Дар ҳаёти инсоният нақши пизишк муассир буда, барои сиҳатмандиву пешгирии бемориҳои гуногун инсонҳоро ҳифз менамояд. Табиист, ки пизишкон тамоми донишу малакаи хешро баҳри беҳбудиву солимии ҷомеа сарф мекунанд, аз ин рӯ, қаҳрамони мо низ тайи солҳои зиёдест, ки барои мардуми кишвараш заҳмат мекашаду беморонро табобат мекунанду ноумедонро умед мебахшаду маризонро аз марг наҷот медиҳад. Қаҳрамони мо сартабиби Беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан Далерҷон Аббосзода мебошад, ки зимни суҳбат бо хабарнигори МТЖТ изҳор дошт, ки мо- табибон шабу рӯз дар андешаи мардум ҳастему муроҷаткунандагонро саривақт ба мушкилоташон расидагӣ мекунем. Қаҳрамони мо бар ин андеша аст, ки табиб бояд пеш аз ҳама равоншиноси хуб бошад, то тавонад беморонро нахуст бо сухан оромишу руҳбаланд намояд. Ҳамчунин, кор аз он иборат аст, ки ба беморон чунон муомила кунем, ки беморон нахуст аз ҷиҳати равонӣ руҳбаланд шаванду навмедию ранҷро то андозае аз дилашон дур намоянд.

Ҳамзамон, бо номбурда аз фаъолияти беморхона суҳбати ихтисосӣ анҷом додем, ки фишурдаи онро пешкаши шумо- хонандагон менамоем.

 Базаи кадрӣ

Мавсуф изҳор дошт, ки дараҷанокии касбии табибон ба тариқи зайл аст: олӣ – 131нафар (38,4%), якум – 76 нафар (22%), дуюм – 16 нафар (4,6%), ҳамагӣ 223 нафар (65,3%). Дараҷанокии касбии кормандони миёнаи тибб: олӣ – 425 нафар  (31,3%), якум – 213 нафар (15,7%), дуюм – 249 нафар (18,3%), ҳамагӣ – 887 нафар (65,5%). Ҳоло дар соҳа 338 нафар табибон ва 1287 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият мекунанд.

Таъминот бо табибон 14 нафар ба 10 000 аҳолӣ, таъминот бо кормандони миёнаи тиб 48 нафар ба 10 000 аҳолӣ мебошад.

 Фаъолияти корӣ

Номбурда афзуд, ки дар муассисаҳои сохтори госпиталӣ ва марказҳои махсусгардонидашуда, ки дорои 1008 кати табобатӣ мебошанд, дар 6 моҳи аввали соли 2023,  13 764 нафар беморон табобат гирифтанд. Ба муассисаҳои КАТС (марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ) 192751 нафар муроҷиат карданд, ки аз онҳо 49684  нафарашон бо сабаби беморӣ буда, ба 12824 нафарашон барои табобати бистарӣ роҳхат дода шуд. Аз рӯи маълумотҳои оморӣ, дар қаламрави шаҳру деҳоти Истаравшан 293700 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд, ки аз ин 78400 нафар занҳои қобили таваллуд, кӯдакони то 1-сола 6484 нафар, кӯдакони то 17-сола 109998 нафар мебошанд. Ба аҳолии шаҳру деҳоти Истаравшан тавассути 1 беморхонаи марказӣ, 3 беморхонаҳои ноҳиявӣ,  беморхонаи касалиҳои сироятӣ,  маркази байниноҳиявии дилшиносӣ, 4 марказҳои махсусгардонидашуда-диспансерҳо, маркази стоматологӣ, маркази ВНМО, МНДСЭ, 21 марказҳои саломатӣ, 30 бунгоҳои тиббӣ, маркази солимии репродуктивӣ ва 35 муассисаҳои тибби хусусӣ хизмати тиббӣ расонида мешавад.

Чӣ хеле ки дар боло зикр шуд, 13764 нафар табобати статсионарӣ гирифтаанд, ки аз он 1381 нафарашон бо роҳи ҷарроҳӣ мебошад. Ба 143067 нафар дар муассисаи кумаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ ташхис гузаронида шудааст. Инчунин, дар сохтори КАТС 324  амалиёти ҷарроҳии хурд гузаронида шудааст. Дар муассисаҳои табобатии шаҳру деҳот ҳамагӣ 734 адад амалиёти хатнаи кӯдакон (то 20-рӯза – 225 адад) гузаронида шудааст.

Дар 6 моҳи соли 2023, 189  ҳолати бемориҳои сирояткунанда ба қайд гирифта шудааст. Таркиби асосии бемориҳоро бемориҳои сил 33 нафар (дар  соли 2022 15-нафар), зардпарвини шадиди А 66 нафар, трихофития 25 нафар,  ВНМО -9 ҳолат (дар  соли 2022 – 9 ҳолат), илтиҳоби шадиди роҳҳои нафас 25 ҳолат мебошанд. Ҷароҳатгирӣ аз ҳайвонот 148 адад  ба қайд гирифта шуда, бемории ҳорӣ, вараҷа, сӯхтанӣ ва домана ба қайд гирифта нашудааст.

Бояд қайд кард, ки табобати беморон аз рӯи протоколҳои клиникӣ беҳтар ва пурра ба роҳ монда шуда, зиёда аз 90%-ро ташкил медиҳад.

Вазъи молиявӣ

Дар идомаи суҳбат номбурда зикр кард, ки маблағҳои махсуси  Беморхонаи марказӣ дар 6  моҳи соли 2023, 4 174 032 сомониро дар бар гирифта,  иҷроиши  он  2 587 899 сомонӣ, яъне 62% – ро ташкил медиҳад.

Маблағгузории Беморхонаи марказӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар            6 моҳи соли 2023 мувофиқи нақша 20 998 047 сомонӣ тасдиқ гашта,  иҷроиши он 19 528 184 сомонӣ ё ки 93% – ро  ташкил менамояд.

Маблағгузории Беморхонаи марказӣ аз ҳисоби маблағҳои Қарорҳои  раиси  вилоят  дар 6 моҳи соли 2023 мувофиқи нақша 23 520   сомонӣ тасдиқ гашта,  иҷрои он 23 520 сомонӣ ё ки 100% – ро ташкил менамояд.

 Бунёдкорӣ ва сохтмон

– Зикр кардан ба маврид аст, ки дар давоми солҳои охир барои таъмири  куллии шуъбаи ҷарроҳии калонсолон аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 2 097 000 сомонӣ ва аз ҳисоби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 714 000 сомонӣ маблағ ҷудо гашт, шуъба дар моҳи майи соли 2023 бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба истифода дода шуд. Шуъбаи ҷарроҳии калонсолон дарои 50 кати табобатӣ буда, бо тамоми шароиту таҷҳизоти муосир ва  табибони пуртаҷриба таъмин мебошад. Инчунин, бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ дар шуъбаи якҷояи модару кӯдаки таваллудхона таъмири куллӣ оғоз гардидааст, ки пас аз ба итмом расидани таъмиру азнавсозӣ шароити мусоид барои модару кӯдак фароҳам меояд, – изҳор дошт мавсуф ва афзуд, ки сохтмони бинои иловагӣ дар маркази саломатии №1 оғоз гардида, то ҳол аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 6 444 000 сомонӣ ҷудо карда шуд ва  корҳои  сохтмонӣ идома дорад.

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь