Форуми пешазконфронсии “Занон ва об” коршиносонро гирди ин мавзуъ ба ҳам овард.
10-уми июни соли ҷорӣ дар Кохи Наврӯз форуми пешазконфронсии “Занон ва об” дар доираи Конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд дар мавзуи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” баргузор гардид.
Дар кори форум доираи васеи намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ, коршиносони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла сиёсатмадорон, олимон, роҳбарон ва намояндагони сохторҳои давлативу ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, фаъолон ва ҳимоятгарони ҳуқуқи занон, шарикони рушд, сармоягузорон ва дигар ҷонибҳои манфиатдор, дар умум намояндагони 27 кишвари дунё, ки фаъолияти онҳо ба ҷанбаъҳо ва равандҳои гендерӣ равона гардидааст, ширкат карданд.
Мақсад аз баргузории форуми мазкур таъсис додани платформаи байналмилалӣ барои баррасии нақши муҳими занон дар идоракунии захираҳои обӣ ва таъмини баробарии гендерӣ арзёбӣ гардид.
Муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ дар баромади худ қайд кард, ки Тоҷикистон дар мавриди захираҳои бузурги об дар ҷаҳон дар ҷойи сеюм, дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҷойи дуюм ва дар Осиёи Марказӣ дар ҷойи аввал қарор дорад. Дар ҳудуди ҷумҳурӣ 947 дарё, 14509 пирях, 1300 кӯҳ ва бештар аз 200 чашмаи шифобахш мавҷуд аст.
“Ҳалли мушкилоти алоқаманд ба об ва дастрасии аҳолӣ ба он барои рушди устувори иқтисодӣ ва ҳалли даҳҳо проблемаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ҳифзи саломатӣ нақши хеле бузург дорад. Махсусан, занон ҳамчун таъминкунандагон, роҳбарон ва ҳимоятгарон дар пешбурди системаи устувор ва ҳаётан муҳими идоракунандаи захираҳои обӣ, ки ба ҳамаи ҷамоатҳо манфиатоваранад, нақши калидӣ доранд.” – зикр кард ӯ.
Ба гуфтаи коршиносон, ҳарчанд, қайд мешавад, ки муассисаҳои зиёди обӣ вуҷуд дошта, махсусан, бо дидгоҳи гендерӣ кор мекунанд, вале дар ин бахш фаъолияти занон ҳанӯз кофӣ нест.
Тибқи маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ, ҳоли ҳозир дар Осиёи Марказӣ тақрибан 20 дарсади фаъолиятро дар муассисаҳои бахши об занон ташкил медиҳанд ва танҳо 3 дарсади муҳандисон ва мудирони иҷозатномадор аз ҳисоби занон аст. Ҳамчунин, дар 22 дарсади муассисаҳои ин соҳа аз ҳисоби занон умуман муҳандис ва дар 12 дарсади роҳбарияти муассисаҳои бахши об занҳо дида намешаванд. Дар ин бора Самеҳ Ваҳба, директори минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба рушди устувор дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар баромади худ қайд кард.
Элиза Фернандес, муовини директори минтақавии сохтори “СММ-занон” дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ нақши занонро дар идоракунӣ ва қабули қарорҳо муҳим донист. Ӯ мақсади баргузории форуми мазкурро муайян кардани мушкилоти иштироки занон дар идоракунии соҳаи об, дарёфти роҳи ҳал ва таъмини баробарии гендерӣ дар маблағгузории бахши об арзёбӣ кард.
Дар рафти форум иштирокдорон дар бораи ҳалли мушкилоти об ва баробарии гендерӣ ақидаҳои худро изҳор карда, ҳар яке роҳҳал ва таклифу пешниҳодоти худро барои ба амал баровардани фаъолияти занон, чӣ дар самтҳои сиёсиву чӣ экологӣ иброз доштанд.
“Мо занон дурнамои ҳамаҷониба, афзалиятнок ва малакаҳои навро фароҳам меорем. Иштироки мо дар ҳалли мушкилоти об ва раванди таҳия ва қабули қарорҳо боиси натиҷаҳои назаррас шуда метавонад.” – гуфт Ясмин Сиддиқӣ мудири бахши кишоварзӣ, ғизо, муҳити зист ва рушди деҳоти Департаменти минтақавии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ғарбии Бонки осиёии рушд.
Сухангӯён дар ин форум якдилона аз занони фаъол даъват ба амал оварданд, ки танҳо бо пешниҳоди ақида ва мубоҳиса маҳдуд нашуда, ба фаъолияти амалӣ шуруъ кунанд ва дар қабули қарорҳо, татбиқи лоиҳаҳо дар самти идоракунии об ширкат варзанд.
Ёдовар мешавем, ки форуми мазкур бо ҳамоҳангсозии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахши дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказии СММ, Агентии ИМА дар ҳамкории байналмилалӣ (USAID), Агентии ҳамкории техникӣ ва рушд (ACTED), Бонки осиёии рушд, Институти тафсири сулҳ ва ҷанг (IWPR) ва коршиносони миллӣ ва байналмилалӣ доир гардид.
Баргузории форуми “Занон ва об” ба ҷонибҳои манфиатдори кишварҳои Осиёи Марказӣ барои мубодилаи афкор, иттилоот ва табодули таҷриба бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои минбаъда ҷиҳати таҳия ва амалӣ кардани тавсияҳо заминаи мусоид ва майдони фарох фароҳам овард.
Шоира Мадалиева