Тавре дар шумораи гузашта иттилоъ дода будем, дар натиҷаи як назарпурсӣ, ки аз ҷониби МТЖТ дар тамоми ҳудудҳои ҷумҳурӣ гузаронида шуд, қисми зиёди овоздиҳандагон аз вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Олимзода Насим Хоҷа ҳамчун вазири беҳтарини сол ном бурданд. Воқеан, ин натиҷа беасос нест. Зеро, дастовардҳои чанд соли охири Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, ки таҳти сиёсати содиқонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вазири муҳтарам Олимзода Насим Хоҷа насиби мардуми сарбаланди тоҷик гаштаанд, беназиранд.

 Буҷети соҳаи тандурустӣ

Дар соли 2019 нақшаи буҷети соҳаи тандурустӣ 1 миллиарду 740 миллиону 536 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида буд, ки нисбат ба соли 2018-ум 12,2% ё ин, ки 189 миллиону 600 ҳазор сомонӣ зиёд буда, нисбати маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 2,2% ва нисбати ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ 7,2%-ро ташкил медиҳад.

Буҷети 11-моҳаи соли 2019 ба муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ҷудошуда 1 миллиарду 469 миллиону 187 ҳазору 692 сомонӣ мебошад, ки аз ин 1 миллиарду 366 миллиону 928 ҳазору 163 сомонӣ аз худ карда шудааст, ки ин 93,0%-ро ташкил медиҳад.

Аз ҳисоби маблағҳои махсуси муассисаҳои соҳаи тандурустӣ бошад, дар давраи сипаригардида нақша 221 миллиону 509 ҳазору 249 сомонӣ буда, иҷроиши он бошад, 221 миллиону 865 ҳазору 87 сомонӣ ё ин, ки 100,1%-ро ташкил медиҳад.

Ба муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бошад, дар соли 2019-ум 138 миллиону 353 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст, ки ин нисбат ба соли 2018 (130 миллиону 470 ҳазор сомонӣ) 6,0% ё ин, ки 7 миллиону 883 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, ки ин ҳам бошад, аз ҳисоби маблағҳои пардохти кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат аст.

Буҷети 11-моҳаи соли 2019 ба муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  ҷудошуда 126 миллиону 823 ҳазору 777 сомонӣ мебошад, ки аз ин 89 миллиону 182 ҳазору 804 сомонӣ аз худ карда шудааст, ки ин 70,3%-ро ташкил медиҳад.

Сиёсати кадрӣ

Тақвият бахшидани сиёсати кадрии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ва муҳими Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба ҳисоб меравад.

Бояд қайд кард, ки дар 11 моҳи соли 2019 тибқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсимоти 1565 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба ординатураи клиникӣ, интернатура ва магистратура, инчунин 168 донишҷӯёни факултетҳои «Кори табобатӣ», «Кори тиббӣ – ташхисӣ»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯи ихтисосҳои гуногун гузаронида шудааст.

Дар коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ ҳамагӣ 49 135 нафар донишҷӯён таҳсил карда истодаанд, ки аз инҳо 1797 нафарашон дар гуруҳҳои мақсадноки назди беморхонаҳои марказии ноҳияҳо мебошанд. Дар соли 2019 коллеҷҳои тиббии ҷумҳуриро 10 612 нафар донишҷӯён хатм кардаанд, ки аз онҳо 1183 нафарашон аз гуруҳҳои мақсаднок мебошанд.

Дар давраи ҳисоботӣ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми майи соли 2019, №229 «Дар бораи ба ихтиёри Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» гузаронидани Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ноҳияи Данғара» ва дар сохтори он таъсис додани Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик» қабул гардид.

Инчунин, Барномаи тайёр намудани кадрҳо барои то соли 2030 таҳия гардида, ба вазорату идораҳои дахлдор барои мувофиқа равон карда шудааст.

Тибқи «Нақшаи гузаронидани аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимии тиббию фарматсевтӣ барои соли 2019» дар давраи ҳисоботӣ аттестатсияи муассисаҳои давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино», «Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор», «Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат» ва «Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом», аккредитатсияи давлатии муассисаҳои давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар», «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб» ва «Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ», инчунин ташхиси иҷозатномадиҳӣ оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ ба Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии кори ҳамширагӣ», муассисаҳои ғайридавлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода», «Коллеҷи тиббии ноҳияи Рӯдакӣ», «Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон»-и дар шаҳри Ёвон буда, «Коллеҷи тиббии иҷтимоӣ дар шаҳри Левакант», муассисаҳои давлатии таълимии  «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон», «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Коллеҷи тиббӣ – иҷтимоии шаҳри Душанбе» ва «Коллеҷи техникии шаҳри Хуҷанд»-и вилояти Суғд гузаронида шуданд.

Ҷиҳати сарфароз гардонидани кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо мукофотҳои соҳавӣ ба 268 нафар кормандон унвони “Аълочии тандурустӣ” ва ба 91 нафар кормандон “Ифтихорномаи якҷояи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дода шудааст.

Корҳои илмиву ихтироот

Дар 11 моҳи соли 2019 аз муассисаҳои илмию таълимии вазорат дар маҷмуъ 9392 нафар кормандони тиббии ҷумҳурӣ ба таҳсили баъдидипломӣ фаро гирифта шудаанд, аз он ҷумла дар муассисаҳои давлатии таълимии «Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва шуъбаҳои он 3761, «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» 734 нафар, «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» 81 нафар, муассисаҳои давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тиби оилавӣ» 1822 нафар, «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун» 118 нафар, «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии кори ҳамширагӣ» 2086 нафар, «Пажуҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон» 116 нафар, «Пажуҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон» 60 нафар мутахассисон, дар корхонаҳои воҳиди давлатии «Маркази ҷумҳуриявии тиби халқӣ» 120 нафар ва «Маркази миллии ташхису табобат ва таълимӣ» 82 нафар мутухассисон, дар Беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ 207 нафар ва Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсия 205 нафар мутахассисон.

Дар 11 моҳи соли 2019 муассисаҳои илмии зертобеи «Академияи илмҳои тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» корҳои илмӣ-тадқиқотиро аз рӯи 18 лоиҳаҳои илмии аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда, 11 мавзуҳои илмӣ оид ба «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 – 2020», инчунин 6 мавзуҳои ташаббусӣ ва 3 лоиҳаҳои грантӣ давом дода, 2 пешниҳодҳои ратсионализаторӣ ва 4 патент таҳия карда шудаанд. Ҳамзамон, бо мақсади сифатнок гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ ва тайёр кардани кадрҳои илмии баландихтисос дар 6 муассисаи академӣ аккредитатсияи давлатӣ гузаронида шуда, аз онҳо 3-тояш соҳиби иҷозатнома гардидаанд.

Дар ин муддат Кумитаи биоэтикаи тиббии Академияи илмҳои тиббӣ ба 6 лоиҳаҳои илмию тадқиқотӣ баъди баррасӣ барои амалигардонӣ рухсат дода, инчунин ба 11 монографияҳо дар Шӯрои табъу нашри академия барои чоп иҷозат дода шудааст.

Дар 12-умин Намоишгоҳи байналмилалӣ ва Форуми занҳои ихтироъкор, ки аз 28-уми июн то 1-уми июли соли 2019 дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ баргузор гардид, ходими илмии Маркази ҷумҳуриявии илмию тадқиқотии фарматсевтӣ Мавлуда Давлатмамадова бо ҷоизаи олӣ – медали тиллоии Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ ва медали тиллоии 12-умин намоишгоҳи мазкур, Форуми занҳои ихтироъкори ҷаҳон ҳамчун «Беҳтарин зани ихтироъкор» қадрдонӣ карда шуд.

Бо мақсади аз назари илмӣ баррасӣ намудани мушкилиҳои фарбеҳӣ дар кишвар, инчунин сазовор пешвоз гирифтани 10-солагии таъсисёбии Муассисаи давлатии «Академияи илмҳои тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар академия 14-уми июни соли 2019 сессияи илмӣ дар мавзӯи «Фарбеҳӣ – проблемаи аср» гузаронида шуд. Дар кори сессияи мазкур зиёда аз 100 нафар олимону мутахассисони соҳаи тиб ва меҳмонон аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи кишоварзӣ, Академияи таҳсилот, Комиссияи олии аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳо ширкат варзиданд.

Хизматрасонии босифат

Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат, саривақтӣ ва баландихтисоси тиббӣ, ҷиҳати фароҳам овардани инфрасохтори мувофиқи тандурустӣ, дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, 31-уми марти соли 2019 бо иштироки бевоситаи Пешвои муаззами миллат дар деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд беморхонаи ноҳиявии рақами 3 бо 120 кат мавриди истифода қарор гирифт.

Барои ташхису муайян намудани бемориҳо, анҷоми бомуваффақияти ҷарроҳӣ ва дақиқ муайян кардани кори системаи дилу рагҳо, узвҳои ҳозима, пешобрав, муоина ва табобати бемориҳои кӯдакона, асаб ва дигар намуди бемориҳо 81 номгӯй таҷҳизоту дастгоҳи муосири баландсифати тиббӣ ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ истеҳсоли Ҷумҳуриии Мардумии Чин, Олмон ва Япония ворид шуда, барои истифода ва дар хидмати ниёзмандон қарор додани онҳо 30 нафар мутахассиси варзидаи тиббии дараҷаи олӣ ва миёна ҷалб карда шудаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ инчунин бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат дар як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар баробари дигар иншооти зарурии хизматрасонӣ, инчунин иншооти гуногуни тандурустӣ, ки бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ бунёд гардидаанд, мавриди ифтитоҳ қарор дода шуданд. Аз ҷумла, 10-уми сентябри соли 2019 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари корӣ ба ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, дар кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳия ба фаъолияти Осоишгоҳи ҷумҳуриявии махсусгардонидашудаи барқарорсозии саломатии беморони дил расман оғоз бахшиданд.

11-уми сентябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар маҳаллаи Шамсиддин Шоҳини шаҳри Кӯлоб Муассисаи давлатии «Маркази вилоятии клиникии бемориҳои дил»-ро ифтитоҳ намуда, инчунин дар маҳаллаи Борбади шаҳри Кӯлоб Маркази минтақавии перинаталӣ дар шаҳри Кӯлобро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ҷарроҳиҳои мураккаб

Ҷиҳати фароҳам овардани дастрасии бештари аҳолӣ ба ҷарроҳиҳои мураккаб ва гаронарзиш, фаъолият дар самти мазкур дар 11 моҳи соли 2019 давом дода шуда, аз ҷумла, дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» то имрӯз дар маҷмуъ ба зиёда аз 676 нафар бемор амалиёти пайвандсозии гурда ва 44 нафар бемор ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар, дар 11 моҳи соли 2019 бошад, ба 108 нафар бемор (дар 11 моҳи соли 2018-ум 104 бемор) амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии гурда ва ба 44 нафар (дар 11 моҳи соли 2018-ум 32 бемор) ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар гузаронида шудааст.

Инчунин, ҷиҳати коҳиш додани шумораи нафароне, ки ба хориҷи кишвар барои ташхис ва табобат сафар мекунанд, дар заминаи Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» шуъбаи пайвадсозии мағзи устухон фаъолият дошта, то имрӯз ба 12 нафар бемор амалиёти пайвадсозии мағзи устухон гузаронида шудааст. Мавриди зикр аст, ки то имрӯз дар ҷумҳурӣ ба 125 нафар шаҳрвандони хориҷӣ амалиёти пайвандсозии узвҳо гузаронида шудааст.

Дар Муассисаи давлатии «Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара» то имрӯз ба 78 нафар амалиёти пайвандсозии гурда гузаронида шудааст, ки 9 нафари онҳо шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд. Дар 11 моҳи соли 2019 дар муассисаи мазкур ба 17 нафар амалиёти пайвандсозии гурда гузаронида шудааст.

“Корвони саломатӣ”

Дар давраи ҳисоботӣ бо ҷалби сармутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарони муассисаҳои тиббии ҷумҳуриявӣ, устодони баландпояи муассисаҳои олии таълимии тиббии ҷумҳуриявӣ ва мутахассисони соҳибтаҷрибаи муассисаҳои тиббии ҷумҳуриявӣ «Корвони саломатӣ» ташкил ва ба шаҳрҳои Кӯлобу Бохтари вилояти Хатлон, минтақаи Рашт ва Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон сафарбар карда шудааст.

Дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз 4 то 7-уми марти соли 2019 чорабинии марказонидашудаи иттилоотию ташхисии «Корвони саломатӣ» таҳти шиори «Солимии модар ва кӯдак дар деҳот» (фармоиши вазорат аз 25-уми феврали соли 2019, №116) баҳри баланд бардоштани маърифат ва маълумотнокии аҳолӣ оид ба аломатҳои хатарноки давраи ҳомиладорӣ, саривақт ошкоркунии занони ҳомиладор бо аворизҳои ҳомиладорӣ, фарогирии онҳо бо табобат ва пешгирии фавти модар дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронида шудааст. Бояд қайд кард, ки аз ҳисоби табибони баландихтисоси марказҳои саломатии шаҳрию ноҳиявӣ ва беморхонаҳои марказӣ гуруҳи корӣ таъсис дода шуда, ба ҳомиладорони гуруҳи хавфи баланд ёрии ройгони тиббӣ расонида шудааст. Дар натиҷа 77069 нафар занону кӯдакон аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуда, кӯмаки тиббӣ расонида шудааст.

Таъмиру барқарорсозии озмоишгоҳҳо

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии соҳаи тандурустӣ тавассути истифодаи васеъ аз механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар давраи ҳисоботӣ як қатор чорабиниҳоро анҷом додааст. Аз ҷумла, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани иқдоми пешгирифтаи ҶДММ «Беҳдоштӣ» дар доираи Созишномаи баимзорасида, айни замон дар зиёда аз 40 шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъмиру барқарорсозии зиёда аз 80 адад озмоишгоҳи муассисаҳои тиббӣ анҷом дода шуда, онҳо бо таҷҳизоту лавозимоти зарурии озмоишгоҳӣ ва маводи сарф таъмин карда шудаанд. Дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъмиру барқарорсозии озмоишгоҳҳо марҳила ба марҳила оғоз гардида, фаъолият дар ин самт идома дода мешавад.

Гепатитҳои вирусӣ

Масъалаи пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи беморони гирифтори гепатитҳои вирусӣ, ки яке аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб рафта, мавриди нигаронии соҳа қарор дошт, дар ин самт, аввалин маротиб дар ҷумҳурӣ, дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ», бо қарори Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ, лоиҳаи «Таъсиси Маркази мубориза бар зидди гепатитҳои вирусӣ» маъқул дониста шуда, дар доираи Созишнома байни вазорат ва ҶДММ «Тоҷикинноватсия», ки лоиҳаи мазкурро амалӣ месозад, дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маркази мубориза бар зидди гепатитҳои вирусӣ фаъолият намуда истодааст ва ҳуҷраҳои Маркази мазкур дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат марҳила ба марҳила ба фаъолият шурӯъ мекунанд.

Саломатии модару кӯдак

Дар чорчӯбаи татбиқи Лоиҳаи “Беҳтаргардонии ҳифзи саломатии модар ва кӯдак дар вилояти Хатлон, марҳилаи 2-юм”-и Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон (JICA) роҳбарони беморхонаҳои марказӣ ва шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии Кӯшониён, Левакант, Ховалинг, Муъминобод, Балҷувон ва Нораки вилояти Хатлон дар давлати Ҷопон таҷрибаомӯзӣ намуда, натиҷаи даври омӯзишӣ дар Кумитаи роҳбарикунанда дида баромада, таҷрибаи пешқадами Ҷопон ба нақшаи чорабиниҳои фаъолияти ноҳияҳои таҷрибавӣ ворид гардидааст. Ҳамзамон, шуъбаҳои таваллудии ноҳияҳои номбурда бо таҷҳизоти зарурии муосир, аз ҷумла таҷҳизоти нафаси сунъӣ, кювез, ултрасадо, маҷмӯи асбобҳо барои таваллуд, монитор, инфузомат ва ғайраҳо ба маблағи 241 250 доллари амрикоӣ ҷиҳозонида шудаанд.

Дар соли 2019 барои муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар чорчӯбаи Дурнамои “Ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона” бо дастгирии шарикони рушд (Ҳукумати Ҷопон) ба маблағи 1011155 сомонӣ маводҳои доруворӣ (регидрон, амокситсиллин, амоксиклав ва синк) барои табобати кӯдакони синни то 5-сола дастрас гардидааст.

Бо мақсади танзими фаъолияти шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ҷиҳати беҳтар намудани иттилоотнокии аҳолӣ оид ба масъалаҳои саломатии модару кӯдак 12 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои вориднамоии интихобии «Роҳнамои солимии модару кӯдак» муайян гардида, то имрӯз зиёда аз 1259 нафар кормандони тиббии муассисаҳои КАТС-и ҷумҳурӣ оид ба истифодабарии Роҳнамо ва ғизои солими кӯдакони синни хурдсол, истифодабарии микронутриентҳо омӯзонида шудаанд. Инчунин, дастурамали мазкур дар ҳамаи ноҳияҳои ВМКБ ва вилояти Хатлон низ амалӣ шуда истодааст.

Иқтидори заминаи моддиву техникӣ

Бо мақсади пурзӯр намудани иқтидори заминаи моддию техникии марказҳои иммунопрофилактикаи шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳаи Алянси глобалии ваксинаҳо ва иммунизатсия (АГВИ) «Устувор намудани соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 10 адад нақлиёти санитарии тамғаи «ВАЗ 21214», 10 адад нақлиёти хизматии тамғаи «ВАЗ-21214» ба марказҳои иммунопрофилактикаи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва 8 адад нақлиёти тамғ­аи «Газел NEX A21Р22-1070» (рефрижератор) ва 3 адад нақлиёти тамғаи «Газел NEX A21Р22-1070» (боркаш) харидорӣ ва дастрас карда шудааст.

Фарматсия ва молҳои тиббӣ

Яке аз самтҳои дигари афзалиятнок соҳаи фарматсия ва молҳои тиббӣ мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Феҳристи давлатии маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ» №805, аз 22-юми октябри соли 2019 “Оид ба тасдиқи Номгӯи маводҳои доруворие, ки аз дорухонаҳо бе дорухат дода мешаванд” №824, аз 25-уми октябри соли 2019 ва созмон додани гуруҳи корӣ ҷиҳати боздиди «Рӯйхати маводҳои дорувории асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон» №769, аз 14-уми сентябри соли 2019 таҳия ва тасдиқ гардидаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 103 иҷозатнома (литсензия) барои фаъолияти фарматсевтӣ  ва 35 иҷозатнома оид ба муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои дар тиб истифодашаванда дода шудааст, ки ин дар маҷмуъ 138 иҷозатномаро ташкил медиҳад.

Дар ин муддат ба маблағи умумии 51 миллиону 291 ҳазору 993 доллари амрикоӣ ба ҷумҳурӣ маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ ворид карда шудааст, аз ҷумла 12 миллиону 57 ҳазору 697 доллари амрикоӣ ёрии башардӯстона, 37 миллиону 389 ҳазору 917 доллари амрикоӣ барои тиҷорат ва 1 миллиону 844 ҳазору 379 доллари амрикоӣ бо мақсади истифодабарӣ.

Содироти маводи доруворӣ аз ҷумҳурӣ дар ин давра ба 6 474 492 (59 717 184 сомонӣ) доллари амрикоӣ баробар мебошад.

Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 2528 муассисаҳои фарматсевтӣ фаъолият менамоянд, ки аз ин дар шаҳри Душанбе 507, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 332, дар вилояти Хатлони минтақаи Бохтар 410, дар вилояти Хатлони минтақаи Кӯлоб 302, дар вилояти Суғд 910 ва дар ВМКБ 67 муассисаҳои фарматсевтӣ мебошанд.

Корхонаҳои истеҳсолӣ

Вобаста ба бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ оид ба коркарди гиёҳҳои шифобахши ватанӣ ва рушди саноати дорусозӣ танҳо дар соли ҷорӣ дар дохили кишвар ду корхонаи истеҳсоли маводҳои доруворӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахши ватанӣ ифтитоҳ ёфтанд.

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахши “Сари Хосор”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Корхона аз тарафи хоҷагии деҳқонии “Хӯҷаи сабз” дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, дар он 20 нафар сокинони маҳаллӣ, асосан занону духтарон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, дар мавсими ҷамъоварии гулу гиёҳҳои шифобахш ва меваҳои минтақа зиёда аз 50 нафар сокинони маҳаллӣ ба кори мавсимӣ ҷалб карда мешаванд.

Инчунин, дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-уми сентябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе сехи истеҳсоли маводҳои доруворӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахши Муассисаи давлатии “Маркази илмию тадқиқотии фарматсевтӣ” ифтитоҳ гардид.

Таҷҳизоти тиббӣ

Дар ёздаҳ моҳи соли 2019 бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои табобатию пешгирӣ бо таҷҳизоти тиббии муосир ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор муассисаҳои табобатию пешгирии ҷумҳурӣ ба маблағи умуми 30 051 944 сомонӣ таҷҳизот ва  асбобҳои тиббӣ, мебел ва молҳои тиббӣ (дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, монитори назди кати бемор, таҷҳизоти ташхиси фаросавтӣ, автоклав, дастгоҳи рентгени рақамӣ, дастгоҳи дефибрилятор, дастгоҳи сабти барқии дил, дастгоҳи рентгени сайёр, мизи ҷарроҳӣ, дастгоҳи таъмизгардонӣ, инфузомат, перфузор ва ғайра) дастрас карда шудааст. Аз ҷумла, ба муассисаҳои табобатию пешгирии вилояти Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба маблағи умумии 4 223 001 сомонӣ, ба муассисаҳои табобатию пешгирии вилояти Хатлон ба маблағи умумии 7 873 476 сомонӣ, ба муассисаҳои табобатию пешгирии вилояти Суғд ба маблағи умумии 1 933 790 сомонӣ, ба муассисаҳои табобатию пешгирии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба маблағи умумии 888 786 сомонӣ, ба муассисаҳои табобатию пешгирии сатҳи ҷумҳуриявӣ ба маблағи умумии 2 120 300 сомонӣ ва ба муассисаҳои табобатию пешгирии шаҳри Душанбе ба маблағи умумии 912 591 сомонӣ.

Муассисаҳои хусусии тиббӣ

Шабакаи муассисаҳои хусусии тиббӣ аз ҳуҷраҳои табобатию ташхисӣ, ҳуҷраҳои стоматологӣ, ҳуҷраҳои ороишӣ (косметологӣ), ҳуҷраҳои тиби халқӣ, марказҳо, осоишгоҳҳо ва беморхонаҳо иборат мебошад. Тибқи феҳристи иҷозатномаҳои амалкунанда бо ҳуқуқи фаъолияти хусусии тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2006 то ин ҷониб 702 адад субъект соҳиби иҷозатнома шуда, ба фаъолияти хусусии тиббӣ машғул мебошанд. Аз шумораи умумии иҷозатномаҳои амалкунанда 343 адади онро (бо 61 филиал) шахсони ҳуқуқӣ ва 299 ададро шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд.

Дар муассисаҳои хусусии тиббӣ ҳамагӣ 4025 нафар, аз ҷумла 1 653 нафар табибон, 1 511 нафар кормандони миёнаи тиб ва 861 нафар кормандони ёрирасон фаъолият мекунанд.

Дар субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ айни ҳол дар маҷмуъ 18 нафар мутахассисони хориҷӣ, аз ҷумла 6 нафар аз Ҷумҳурии Ҳиндустон, 5 нафар аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, 3 нафар табиб ва 1 нафар фелдшер аз Ҷумҳурии Халқии Хитой, 2 нафар аз ИМА ва 2 нафар аз Федератсияи Россия фаъолият менамоянд.

Ҳифзи иҷтимоӣ

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар 11 моҳи соли 2019 ҷиҳати таҳия, ҳамоҳангӣ ва татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тадбирҳои мушаххас андешидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ дар иртибот ба масоили ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вобаста ба самтҳои гуногуни ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ як қатор фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла «Дар бораи таъсиси Комиссия оид ба назорати тақсимоти одилонаи кӯмакҳои хайриявӣ», «Дар бораи таъсиси Комиссияҳои машваратии табобатӣ» ва «Дар бораи бақайдгирии пурраи шахсони маъюб» таҳия  ва тасдиқ карда шудаанд.

Ба ҳолати 1-уми декабри соли 2019 дар муассисаҳои будубоши доимии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 1196 нафар бошандагон (1176 нафар дар соли 2018), аз ҷумла 675 нафар мард (654 нафар – 2018) ва 521 нафар зан (522 нафар – 2018) ва аз инҳо 104 нафараш кӯдакони маъюб (111 нафар дар соли 2018) мебошанд. Аз ин шумора маъюбони гуруҳи якум 267 нафар, маъюбони гуруҳи дуюм 559 нафар, маъюбони гуруҳи сеюм 9 нафарро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ  40 нафар ба муассисаҳои будубоши доимии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қабул гардидаанд (54 нафар дар соли 2018).

Бояд қайд намуд, ки айни ҳол дар муассисаҳои будубоши доимии соҳа 58 нафар кӯдакони ятим ва 46 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат дар таъминоти давлатӣ қарор доранд.

Ҳамзамон, дар доираи талаботи қонунгузории амалкунанда дар давраи ҳисоботӣ 28 нафар бошандагони муассисаҳои будубоши доимӣ ба муҳити оилавӣ баргардонида шудаанд (дар ҳамин давраи соли 2018 – 26 нафар).

Давоми 11 моҳи соли 2019 ба беш аз 11 000 нафар шахсони эҳтиёманд ва дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта аз тарафи ҳамаи шабакаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ хизматҳои иҷтимоӣ расонида шудааст.

Рушди робитаҳои байналмилалӣ

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои рушди робитаҳои байнамилалӣ дар доираи сиёсати ягонаи хориҷии кишвар тибқи тартиби муқарраргардида фаъолиятро ба роҳ монда, ҷиҳати таъмини он тамоми мукотибаро бо давлатҳои хориҷӣ ва институтҳои молиявии байналмилалӣ танҳо тавассути Вазорати корҳои хориҷӣ анҷом медиҳад.

Бояд қайд намуд, ки то имрӯз бо кишварҳои хориҷӣ дар соҳаи тандурустӣ 23 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расида, 32 комиссияи байниҳукуматӣ амал менамояд. Бо мақсади иҷрои созишномаҳои баимзорасида дар соҳаи тандурустӣ ва иҷрои бандҳои протоколи комиссияҳои байниҳукуматӣ дар якҷоягӣ бо раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳар семоҳа ахборот ба вазорату идораҳои масъули ҷумҳурӣ ирсол мегардад.

Муроҷиати шаҳрвандон

Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар 11 моҳи соли 2019 ба вазорат 2393 муроҷиатҳои хаттии шаҳрвандон ворид гардида, аз ин шумора 706 адади онҳоро муроҷиатҳои хаттии шаҳрвандони аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсолгардида ташкил намудаанд. Бояд қайд кард, ки тамоми муроҷиатҳои хаттии онҳо аз ҷониби кормандони вазорат дар доираи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” дар муҳлатҳои муқарраргардида мавриди баррасӣ ва чораҷӯӣ қарор дода шудаанд.

Инчунин, ҳангоми қабули шаҳрвандон, ки рӯзҳои шанбе ва сешанбе анҷом дода мешаванд, иштироки роҳбарони аввали муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, ки шаҳрвандон дар самти мазкур бештар муроҷиат менамоянд, инчунин маъмурияти Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе таъмин карда мешавад. Дар баробари ин, аз ҷониби роҳбарони муассисаҳои тиббии мамлакат мунтазам сабабҳои асосии муроҷиати шаҳрвандон ба вазорат мавриди омӯзиш қарор дода шуда, ҷиҳати коҳиш додани онҳо чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Дар ин давраи соли 2019 аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар рӯзҳои қабули шаҳрвандон 1969 нафар шаҳрвандон қабул гардида, тамоми муроҷиати хаттии онҳо дар доираи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” мавриди баррасӣ ва чораҷӯӣ қарор дода шудаанд.

Ба гуфтаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Олимзода Насим Хоҷа, “имрӯз ба таърихи бистуҳаштсолаи давлати навини хеш назар андохта, бо ифтихору сарфарозӣ гуфта метавонем, ки мо дар ин муддат бо татбиқи нақшаву барномаҳои созандаамон дар роҳи эъмори Тоҷикистони нав – давлати орзу ва ормонҳои миллӣ ва ҳамқадами ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаю дурандешони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем”.

– Соли 2020 марҳилаи тақдирсози таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад, зеро дар ин сол интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Дар ин раванд бо андӯхти назар ба солҳои сипаригашта бояд бо ҳисси ифтихору қаноатмандӣ қайд намуд, ки Тоҷикистони азизи мо таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар партави сиёсати хирадмандонаву некбинона бомаром рушд ёфта, ба мамлакати ободу гулгулшукуфон табдил ёфтааст,- афзуд ӯ.

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ   

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерин таҳия гардида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудаанд:

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2019-2022», аз 22-юми июни соли 2019, №326;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи стратегӣ оид ба ислоҳоти маблағгузории соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021», аз 6-уми августи соли 2019, №326;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024», аз 2-юми октябри соли 2019, №463;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, дар муассисаҳои будубоши муваққатӣ, муассисаҳои будубоши доимии хадамоти иҷтимоӣ, талабот нисбати кормандони муассисаҳои мазкур ва номгӯи хизматҳои пешниҳодшаванда», аз 4-уми октябри соли 2019, №489;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба ихтиёри муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» гузаронидани муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ноҳияи Данғара» ва дар сохтори он таъсис додани муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик», аз 2-юми майи соли 2019, №229;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2012, №340», аз 3-юми сентябри соли 2019, №453.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь