Соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба шумор рафта, дар давоми қариб се даҳсолаи охир бомаром рушд карда, то ба имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. Хукумати мамлакат дар ин давра ба пешрафти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои ҳалли мушкилоти ин соҳаи ҳаётан муҳим тадбирҳои зиёдеро амалӣ гардонид.

Шумо доим дар хотир дошта бошед, ки пайравони Синои бузург мебошед. Ин алломаи замон дар вазнинтарин рӯзҳои сахти мардум аз байни одамон ҷудо нагардид, тамоми донишу таҷриба ва маҳорату малакаи хешро барои шифои беморон сарф намуд ва умедаш ҳамеша тандурустии инсон буд.

Эмомалӣ Раҳмон

“Саломатӣ бошад – боқӣ ҳама корҳо мешавад» – ҳамин тавр садо медиҳад ин мушоҳидаи бисёрасра. Саломатӣ – ин боигарии ҳақиқӣ аст, ки мо ҳамроҳи шумо гоҳ-гоҳ ба он аҳмият намедиҳем. Одамони солим аҳёнан ба андеша мераванд, ки чӣ тавр дуруст ва боандеша фаъолияти ҳаётӣ ва зиндагии  худро бисозанд, то ки саломатии онҳо мустаҳкам ва умедвор, перспективӣ давомдор бимонад. Аммо дар зимни он саломатиро хеле осон аз даст додан – бипурсед аз дилхоҳ табиб. Мо заҳмати табибонро баъди сиҳат шудан фаромӯш мекунем. Табибон дармонбахши саломатии мардумонанд ва мо низ заҳмати онҳоро набояд нодида бигирем. Табибон шабу рӯз баҳри беҳбудӣ бахшидан ба саломатии одамон кӯшиш мекунанд. Нисфи шаб аст, ва ё бегоҳ, ва ё субҳи содиқ баробари ба онҳо муроҷиат кардани ҳоҷатмандон эшон дарҳол ҳозир мешаванд ба назди бемор. Ин суханон ба табибони МКАТС ноҳияи Восеъ рост меоянд. Эшон худ месӯзанду ба дигарон солимӣ ва равшании ҳаёт мебахшанд.

Дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Восеъ 41 маркази саломатии деҳотӣ, 27 бунгоҳи тиббӣ ва 1 маркази саломатии ноҳиявӣ дар маҷмӯъ 66 муассиса фаъолият доранд. Дар муассисаҳои КАТС-и ноҳия 77 духтури маълумоти олидор, 930 нафар кормандони миёнаи тиббӣ, 105 нафар кормандони хурди тиббӣ ва ғайраҳо 65 нафар ҷамъ 1177 нафар ба 249 265 нафар аҳолии ноҳия хизматрасонии аввалияи тиббиро таъмин менамоянд.

Кормандони муассисаҳои КАТС дар давоми дувоздаҳ моҳи соли 2022 ба аҳолии ноҳия 3 315 179 маротиба хизмати тиббӣ расонидаанд. Аз инҳо 915 630 маротиба дар муассиса 2 399 549 маротиба дар хона хизмати тиббӣ расонида шудааст. Аз ҷумла шумораи ташрифҳо дар сатҳи табибон 457 263 маротиба ва шумораи ташрифҳо дар сатҳи кормандони миёнаи тиббӣ 2 857 916 маротибаро ташкил медиҳад.

Таваллуд дар ноҳия дар давоми соли 2022, 4950 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор шумораи ҷинси мард 2367-нафар ва шумораи ҷинси зан 2583 – нафарро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор таваллуд дар тавалудхона 4863 (98,3%) нафар ва таваллуди хонагӣ 87-нафар (1,7%)-ро ташкил медиҳад. Шумораи фавтидагон дар ин давра ба 435 нафар расидааст. Аз ин миқдор фавти перинаталӣ 18 – нафар (0,4%), мурдатаваллуд 11-нафар (0,02%), фавти кӯдакони то 1- сола 31-нафар (7,1 %), фавти кӯдакони 1 то 5 сола 7   нафар (0,06%), фавти то сини 18 сола 14 нафар (0,4%) ва фавти модар ба қайд гирифта нашудааст. Шумораи занҳои қобили зоиш 60912-нафар.

Дараҷанокии касби табибон; дараҷанокии олӣ  26 нафар, дараҷанокии 1-ум 24 нафар, дараҷанокии 2-юм 18 нафар; кормандони миёнаи тиббӣ; дараҷанокии олӣ 205 нафар, дараҷанокии 1-ум 195 нафар, дараҷанокии 2 – юм 189 нафарро ташкил мекунад. Дар давоми нӯҳ моҳи соли 2022,  4 нафар духтур ва 135 нафар корманди миёнаи тиббӣ аз такмили ихтисос гузаштанд. Инчунин 2 нафар табиб ва 10 нафар корманди миёнаи тиб курси такмили ихтисосро мувофиқи ихтисосашон гузашта истодаанд. Дар маркази саломатии ноҳия, ҳуҷраи хатна бо тамоми лавозимотҳои тиббӣ фаъолият менамояд. Дар давоми дувоздаҳ моҳи соли 2022 дар ҳуҷраи хатна 434 – нафар кӯдакон хатна карда шудааст.

Дар давоми дувоздаҳ моҳи соли 2022, 2105 нафар издивоҷкунандагон аз муоинаи тиббӣ гузаштанд, ки аз ин шумора 1084 нафарашон зан ва 1021 нафаршонро мардон ташкил медиҳанд.

Шӯъбаи ёрии таъҷилӣ дар давоми дувоздаҳ моҳи соли 2022 ба тариқи зайл хизматрасонии тиббиро ба аҳолии ноҳия таъмин намудааст. Ҳамагӣ-1831 хизматрасонӣ: Аз инҳо: 484 ташриф ба хона, 571 ташриф ба ШВКД-и ноҳия, 364-худмуроҷиаткунӣ, 412 ташриф ба беморхонаи ноҳия. Дар ноҳия то ба ҳолати 15.12.2022-юм сол 4433 нафар маъюбон, ки нафақаи маъюбӣ мегиранд дар қайд қарор доранд. Маъюбони гурӯҳи 1-ум 410 нафар, маъюбони гурӯҳи 2-юм 2008 нафар, маъюбони гурӯҳи 3-юм 1063 нафар. Кӯдакони маъюби синни то 18 сола, 952 нафар мебошанд.

Дар давоми дувоздаҳ моҳи соли 2022 аз тарафи маркази солимии репродуктивии ноҳия 2625 нафар аз ташхиси ВНМО гузаронида шудааст.  Аз ҷумла: МСР- ВНМО I – 2402 нафар. Маркази ВНМО-II-223 нафар, инчунин, 4363 – нафар тавассути тестхатчаҳои оҷилӣ аз ташхиси гепатит гузаронда шудааст. Аз ҷумла: Гепатити В – 3488 нафар, гепатити С – 875 нафар.

Аз тарафи Лоиҳаи «Инкишофи барвақти кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон» 31-маркази саломатии деҳотӣ барои таъмиру азнавсозӣ ба қайд гирифта шудааст. Айни ҳол дар 29 марказҳои саломатии деҳотӣ корҳои таъмиру азнавсозӣ ҷараён дорад, ки дар арафаи анҷомёбист. Маврид ба зикр аст, ки 12-маркази саломатии деҳотӣ аз таъмир бароварда шуда, ба истифода дода шуд. Дар соли 2022 ҳуҷраҳои кории маркази саломатии ноҳияи Восеъ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, дару тирезаҳои он ба пуррагӣ иваз карда шуданд. Инчунин, шӯъбаи ёрии таъҷилии маркази саломатии ноҳия аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нақлиёти ёрии таъҷиллӣ таъмин карда шуд. Дар давоми соли 2022 аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ дар якҷоягӣ бо муассисаҳои КАТС 3 бунгоҳи тиббӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Дар нақшаи соли 2023-юм сохтумони 4 – бунгоҳи тиббии дигар дар назар аст.

Сайёра Султонова, директории маркази солими репродуктивӣ, Шаҳноза Азамова, духтури занонаи маркази солими репродуктивӣ. Қувваталӣ Холиқов, мудири шӯъбаи тибби оилавӣ, Саймир Рауфов, муовини роҳбар оиди корҳои табобатӣ, Баҳром Сафаров, директори тиббӣ оилавӣ, Иззатулло Юсупов, хадамоти ҳифзи меҳнати муассисаҳои КАТС, Давлат Комилов, директори МСД Шобикаи 1, Наим Муродов, директори МСД Ҳ.Баротов, Шариф Раҷабов, директори МСД Восеобод, Ҷурабек Ҷугиев, директори МСД Охҷар, Саидбек Алимаров, директори МСД Тосқалъа устодони касби худ буда, дар байни сокинони ноҳияи Восеъ сазовори обрӯ ва эҳтироми махсус ҳастанд. Беҳуда бузурге нафармудааст: Бе саломатӣ хушбахтӣ ҳам номумкин аст. Барои хушбахтиро доштан аввал саломатиро бояд соҳиб буд. Ин аст шиори табибони МКАТС ноҳияи Восеъ.

Бо боварии комил гуфта метавонем, ки дар оянда сатҳу сифати хизматарсонии аввалияи тиббиро баҳри пешгирии бемориҳо ва солимии ҷомеъа беҳтар хоҳем кард, – мегӯяд, Роҳбари муассисаҳои КАТС-и ноҳияи Восеъ, Диловар Валиев.

С.Халилиён, МТЖТ, ноҳияи Восеъ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь