Табиб ва омӯзгор – ду тоифае ҳастанд, ки барояшон дӯст доштани одамон аз хислатҳои ҳатмист. Табибону ҳамшираҳои Муассисаи шабакаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Данғара ба ин гуфтаҳо сазоворанд ва ҳамеша бо чеҳраи кушода ва муносибати хуб дар хизмати мардуми ноҳия қарор доранд. Исботи ин гуфтаҳо муроҷиати бештари мардум ва навбатпоии онҳо дар назди утоқҳои табибон аст. Ҳамчунин, арзи сипоси эшон аз онҳост, ки дар вақти ташрифам ман аз чандин нафарашон дар алоҳидагӣ шунидам.

Роҳбарияти Муассисаи шабакаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Данғара бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, одоби муошират, вусъат бахшидани фаъолият ҷалби тамоми қишрҳои ҷомеа ба чорабиниҳои солимгардонӣ ва тавонбахшӣ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд. Дар соли 2021 барои Муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия 14278000 сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин нисбати маблағгузории соли 2020 – 10% зиёд аст. Дар муддати 9 моҳи соли ҷорӣ дар машваратҳои васеи назди раиси ноҳия рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Нақшаи Стратегии таҷдиди муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии», Оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи Дурнамои пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди муҳокима қарор дода шуд ва қарори дахлдор қабул гардид. Бо дастгирии бевоситаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва созмонҳои байналхалқӣ (ғайридавлатӣ), сохтмон, таъмир ва азнавсозии муассисаҳои таббобатию профилактикии ноҳия барои соли 2021 ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ идома ёфта истодаанд.

Дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар як қатор муассисаҳо аз ҳисоби фондҳои захиравӣ таъмири ҷорӣ гузаронида шуда, ҳамчунин, дар ин давра Бунгоҳи саломатии деҳаи Рахшонзамини ҷамоати деҳоти Корез, Маркази саломатии деҳаи Каромати ҷамоати деҳоти И. Шариф, Бунгоҳи саломатии деҳоти Зарнисори ҷамоати деҳоти Сангтӯда, Бунгоҳи саломатии деҳоти Сафедсанги ҷамоати деҳоти Лоҳур, Бунгоҳи саломатии деҳоти Қӯли Суфиёни ҷамоати деҳоти Оқсу, Бунгоҳи саломатии деҳоти Ганҷдараи ҷамоати деҳоти Хоҷа Шақиқи Балхӣ аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ сохта, ба истифода дода шуда, бо тамоми таҷҳизотҳои тиббӣ таъмин гардиданд.

Айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар Бунгоҳи саломатии Туябуён, Корез аз ҷамоати деҳоти Корез, инчунин дар деҳаи Меҳрвари ҷамоати деҳоти Лоҳур, Бунгоҳи саломатии деҳоти Роҳи оҳан бошад, сохтмони бунгоҳи саломатӣ ба тарзи ҳашар давом дошта, соли ҷорӣ он ба истифода дода мешавад. Сохтмон ва азнавсозии Бунгоҳҳои саломатии деҳоти Сафоруд, Оби Тоир ба нақша гирифта шудааст. Тибқи маълумоти пешниҳодгардида, дар муассисаҳои шабакаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Данғара ҳамагӣ 63 муассисаи профилактикӣ, 1 Маркази саломатии ноҳиявӣ, ки дар ҳудуди он 2 шӯъбаи Маркази тиббии оилавӣ, 1 Маркази солимии репродуктивӣ, 1 Маркази эмтаъминкунӣ, 1 Маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, 27 маркази саломатии деҳот ва 35 бунгоҳи саломатӣ ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд, ки дар онҳо 1062  нафар кормандон кор ва фаъолият мекунанд. Аз ин миён 67 нафар табибони маълумоти олидор, 711 нафар кормандони миёнаи тиб, 187 нафар кормандони хурди тиб ва 79 нафар кормандони гуногункасбро ташкил медиҳанд.

Аз 67 нафар табибон 56 нафарашон дараҷаҳои касбӣ доранд. Кормандони миёнаи тиб бошанд, бо дараҷаи олӣ 221 нафар, дараҷаи якӯм 96 нафар ва бо дараҷаи дуюм 26 нафар фаъолияти кории худро самаранок пеш мебаранд. Дар 6 моҳи соли ҷорӣ 2 нафар табиб ва 10 нафар корманди миёнаи тиб аз такмили ихтисос гузаштаанд.

Нишондоди таъминоти аҳолӣ бо табибон (ба 10 000 аҳолӣ) 9,6 ва  кормандони дорои маълумоти миёнаи тиббӣ ба 90,2 баробар аст.  Айни замон дар ноҳия 186 ҳазору 832 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад, ки ин нишондод дар 6 моҳи соли 2020 ба 181 ҳазору 851 нафар мерасид, нисбати шашмоҳаи соли гузашта 4981 нафар аҳолӣ зиёд гардидааст. Баҳри беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак ва ба танзим даровардани банақшагирии оила маркази солимии репродуктивӣ дар назди сохтори КАТС-и ноҳия фаъолият мекунад. Марказ дар асоси талаботҳои муассисаҳои тандурустии ноҳия саривақт маводи контрасептивиро таъмин менамояд ва корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ ба роҳ мондааст. Барои баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ва паст намудани фавти кӯдакони синни то 5-сола ҳуҷраи ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона дар сохтори КАТСи ноҳия фаъолият мекунад.

Дар тамоми муассисаҳои КАТС-и ноҳия нуқтаҳои иммунизатсиякунӣ ташкил карда шудааст. Ҳамаи муасиссаҳои КАТС-и ноҳия бо яхдонҳо барои нигоҳ доштани ваксинаҳо ва инчунин, муассисаҳои тиббии ба иммунизатсиякунӣ машғулбуда бо 2 термосумкаҳо ва 16 яхқуттиҳо таъмин мебошанд. Марказҳои саломатӣ бошад, бо термосумкаҳои калонҳаҷми 7 л ва бо 24 яхқуттиҳо таъмин карда шудаанд.

Дар шароити паҳншавии бо суръати бемории сироятии КОВИД 19 дар аксар кишварҳои сайёра дар асоси таҷрибаҳои илмӣ муайян карда шудааст, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ ин гузаронидани ваксинатсияи аҳолӣ мебошад. Айни замон марҳилаҳои якуму дуюми иммунизатсиякунӣ ба аҳолии ноҳия бо ин ваксинаҳо дар муассисаҳои тиббии ноҳия идома дошта, 40503 нафар ваксинаи зидди ковид ва 28043 нафар реваксинатсияи зидди ковидро гирифтанд. Аз рӯи маълумоти пешниҳодгардида ба ситоди доимоамалкунандаи назди соҳаи тандурустии ноҳия то ба имрӯз дар ноҳия ягон ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то ба имрӯз дар ноҳия 136 нафар бо бемории илтиҳоби шуш ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 130 нафар шифо ёфтаанд.

Дар асоси фармоиши роҳбари КАТС-и ноҳияи Данғара Шӯрои ҳамоҳангсозӣ «Дар бораи дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2023” таъсис ёфта, нақша ва ҳайати он тасдиқ гардида, дар сатҳи ноҳия мутобиқат карда шуда, дар шуроҳои тиббии соҳаи тандурустии ноҳия мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Дар Маркази саломатии ноҳия ҳуҷраи духтури осебшиносу раддод ҷудо карда шудааст, ки бахши асосии хизматрасонӣ мебошад. Ба мақсади паст намудани сатҳи гирифторшавӣ, маъюбшавӣ, фавт аз бемориҳои ғайрисироятию осеббардорӣ дар ноҳия ва беҳтарсозии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, дар Маркази саломатии ноҳия табиби дилшинос фаъолият мекунад. Дар 9 моҳи соли 2021 дар ҳуҷраи бемориҳои эндокринологӣ ҳамагӣ ба 1452 нафар муроҷиаткунандагон ёрии гуногуни тиббӣ расонида шуда, 84 нафар беморон ба табобати бистарӣ фаро гирифта шудаанд, ки аз ин миқдор 850 нафар беморони гирифтори бемории диабети қанд, 394 нафар бемории ҷоғар ва дигар бемориҳои эндокринологӣ мебошанд.

Барои хизматрасонии тиббию санитарӣ ба аҳолӣ, гурӯҳи корӣ аз ҳисоби мутахассисони соҳаи тандурустии ноҳия дар ҳайати “Корвони саломатӣ” таъсис дода шуда, ба муассисаҳои тиббӣ дар деҳаҳои дурдасти ноҳия буда, ташриф оварда истодаанд. Барои боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ 17 адад автомашинаҳои ёрии таъҷилӣ ва 3 адад дастгоҳи ултрасадоӣ ба аҳолӣ хизмат расонида истодаанд.

То ин дам аз тарафи кормандони Маркази пешгирӣ ва мубориза зидди бемории ВНМО-и ноҳияи Данғара як қатор корҳо ба анҷом расонида шудааст. Тибқи маълумоти оморӣ шумораи умумии сироятёфтагони ВНМО аз соли 2004 то инҷониб дар ноҳия 124 ҳодисаро ташкил медиҳад, ки аз инҳо 50 нафарашонро  занон (40,3%) ва 74 нафарашонро мардон (59,7%) ро ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии сироятёфтагон  31 нафарашон (25%) аз норасигии фаъолияти узвҳо фавтидаанд. Дар 9 моҳи соли ҷорӣ 5 нафар ҳодисаҳои нави сироятёбӣ ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2020 7 нафар кам мебошад. Соли ҷорӣ  шумораи занон дар байни ҳолатҳои нав дарёфтшуда бо вируси норасоии масунияти одам 3 нафарро ташкил мекунанд. Айни замон 87 нафар сироятшудагон таҳти назорати диспансерӣ қарор дошта, 77 нафари онҳо табобати зиддиретровирусӣ мегиранд. Беморон сари вақт ба қайди диспансерӣ гирифта шуда, дар ҳар шаш моҳ аз ташхисҳо гузаронида мешаванд. Аз тарафи ташхисгоҳи марказ дар 9-моҳи сипарӣ гашта, ҳамагӣ 10120 нафар муроҷиаткунандагон аз ташхис гузаронида шуданд, ки аз онҳо 3503 нафарашон мард ва 6617 нафар зан мебошанд, ки аз ҳисоби умумӣ 3 нафар бо натиҷаи мусбӣ мебошад. Инчунин аз тарафи мутахассисон ба маркази минтақавӣ 66 намунаи хун СД-4, 65 намунаи хун занҷираи полимеразӣ ирсол карда шуд.

Роҳбари муассиса Д. Қурбонов қайд мекунад, ки Маркази бемории сили ноҳия дар асоси “Барномаи миллии ҳифзи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бемории сил барои солҳои  2021-2025” бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №49 аз  27 феврали соли 2021 фаъолият мекунад ва як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст. Дар ин давра аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба беморони сили ноҳия ба миқдори 5000 сомонӣ доруҳои ёрирасон харидорӣ карда шуд. Буҷаи маҳаллӣ бошад, ба Маркази бемориҳои сил ба миқдори 1784 сомонӣ маводҳои конселярӣ харидорӣ намуд. Дар давоми сол иҷроиши стратегияи миллии муҳофизати аҳолӣ аз бемории сил дар Шӯрои тиббии беморхонаи марказӣ 3 маротиба дида шуд. Ба ғайр аз  ин, дар давоми 9 моҳи соли 2021 4649 нафар аз муоинаи  рентгенография ва флюрогрофӣ гузаштанд. Аз ин миқдор 106 нафар гумонбар дониста, 24  ҳолат дарёфт карда шуд. Дар Маркази бемориҳои сили ноҳияи Данғара то 25. 06. 2021 сол 39 нафар бемор ба қайд гирифта шуд, ки ин  нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 8 нафар кам мебошад.

Дар нақша барои солҳои оянда барои ҳалли мушкилоти соҳаи тандурустӣ ва сохтмони хонаҳои саломатӣ дар деҳаҳои навбунёд дар назар дошта шудааст.

Билоли Шамс, МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь