Зуком, бемории мавсимӣ ва зудпаҳнкунанда буда, новобаста аз синну сол ҳама ба он гирифтор мешавад. Одатан зукомро шамолкашии одӣ ҳисобида ба он чандон аҳамият намедиҳанд, вале дар асл ин беморӣ сироятӣ буда, аз одами бемор ба одами солим мегузарад. Дар сурати бепарвоӣ зоҳир  намудан ва сари вақт аз паси табобат нашудан бемор метавонад ба чандин бемориҳои дигар гирифтор гардад.

Аз мушоҳидаҳои мо бар меояд, ки  ҳамасола сокинони кишвар алалхусус пойтахт ба бемории мазкур гирифтор шуда, тӯли як моҳ аз аз он азият мекашанд. Мо табибон сабаби асосии дуру дароз ба зуком гирифтор шуданаро дар худтабобаткунӣ медонад. Мардум  дар аввал бемориро чандон ҷиддӣ қабул накарда ба духтур муроҷиат намекунанд. Аз аввал дору истеъмол намекунанд ва рӯз аз рӯз аҳволам бад мешавад. Баъди муроҷиат ба духтур ва сари вақт гирифтани табобат бемор аз зукон раҳо меёбад. Барои ҳамин бояд зуд ба табиби оилавӣ муроҷиат намоянд.

Барангезандагони бемории зуком, ларингир, фарингит ва дигар бемориҳои сироятии роҳҳои нафас риновирус, аденовирус, коронавирус, эховирус, энтеровирус, ортомиксовирус, парамиксовирус ва дигар вирусҳое мебошанд, ки ба роҳҳои нафас осеб мерасонанд. Дар натиҷа оби чашму димоғ шорида,  гулӯ дард мекунаду атсаю сулфаю таб ҳоли касро табоҳ месозад.

Мо мутахасисони соҳаи тиб  ба беморон тавсия медиҳанд, ки истеъмол кардани доруҳои арақовар, антибиотикҳо метавонанд бемориро пешгирӣ намоянд. Дар натиҷаи табобат варами луобпардаи роҳҳои нафас барҳам хӯрда, нафасгирӣ осон мешавад. Афшондани димоғ ва сулфаи тӯлонӣ ба сироят ёфтани қисми дохилии гӯш мусоидат мекунад. Аз ин рӯ доруи зидди сулфа истеъмол намудан лозим аст. Аз табобати саривақтии зуком сар кашидан ва иҷро накардани тавсияи духтур (масалан, оид ба бистарӣ гаштан) муҷиби инкишофи зукоми музмин мегардад. Бояд дар хотир дошт, ки илтиҳоби бардавоми луобпардаи узвҳои нафас ба раванди мӯътадили нафасгирӣ халал ворид месозад. Зуком ҳамеша оқибати ниҳоят хунук хӯрдан ё амрози сироятӣ нест. Бемории зуком табобатшаванда аст, агар бо тавсияи табиб табобат кунед.

Чун ҳоло фасли зимистон аст ва ҳаво хунук аст, ин беморӣ авҷ мегирад.Барои пешгирӣ намудан ва гирифтор нашудан ба бемории сироятии зуком сокинонро зарур аст, ки аз рӯзи аввал нӯшокиҳои гарм, чун чой, чой бо лимӯ ва асал, бо мураббо, нӯшоба аз гиёҳҳои шифобахш метавонад пеши роҳи ин бемориҳоро гирад. Ҳамчунин зарур аст, ки ҳамаи сокинон дар вақти муайян аз эмгузаронӣ бар зиддӣ бемории вирусӣ гузаранд.

Башоратхон Асрорқулова,

табиби оилавӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь