Яке аз беҳтарин шириниҳо – ин эҳсоси саломатист. Вақте мо аз чанголи дард раҳо мешавем, баъдан ба қадри саломатии худ ва заҳмати табибон мерасем, ки онҳо барои саломатии моро барқарор кардан чӣ заҳматҳое мекашанд. Мо ин ҷо аз фаъолияти кормандони Муассисаи Давлатии Беморхонаи Ҷумҳуриявии Клиникии ноҳияи Данғара сухан мекунем.

Беморхонаи Ҷумҳуриявии Клиникии ноҳияи Данғара дорои 105 кат ва шуъбаҳои зерин аст: шуъбаи бемориҳои дил, шуъбаи бемориҳои узвҳои дарунаи калонсолон ва наврасон, шуъбаи пайвандсозии узв ва бофтаҳои  инсон, шуъбаи ҷарроҳии калонсолон, шуъбаи ҷарроҳии  кудакона  ва урологӣ, шуъбаи бемориҳои амрози  занона, шуъбаи таваллудӣ, шуъбаи  наҷот ва баъди ҷарроҳӣ, шуъбаи қабулгоҳ, нуқтаи  шикастабандӣ, дармонгоҳ, шуъбаи озмоишгоҳӣ, бахши ташхиси нурӣ  ва ултрасадоӣ, тавонбахшӣ (Физиотерапия). Дар шуъбаҳои БЧК ноҳияи Данғара дар давоми фаъолияти кориаш дар нӯҳ моҳаи соли ҷорӣ 29103 нафар муроҷиат  намудаанд, ки ин нишондод нисбати нӯҳ моҳи соли сипаригашта 1252  нафар (4,5%) зиёд буда, аз инҳо 6116 нафарашонро шаҳрвандони дигар шаҳру ноҳияҳо ташкил медиҳад.

Дар беморхона 306 нафар кормандон кор ва фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 60 нафарашон табибони маълумоти олидор буда, аз ин  шумора 7 нафар дараҷаи касбии олӣ, 2 нафар дараҷаи касбии якум ва дигаронашон дараҷаи касбии дуюм мебошанд. Кормандони миёнаи  тиббӣ 147 нафар, кормандони хурди тиббӣ 63 нафар, дигар  кормандон 45 нафар,  маълумоташон олӣ 61 нафар, миёнаи махсус 151 нафар, миёна 94 нафар, 1 нафар бо ордени хизмати шоиста ва  5 нафар бо ордени аълочии соҳаи тандурустӣ сарфароз гардонида шудааст. Беморхона бо бисёр муассисаҳои  тиббии ҷумҳурӣ, бахусус ДДТХ ва берун аз он, аз қабили Россия, Белорусия, Шветсария, Олмон ва дигарҳо ҳамкории зич дорад.           

Шӯъбаи қабул   

Сартабиби МД БҶК-и ноҳияи Данғара Камолзода Қаҳрамон мегӯяд, аз шумораи умумии муроҷиаткунандагон барои ташхис ва табобати    пурра 3558 нафарашон ба бистарӣ фаро гирифта шудааст, ки ин шумора муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 520-нафар (17,1%) зиёд мебошад, аз инҳо 1569 нафарашон аз дигар шаҳру ноҳияҳо  мебошанд. Ба истиснои бистаришудагон ба 2795 нафар ёрии тиббии амбулаторӣ, ба 6766 нафар хизматрасонии ташхиси нурӣ ва ултрасадоӣ, ба 5654 нафар муоинаҳои лабораторӣ, ба 7960 нафар хизматрасонии машваратию ташхисӣ, ба 1444 нафар ёрии травматологӣ, ба 502 нафар табобати тавонбашӣ ва ба 424 нафар ёрии таъҷилии тиббӣ расонида шудааст. Аз шумораи умумии бистаришудагон ҷарроҳиҳо ба 990 нафар  мерасад, ки ин шумора муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 108 – нафар (12,2%) зиёд мебошад: ба 172 нафар ҷарроҳиҳои пластикӣ, 19 нафар ҷарроҳии пайванди гурда, 106 нафар хатна. Гузаронидани ҷарроҳиҳои хурди дармонгоҳи 99 нафарро ташкил медиҳад. Бистарӣ дар шӯъбаҳои ҳамин беморхона шӯъбаи бемориҳои дил – 344 нафар, шӯъбаи бемориҳои узвҳои даруна – 319 нафар, шӯъбаи ҷаррохии калонсолон – 386 нафар, шӯъбаи ҷарроҳии кӯдакона ва урологӣ – 290 нафар, шӯъбаи бемориҳои амрози занона – 303 нафар, шӯъбаи таваллудӣ – 1828 нафар, шӯъбаи пайвандсозӣ – 71 нафар, шӯъбаи эҳёгарӣ – 17.

Шӯъбаи озмоишгоҳ

Дар озмоишгоҳ ба 5654 нафар 32728 таҳлилҳои лабораторӣ гузаронида шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 7601 таҳлилҳои лабораторӣ (31,4%) зиёд мебошад. Аз шумораи умумӣ таҳлилҳо ба  беморони статсионарӣ 8531 таҳлил, ба беморони амбулаторӣ 24197 таҳлил гузаронида шуд. Аз шумораи муроҷиаткунандагон 1352 нафарашон беморони аз дигар шаҳру  ноҳияҳо мебошанд.

Шӯъбаи таваллуд

Қабули таваллуд дар шӯъбаи таваллудхона 1828 нафар, ки ба  ҳамин давраи соли гузашта 323 нафар (21,5%) зиёд мебошад. Сабти умумии таваллуд 1705 нафар. Дар шӯъбаи таваллудӣ ба 341 нафар (18,6%) амалиёти ҷарроҳӣ буриши қайсарӣ гузаронид шуд, ки аз инҳо ба 294 нафар ҷарроҳии фаврӣ ва ба 47 нафар, ҷарроҳии нақшавӣ буриши қайсарӣ гузаронида шудааст, ки ба ҳамин давраи соли гузашта 105 нафар (44,5%) зиёд мебошад. Амалаиётҳои стерилизатсияи найчаҳои бачадон 52 нафарро ташкил медиҳад. Ҳомиладорон бо камхунӣ 1401 нафарро ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии таваллудшудагон 1408 нафар кӯдакони навзод аз эмгузаронии БЦЖ гузаштаанд. Эмгузаронӣ зидди «Полиомиелит» 1622 нафар. Эмгузаронӣ зидди «Ҳепатити В» 1622 нафар. Фавти баъди таваллуди навзодон (перинаталӣ) 36 нафар.

Шӯъбаи ҷарроҳии кӯдакона ва урологӣ

Дар шӯъбаи ҷарроҳии кӯдакона ва урологӣ 290 – бемор бистарӣ шудаанд, ки ба ҳамин давраи соли гузашта 6 нафар (2,1%) зиёд  мебошад. Аз шумораи умумии бистарӣ 76 нафарон аз дигар шаҳру  ноҳияҳо мебошанд. Аз шумораи умумии бистарӣ 248 нафар бемор ба ҷарроҳӣ фаро гирифта шуд, ки ба ҳамин давраи соли гузашта 7 нафар  ҷарроҳӣ (2,9%) зиёд мебошад. Аз инҳо ба 50 нафар бемор ҷарроҳии  фаврӣ ва ба 191 нафар бемор ҷарроҳии нақшавӣ гузаронида шуд.

Шӯъбаи бемориҳои дил

Қабули беморон дар шӯъбаи бемориҳои дил 344 нафар, ки ба ҳамин давраи соли гузашта 63 нафар (22,4%) зиёд медошад. Аз  шумораи умумии бистаришудагон беморони аз дигар ноҳия бистаришуда 68 нафар мебошанд. Дар ҳуҷраи Ангиография дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба 1н Имплантатсияи ЭКС гузаронида шуд, ба 1 нафар бемори дигар коронаграфия гузаронида, стент гузошта шуд. Фавт дар шӯъба 2 нафар.

Шӯъбаи ёри таъҷилии тиббӣ

Дар давоми фаъолияти кории шӯъбаи ёрии таъҷилӣ ҳамагӣ 424 даъват ба қайд гирифта шуда, ки ин нишондод ба ҳамин давраи соли гузашта 14 нафар (3,4%) зиёд мебошад. Аз инҳо 130 нафарашон бистарӣ шудаанд, ки ба 294 нафари дигараш ёрии таъҷилии тиббӣ расонида шуд. Дар вақти даъвати ёрии таъҷилӣ ба беморони зерин ёрии аввалини тиббӣ расонида шудааст. Бемориҳои фишорбаланди 95 нафар, БСП халазании гурдаҳо 26 нафар, дистонияи нейросеркуляторӣ 92 нафар, бемориҳои шадиди роҳи нафас 118 нафар, энтероколиди шадид 20 нафар, бемории осебдида ва латхурӣ 33 нафар ва 30 нафари боқимонда дигар бемориҳо.

Истифода аз маводҳои гиёҳдармонӣ 

Ҳамагӣ шахсоне, ки аз гиёҳдармони истифода бурдаанд, шумораи онҳо ба 1678 нафар расад. Тавонбахшӣ (Физиотерапия) – 331 нафар, шӯъбаи бемориҳои дил – 97 нафар, шӯъбаи бемориҳои узвҳои даруна – 313 нафар, шӯъбаи ҷарроҳии калонсолон – 208 нафар, шӯъбаи ҷарроҳии кӯдакона ва урологӣ 151 нафар, шӯъбаи бемориҳои амрози  занона – 226 нафар, шӯъбаи пайвандсозӣ -126 нафар, дармонгоҳ – 77 нафар, шӯъбаи қабул ва  нуқтаи шикастабандӣ – 149 нафар.

С. Халилиён,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь