Мақола ба ҷоизаи “Бунёди рушди тибби хусусӣи

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон

ва Бунёди рушди тибби хусусии Тоҷикистон

Синои бузург гуфтааст, ки илми тиб бояд ду ҳадафи асосӣ дошта бошад, яке ҳифзи тандурустӣ ҳангоми саломатӣ ва дигаре баргардонидани саломатӣ ҳангоми беморӣ. Аз рӯйи таҳлил, тамоми кишварҳои дунё ин ду меъёре, ки Абуалӣ ибни Сино ҳанӯз асрҳо пеш гуфта буд, фаъолияти соҳаи тандурустии худро ба роҳ мондаанд ва  талош мекунанд, вобаста ба иқтидор ва имконияти худ ҳарчи тавонанд онро рушд диҳанд. Аммо сухани аслӣ ин аст, ба даст овардани ин ду ҳадафе, ки Синои ҳаким ҳанӯз садсолаҳо пеш гуфта буд, имрӯз чӣ гуна амалӣ карда мешавад ва ё ноил гардидан ба ин ҳадафҳо кадом роҳҳоро доро аст?

Вобаста ба ин кишварҳои дунё кӯшиш мекунанд, то се самти асосии соҳаи тандурустии кишвари худро рушд диҳанд: илм, таълим ва технология. Бо ин роҳҳо ташхис, табобат, пешгирии роҳҳои беморӣ, рушди дониш ва баланд бардоштани малакаҳо ба роҳ монда шуда, дар натиҷа он ду ҳадафи асосии соҳаи тандурустӣ таъмин карда мешавад.

Дар баробари ин, имрӯз бо афзоиши зиёди аҳолӣ, пайдоиши бемориҳои гуногун соҳаи тандурустӣ ба қисматҳои гуногун ҷудо шудааст ва рушди он низ ба ҳар як бахши он алоқамандии ногусастанӣ дорад. Яке аз чунин қисматҳо, ки ба инкишофи имрӯзаи тибби ҷаҳонӣ омили аслӣ ба ҳисоб меравад, тибби хусусӣ мебошад. Муҳаққиқон пайдоиши ин соҳаи тандурустиро ба кишварҳои Аврупо марбут медонанд, ки он баъдан дар дигар минтақаҳои ҷаҳон низ густариш пайдо кардааст. Дар матлаб баъзе аз паҳлӯҳои асосии соҳаи мазкур, аз ҷумла нақши он дар пешрафти соҳаи тандурустӣ ва иқтисод баррасӣ карда мешавад.

Системаи тандурустии хусусӣ дар ҷаҳон

Системаи тандурустии хусусӣ қисми ҷудонашавандаи системаи тандурустии ҳар кишвари дунё ба ҳисоб меравад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ дар дигаргунии нигаҳдории тандурустӣ нишон медиҳад, ки тибби хусусӣ дар аксари давлатҳои ҷаҳон метавонад вазифаҳои ҳифзи саломатии шаҳрвандонро дар миқёси ҷаҳонӣ ва давлатӣ иҷро намояд. Ба назари коршиносон аслан тибби хусусӣ пеш аз ҳама бояд ба соҳаи тандурустӣ алоқаманд карда шавад, на ба тиҷорат. Зеро он як соҳаи камдаромад буда ва харҷи зиёд талаб мекунад, ки дар он хатари баланди соҳаи иҷтимоӣ нуҳуфта гардидааст. Аз ин рӯ, ҳангоми муайян кардани стратегияи рушди соҳаи тандурустии хусусӣ бояд ба меъёрҳои умумии фаъолияти соҳаи иҷтимоӣ такя шавад, ки онро давлатҳои Аврупо асоси стандарти фаъолияти худ қарор додаанд.

Таърихи тибби хусусӣ дар дунё

Дар таърихи дунё омадааст, ки ҳанӯз дар асри XVIII-и пеш аз милод дар Бобул дар замони шоҳигарии Ҳамураппӣ тарзи пардохтии хизматрасонии тиббӣ ба вуҷуд омада буд (“Всемирная история” “Таърихи ҷаҳонӣ, Академияи илмҳои ИҶШС.) Дар ин бора Гипократ низ андешаронӣ карда, чунин гуфтааст: «Ва ман ба пизишкон маслиҳат медиҳам, ки аз ҳад зиёд ғайриинсонӣ рафтор накунанд, ба шароити молии вай (бемор)  аҳамият дода, ҳолати иҷтимоии ӯро ба назар гиранд ва баъзан ҳамчун кори хайр аз рӯйи ваҷдон низ табобат кунанд” (“Мифы и иллюзии клятвы Гиппократа”, Москва, – соли 2016).

Ҷанбаҳои рушди тибби хусусӣ дар муддати тӯлонӣ ба вуҷуд омада ва он дар аввал пурра ба фаъолияти соҳибкорӣ вобастагӣ доштааст. Танзими давлатии он бошад, танҳо дар асри XX ба даст омадааст (Зудин А.Б., Ковалева И.П. «Российские особенности реформирования здравоохранения в современных социально-экономических условиях» // Путеводитель предпринимателя. – 2016, саҳ. 35–43).

Тибқи иттилоои дастрас аз сабаби он, ки фаъолияти тибби хусусӣ нахуст пурра ба фаъолияти соҳибкорӣ иртибот доштааст, натиҷа дар он камбудиҳои зиёде ба вуҷуд омадааст ва оқибат танзими онро давлат ба ихтиёри худ гирифтааст. Таҷрибаи мусбати мамлакатҳои аврупоӣ дар рушди бахши хусусии тандурустии кишварҳо ба рушди рақобат ва зарурати баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ асос гардидааст. Дар кишварҳои Аврупо дар охири асри XIX шифохонаҳои давлатӣ то андозае ба бунбаст гирифтор гардидаанд, ки дар натиҷа ба пайдо шудани шифохонаҳои хусусӣ сабаб гардидаанд. Инро муҳаққиқони соҳа ба афзоиши зиёди аҳолӣ, ки дар шифохонаҳои давлатӣ навбатҳои беморон афзоиш ёфтааст, камбуди мутахассисон, ба талабот ҷавобгӯ набудани баъзе аз шифохонаҳои давлатӣ, кам будани музди пизишкон, набуди хизматрасониҳои техникӣ дар шифохонаҳои давлатӣ ва ғайра марбут медонанд. Дар натиҷаи чунин вазъият тибби хусусӣ дар Аврупо ба вуҷуд омада, то имрӯз яке аз омилҳои асосии пешбарандаи тибби ҷаҳонӣ дониста мешавад.

Кишварҳои Аврупо бо ба инобат гирифтани шарту шароити шифохонаҳои хусусӣ соҳаро танзим карда, дар давраҳои муайяне барои дастгирии тибби хусусӣ барномаҳои дастгирии давлатӣ ба монанди сармоягузории давлатиро ҷорӣ кардаанд, ки ба рушди соҳа мусоидат намудааст. Ҳоло пешрафтатарин шифохонаҳои кишварҳои Аврупо шифохонаҳои хусусӣ ҳастанд, ки ҳам ба рушди тандурустӣ ва тиб ва ҳам ба иқтисоди давлат таъсири мусбат доранд.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ вобаста ба дастгирии давлатӣ ба ташкил ва фаъолияти системаи тандурустӣ равишҳои гуногунро пешниҳод мекунад. Кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Осиёи Ҷанубӣ ва Ҷанубу Шарқӣ, Миср, Бразилия ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ сармоягузории бузургро дар соҳаи тандурустии хусусӣ анҷом додаанд. Сармоягузорони асосии соҳаи тандурустии хусусӣ холдингҳои калони тиббӣ ва суғуртавӣ аз Ҷопон, Арабистони Саудӣ, Олмон ва ИМА мебошанд (зиёда аз 100 миллион доллар). Бонки Ҷаҳонӣ дар ин самт ба Чин таваҷҷуҳ карда, тибби хусусии ин кишварро бо  сармоягузориҳои зиёд дастгирӣ менамояд (“Частная медицина в России и за рубежом («Тибби хусусӣ дар Русия ва хориҷа”, А. Бронштейн, В. Ривкин, И. Левин, – Москва – 2013с.)

Мувофиқи маълумоти омории СММ дар соли 2022 оид ба соҳаи тибби давлатҳои дунё дар кишварҳои Аврупо афзоиши доимии шифохонаҳои ғайридавлатӣ (хусусӣ) мушоҳида карда мешавад. Шумори чунин шифохонаҳо дар Испания – 22 фоиз, дар Фаронса – 35 фоиз ва дар Олмон – 45 фоизро ташкил медиҳад.

Нуктаи дигари ҷолиб он аст, ки аз рӯйи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ солҳои охир коҳиши зиёди шифохонаҳои давлатӣ дар як қатор кишварҳои Иттиҳоди Аврупо мушоҳида карда мешавад.

Ҳамчунин, аз рӯйи як насарсанҷие, ки дар Олмон миёни пизишкон гузаронидаанд, қариб 80 дарсади табибони ин кишвар, бештар ба фаъолият дар шифохонаҳои хусусӣ майл доштаанд, зеро дар ин муассисаҳо ҳам шароити кории хуб ва ҳам музди баландтаре мавҷуд будааст.

Пайдоиши тибби хусусӣ дар Русия

Тибби хусусӣ дар Федератсияи Русия низ имрӯзҳо бо суръати баланд инкишоф меёбад. Дар ин кишвар баъди солҳои 1995-ум, яъне баъди қабули қонун оиди тибби хусусӣ, ки аз ҷониби Вазорати тандуристии ин кишвар пешниҳод шуда буд, рушд кардааст.

Ҳоло дар Русия афзоиши шумори шифохонаҳои хусусӣ дар минтақаҳои гуногуни он мушоҳида карда мешавад. Мувофиқи натиҷаи назарсанҷие, ки Маркази Левада дар соли 2021 анҷом додааст, зиёда аз 60 фоизи аҳолӣ хизматрасониҳои тибби хусусиро интихоб кардаанд. Аз ин рӯ, дар Русия  бо дастгирии давлат тибби хусусӣ натиҷаҳои рақобатпазир пайдо карда, зина ба зина рушд карда истодааст.

“Пизишкон, хусусан пизишкони ҷавон дар шаҳри Маскав барои кор бештар шифохонаҳои шахсиро интихоб мекунанд, зеро дар ин шифохонаҳо шароити хуби кор, музди арзандатар ва умуман имкониятҳои беҳтаре пешниҳод карда мешавад” – мегӯяд табиби Беморхонаи №7-и шаҳри Маскав Муҳсин Қосимӣ.

Пас, тибби хусусӣ дар рақобати бозорӣ тараққӣ карда ва имрӯз яке аз соҳаҳои муҳимми пешбарандаи соҳаи тандурустии ҷаҳонӣ гардидааст.

Тибби хусусӣ дар Тоҷикистон

Тибби хусусӣ дар Тоҷикистон асосан баъд аз солҳои 2000-ум пайдо шудааст. Соҳаи мазкурро дар Тоҷикистон “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти хусусии тиббӣ” танзим менамояд, ки он 2-уми декабри соли 2002 қабул гардидааст. Қонуни мазкур аз 5 боб ва 22 модда иборат буда,  вазифаҳои субъектҳои фаъолияти тибби хусусӣ, ташкил ва танзими фаъолияти  тибби хусусӣ, иҷозатномадиҳии фаъолияти тибби хусусӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои фаъолияти тибби хусусӣ, уҳдадории шахсони машғул ба фаъолияти тибби хусусӣ, ҳамкориҳои байналмилалии тибби хусусӣ ва ғайраро муайян менамояд. Стратегияи рушди соҳаи мазкур бошад, дар барномаҳои давлатии “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, “Стратегияи миллии рушд то соли 2030” ва барномаҳои дигари давлатӣ муайян карда шудааст. Хулоса, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи тибби хусусӣ таваҷҷуҳи вижа дошта ва барои инкишофи он роҳҳои муосири ин бахшро ҷустуҷӯ менамояд.

Аз рӯйи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибби хусусӣ ҳоло дар Тоҷикистон тайи солҳои охир ба дастовардҳои хеле зиёд ноил гардидааст. Яке аз дастовардҳои асосии он хизматрасонии тиббии баландсифати он мебошад. Шифохонаҳои хусусӣ ҳоло тавони онро доранд, ҳар он технологияҳои наверо, ки дар соҳаи тиб дар ҷаҳон пайдо мешаванд, соҳиб гарданд ва барои беҳтару замонавӣ табобат кардани беморон шароитҳои роҳаттару муосир фароҳам созанд. Яке аз пешрафтҳои дигари соҳа дар Тоҷикистон ин аст, ки шифохонаҳои хусусӣ мутахассисони баландихтисоси хориҷиро ба кор дар муассисаи худ ҷалб кардаанд. Ҳоло аз рӯйи маълумоти Дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 20 нафар мутахассисони баландихтисоси хориҷӣ дар муассисаҳои хусусии тиббӣ фаъолият мебаранд. Ҳамчунин, дар муассисаҳои хусусии тиббӣ музди пизишкон боло буда ва он давра ба давра зиёд карда мешавад.

Таҷрибаи кишварҳои Аврупо нишон медиҳанд, ки рушди тибби хусусӣ ба равандҳои модернизатсияи соҳаи тандурустӣ таъсири судманд мерасонад. Аммо ба назари коршиносони соҳа ин танҳо дар сурате имконпазир мегардад, ки соҳибкорӣ дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ бояд ба давлат дар ҳалли вазифаҳое, ки дар соҳаи ҳифзи саломатии шаҳрвандон гузошта мешавад, ёрӣ расонад, на ба мақсади манфиати молии худ фаъолият кунад.

Аз ин рӯ, тибби хусусӣ дар ҷаҳон ва аз ҷумла дар Тоҷикистон низ бештар ба соҳаи соҳибкории иҷтимоӣ нигаронида шудааст, на ба тиҷорат.

Мувофиқи маълумоти Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло дар кишвар 791 муассисаҳои хусусии тиббӣ (398 адад шахсони ҳуқуқӣ бо 83 филиал ва 393 адад шахсони воқеӣ) фаъолият мекунанд. Дар ин муассисаҳои хусусии тиббӣ ҳамагӣ 4756 нафар табибон кор менамоянд. Агар омори мазкурро бо соли 2012 муқоиса намоем, дар ин сол ҳамагӣ 508 адад муассисаҳои тибби хусусӣ фаъолият доштааст. Яъне, сол аз сол шумори муассисаҳои хусусии тиббӣ зиёд гардида, дар натиҷа рақобати соҳа рӯз аз рӯз шадидтар гашта истодааст, ки чунин рақобат барои пешрафти он омили аслӣ ба ҳисоб меравад. Аммо гарчӣ сол аз сол шумори шифохонаҳои хусусӣ зиёд мегарданд, аммо дар ин асно барҳамхӯрии баъзе аз муассисаҳои хусусии тиббӣ низ ба чашм мерасанд.

Технологияи муосир ва усулҳои нави ташхису ва табобат

Аз рӯйи маълумоти Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муассисаҳои тиббии хусусӣ дар ворид намудани таҷҳизоти замонавӣ ва ба роҳ мондани усулҳои муосири ташхису табобат нақши муҳим доранд.  Ҳукумати кишвар дар ин соҳа бо муассисаҳои хусусии тиббӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст ва дар ворид намудани таҷҳизот аз кишварҳои берун  мусоидат менамояд.

Сол аз сол муроҷиати шаҳрвандони кишвар ба беморхонаҳои кишварҳои хориҷ кам шуда истодааст, ки сабаби онро коршиносон дар рушди тибби хусусӣ ва махсусан имкониятҳои технологии беморхонаҳои хусусан хусусӣ медонанд.

Бинобар ин, бояд гуфт, ки тибби хусусӣ бо имкониятҳои технологӣ дар баробари ҳифзи солимии мардум, ҳамчунин, вазъи иҷтимоии аҳолии кишварро беҳтар намуда, ба рушди иқтисоди низ мусоидат менамояд.

Дар мисоли Маркази тиббии  “Насл”

Яке аз беморхонаҳое, ки дар рушди тибби хусусӣ ва умуман пешбурди соҳаи тандурустии кишвар саҳми арзанда дорад, ин “Маркази тиббии “Насл” мебошад. Шифохонаи мазкур маҳз бо дастури бевоситаи  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардидааст. Дар ин беморхона технологияи муосири тиббӣ оид ба  табобати бенаслӣ ва ё бефарзандӣ мавҷуд аст, ки ниёзмандиҳои мардумони кишварро дар ин самт бароварда месозад. “Маркази тиббии “Насл”- ро Шамсиддин Қурбонов бо ҳамроҳии бародараш Садриддин Қурбонов (равонашон шод бод) бунёд намудааст. Шамсиддин Қурбонов сармутахассиси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тибби хусусӣ буда ва ҳамчунин, Раиси ташкилоти ҷумҳуриявии “Бунёди рушди тибби хусусӣ” ба ҳисоб меравад ва аз ин рӯ, дар кишвар дар соҳаи мазкур ҳамчун мутахассиси пуртаҷриба шинохта гардидааст. Ҳоло дар шифохонаи ин марди соҳибандеша табибони зиёди пуртаҷриба фаъолият мекунанд. Аз соли 2010 инҷониб мутахассисони Маркази тиббии “Насл” дар кишварҳои хориҷ, аз ҷумла Русия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Қазоқистон ва ғайра таҷриба гирифта, усулҳои муосири табобатро дар ин беморхона истифода мебаранд.

Шамсиддин Қурбонов дар суҳбат бо журналисти хушном Шервони Умриддин оид ба имкониятҳои беморхонаи мазкур чунин мегӯяд: “- Айни замон Маркази тиббии Насл бо он базаи моддию техникӣ ва имкониятҳое, ки мутахассисони он доро мебошанд, фикр мекунам хеле зиёд мушкилоти наслофариро ҳал кардан имкон дорад. Яъне агар 10 сол пеш ин мушкилиҳо ҳал ношуданӣ будаанд, имрӯз ба содагӣ ҳал мешаванд. Ман гуфтаниям, ки мо имконияти хеле зиёд дорем то проблемаҳои наслофариро бо ташхису табобати мавҷуда бо сари баланд ҳал мекунем. Сад далел пеш меорам, ки одамоне, ки даҳсолаҳо бенасл буданд, баъди ташххису табобат дар маркази мо соҳиби фарзанд шудаанд. Яъне барои ташхису табобати замонавӣ мо аллакай таҷрибаи хубе андӯхтаем. Клиникаи мо айни замон муассисаи махсусгардонидашуда бо таҷрибаи кофӣ барои ташхис ва табобатӣ нобоварварӣ (бенаслӣ) мебошад ва дар он барои муоина ва табобати безурётӣ аз усулҳои технологияи ёрирасони репродуктивӣ (инсеминатсия, IVF, ICSI, TEZA, криоконсерватсияи тухмҳуҷайраҳо, ҷанинҳо) истифода мебаранд.

Албатта мизоҷон метавонанд бо боварии комил ба мо муроҷиат намоянд, чунки дар Маркази тиббии Насл аз технологияи ёрирасони репродуктивӣ, ки ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ ҳаст кор ва фаъолият доранд ва барои баланд бардоштани самаранокии барномаҳои технологияи ёрирасони репродуктивӣ мутахасисони мо ҳамасола дониши худро дар дохил ва берун аз кишвар такмил медиҳанд ва аз навовариҳои пешрафтаи илму амалия дар ин самт бархурдоранд. Самаранокии барномаҳои мо аз самаранокии чунин барномаҳо дар клиникаҳои хориҷӣ ягон фарқе надорад. Бинобар ҳамин ниёзмандон бояд бо дили пур муроҷиат кунанд ва дар клиникаҳои кишварҳои хориҷа сарсону саргардон нашаванд. Муҳим он аст, ки мо битавонем дар хидмати мардумони хеш бошем ва ниёзмандиҳои мардуми худамонро ба рӯи сурх ва сари баланд дар малакати худам бароварда кунем”. (Маркази тиббии “Насл”, соли 2022)

Баёни камбудиҳо барои мусоидат ба рушд

Таҳлилҳо нишон доданд, ки қариб 60 дарсади шифохонаҳоии хусусӣ ё муассисаҳои тибби хусусӣ барои фаъолияти худ аз биноҳои иҷора истифода мебаранд. Аз ин рӯ, аксар вақт соҳибмулк биноро бе огоҳии иҷорагир мефурӯшад, ки пас аз он шифохонаи хусусӣ фаъолияти худро қатъ мекунад. Ҳамчунин, яке аз омилҳои зуд рушд наёфтани тибби хусусӣ дар Тоҷикистон аз ҳад зиёд гарон будани арзиши иҷора мебошад. Аз ин рӯ, пешниҳод карда мешавад, ки аз рӯйи қонунгузориҳои ҷории кишвар, арзиши ҳаққи иҷора аз ҷониби ниҳоди давлатӣ танзим карда шавад, то ба рушди соҳаи тибби хусусӣ то андозае бошад ҳам мусоидат намояд.

Дастгирии давлатӣ

Азбаски хизматрасонии тиббӣ як фаъолияти серхарҷи камдаромад буда ва  хатари зиёде дорад, ки ба ҷомеа нигаронида шудааст, дар ин соҳа сармоягузориҳои гуногун мебояд. Аз ҷумла барои инкишофи соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ дастгирии давлатӣ дар шакли сармоягузориҳои буҷетӣ ва қарзҳои буҷетӣ низ бояд ба роҳ монда шавад. Зеро таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи дунё нишон дод, ки бо дастгирии бевоситаи молии кишвар тибби хусусӣ зудтар рушд меёбад.

Қарзҳои махсус барои рушди муассисаҳои тиббии хусусӣ

Мутахассисони амалкунанда (соҳибкорон) механизми қарздиҳии хурди имтиёзнок дода шавад, ки он аз ҷониби ташкилотҳои қарзии хурду миёна бо дастгирии давлат ба роҳ монда мешавад.

Дастгирии давлатии лизинги таҷҳизоти тиббӣ

Яке аз мушкилиҳои дигари рушди соҳаи тандурустии хусусӣ набудани имкониятҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои харидани таҷҳизоти гаронбаҳои тиббӣ бо лизинги имтиёзнок мебошад. Ин мушкилот дар аксари кишварҳо, аз ҷумла дар Федератсияи Русия низ ба чашм мерасад. Дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шарикии давлат ва бахши хусусӣ воситаи асосии ҷалби сармоягузории хусусӣ буда, инфрасохтори муассисаҳои тиббиро ба таври назаррас беҳтар мекунад. Консепсияи мазкур ҷамъиятҳои саҳомии кушода бо иштироки давлатро ҳамчун шакли асосии ташкилию ҳуқуқии шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи тандурустии хусусӣ ба роҳ мемонад.

Дар маҷмуъ самтҳои асосии дастгирии давлатии омилҳои низомсози системаи хусусии тандурустӣ аз инҳо иборатанд:

– ташаккули стандартҳои фаъолияти тиббӣ;

– ташаккули феҳристи субъектҳои системаи хусусии тандурустӣ;

– рушди соҳаи тандурустӣ;

– омодагии доимии касбӣ ва аттестатсияи пизишкон.

Аз ин рӯ, хулоса карда мешавад, ки рушд ва дурнамои системаи тандурустии хусусӣ дар Тоҷикистон ба пешрафти назарраси бахшҳои мухталифи соҳа мусоидат карда метавонад:

  • афзоиши даромади андоз ва мусоидат ба буҷаи кишвар;
  • мусоидат ба ҳадафи Ҳукумат оиди таъмини ҳифзи тандурустии ҷомеа;
  • зиёд гардидани ҷойҳои корӣ бо музди баланд;
  • афзоиши сармоягузори оиди рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар, ки ба сатҳи капитализатсия бевосита таъсири мусбат мерасонад;
  • табобат бо технологияи муосири тиббӣ дар муассисаҳои хусусии тиббии мамлакат;
  • гирифтани пеши роҳи муҳоҷирати мутахассисони варзидаи мамлакат;
  • коҳиши муроҷиати шаҳвандон барои дарёфти хизматрасониҳои тиббӣ ба кишварҳои хориҷа;

Мазбут Қосимов

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь