ – табобатии  “Стоматология”, маркази таълимӣ – истеҳсолии “Таъмири техника ва таҷҳизоти тиббӣ”, маркази таълимӣ-истеҳсолии “Ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш”, маркази таълимӣ-истеҳсолии “Дорусозӣ”,  маркази “Такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони миёнаи тиббӣ”, маркази “Омӯзиши малакаҳои амалӣ”, “Осоишгоҳи таълимӣ-таҷрибавӣ ва фароғатӣ”. Марказҳои мазкур бо таҷҳизоти муосири ташхисию табобатӣ табобатӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Ҳамчунин соли 2021 сохтмони “Маркази ташхисӣ-табобатӣ ва таълимӣ”, дар заминаи Осоишгоҳи Харангон воқеъ дар ноҳияи Варзоби деҳаи Айнӣ ба пуррагӣ ба анҷом расида, аз таҳхона ва 3 ошёна иборат мебошад ва барои истифодабарӣ омода аст.

Аз соли 2018 дар коллеҷ маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони миёнаи тиббӣ ташкил карда шудааст, ки дар он аз рӯи ҳамаи ихтисосҳои дар коллеҷ мавҷудбуда курсҳои такмили ихтисос ва бозомзии касбӣ ба роҳ монда шудааст.

Соли 2016 дар коллеҷ маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ ташкил карда шуд. Маркази мазкур бо таҷҳизоти муосири омӯзиши малакаҳои касбии ҳамширагӣ ва момодоягӣ муҷаҳҳаз мебошад. Дар он донишҷӯёни ихтисосҳои кори ҳамширагӣ ва момодоягӣ машғулиятҳои қабликлиникиро гузашта, сипас ба муассисаҳои тандурустӣ барои таҷрибаомӯзии қаблидипломӣ равона карда мешаванд.

Ҳоло барои сохтмони дармонгоҳ ва клиникаи наздиколлеҷӣ аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома гирифта шуда, лоиҳаи ангоравии он омода аст.

Сатҳу сифати таҳсилот

Шумораи донишҷӯёни коллеҷ айни замон 9129 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 2015 нафарашон писарон ва 7114 нафарашон духтарон мебошанд. Дар коллеҷ 25 нафар донишҷӯёни хориҷӣ: аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон – 9 нафар, аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон – 2 нафар, аз Ҷумҳурии Туркманистон – 10 нафар, аз Ҷумҳурии Озарбойҷон – 1 нафар ва аз Федератсияи Россия 3 нафар таҳсил менамоянд.

Воридсозии низоми кафедравӣ, беҳтар намудани заминаи моддию техникии коллеҷ, баланд бардоштани сатҳи тахассуснокии омӯзгорон  ва равнақ бахшидан ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ имкон дод, ки солҳои охир сифати таҳсилот дар коллеҷ боло бурда шавад. Аз ҷумла, муқоисаи натиҷаи имтиҳоноти солҳои таҳсили 2019-2020 ва 2020-2021 нишон дод, ки  дар Коллеҷ сифати таҳсилот ба 1,5%, пешрафт ба 1,7% ва давомот ба 1,6% боло рафтааст.

Айни замон дар коллеҷ аз рӯи 12 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд:

-кори табобатӣ;

-кори момодоягӣ;

кори ҳамширагӣ;

-кори ҳамширагӣ дар косметология;

кори фарматсевтӣ;

-кори дандонсозӣ;

-кори табобати дандон;

-кори тиббӣ – офиятӣ;

-корҳои тиббӣ – ташхисӣ;

-корҳои тиббӣ-профилактикӣ;

-ташхис ва табобати нурӣ ва истифодабарии техника ва таҷҳизоти тиббӣ.

Аз соли 2020 ба коллеҷ дар асоси иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ омодасозии мутахассисон аз рӯи ихтисоси “Кори ҳифзи иҷтимоӣ” бо тахассуси “Коргари ҳифзи иҷтимоӣ” иҷозат дода шудааст.

Номоварони Коллеҷ

Дар коллеҷ 28 кафедра фаъолият менамояд, ки роҳбарии аксарияти онҳоро мутахассисони дорои унвони илмӣ ба уҳда доранд.

Соли 2019 МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” дар рейтинги байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки аз тарафи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф гузаронида шуда буд, сазовори ҷойи дуюм гашта, бо дипломи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

Донишҷӯёни коллеҷ ҳамасола дар озмунҳои ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуда доимо сазовори ҷойҳои намоён гаштаанд.

Ҳамасола донишҷӯён дар озмунҳо барои ноил гаштан ба унвони гирандагони стипендияҳои номӣ иштирок намуда, сазоворӣ ин ҷоиза мегарданд. Аз ҷумла, донишҷӯёни мо гирандагони Стипендияи Президентӣ, стипендияи Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи тандурустӣ, стипендияи раиси шаҳри Душанбе мебошанд.

Ташкилоти ибтидоии “Табибони ҷавони Коллеҷ”, ки роҳбарии  онро Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода – номзади илмҳои тибб, директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ба ӯҳда доранд, дар даври ноҳиявии фестивал – озмуни ҳизбӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таҳти унвони “Беҳтарин ташкилоти ибтидоӣ”, ки бахшида ба 30 – солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, фаъолона ширкат варзида, дар байни 240 ташкилотҳои ибтидоӣ ҷойи аввалро ишғол намуданд.

Таълими амалии донишҷӯён ва хазинаи китобхонаи Коллеҷ

Таълими амалии донишҷӯён дар кабинетҳои қаблазклиникӣ, кабинетҳои фаннӣ ва кабинетҳои таълимии заминаҳои таълими амалӣ ва ҳуҷраҳои ташхисӣ-табобатӣ, дармонгоҳҳо, амалиётгоҳҳои муассисаҳои тиббӣ ва муассисаҳои фарматсевтӣ дар асоси шартномаҳо мегузаранд.

Феълан МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” бо 40 муассисаи тиббию профилактикӣ, ки дар шаҳри Душанбе ҷойгиранд, шартномаи дуҷониба бастааст, ки шумораи кабинетҳои таълимии амалӣ зиёда аз 90 ададро ташкил медиҳад.

Айни замон хазинаи китобхонаи коллеҷ 65 178 адад адабиёти таълимиро дар бар мегирад, ки аз он адабиёти тахассусӣ –  12 281 адад, таълимӣ – 39 460 адад, методӣ – 2080 адад, бадеӣ –  9 422 адад ва адабиёти сиёсӣ- фарҳангӣ 1935 ададро ташкил медиҳад.

Хазинаи китобхонаи электронӣ зиёда аз 3300 номгӯй адабиёти таълимиро дар бар мегирад, ки дар он адабиётҳо дар шакли маҷмӯи лексияҳо, китобҳои дарсӣ, модулҳои таълимӣ ва филмҳои таълимӣ мавҷуданд, ки омӯзгорону донишҷӯён ҳамарӯза аз он васеъ истифода менамоянд.

Талош баҳри дарёфти дараҷаи илмӣ

Имрӯзҳо  зиёда аз 26  нафар устодони таълимгоҳ дар самтҳои гуногун: тиб, кимиё, биология, филология, педагогика ва психология, таъриху фалсафа барои дарёфти дараҷаи илмии номзад ва доктори илм тадқиқот бурда истодаанд. Ҳамасола дар коллеҷ конференсияҳою ҳамоишҳои ҷумҳуриявии илмию амалӣ ташкилу баргузор мегардад, ки дар он масъалаҳои мубрами омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ ва натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотии омӯзгорон мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Ҳоло дар коллеҷ 17 нафар омӯзгорони унвони илмӣ дошта фаъолият доранд, ки аз ҷумлаи онҳо 2 нафар доктори илмҳои тиб,  1 нафар докторони илмҳои педагогӣ, 12 нафар номзадони илмҳои тиб ва 2 нафар номзади илмҳои филология мебошанд.

Тарбия дар самти худогоҳии миллӣ ва обутоби бадан

Фаъолияти тарбиявӣ дар коллеҷ низ хуб ба роҳ монда шуда, он ба амалисозии мақсадҳои Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст. Бо мақсади тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ, ватанпарастӣ, ҳаёти солим, масъулиятшиносӣ ва баҳри баланд бардоштани маърифатнокии донишҷӯён ҳамасола донишҷӯёни коллеҷ дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва тарбиявии сатҳи шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок менамоянд.

Ҷисман обу тоб ёфтани донишҷӯён яке аз ҳадафҳои асосии роҳбарияти коллеҷ ба шумор меравад. Дар коллеҷ сексияҳои варзишии футбол, волейбол, баскетбол, шоҳмот, гӯштини миллӣ, тенниси руйимизӣ дар назди кафедраи тарбияи ҷисмонӣ фаъолият мекунанд. Дастаҳои варзишии коллеҷ пайваста дар мусобиқаҳои варзишӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.

Шароити хобгоҳ

Хобгоҳи Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ аз 4 ошёна ва 132 ҳуҷраи истиқоматӣ иборат мебошад.

Айни ҳол дар хобгоҳ 520 адад матрас, 201 адад кати дуқабата ва 131 адад кати якқабата, 125 адад ҷевонҳои замонавӣ мавҷуд аст. Илова бар ин, дар ҳар як ошёнаи хобгоҳ ошхона мавҷуд буда, дар ҳар ошхона плитаҳои барқии хӯрокпазии замонавӣ харидорӣ ва гузошта шудаанд.

Ҳамасола коллеҷро зиёда аз ҳазор нафар мутахассисони миёнаи касбӣ аз рӯи 12 ихтисос хатм менамоянд. Аз ҷумла дар соли 2021 коллеҷро 2432 нафар донишҷӯ хатм намуда, соҳиби маълумоти миёнаи тиббӣ гардиданд.

Табодули таҷриба дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ

Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” баҳри беҳтар намудани раванду сифати таълим ва омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ, табодули таҷриба ва воридсозии услубҳои муосири таълим бо як қатор муассисаҳои таълимии миёна ва олии касбӣ, баъдидипломии ватаниву хориҷӣ, пажӯҳишгоҳҳо ва ташкилотҳои байналхалқӣ, аз ҷумла ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони маориф, Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С.Айнӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ, Коллеҷи техникӣ, Коллеҷи омӯзгорӣ, Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикӣ, Пажӯҳишгоҳи ташхис ва барқарорсозии қобилияти кории маъюбон, Пажӯҳишгоҳи акушерӣ-гинекологӣ ва перинатологӣ, Коллеҷҳои тиббии Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Арманистон ҳамкории босамар дорад.

Ҳамчунин коллеҷ бо як қатор созмонҳои байналмилалӣ аз қабили Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ), Намояндагии институти тропикӣ ва тандурустии ҷамъиятии Швейтсария (Лоиҳаи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ), Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, UNFPA (Хазинаи нуфузи аҳолии СММ), оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID), конфедератсияи байналмилалии физиотерапия (WCPT), Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон (JICA), Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории  байналмилалӣ (GIZ) бо мақсади беҳтар намудани пояи моддию техникӣ, баланд бардоштани сатҳи тахассуснокии омӯзгорон ва беҳтар намудани сифати омодасозии мутахассисон ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст.

Рӯ ба фардои шоистатар аз имрӯз

Мусалламан, ҳамаи дастовардҳои имрӯзаи раёсат, ҳайати омӯзгорӣ ва донишҷӯёнии МДТ Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ натиҷаи пуштибонӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус, Президенти мамлакат мебошад. Аз ин рӯ, бо дарки масъулият изҳор менамоям, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мо бо меҳнати софдилона, донишу фарҳанги баланди касбӣ, азму иродаи мустаҳкам рисолати ҳидоятгарии худро минбаъд низ ба таври кофӣ ба иҷро расонида, манбаи шарафу ифтихори диёр хоҳем гашт.

Бо дарки масъулияти ин азм кормандони коллеҷ ҳамаи кӯшишу имкониятҳои худро дар оянда низ ба он равона месозанд, ки барои таълиму тарбияи насли ҷавони шоистаи замон тамоми шароити заруриро фароҳам оваранд. Ҳадаф ин аст, ки фарзандони мо мувофиқи талаботи замонаи пешрафт соҳиби дониши мукаммал, маърифати баланд гарданд, дорои ҷаҳонбинии васеъ ва касбияти баланд бошанд. Касбу ихтисосҳои барои кишвар заруриро аз худ карда, дар оянда ба халқу Ватани худ хизмати арзанда карда тавонанд, манфиатҳои давлати соҳибистиқлол ва миллати куҳанбунёду тамаддунсозро ба таври шоиста ҳифз намоянд. Дар ин ҷода ба ҳамаи кормандони соҳа, ки шабу рӯз ҷиҳати пешрафти соҳа ва ба ин васила ободии мамлакату таъмини фардои дурахшони давлату миллат ҷаҳду талош менамоянд, саломативу сарбаландӣ ва рӯзгори ободро таманно менамоям.

Бо ин мақсад ҳайати кормандони илмию педагогӣ ва устодон, профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” саъю кӯшиш доранд, ки корҳои таълиму тарбия, методӣ ва илмӣ-тадқиқотиро мувофиқи талаботи замон ба роҳ монда, минбаъд боз ҳам беҳтару хубтар меҳнат менамоянд ва ҳаддалимкон баҳри беҳтар намудани пояи моддӣ-техникии таълимгоҳ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва омодасозии мутахассисони миёнаи тиббии ба талаботи муосир ҷавобгӯ кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Зеро давлатдории миллӣ маҳз аз солимии ҷомеа сарчашма мегирад.

 

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь