Фаъолияти Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тибии шаҳри Ваҳдат” дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.08.1966, №770, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маориф, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.07.2013, №1004 тасдиқ шудааст, низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.03.2018, №94 тасдиқ шудааст ва Оинномаи муассиса, ки бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.05.2019, №381 тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда шудааст. Муассиса дорои Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ мебошад, ки аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф аз 15.07.2023, №37 бо № Т-АД 00001269 дода шудааст.
Бо мақсади шиносоӣ бо дастоварду муваффақиятҳои МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат” хабарнигори МТЖТ бо директори муассисаи мазкур номзади илмҳои тиб Чилазода Бобохон Чила суҳбати ихтисосӣ анҷом дод, ки фишурдаи онро пешкашӣ хонандагон мекунем.
Дар оғози суҳбат директори МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат” Чилазода Бобохон Чила Соли Нави мелодиро ба кулли мардуми шарафманди Тоҷикистон табрику таҳният гуфт ва ба хонадони ҳар тоҷику тоҷикистонӣ сулҳу оромӣ, ба ҳар фарди кишвар саломатию сарбаландӣ таманно намуд.
Заминаҳои моддӣ–техникӣ ва таълимӣ-лабораторӣ
Мавсуф иброз дошт, ки айни замон Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат” дорои ду бинои таълимӣ, 6 озмоишгоҳи таълимӣ (физикавӣ, биохимиявӣ, микробиологӣ, анатомия, ҳамширагӣ, клиникӣ), зиёда аз 107 кабинетҳои таълимӣ, 11 толори лексионӣ, 8 синфхонаи компютерӣ, 1 китобхона бо қироатхона бо 100 ҷои нишаст, 1 Маркази тестӣ бо 100 ҷои нишаст, 1 майдончаи варзишӣ, 1 толори варзишӣ, 2 толори маҷлис барои 160 нафар ва 2 ошхона мебошад.
-Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 октябри соли 2023 бинои нави иловагии Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат» мавриди истифода қарор дода шуд. Бинои мазкур аз 4 ошёна, таҳхона, китобхона, қироатхона, ошхона, 1 маҷлисгоҳ, 25 синфхона, ки аз ин шумора 7 ададаш толори лексионӣ, толори варзишӣ, ҳуҷраи ивази либосҳои писарона ва духтарона, майдончаи варзишии замонавӣ, ки масоҳати қитъаи замини таҳияшудааш 3125,4 м2-ро ташкил медиҳад, иборат аст. Он барои 1300 нафар, дар ду баст, пешбинӣ гардида, толори маҷлисгоҳ бошад, дорои 160 ҷои нишаст аст ва бо назардошти ҳама синфхонаҳои таълимӣ 650 ҷои нишастро ташкил менамояд,-гуфт Чиллазода Б. Ч.
Китобхона
Бино ба иттилои директори коллеҷи тиббӣ, дар солҳои таҳсили 2023-2024 теъдоди китоб дар китобхонаи муассиса ба 25 000 нусха расонида шудаанд, ки аз ин шумора адабиётҳои тахассусӣ бо забони давлатӣ 15994 нусха, бо забони русӣ 3256, адабиёти бадеӣ бо забони тоҷикӣ 3680, адабиёти методӣ 70 ва адабиёти таълимӣ 2000 нусха мебошад, ки ҳамаи онҳо дар раванди таълим пурра истифода мешаванд. Дар китобхонаи мазкур 7 адад компютер ба шабакаи интернет пайваст буда, дорои зиёда аз 10 ҳазор адабиёти электронӣ барои омӯзгорон ва донишҷӯён мебошад. Ҷиҳати ҷалби донишҷӯён ба китоб ва китобхонӣ маъмурияти муассиса пайваста корҳои омӯзиширо роҳандозӣ менамояд. Маврид ба зикр аст, ки ҳамаи донишҷӯён ва омӯзгорони муассиса феълан аъзои фаъоли китобхонаҳои коллеҷ буда, пайваста аз китобҳои мавҷуда истифода мебаранд. Айни ҳол муассиса пурра бо китобҳои дарсӣ таъмин гардидааст. Дар китобхона ҳамчунин, маҷаллаҳо ва рӯзномаҳои даврӣ, ки муассиса ба онҳо обуна аст, мавҷуданд, ки омӯзгорон ва донишҷӯён онҳоро пайваста мутолиа мекунанд. Нашрияҳои “Минбари халқ”, “Ҷумҳурият”, “Адабиёт ва санъат”, “Садои мардум”, “Тоҷикистон”, маҷаллаи “Паёми шифо”, “Садои шарқ”, “Бахтофарони Ваҳдат” ва “Бонувони Тоҷикистон” ва дигар рӯзномаҳои даврӣ аз қабили онҳо мебошанд.
Таъминоти кадрӣ
-Дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат” айни ҳол 232 корманд фаъолият дорад, ки аз онҳо 90 омӯзгори асосӣ 120 омӯзгори соатбайн мебошанд. Дар муассиса як доктори илмҳои биологӣ (профессор), як доктори илмҳои тиб (профессор), ду номзади илми тиб, ду номзади илмҳои иқтисодӣ, ду номзади илмҳои таърих, ду номзади илмҳои биологӣ, ду номзади илмҳои филологӣ, се доктор Phd, 44 нафар дорои тахассуси дараҷаи олӣ, 13 нафар дорои тахассуси дараҷаи якум, 14 нафар дорои дараҷаи тахасуси дуюм, 99 нафар бе дараҷаи тахассусӣ мебошанд, 2 унвонҷӯ ва аз ин шумораи болозикр 37 омӯзгори ҷавон мебошанд. Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби аттестатсияи кормандони соҳаи омӯзгорӣ ва илмии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз 7 июни соли 2017, №281 тасдиқ карда шудааст, дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2023 дар муассиса бо иштироки сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти муассиса ва дигар аъзоён аттестатсияи кормандон гузаронида шуд, ки дар он 38 нафар иштирок доштанд. Аз ин шумора дараҷаи олӣ тасдиқ 13 нафар, дараҷаи олӣ 16, дараҷаи якум 5 нафар ва дараҷаи дуюм ба 4 нафар дода шуданд. Дар давоми соли 2023 7 нафар омӯзгорон аз курси такмили ихтисос гузаштанд,-қайд намуд директор.
Шумораи донишҷӯён
Мувофиқи маълумотҳо, шакли таълим дар муассиса рӯзона ва шабона буда, шумораи муҳассилини муассиса 2740 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 317 нафар писар ва 2423 нафар духтар мебошанд.
Банақшагирӣ ва ташкили ҷараёни таълим
Банақшагирии раванди таълим дар муассиса дар асоси Нақшаи таълим барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар доираи талаботҳои Низомномаи кредити таҳсилот ба роҳ монда шудааст. Раванди таҳсил аз рӯи таҳсилоти умумӣ бо ихтисосҳои “Кори ҳамширагӣ”, “Кори тиббӣ-офиятӣ”, “Кори дандонсозӣ”, “Кори фарматсевтӣ” ва “Кори момодоягӣ” бо муҳлати таҳсили 3 солу 10 моҳ ва таҳсилоти миёнаи асосӣ бошад (пас аз хатми синфи 9), ба муҳлати 4 сол “Кори ҳамширагӣ” ва “Кори фармасевтӣ” ба роҳ монда шудааст.
-Бо мақсади ба низом даровардани раванди таҳсил дар муассиса кафедраҳои “Кори ҳамширагӣ”, “Фанҳои морфологӣ”, “Забонҳо”, “Фанҳои гуманитарӣ”,“Кори фарматсевтӣ, дандонсозӣ ва тиббӣ-ташхисӣ”, “Кори момодоягӣ”, “Тиббӣ- биологӣ” ва “Табиӣ-риёзӣ” амал менамоянд.
Қабули донишҷӯён дар муассиса тибқи нақшаи тасдиқгардида дар заминаи синфҳои 11 ва 9, тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Дар соли ҷорӣ тибқи нақша 3 гуруҳи таълимӣ бо забони русӣ ташкил карда шуд. Раванди супоридани санҷишу имтиҳонҳои ниҳоӣ тибқи талаботи “Тартиби қабули имтиҳонҳои ниҳоӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли шифоҳӣ, хаттӣ ва омехта”, ки бо қарори ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.02.2023, №3/8 тасдиқ карда шудааст, ба роҳ монда шудааст. Ташкили санҷишу имтиҳонҳои ниҳоӣ дар асоси ҷадвали қабули санҷишҳо, ки аз тарафи муовини қисми таълим тасдиқ гардидааст, амалӣ мегардад. Бояд қайд кард, ки ҷиҳати пурсамар гардонидани раванди таълим омӯзгорони муассиса аз курсҳои омузишии технологияи иттилоотӣ ва истифодаи тахтаи инфиродии электронӣ гузаронида шуданд. Дар асоси дастур ҳамасола рӯзи методӣ ташкил карда мешавад, ки дар он ба омӯзгорони муассиса оид ба талаботҳои низоми кредити таҳсилот ва истифодаи технологияи муосир дар раванди машғулиятҳо ёриҳои методӣ расонида мешавад. Ҳамзамон, омӯзгороне, ки барои фаъолият ба муассиса ариза пешниҳод менамоянд, тариқи озмун қабул карда мешаванд,-иброз дошт директори коллеҷи тиббӣ Чилазода Б.
Фаъолияти факултетҳо ва кафедраҳо
Мувофиқи иттило, дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат” ду факултет: Факултети “Кори фарматсевтӣ, дандонсозӣ ва ташхисӣ” ва “Кори ҳамширагӣ” дар заминаи синфи 11” ва факултети “Кори момодоягӣ” ва “Кори ҳамширагӣ” дар заминаи синфи 9 фаъолият мекунад. Мақсад ва вазифаҳои асосии факултетҳо баланд бардоштани сифати дониши донишҷӯён, баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисони миёнаи тиб, беҳтар намудани раванди таълиму тарбия, беҳтар ба роҳ мондани корҳои кураторӣ ва иштироки фаъолона дар озмунҳои фаннию мусобиқаҳои варзишии байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ободониву кабудизоркунии биноҳои муассиса ва шаҳр мебошад. Айни замон дар Коллеҷ аз рӯи 6 ихтисос: “Кори момодоягӣ”, “Кори ҳамширагӣ”, “Кори дандонсозӣ”, “Кори тиббӣ –офиятӣ”, “Кори фарматсевтӣ”, “Корҳои тиббӣ –ташхисӣ” мутахассис омода карда мешавад.
Тавре директори колеҷи мазкур Чилазода Бобохон иброз намуд дар муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тибии шаҳри Ваҳдат” 8 кафедра, дар асоси низомномае, ки бо қарои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.01.2023, №02/7 тасдиқ шудааст ва нақшаи корие, ки онҳоро директори коллеҷ тасдиқ мекунад, фаъолият менамоянд:
- Фанҳои гуманитарӣ;
- Фанҳои тиббӣ-биологӣ;
- Забонҳо;
- Тиббӣ-риёзӣ;
- Фарматсевтӣ, дандонсозӣ, ташхисӣ;
- Кори ҳамширагӣ;
- Фанҳои морфологӣ;
- Фанҳои клиникӣ.
Ҷараёни машғулиятҳои омӯзгорон пайваста таҳти назорат қарор гирифта, ислоҳи камбудиҳои пайдошуда дар Шӯроҳои илмӣ-омӯзгорон мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода мешавад. Машғулиятҳои омӯзгорон бо истифода аз таҷҳизоту технологияи муосири таълим пеш бурда мешавад.
Озмунҳо
-Баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз соли 2019 боз ба аҳли ҷомеа, хусусан ба насли ҷавон муҳаббату дилгармии зиёд ба мутолиаи китоб бахшид ва барои ба даст овардани ғолибият кӯшиш намуданд. Донишҷӯёни МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат” низ дар озмуни мазкур иштирок намуда, аз соли 2021 инҷониб ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодаанд. Боиси хушнудӣ ва қаноатмандист, ки дар тайёр ва омода намудани донишҷӯён ба озмуни мазкур саҳми омӯзгори ҷавони муассиса Розиқов Фирӯз хеле назаррас мебошад. Маҳз заҳматҳои ин омӯзгори ҷавон аст, ки соли 2021 аз номинатсияи “хондан ва аз бар кардани осори адибони классикии тоҷик” донишҷӯён Иззатова Соҳиба сазовори ҷойи аввал, Назарова Зебинисо аз “номинатсияи хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик” ҷои сеюмро ишғол намуда буданд. Соли 2022 бошад, нишондоди ишғоли ҷойҳои намоён аз натиҷаи даври ниҳоии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” чунин буд: дар номинатсияи “Хондан ва аз бар кардани адабиёти муосири тоҷик” донишҷӯи Коллеҷи тиббӣ Сатторов Муҳаммадрасул сазовори ҷои дуюм, дар номинатсияи «Хондан ва аз ёд кардани осори адибони классики тоҷик” донишҷӯ Азиззода Мирзобег сазовори ҷои сеюм, дар номинатсияи “Хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона” Зарифова Рамзия сазовори ҷои сеюм, илова бар ин, 4 донишҷӯ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Теъдоди иштирокчиёне, ки соҳибони ҷойҳои ифтихорию намоён гардиданд 7 нафарро ташкил дод.
Маҳз кӯшишу ғайрати ин устоди ҷавону масъулиятшинос буд, ки соли 2023 дар даври ҷамъбастии ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” донишҷӯёни коллеҷи мо Расулова Ҳадиса ва Исломова Бибимарям дар номинатсияи “Адабиёти классикии тоҷик” сазовори ҷойи 3, Муҳаммадҷонзода Саидмухтор дар номинатсияи “Адбиёти ҷаҳон” ҷойи 2 ва Акрамова Ҷамила дар номинатсияи “Эҷоди наср” ба ҷои 3 мушарраф гардиданд. Ҳамчунин, Ғайратзода Меҳрона Латипова Фараҳноз ва мирзоева Моҳшариф дар номинатсияҳои “Адабиёти муосири тоҷик”, “Адабиёти классикии тоҷик” ва “Адабиёти ҷаҳон” сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд,-бо қаноатмандӣ иброз намуд директори коллеҷии тиббӣ Чилазода Бобоҷон.
Ногуфта намонад, ки моҳи декабри соли равон роҳбари маърифатдӯсти МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат” Чилазода Бобохон Чила бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён ғолибон ва иштирокчиёни даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”-ро бо шодмонию ифтихормандӣ пазируфта, ба онҳо ифтихорнома ва маблағҳои пулӣ тақдим намуд.
-Роҳандозию баргузории озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» воқеан, аз шоёнтарин корҳо, аз беҳтарин барномаҳо, аз муҳимтарин тадбирҳо ва волотарин иқдомҳои фарҳангии Пешвои миллат, Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Озмуни мазкур лаёқату маҳорати эҷодкорию маърифатофарии хонандагонро тақвият бахшид, дӯстдорони каломи бадеъро бо ин шеваи ҳавасмандӣ дарёфт, истеъдодҳоро аз байни наврасону ҷавонон кашф ва ба ин васила ба арзишҳои миллию фарҳангӣ эҳтиром гузошта, ҳуввияту худшиносии миллиро боз ҳам баланд бардошт. Дар озмун ширкат варзидани донишҷӯён боиси болоравии маънавиёт, ҷаҳони иттилоотию фарҳангӣ, тақвияти ҳофиза ва ниҳоят сайқал ёфтани маҳорати суханрониашон мегардад. Ҷавонон дар инкишофи ҷомеа нақши бориз доранд ва пурарзиштарин иқдоми ҷавонони имрӯза саъю кӯшиши ҷиддӣ дар боби такомули ақлонӣ ва илмӣ бояд бошад, чун онҳо танҳо дар ин сурат метавонанд бо ташаббускории худ барои пешрафти кишвар ва дар ин замина баҳри таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон талош намоянду сазовори дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат гарданд-бо ифтихор иброз дошт Чилазода Бобохон Чила.
Тавре маълумот доданд, шаҳри Ваҳдат тавонист бо шумораи умумии иштирокчиён дар даври ниҳоии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки 19 нафарро ташкил кард, миёни 6 шаҳру навоҳӣ (шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода, Роғун, ноҳияҳои Шаҳринав, Рӯдакӣ, Варзоб, Файзобод) ҷойи аввалро сазовор гардад. Аз ин шумора 11 донишҷӯ, 7 хонандаи мактаб ва як намояндаи касбу кори гуногун буданд.
-Бо мақсади руҳбаланд намудан ва ҷалби бештари донишҷӯён ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ифтихорномаю мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуд. Дар ин миён барои хизматзҳои шоёнашон дар самти омода намудани иштирокчиёни озмун устодони муассиса Розиқов Ф. Ғ.-омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик, роҳбари озмун ба маблағи 6000 сомонӣ, Табарова Ш.-омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик, мутасаддии озмун ба маблағи 6000 сомонӣ, Бобоев Д.-омӯзгори фанни забони англисӣ, мутасаддии озмун ба маблағи 6000 сомонӣ қадрдонӣ карда шуд. Ҳамчунин, Латипова Ф.-ғолиб аз номинатсияи “Адабиёти классики тоҷик”” ба маблағи 1000 сомонӣ, Ғайратзода М.-ғолиб аз номинатсияи “Адабиёти классики тоҷик” ба маблағи 1000 сомонӣ, Мирзоева М.-ғолиб аз номинатсияи “Адабиёти ҷаҳон” ба маблағи 1000 сомонӣ, Акрамова Ҷ.-ғолиб аз номинатсияи “Эҷоди наср” ба маблағи 1000 сомонӣ, Исмоилова Б.-ғолиб аз номинатсияи “Адабиёти классики тоҷик” ба маблағи 1000 сомонӣ, Расулова Ҳ.-ғолиб аз номинатсияи “Адабиёти классики тоҷик” 1000 сомонӣ, Муҳаммадҷонзода С.-ғолиб аз номинатсияи “Адабиёти ҷаҳон” 1000 сомонӣ, дар маҷмуъ ба маблағи 25000 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд,-гуфт бо қаноатмандӣ Чилазода Б.
Корҳои тарбиявӣ
Тавре мушоҳида кардем, дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат” корҳои тарбиявӣ тибқи талаботҳои Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар қарору фармоишҳои дахлдор ба роҳ монда шудааст. Фаъолияти самти тарбия ва зерсохторҳои он дар доираи мустаҳкам намудани робитаи муассиса бо кумитаи падару модарон мунтазам ба роҳ монда шудааст. Тибқи талаботҳои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” барои ҳавасмандӣ ва қадршиносии оилаҳои пешқадам, ки фарзандонашон бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, интизоми хуб доранд ва дар корҳои ҷамъиятии муассиса фаъолона иштирок мекунанд, бо “Ифтихорнома”-и Роҳбари муассисаи таълимӣ сарфароз гардонида шудаанд. Бо мақсади тарбияи дурусти донишҷӯ-духтарон Шӯрои занону духтарони муассиса фаъолият менамояд, ки пайваста ҳолати интизом, ахлоқ ва риояи сару либосро назорат мебарад. Ҳамзамон, дар маҷлисҳои падару модарон, ки давоми сол 78 маротиба ташкилу баргузор карда шудаст, масоили интизому риояи тартиботи дохили муассисаи таълимӣ мавриди таҳлилу муҳокима қарор дода шудааст. Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва хештаншиносии ҷавонон тибқи нақша –чорабиниҳо дар ҷашвораҳои миллӣ ва таърихӣ пайваста конфронсҳо, мизҳои мудаввар ва ҷамъомадҳои тарбиявӣ гузаронида шудааст. Дар маҷмуъ дар соли равон 22 конфронси адабӣ-бадеӣ, 12 мизи мудаввар, 8 ҷамъомад ва 78 дарсҳои кушоди тарбиявӣ ташкилу гузаронида шудааст. Дар соли равон бо мақсади бедор намудани тарбияи меҳнатӣ дар ҷавонон ҳашарҳои ободонӣ ташкилу гузаронида шудааст, ки дар маҷмуъ 40 дарахти ороишӣ ва беш аз 5000 гули ороишӣ шинонда шудааст. Донишҷӯёни муассиса дар Шоу-барномаи интеллектуалии “Мизони хирад”, ки дар Муассисаи давлатии “Телевизиони Синамо” баргузор гардид ва ба истиқболи 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷои якум ва дуюм гардида, бо ифтихорнома ва медали ифтихорӣ сазовор дониста шудаанд.
Таълимӣ-истеҳсолӣ
Сол то сол сифати машғулиятгузорӣ ва раванди таҷрибаомӯзӣ аз тарафи омӯзгорони коллеҷ ва роҳбарони бевоситае, ки аз ҳисоби кормандони муассисаҳои тандурустӣ таъйин карда мешаванд, беҳтар шуда истодааст
Таҷрибаомӯзии таълимӣ -истеҳсолӣ зинаи дуюми таълими амалӣ ба ҳисоб рафта, барои ба сифати баланд тайёр намудани мутахассисони соҳа нақши муҳим мебозад. Дар соли равон ба таҷрибаомӯзии таълимӣ-истеҳсолӣ курсҳои хатмкунанда аз ҷумла, курсҳои 4-уми факултети “Кори момодоягӣ” аз фанни момоӣ ва факултети “Кори дандонсозӣ” аз фанни оид ба техникаи сохтани протезҳои муқимӣ ва бюгелӣ дар Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат ва шаҳри Душанбе равона карда шуд.
Корҳои методӣ
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ намудани дараҷаи саводнокӣ барномаҳои таълимии омӯзгорон (силлабус)-ҳо дар доираи талаботҳои “Дастурамали барномаҳои кории фанни таълимӣ (силлабус), ки бо қарори Мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.03.2023, №04/28 тасдиқ шудааст, таҳия карда шудааст, ки раванди машғулиятҳо дар доираи талаботҳои дастурамали мазкур амалӣ гардонида шудааст. Дар давоми сол дарсҳои омӯзгор санҷиш карда шуда, ҳолати дарсгузаронии онҳо дар Шӯроҳои методӣ ва Шӯроҳои илмӣ-омӯзгорон мавриди таҳлилу муҳокима қарор дода шудааст. Махсусан, санҷиши дарсҳои омӯзгорони ҷавон пай дар пай гузаронида мешавад ва нисбат ба масъалаҳои ҳолати риояи қисмҳои дарс, истифодаи усулҳои муосир, истифода аз технологияи иттилоотӣ дар ҷараёни машғулиятҳо, риояи равандҳои тарбиявии дарс, ҳолати баҳогузорӣ ба дониши донишҷӯён тибқи талаботи низоми кредити таҳсилот ва қабули корҳои мустақилонаи донишҷӯён машваратҳо намуда, бо онҳо ёрии методӣ расонида шудааст.
Дар муассиса фаъолияти корҳои методӣ дар самти ҷалби донишҷӯён ба озмунҳо дар сатҳи лозимӣ қарор дорад. Дар соли ҷорӣ донишҷӯён дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” аз руйи 6 номинатсия фаъолона ширкат намуда, дар даври минтақавӣ аз номинатсияи биология 1 нафар ҷои якум, 2 нафар ҷои дуюм, 2 нафар ҷои сеюм, аз номинатсияи химия 1 нафар ҷои дуюм, аз номинатсияи физика 1 нафар ҷои дуюм, 2 нафар ҷои сеюм, аз номинатсияи география 1 нафар ҷои сеюм ва аз номинатсияи технологияи иттилоотӣ 1 нафар ҷои сеюм, ки дар маҷмуъ 11 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифта, бо ифтихорномаҳо сарфароз дониста шуданд.
Санаи 11 майи соли 2023 дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи ҷумҳуриявӣ» бахшида ба «Рӯзи ҷавонон», «Рӯзи умумиҷаҳонии ҳамшираи тиб» ва «Иди касбии кормандони соҳаи тандурустӣ» олимпиада дар байни 36 муассисаи тиббӣ гузаронида шуд, ки Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат» ҷои дуюмро ишғол намуд. Дар олимпиадаи мазкур аз фанҳои тахассусӣ-тиббӣ 1 нафар сазовори ҷойи якум аз фанни кори фарматсевтӣ, 2 нафар сазовори ҷойи дуюм аз фанҳои кори дандонсозӣ ва кори ҳамширагӣ ва 1 нафар бо Ифтихорномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз дониста шуданд.
Бояд қайд кард, ки дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» донишҷӯёни муассиса, тибқи талаботи низомномаи пешниҳодгардида, зиёда аз 100 нафар довталабон ҳуҷҷат ба комиссияи дохили муассисавӣ пешниҳод намуданд. 22 майи соли 2023 дар Кохи маърифати шаҳри Ваҳдат даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо иштироки ҳайати ҳакамон ва ҳузури волидон ва омӯзгорони иштирокчӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Бояд қайд кард, ки дар озмуни мазкур 16 нафар аз муассисаи мазкур ширкат варзида 15 нафарашон ба даври минтақавӣ роҳхат гирифтанд. Санаи 17-18 августи соли 2023 дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Ҳисор даври минтақавии озмуни мазкур миёни 13 шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ шуда гузашт, ки аз донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат» 14 нафар иштирок карданд. Аз ин шумора 11 нафарашон бо ишғоли ҷойҳои намоён аз ҷумла, дар номинатсияи адабиёти классик 1 нафар ҷойи якум, 2 нафар ҷойи дуюм, дар номинатсияи адабиёти муосир 1 нафар ҷойи якум, 2 нафар ҷойи дуюм, 1 нафар ҷойи сеюм, дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон 1 нафар ҷойи якум, 2 нафар ҷойи дуюм ва дар номинатсияи эҷодиёти наср 1 нафар ҷойи якумро ишғол намуданд, ки дар маҷмуъ 11 нафар мебошанд.
Дар даври ҷумҳуриявии озмун 1 нафар ҷои дуюм аз номинатсияи адабиёти ҷаҳон, 2 нафар ҷои сеюм аз номинатсияи адабиёти классик, 1 нафар ҷои сеюм аз номинатсияи эҷоди назму наср ва 3 нафар ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардиданд.
Дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат” 15 нафар дар даври якум иштирок намуда, ба даври дуюм 11 нафар роҳхат гирифтанд. Пас аз хулосаи комиссияи озмун дар даври дуюм 5 нафар ба даври сеюми озмун роҳхат гирифтанд. Дар даври ҷумҳуриявӣ 2 нафар ширкат варзида фаъолияти хуб нишон доданд.
Бинои нави таълимгоҳ
-Бо кушодашавии бинои нави иловагии муассиса, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25-уми октябри соли равон сурат гирифт, шароит барои гузаронидани дарсҳои амалӣ, махсусан ташкилу гузаронидани малакаҳои амалӣ бо истифода аз технологияи муҷаҳҳазгардида фароҳам оварда шуд. Бино барои машғулиятҳои амалӣ аз фанҳои клиникӣ, анатомия ва тиббӣ- биологӣ бо тамоми лавозимотҳои зарурӣ махсусан лавозимотҳои озмоишӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Бо истифода аз шароити мавҷуда сатҳи саводнокии амалии донишҷӯён беҳтар хоҳад гашт,-гуфт директори Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат.
Маркази тестӣ-машваратӣ
Дар муассиса Маркази тестӣ-машваратӣ фаъолият менамояд, ки он бо мақсади ба танзим даровардани раванди имтиҳонҳои ҷорӣ ва воқеъбинона қабул намудани имтиҳонҳо ташкил карда шудааст. Марказ дорои 100 ҷои нишаст буда, бо компютерҳои замонавӣ таъмин ва бо хати интернет пайваст мебошад.
Фаъолияти нуқтаи тиббӣ
Нуқтаи тиббии муассиса дар ошёнаи якуми бинои асосӣ ҷойгир буда, дар он як ҳамшираи тиббӣ фаъолият мекунад. Он мувофиқи нақшаи корӣ амал намуда, дар байни донишҷӯён ва омӯзгорон корҳои тиббӣ-профилактикиро пеш мебарад. Дар давраи ҳисоботӣ ба 120 нафар кормандон ва донишҷӯён ёрии таъҷилии тиббӣ расонида шудааст. Дар нуқтаи тиббии муассиса бештар бемориҳои ҷоғар, варами меъдаю рӯдаҳо ва каму беш ашхоси фишорашон баланд ба қайд гирифта шудааст. Омӯзгорон ва дигар кормандони муассиса пурра аз муоинаи тиббӣ гузаронида шудаанд. Донишҷӯёни курсҳои як низ аз муоина гузаронида шудаанд. Донишҷӯёни курсҳои болоӣ, тибқи нақша, дар моҳҳои декабр-феврал ба пуррагӣ аз муоинаи тиббӣ гузаронида мешаванд.
Вазифаҳо барои соли 2024
-Мавриди амал қарор додани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муттаҳид намудан ва самаранок истифода бурдани нерӯи илмӣ, таълимӣ ва методии ҳайати профессорону омӯзгорон, таҳлили вазъи татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар раванди таълими фанҳо, баррасии баргузории конференсияҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои таълимию илмӣ бо мақсади такмили ихтисос ва баланд бардоштани сатҳи донишу ҷаҳонбинии донишҷӯён, қабули қарорҳои дахлдор ҷиҳати тавсия намудани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ ва мақолаҳои илмӣ барои чоп ва истифодабарӣ, баланд бардоштани сифати омӯзиши забони давлатӣ, донистани забонҳои русию англисӣ, фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, таъмин намудан бо маводи таълим, дар сатҳи баланд баргузор намудани озмунҳои “Тоҷикистон-ватани азизи ман”, “Фурӯғи сӯбҳи доноӣ китоб аст”, “Илм -фурӯғи маърифат”, “Донандаи асарҳои Пешвои миллат” ва “Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат”, Иҷрои талаботҳои “Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2021-2030”, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.08.2021, №222 тасдиқ шудааст, Иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 дар бораи «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2021-2025, Тақсимот ва ба ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавон, тибқи Низомномаи тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон, ки бо фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11.02.2020, №92 тасдиқ шудааст, тадбиқи Барномаи 20-солаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.07.2014, № 427 ва аз Паёми Президенти мамлакат дар санаи 26.01.2021 эълон шудани солҳои 2020-2040 “20-солаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ”) аз вазифаҳоеанд, ки аз ҷониби роҳбарияати МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат” дар соли 2024 баррасӣ ва ҳали онҳо ба нақша гирифта шудаанд-иброз намуд дар фарҷоми суҳбат директори МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат” Чилазода Бобохон Чила
Ҳамчунин, мавсуф таъкид кард, ки “тамоми донишу малакаи худро барои пешрафти илми тиб ва тарбияи мутахассисони ҷавон равона хоҳем кард ва ин талошамон бад-он хотир аст, ки номбардор ва вориси ростини Ибни Сино буда бошем”.
МТЖТ