Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” бахусус фаъолияти илмии он хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо директори коллеҷи мазкур Ашӯриён Шаҳло Сайфуллозода суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Номбурда дар оғози суҳбат қайд кард, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба солимии аҳолӣ, ки сарвати миллии ҳар як давлат ба ҳисоб меравад, таваҷҷуҳи ҳамаҷониба зоҳир намуда, ҳифзи саломатии шаҳрвандонашро яке аз афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии давлат муаррифӣ менамояд. Бо назардошти барномаҳои стратегии кишвар ва ҳадафҳои рушди миллӣ соҳаи тандурустии кишвар куллан таҳким ва такмил ёфта, ҳамакнун ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардидааст. Ин аст, ки дар раванди идома бахшидани ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ба масъалаҳои беҳтар намудани дастрасӣ, сифат, кадрҳои баландихтисос ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беш аз пеш аҳамияти хосса зоҳир мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ҳар баромадҳои худ таъкид месозанд, ки соҳаи тандурустӣ беш аз пеш рушд дода шавад ва ҳамзамон, бо супоришу дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат солҳои охир барои пешрафти соҳаи тандурустӣ, ба вижа кадрҳои баландихтисос шароитҳои мусоид фароҳам гардидааст. Пешвои миллат дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаи тиб суханони пурҳикмат гуфта, аз ҷумла изҳор доштанд: “Давлату Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, танзими фаъолияти соҳа ва таҳкими пойгоҳи моддиву техникии ин самти афзалиятнок ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

 -Нахуст дар бораи таърихи дирӯзу имрӯзи коллеҷ чанд сухан бигӯед…

-Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ таърихи начандон тӯлонӣ дошта бошад ҳам, дар байни дигар коллеҷҳои тиббии кишвар мақоми хоссаро соҳиб аст. Он яке аз калонтарин таълимгоҳҳои миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон мебошад. Коллеҷ дар тӯли 80 соли фаъолияти худ даҳҳо ҳазор нафар донишҷӯро ба воя расонидааст, ки дар тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ ва берун аз он кору фаъолият доранд. Бисёр дастпарварон баъди хатми коллеҷ таҳсили худро дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва дигар мактабҳои тиббии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ идома дода, имрӯз ҳамчун олимони баркамолу варзида ба халқу ватани худ хидмат карда истодаанд. Солҳои аввали таъсисёбӣ коллеҷ ба душвориҳои зиёде рӯ ба рӯ омад. Мутахассисони маҳаллӣ намерасиданд, заминаи моддию техникӣ заиф буд. Қатъи назар аз ин, коллеҷ тавонист дар як муддати кӯтоҳ дар ҷумҳурӣ обрую эътибор пайдо кунад. Солҳо сипарӣ мешуданду сафи донишҷӯёни коллеҷ беш аз пеш меафзуд.
Баъд аз соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон дар баробари дигар таълимгоҳҳо заминаи моддию техникии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ низ тағйир ёфт. Бисёр синфхонаҳо бо асбобу таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гаштанд, марказу синфхонаҳои компютерӣ ба вуҷуд омаданд, китобхонаи электронӣ арзи ҳастӣ намуд. Аз ҳама муҳим коллеҷ соҳиби бинои нави замонавӣ, ки ба тамоми талаботҳои муосир ё худ тиббӣ ҷавобгӯ аст, ноил гардид. Акнун ин ҳама дар хидмати донишҷӯён аст, онҳо имкон доранд аз коллеҷ набаромада, китоби дилхоҳашонро дастрас намоянд, оид ба мавзуи зарурӣ маълумот гиранд.

-Лутфан мегуфтед, ки фаъолияти илмии кормандони коллеҷ дар кадом поя қарор дорад?

Дар  солҳои  охир маъмурияти таълимгоҳ ба корҳои илмӣ- тадқиқотии кормандон аҳаммияти ҷиддӣ медиҳад. Бештари омӯзгорон мақолаҳои илмӣ навишта, дар конфронсу симпозиумҳо, анҷуманҳо ва конгрессҳо ширкат менамоянд, корҳои илмии онҳо дар маҷаллаю рӯзномаҳо чоп мешаванд. Собиқ директори коллеҷ Профессор Ибодов Ҳ. И. Ва собиқ  мудири кафедраи педиатрия Икромов Т. Ш.(ҳоло директори Маркази илмии педиатрия ва ҷарроҳии кӯдакон) дар Конгресси байналмилалӣ «Euro medical. Internationaler Kongress and Fachmesse Hannover-2013» дар ш. Ганновери Олмон ширкат ва маърӯза намуда, сазовори медалҳои Макс Ван Петтенкоффер ва Роберт Кох гаштанд. Мудири кафедраи педиатрия Икромов Т. Ш. соли 2014 дар конгресси байналмилалии EUROМEDICA-2014, ки дар ш. Ганновери Олмон баргузор гардид, дар мавзуи «Арзёбии ихтилоли фаъолияти гурдаҳо дар мавриди пиелонефрити музмини сангӣ дар кӯдакон» баромад намуда, соҳиби медали Луи Пастер гаштааст. Аксари устодону кормандони коллеҷ дар чорабиниҳои илмии дохили мамлакат ва хориҷи кишвар маърӯзаҳо карда, натиҷаи онҳоро дар маҷаллаҳои илмӣ ба табъ мерасонанд. Дар коллеҷ ба такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандон ва ҳайати олимону омӯзгорон, аз ҷумла дар хориҷи кишвар, диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ҳамасола тибқи нақшаи дурнамои такмили ихтисос омӯзгорон дар Донишкадаҳои такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф ва кормандони тибби Тоҷикистон тахассуси худро баланд мебардоранд. Баъзе омӯзгорону кормандон дар хориҷи кишвар – Ҳиндустон, Малайзия, Русия, Украина, Гурҷистон, Қазоқистон, Покистон ва дигар мамлакатҳо низ бозомӯзӣ ва такмили ихтисос кардаанд ва дар оянда низ дар назар аст.

Дар тӯли фаъолият Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявиро беш аз 60000 нафар мутахассисони миёнаи тиббӣ хатм намудаанд, ки баҳри солимии аҳолӣ ва ҷомеаи мамлакат ва хориҷи кишвар хизмати шоиста мекунанд. Бисёр хатмкардагони Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ таҳсили худро дар ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино давом дода, чун табибони ҳозиқ ва роҳбарони муассисаҳои илмию тадқиқотии тиббӣ дар саросари ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар шуҳратёр гаштаанд: Собиқ директори Коллеҷи тиббии ш. Душанбе Ҳакимҷонов А.Ҳ., Академики АИ Тоҷикистон, мудири лабораторияи дорушиносии Донишкадаи кимиёи АИ ҶТ Ҳайдаров К. Ҳ., д.и.т., профессор,  собиқ мудири кафедраи Тибби оилавӣ ва декани факултаи Сиҳатии ҷомеа ва тандурустии ДТБКСТТ Мирзоева З. А., д.и.т., профессор-мушовири кафедраи Бемориҳои асаби ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино Раҷабалиев Ш. Ф.,д.и.т., профессор, муовини директор оид ба илм ва нашриёти маркази ташхисӣ-муолиҷавии «Шифо» Воҳидов А. В., собиқ ноиби ректори ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино оид ба алоқаҳои байналхалқӣ, н.и.т. Абдуллоева З., собиқ сардухтури беморхонаи шаҳрии бемориҳои сироятӣ Талбов С. З., сардори шуъбаи клиникӣ-тарбиявии ДТИКТТ Ҳакимов А. Ш., собиқ  муовини директори Маркази ҷумҳуриявии тарзи солими ҳаёт, н.и.б., Корманди шоистаи ҶТ Зиё Раҳмон айни ҳол омӯзгори коллеҷ, мушовири лоиҳаи «Назорат аз болои бемории АҒНМИ дар Осиёи Марказӣ» оид ба ташкил намудани Маркази омӯзиши минтақавӣ роҷеъ ба омӯзонидани муҳоҷирон Атоев М., муовини директори Маркази шаҳрии мубориза бар зидди бемории сил Имомназарова К. А., н.и.т., ординатор ва собиқ сарвари Маркази илмии саратоншиносии ҶТ Зокиров Т. З., Аълочии нигаҳдории тандурустии ҶТ, Собиқ директори Маркази ҷумҳуриявии кори ҳамширагӣ Абдураҳмонова З. Х., Раиси ассотсиатсияи ҳамшираҳои тиббии ҶТ Ҳасанова Н. Ҳ.; Носиров С. Н. – сардори шуъбаи таълимӣ Коллеҷи тиббии ш. Турсунзода Аълочии нигаҳдории тандурустии СССР, Аълочии маорифи Тоҷикистон; Баҳромова З. Б. – н.и.т., собиқ директори Маркази ҷумҳуриявии тибби халқӣ, ва мудири кафедраи Тибби Шарқ ва физиотерапияи Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, Абдуллоева Ш. К. – собиқ муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ, омӯзгорон Р. М. Бақоева, М. Қ. Умарова, Н. М. Шамситдинова, Ф. Г. Абдуваҳобова, С. Қурбонова ва ғ.

МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” бо ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино, ДТБКСТТ, Маркази ҷумҳуриявии кори ҳамширагӣ, Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-клиникии тибби оилавӣ, ТУТ, Бонки умумиҷаҳонии рушди иқтисод ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ менамояд.

Ҳайати кормандони илмию педагогӣ ва устодон, профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ саъю кӯшиш доранд, ки корҳои таълиму тарбия, методӣ ва илмӣ-тадқиқотиро мувофиқи талаботи замон ва нишондодҳои Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз пеш ба роҳ монанд.

-Дар айни замон дар коллеҷ фаъолияти илмӣ чӣ гуна пеш рафта истодааст?

Дар коллеҷ имрӯзҳо 3 нафар докторони илм: Набиев З., ки дар мавзуи “Аломати халалёбии шадиди шуш дар кӯдакон, ҳангоми ҳолати критикӣ”, Ғоибов А. дар мавзуи “Ҷамбаҳои иҷтимоии-гигиении равандҳои тиббию демографӣ ва саломатии аҳолии ҶТ” ва Раҳматова Р. дар мавзуи “Оценка выраженности болевого синдрома и методы коррекции у новорождённых с тяжёлыми пороками развития пищеварительной  системы” доктории худро дифоъ карда, дар коллеҷ фаъолият мекунанд.

Ҳамзамон, имрӯз 12 нафар номзади илм: Ашӯриён Шаҳло, дар мавзуи “Хусусиятҳои бемории диққи нафас ҳангоми ғизоҳои аллергенӣ дар кӯдакон”, Одилзода Исмоил, дар мавзуи “Паталогияи кардиоваскулярӣ ҳангоми артрити псориатикӣ”, Муминзода Ҷумахон, дар мавзуи “Тавсифи хусусиятҳои хеликобактериозҳои дар шароити Тоҷикистон ба даст оварда шуда”, Назарова Маърифат, дар мавзуи “Ҷамбаҳои миллӣ ва умумиинсонӣ дар ашъори Лоиқ Шералӣ”, Давлатов Ҷамшед, дар мавзуи “Ташхис ва табобати ҷарроҳии ханосияи шадиди ретроректалӣ”, Сайдаҳмадова Шаҳло, дар мавзуи “Предгравидарная подготовка женщин с йоддефицитными состояниями в профилактике плацентарной недостаточности”, Мирзоев Суҳробхон, дар мавзуи “Баҳодиҳӣ ба  намудҳои ҷараёни омилҳои номусоди пешбинӣ ва наздик шудан ба ташхисҳои тафриқавӣ”, Шарипова Виктория, дар мавзуи “Тағийрёбии бофтаҳои ҳамороҳакӣ мавриди бемориҳои мумзими газаки узвҳои ҷинсии занона”, Раҳмон Зиё, дар мавзуи “Қонунияти эпидемиологӣ ва экологии паҳншавии вируси Иссиқкӯл дар Тоҷикистон”, Шарипов Азизулло, дар мавзуи “Такмили сиёсати ташаккули тарзи ҳаёти солими аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Давлатзода Асламхон, дар мавзуи “Клинико-фармакоэкономический анализ и оценка эфективности комплексной терапии первичного остеоартрита коленных суставов, основанной на современной фармвкотерапевтической стратегии заболевания” ва Ғаюров Умед дар мавзуи “Ташхис ва тактикаи табобати ҷарроҳиявии ҳолангити шаддиди фасоддор” дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” рисолаҳои илмии худро дифо карда, дар риштаҳои гуногуни сохтори коллеҷ ва илми он фаъолият доранд.

Ҳамчунин, дар айни замон 25 нафар ҳамчун  унвонҷӯ дар мавзуъҳои гуногуни илмҳои тиб, педагогика, биология ва илмҳои техникию гуманитарӣ тадқиқотҳои илмӣ дошта, дар вазифаҳои гуногуни коллеҷ (омӯзгор, мудири кафедра ва декани факултет) фаъолият доранд. Махсусан бояд таъкид созам, ки Аҳмадзода Мансур, Қурбонов Назаралӣ Талабович, Арбобов   Хайёмҷон Муқаддамович,   Азизова Нигора Нусратуллоевна, Аминов Бахтиёр Усмонович, Ёров Сиёвуш Нодирович ва Олимова Шафоат барои ҳимояи номзадиашон бисёр корҳои худро ба сомон расондаанд ва ҳимояи номзадиашон наздик омада истодааст.

Бояд тазаккур диҳам, ки мавзуҳои илмии аксари унвонҷӯёни коллеҷ дар самти илмҳои тиб буда, мутобиқи нақшаҳои таълимӣ мебошанд. Дар 2 соли охир 4 нафар: Одилзода И., Давлатзода А., Сайдаҳмадова Ш. ва Давлатов Ҷ. рисолаҳои илмии худро сарбаландона ҳимоя намуда, сазовори унвони номзади илмҳои тиб гардиданд.

Ҳамчунин, дар муҳлатҳои наздик директори коллеҷ н.и.т. Ашуриён С. рисолаи доктории илмҳои тибро ҳимоя хоҳад кард.

Бояд қайд намоям, ки дар сохтори коллеҷ Шӯрои  илмӣ – методӣ амал намуда, дар ҳар як 3 моҳ ҷаласаҳои худро баргузор намуда, аз ҷараёни таҳия ва омодасозии китобҳо, дастурамалҳои илмӣ, таълимӣ ва методӣ ва рафти корҳои илмӣ – тадқиқотии унвонҷӯён ва олимони коллеҷ шинос шуда, барои пешбурди фаъолият дар самти мазкур  дастуру супоришҳо ва қарорҳои мушахасс  бароварда, ба роҳбарияти коллеҷ пешниҳод менамояд.

Дар 5 соли охир зиёда аз 100 номгӯи китобҳои дарсӣ, дастурамалҳои таълимӣ, амалӣ, силабусҳои таълимӣ ва Барномаҳои гуногуни таълимӣ пешниҳод гардида мавриди истифода қарор дорад.

Дар ин ҷода мо бо тамоми коллеҷҳои тиббии ҷумҳуриявӣ ҳамкории зич дошта, ба онҳо дар ин самт ёриҳои амалии таълимӣ, илмӣ ва методӣ мерасонем.

Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ бо дигар колеҷҳои тиббии давлатҳои хориҷӣ аз қабили Федератсия Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон робитаҳои муштарак дошта, дар асоси Меморандумҳои бо онҳо басташуда, ҳамкориҳоро ба роҳ мондааст.

‑Фаъолияти Шӯрои илмӣ дар кадом сатҳ мебошад?

-Идоракунии умумии коллеҷ аз тарафи Шӯрои илмӣ ба роҳ монда мешавад. Роҳбарии онро директори коллеҷ ба уҳда дорад. Тамоми паҳлуҳои фаъолияти коллеҷ ва зерсохторҳои он дар Шӯрои илмӣ баррасӣ ва муҳокима шуда, қарорҳои мушаххас қабул менамоянд. Иҷрои қарорҳои Шӯро барои ҳайати кормандон, профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷ ҳатмист.

Шуъбаи илмӣ-методӣ дар асоси қарори Мушовара ва фармони Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1999 ташкил карда шудааст. Шуъба маркази ташвиқоту тарғиботи асосҳои илмии педагогика, психология, дидактика ва методикаи таълиму тарбия, инчунин таҷрибаи пешқадами педагогӣ, корҳои илмиву методӣ ва илмиву тадқиқотӣ, воридсозии услубҳои наву муосири таълиму тарбия мебошад. Он ба омӯзгорону услубшиносон ва роҳбарияти ҳамаи коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ хизмат расонида, барои худомӯзӣ, такмили маҳорати педагогӣ, мубодилаи таҷрибаи кори онҳо шароити мусоид фароҳам меорад, ба онҳо ёрии амалию методӣ мерасонад. Ҳамаи коллеҷҳои тиббии ҷумҳуриро бо нақшаҳо ва барномаҳои таълимӣ, дастурҳо ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ таъмин менамояд. Шуъба барои омӯзгорон ва кормандони коллеҷҳои тиббӣ семинару конфронсҳо, мизҳои мудаввар ва машғулиятҳои кушоду намунавӣ ташкил менамояд. Ҳамасола дар коллеҷ конфронсҳои солонаи ҷумҳуриявӣ ва конфронсҳои байналмилалӣ гузаронида мешавад.

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь