МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” дар сӯроғаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти  Хатлон, шаҳри Кӯлоб, кӯчаи А. Абдураҳмонов № 7 ҷойгир аст.

Коллеҷ бо фармони шуъбаи тандурустии вилояти Кӯлоб аз 14 октябри соли 1953, №01\105 саравал ба ҳайси мактаби тиббии  ш.Кӯлоб таъсис дода шуда, бо фармони Вазорати тандурустии РСС Тоҷикистон аз 8.07.1954, №112 он ба омӯзишгоҳи тиббии дорои мӯҳлати таҳсили сесола табдил дода шуда буд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 23 феврали соли 1996, №91 ва дар асоси он бо фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  09.12.1996с., № 499, ва қарори ҳайати мушовараи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.02.1996 таҳти №28, омӯзишгоҳҳои тиббии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Қурғонтеппа аз соли 1996 ба коллеҷҳои тиббӣ табдил дода  шудаанд.

Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” хабарнигори МТЖТ бо директори муассисаи мазкур Азиззода Зубайдулло Абдулло суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Мавсуф дар оғози суҳбат изҳор дошт, ки мутобиқи қарори Маҷлиси вакилони халқи ш.Кӯлоб аз 26.06 соли 2019, №266 ва қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз 01.10 соли 2019, №700 «Дар бораи номгузорӣ намудани муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб» ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» ва дар асоси он бо фармоиши директори «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб» аз 20.02 соли 2020, №136 муассиса ба номи доктори илмҳи тиб, профессор Раҳмонзода Раҳматулло Азиз номгузорӣ карда шудааст.

Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовараҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи ҳифзи сиҳатии аҳолӣ”, Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ, “Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Консепсияи миллии таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи миллии тарбияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Оинномаи Коллеҷ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро танзим менамоянд, фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

Раванди таълим мутобиқи нақшаҳои таълимии аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда ба роҳ монда шудааст.

Фаъолияти таълимии Коллеҷ дар асоси иҷозатномаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи Т-ИФ №0000104, №130, аз 15.02 соли 2022 ва шаҳодатномаи аккредитатсия, силсилаи ВТ ва ҲИАҶТ ва ВМ ва ИҶТ №0000080 аз 19.04 соли 2019, “Оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ” ба роҳ монда шудааст.

Пояи моддӣ-техникӣ

Ҳамзамон, номбурда зикр кард, ки айни замон Колеҷ дорои чунин заминаи моддӣ-техникӣ мебошад:

5-бинои таълимӣ; 1-бинои хобгоҳ барои донишҷӯён;

3-ташхисгоҳи таълимӣ-лабораторӣ; 1-маркази таълимӣ-истеҳсолии фарматсия; 1-маркази таълимӣ – табобатии стоматология бо устохонаи дандонсозӣ; Маркази омӯзиши малакаҳои амалии ҳамширагӣ; 141-кабинетҳои таълимӣ. 3-синфхонаи компютерӣ. 1-майдончаи варзишӣ. 1-толори варзишӣ. 1-толори маҷлисӣ барои 110 нафар. 1-китобхона.

Дар муассиса аз оғози соли 2023 корҳои зерин ба анҷом расонида шудаанд:

Мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 августи соли 2010, таҳти №АП-1366 «Дар бораи насб кардани бино ва иншооти муҳими давлатӣ ва ҷамъиятӣ бо таҷҳизоти техникии назоратӣ (камераҳои мушоҳидавӣ)» дар муассиса шумораи камераҳои мушоҳидавӣ ба 22 адад расонида шуд.

Барои беҳтар намудани шароити таълим дар 6 моҳаи аввали соли 2023, як ташхисгоҳи лабораторӣ-бактериологӣ, дар заминаи кафедраи “Химия ва биология”, ташкил карда шуда, аз таъмири умумӣ-капиталӣ бароварда шудааст. Ташхисгоҳи мазкур бо таҷҳизотҳои лабораторӣ; аз ҷумла, термостат, тафдони Пастерӣ, сентрафуга, яхдон ва дигар таҷҳизотҳои лозима таъмин буда, дар он ба донишҷӯёни ихтисосҳои “Кори тиббию ташхисӣ” ва “Кори тиббию профилактикӣ” таълими амалӣ мегузаранд.

Ҳамзамон, амбори нигоҳдории китобҳои дарсӣ дар таҳхонаи бинои асосӣ муассиса, аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, дар он 10 776 адад китобҳо нигоҳ дошта мешаванд.

Таъмири капиталӣ дар синфхонаҳои бинои таълимии №2-и муассиса оғоз шуда, идома дорад.

Дар 6 моҳаи соли 2023 барои гузаронидани таъмир, маблағи 280 000 (дусаду ҳаштод ҳазор) сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Дар муассиса сохтмон ва ба истифода додани бинои иловагии таълимӣ иборат аз ду толори лексиони барои 120 нафар ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст. Айни замон корҳои иҷозатномагирӣ ва лоиҳакашӣ ба анҷом расонида шудааст.

Сохтмони бинои хобгоҳ барои донишҷӯён иборат аз 9 ошёна барои 700 нафар идома дорад. Буҷаи сохтмон 33 млн 595 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. То имрӯз ба маблағи 18 млн 371 ҳазор 900 сомонӣ корҳои сохтмонӣ дар хобгоҳ ба анҷом расонида шудаанд. Дар соли 2023 барои идомаи сохтмони хобгоҳ ҷудо намудани 1 млн сомонӣ аз суратҳисоби махсуси коллеҷ ва 1 млн сомонӣ аз суратҳисоби раёсати сохтмони ВТ ва ҲИА ҶТ ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз аз ин шумора миқдори 200 ҳазор сомонӣ аз суратҳисоби махсуси коллеҷ ва 261 ҳазору 900 сомонӣ аз суратҳисоби раёсати сохтмони ВТ ва ҲИА ҶТ гузаронида шуда, корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Раванди таълим пайваста бо ҷиҳозу аёнияти муосир, аз ҷумла электронӣ таъмин карда шуда истодааст. Айни замон шумораи компютерҳо дар Коллеҷ 176-адад, принтерҳо 47-адад, тахтаҳои электронӣ 12-адад, проектори мултимедӣ 15-ададро ташкил медиҳад.

Сохтори таълим ва бароҳмонии он

Ҳамсуҳбати мо тазаккур дод, ки ташхисгоҳи таълимӣ-лабораторӣ дар бинои асосии таълимгоҳ ҷойгир буда, аз 2-ҳуҷраи таълимӣ иборат мебошад. Ташхисгоҳ бо яхдон, микроскоп, компютер, тахтаи электронӣ ва проектор таъмин буда, ба донишҷӯён усулҳои гуногуни тадқиқоти клиникӣ озмоишгоҳӣ дар он таълим дода мешавад.

Ташхисгоҳи таълимии лабораторияи бактериологӣ дар се моҳаи аввали соли 2023 ташкил карда шуда, он аз 2-ҳуҷраи таълимӣ иборат мебошад. Ташхисгоҳ бо таҷҳизотҳои лабораторияи бактериологӣ таъмин буда, ба донишҷӯён усулҳои гуногуни тадқиқоти клиникӣ озмоишгоҳии бактериологӣ дар он таълим дода мешавад.

маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ соли 2016 бо дастгирии Намояндагии Институти тропикӣ ва нигаҳдории тандурустии ҷамъиятии Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи “Ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ” ташкил карда шудааст. Марказ аз 3 ҳуҷра иборат мебошад, ки бо муляжҳои замонавӣ барои омӯзиши малакаҳои амалии ҳамширагӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Дар маркази мазкур донишҷӯёни ихтисосҳои кори ҳамширагӣ, кори табобатӣ ва кори момодоягӣ ба омӯзиши малакаҳои ҳамширагӣ ва таҷрибаомӯзии қабликлиникӣ сафарбар карда мешаванд.

Ҳамчунин, маркази мазкур барои қабули имтиҳонҳо барои муайян намудани сатҳи азхудкунии дониши амалии донишҷӯён истифода бурда мешавад.

Маркази таълимӣ-истеҳсолии фармасевтӣ дорои 2 ҳуҷраи таълимӣ буда, дарсҳо дар он ҷо тариқи назариявӣ ва амалӣ гузаронида мешаванд. Маркази мазкур бо яхдон, таҷҳизоти дорусозӣ, як адад компютер, тахтаи электронӣ ва проектор таъмин мебошад. Дар марказ донишҷӯёни ихтисоси кори фарматсевтӣ таълими амалӣ мегузаранд.

Ихтисосҳо

Дар идомаи суҳбат номбурда қайд кард, ки дар коллеҷ аз руйи 8 ихтисос мутахассисони миёнаи тиббӣ омода карда мешаванд.

Ихтисоси “Кори момодоягӣ” – бо тахассуси “Момодоя”;

Ихтисоси “Кори табобатӣ” – тахассуси “Ҳамшираи (бародари) тибби оилавӣ;

Ихтисоси “Кори ҳамширагӣ” – тахассуси “Ҳамшираи (бародари) тиббӣ”;

Ихтисоси “Кори тиббию профилактикӣ” – тахассуси “Ёрдамчии табиби гигиенист, эпидемиолог ва санитарӣ”;

Ихтисоси “Кори фарматсевтӣ” – тахассуси “Ёрдамчии фарматсевт”;

Ихтисоси “Кори дандонсозӣ”- тахассуси “Техники дандон”;

Ихтисоси “Кори тиббию ташхисӣ” – тахассуси “Лаборант”

Ихтисоси “Кори табобати дандон” – тахассуси “Ёрдамчии табиби дандон”;

Давоми 6 моҳаи соли 2023 дар назди “Шуъбаи такмили ихтисос барои кормандони миёнаи тиббӣ” 71 нафар ҳамшираҳои тиббии муассисаҳои тандурустии минтақаи Кӯлоб аз такмили ихтисос гузашта, соҳиби шаҳодатнома гаштаанд.

Соли 2023 дар коллеҷ аз тарафи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба замимаи иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ тағйирот ворид карда шуда, ихтисоси “Кори ҳамширагӣ дар косметология” ташкил карда шуд. Барои ташкили ихтисоси мазкур дар бинои асосии коллеҷ як ҳуҷраи таълимии амалии косметологӣ ташкил карда шуда, он бо ҷиҳози зарурӣ таъмин карда шудааст. Ҳамчунин, шартномаи ҳамкорӣ бо якчанд марказҳои косметологии шаҳри Кӯлоб ба имзо расонида шудаанд.

Ҷараёни таълим

Мавсуф афзуд, ки ҷараёни таълим мутобиқи нақшаҳои таълимии аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида ба роҳ монда шудааст.

Дар шаш моҳаи соли 2023 аз тарафи омӯзгорони кафедраҳои гуногун 18-дарси кушоду намунавӣ, 7-конференсияи назариявӣ – сиёсӣ, 1-викторинаи фаннӣ ва 4-озмунҳои дохилимуассисавӣ ташкилу баргузор карда шудаанд.

Ҷадвали баргузории санҷишу имтиҳонҳо аз тарафи ҷонишини директор оид ба корҳои таълимӣ ба имзо расонида шуда, кабинету синфхонаҳои имтиҳонӣ бо асбобҳои айёнӣ ва васоити зарурии таълимӣ, таъмин карда шуда, саволномаҳо дар ҷаласаҳои кафедраҳо муҳокима ва тасдиқ карда шуда буданд.

Имтиҳонҳои сессияи зимистона тибқи ҷадвал ба анҷом расонида шуда, ҳисоботҳо ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд.

Имтиҳонҳои сессияи зимистона, мутобиқи ҷадвали аз тарафаи директори коллеҷ тасдиқшуда, ба роҳ монда шуданд.

Дар қиёс нисбат ба сессияи зимистонаи соли таҳсили 2021-2022 дар сессияи тобистонаи соли таҳсили 2022-2023 сифат ба 0,6% ва азхудкунӣ ба 0,3% боло рафтааст.

Иштирок дар озмунҳо

Дар хусуси иштирок дар озмунҳо номбурда сухан гуфта, аз ҷумла қайд кард, ки санаи 10 майи соли ҷорӣ дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии тиббии ҷумҳурӣ оид ба фанҳои тахассусӣ, бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ”, “Рӯзи ҷавонон”, “Рӯзи умумиҷаҳонии ҳамшираҳои шафқат” ва “Иди касбии кормандони соҳаи тандурустӣ” баргузор гардид. Санҷиши сатҳи донишҷӯён тариқи хаттӣ сурат гирифт. Дар озмуни мазкур як нафар донишҷӯи ихтисоси кори табобатӣ ва як нафар аз ихтисоси кори дандонсозӣ сазоворӣ ҷойи сеюм гардида, ду нафар донишҷӯёни ихтисоси кори ҳамширагӣ бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.

Даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор гардид, ки 60-нафар донишҷӯёни Коллеҷ аз фанҳои дақиқ иштирок намуда, 5-нафарашон ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

Дар даври шаҳрии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Гулизори Абдуқодир, донишҷӯи бахши 3-юми факултети “Кори ҳамширагӣ” аз рӯи номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адибони классики тоҷик иштирок намуда, ба даври вилоятӣ роҳхат гирифт.

Инчунин, дар даври шаҳрии озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» Мошарифи Ашурмад, донишҷӯи бахши 1-уми факултети “Кори Фарматсевтӣ” аз рӯи наминатсияи сарояндагӣ иштирок намуда, ба даври вилоятӣ роҳхат гирифт.

Ду нафар донишҷӯён Шарифова Мутриба Муҳамадовна, донишҷӯи курси 1-уми факултети “Кори ҳамширагӣ” (синфи 9) ва Раҷабзода Гулбарг Иброҳим, донишҷӯи курси 1-уми факултети “Кори табобатӣ”дар даври шаҳрии озмуни ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» иштирок намуда сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд.

ФАЪОЛИЯТИ НУҚТАҲОИ ТИББӢ

Дар коллеҷ 2 нуқтаи тиббӣ, аз ҷумла 1-нуқтаи тиббӣ дар ошёнаи якуми бинои хобгоҳи дониҷӯён ва 1-нуқтаи тиббӣ дар ошёнаи якуми бинои таълимии №1, фаъолият доранд, ки бо таҷҳизотҳо ва дорувориҳои ёрии аввалияи тиббӣ таъмин мебошанд.

Аз моҳи январи соли 2023, дар шаш моҳ, оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, чорабиниҳои безараргоардонӣ-профилактикӣ ташкил ва гузаронида мешавад.

Барои гузаронидани чорабиниҳои безараргоардонӣ дар коллеҷ 22 кг хокаи 40%-и хлор захира карда, коллеҷ дорои як адад таҷҳизоти механикии безараргардонӣ (пулверизатор) мебошад.

Коллеҷ бо мақсади гузаронидани чорабиниҳои безараргардонӣ бо муассисаи давлатии дезенфексияи профилактикии шаҳри Кӯлоб шартномаи хизматрасонии тиббию санитарии мӯзднок бастааст, ки дар як моҳ як маротиба мувофиқи шартнома дар коллеҷ чорабиниҳои безараргардонӣ гузаронида мешавад. Вобаста ба ин, боз иловатан дар як моҳ ду маротиба рӯзҳои якшанбе аз ҷониби кормандони коллеҷ ва донишҷӯёни курсҳои болоии факултети “Кори тиббӣ-прфилактикӣ” дар коллеҷ гузаронидани чорабиниҳои безараргардонӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҳолати саломатии омӯзгорон ва донишҷӯён аз тарафи як нафар духтур ва се нафар ҳамшираҳои тиббӣ пайваста назорат карда мешавад.

ТАҶРИБАОМӮЗИИ ДОНИШҶӮЁН

Дар Коллеҷ тамоми намуди таҷрибаомӯзии донишҷӯён тибқи Низомнома “Оид ба таълими амалӣ дар Коллеҷҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо фармони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11.02 соли 2020, №92 тасдиқ карда шудааст ва фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оиди вобаста намудани заминаҳои таҷрибаомӯзии донишҷӯёни коллеҷҳои тиббии Ҷумҳуриии Тоҷикистон”, №151, аз 09.12 соли 2012 ба роҳ монда шудааст.

Раванди таҷрибаомӯзиҳо аз тарафи ҷонишини директор оид ба таълими амалӣ, мудирони кафедраҳо ва декани факултетҳо назорат карда мешавад. Таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар кабинетҳои қабликлиникӣ, кабинетҳои фаннӣ, ҳуҷраҳои ташхисӣ-табобатӣ, дармонгоҳҳо, ва амалиётгоҳҳои муассисаҳои тиббӣ ва муассисаҳои фарматсевтӣ дар асоси шартнома гузаронида мешаванд.

Ба ҳамаи гурӯҳҳои таҷрубаомӯз аз ҳисоби омӯзгорони коллеҷ вобаста ба ихтисосашон роҳбари методӣ бо пешниҳоди мудирони кафедраҳо, ки аз тарафи директори коллеҷ тасдиқ карда шудааст, таъйин карда шуданд.

Коллеҷ бо 35 муасиссаҳои тандурустии шаҳрӣ ва вилоятии воқеъ дар шаҳри Кӯлоб, шартномаҳои дуҷониба баста ҳамкориҳоро ба роҳ мондааст.

ЗАМИНАИ КАДРИИ КОЛЛЕҶ

Дар Коллеҷ айни замон 225-нафар омӯзгорон фаъолият менамоянд. 18 нафар омӯзгорони коллеҷ бо мукофотҳои соҳавии “Аълочиии тандурустии Тоҷикистон”, 12 нафар бо Ифтихорномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 45 нафар бо нишони сарисингагии “Аълочии маорифи Тоҷикистон” ва 11 нафар бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шудаанд. Аз ҷмаъи умумии омӯзгорон 131 (58,2 %) -нафарашонро мутахассисони ҷавони то 35 сола ташкил медиҳанд.

Дар  коллеҷ 7 нафар унвони илмӣ доранд, аз ҷумла 1 нафар доктори илмҳои тиб, 2 нафар номзади илмҳои тиб, 1 нафар номзади илмҳои филологӣ, 2 нафар номзади илмҳои педагогӣ ва 1 нафар номзади илмҳои таърих фаъолият доранд.

56 (24,8%) нафар ба ҳайси омӯзгори калон (дорои дараҷаи тахассусии олӣ), 55 (24,4%) – нафар ба ҳайси ассистенти кафедра (дорои дараҷаи тахассусии якум ва дуюм) фаъолият мекунанд. Омӯзгорони соатбай дар муассиса 252 нафарро ташкил медиҳанд.

Роҳбарияти Коллеҷ ҳамасола бо Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, Муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ ва дигар муассисаҳои таҳсилоти баъдидипломӣ оид ба масъалаи такмили ихтисоси омӯзгорон ҳамкориро ба роҳ мондааст.

Дар 6 моҳаи аввали соли 2023, 25 нафар омӯзгорон аз такмили ихтисос гузаронида шудаанд.

Ҳамкориҳои байналмилалӣ

Дар фароварди суҳбат номбурда қайд кард, ки коллеҷ баҳри беҳтар намудани раванду сифати таълим ва омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ, табодули таҷриба ва воридсозии услубҳои муосири таълим ва омодасозии мутахассисони тиббӣ ҳамкориро бо як қатор муассисаҳои таълимии миёна ва олии касбӣ, баъдидипломии ватаниву хориҷӣ, Пажӯҳишгоҳҳо ва ташкилотҳои байналхалқӣ ба роҳ мондааст.

Аз он ҷумла коллеҷ бо ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишкадаи таҳсилотибаъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони маориф, ДДОТ ба номи С.Айнӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ, Коллеҷи техникӣ, Коллеҷи омӯзгорӣ, Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикӣ, Пажӯҳишгоҳи ташхис ва барқарорсозии қобилияти кории маъюбон бо табобатгоҳи ВТ ва ҲИА ҶТ, Пажӯҳишгоҳи акушерӣ-гинекологӣ ва перинатологӣ ва ғайра.

Инчунин шартномаҳои ҳамкорӣ байни коллеҷҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор коллеҷҳои тиббии Ҷумҳурии Қазоқистон, аз ҷумла Коллеҷи олии тиббии ҷумҳуриявӣ (Алма-Ато), Коллеҷи олии тиббии шимоли Қазоқистон, Коллеҷи олии тиббӣ-стоматологии профессор Рузуддинов (Алма-Ато) ба имзо расонида шуданд.

Ҳамчунин бо як қатор ташкилотҳои байналхалқӣ аз қабили Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ), UNFPA (Хазинаи нуфузи СММ), Коллеҷҳои тиббии шаҳри Санкт-Петербург, ш.Бишкек, ш. Нур-Султон, ш.Волгоград, ш.Тошканд барои мустаҳкам намудани пояи моддӣ-техникӣ, табодули таҷриба, истифодабарии услубҳои муосир ва байналфаъоли таълим ва омодасозии мутахассисони ба талаботҳои байналхалқӣ ҷавобгӯ, ҳамкориҳои илмӣ-тадқиқотӣ, амалӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон ва кормандон ҳамкории самаранок дорад.

Санаи 19 майи соли ҷорӣ дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” бо ибтикори Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ ва дастгирии Намояндагии Оҷонсии рушди Олмон (GIZ) дар Тоҷикистон, Рӯзи байналмилалии табиби оилавӣ ҷашн гирифта шуд. Дар ҳамоиши барпогардида роҳбарон ва кормандони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру минтақаи Кӯлоб фаъолона ширкат варзиданд.

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь