Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо директори коллеҷи мазкур Ашӯриён Шаҳло Сайфуллозода суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Номбурда дар оғози суҳбат қайд кард, ки Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба солимии аҳолӣ, ки сарвати миллии ҳар як давлат ба ҳисоб меравад, таваҷҷуҳи ҳамаҷониба зоҳир намуда, ҳифзи саломатии шаҳрвандонро яке аз афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии давлат муаррифӣ менамояд. Бо назардошти барномаҳои стратегии кишвар ва ҳадафҳои рушди миллӣ соҳаи тандурустии кишвар куллан таҳким ва такмил ёфта, ҳамакнун ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардидааст. Ин аст, ки дар раванди идома бахшидани ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ба масъалаҳои беҳтар намудани дастрасӣ, сифат, кадрҳои баландихтисос ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беш аз пеш аҳамияти хосса зоҳир мегардад.

Чӣ тавре, ки дар боло зикр кардем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ҳар баромадҳои худ таъкид месозанд, ки соҳаи тандурустӣ беш аз пеш рушд дода шавад ва ҳамзамон, бо супоришу дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат солҳои охир барои пешрафти соҳаи тандурустӣ, ба вижа кадрҳои баландихтисос шароитҳои мусоид фароҳам гардидааст. Пешвои миллат дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаи тиб изҳор доштанд: “Давлату Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, танзими фаъолияти соҳа ва таҳкими пойгоҳи моддиву техникии ин самти афзалиятнок ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст”.

Мавсуф изҳор дошт, ки донишҷӯёни болаёқати Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” пайваста дар давраҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявии озмунҳои фаннии кушоди ҷумҳуриявӣ, олимпиадаҳои тахассусӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ фаъолона иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд, ки сатҳи баланди раванди таълиму тарбияро дар муассиса тасдиқ менамояд.

Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ донишҷӯёни коллеҷ ба як қатор дастовардҳо ноил гардиданд, ки шоистаи зикр мебошад.

МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” – дар ҷойи аввал

Номбурда зикр кард, ки аз 10 то 12-уми майи соли ҷорӣ панҷ нафар донишҷӯёни коллеҷ дар олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ аз рӯйи фанҳои табиатшиносию риёзӣ, ки дар Коллеҷи ғайридавлатии тиббии “Даво”-и шаҳри Бохтар дар байни 46 муассисаи таълимӣ (250 донишҷӯ) баргузор гардид, ширкат варзида ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд. Аз ҷумла, дар номинатсияи химия Пирзода Муҳамадбашир Сабзаалӣ – донишҷӯи бахши якуми  ихтисоси “Кори фарматсевтӣ” ҷойи дуюм, дар номинатсияи биология Манижаи Обидҷон – донишҷӯи бахши сеюми ихтисоси “Кори табобатӣ” ҷойи сеюм, дар номинатсияи математика Ҷонмадзода Шукронаи Расул – донишҷӯи бахши сеюми ихтисоси “Кори табобатӣ”  ҷойи сеюм, дар номинатсияи физика Азизова Мавлуда – донишҷӯи бахши сеюми ихтисоси “Кори ҳамширагӣ” ҷойи сеюм, дар номинатсияи технологияи информатсионӣ Ғаниев Шаҳзод –  донишҷӯи бахши дуюми ихтисоси “Кори табобатӣ” ҷойи сеюмро сазовор гаштанд.

Ҳамчунин, МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” дар ҷадвали гурӯҳӣ бо гирифтани 140 хол дар олимпиадаи мазкур ҷойи аввалро ишғол намуд.

Олимпидаи фанҳои тахассусӣ

– Санаи 10-уми майи соли 2023 бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ”, “Рӯзи ҷавонон”, “Рӯзи умумиҷаҳонии ҳамшираҳои шафқат” ва “Иди касбии кормандони соҳаи тандурустӣ” дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” Олимпидаи фанҳои тахассусӣ аз рӯйи панҷ ихтисос – кори ҳамширагӣ, кори момодоягӣ, кори фарматсевтӣ, кори табобатӣ ва кори дандонсозӣ дар байни 22 коллеҷи тиббии ҷумҳурӣ (150 нафар донишҷӯ) баргузор гардид, ки донишҷӯёни коллеҷ фаъолона иштирок намуда, ба як қатор муваффақиятҳо ноил гардиданд. Аз он ҷумла, Атҳамов Шаҳзод – донишҷӯи бахши 3-юми ихтисоси “Кори дандонсозӣ” ҷойи 1-ум, Негматова Мамлакат Тошмаҳмадовна – донишҷӯи бахши 4-уми ихтисоси “Кори момодоягӣ” ҷойи 1-ум, Холова Роҳила Маҳмадуллоевна – донишҷӯи бахши 4-уми ихтисоси “Кори ҳамширагӣ” (таҳсилоти умумии асосӣ) ҷойи 1-ум, Холиқов Шараф – донишҷӯи бахши 3-юми ихтисоси “Кори дандонсозӣ” ҷойи 2-юм, Кенҷаева Насиба Хайруллоевна – донишҷӯи бахши 4-уми ихтисоси “Кори момодоягӣ” ҷойи 2-юм, Раҷабзода  Муаттара  Мустафо – донишҷӯи бахши 4-уми ихтисоси “Кори табобатӣ” ҷойи 2-юм, Дустова Шарифмоҳ Саидҷаъфаровна – донишҷӯи бахши 3-юми ихтисоси “Кори фарматсевтӣ” ҷойи 2-юм, Раҳимов Манучеҳр Ҳафизович – донишҷӯи бахши 4-уми ихтисоси “Кори ҳамширагӣ” (таҳсилоти умумии асосӣ) ҷойи 2-юм, Воҳидова Мавлуда – донишҷӯи бахши 2-юми ихтисоси “Кори дандонсозӣ” ҷойи 2-юм, Разоқова Муҳаррамхон Абдулҳафизовна – донишҷӯи бахши 4-уми ихтисоси “Кори момодоягӣ” ҷойи 3-юм, Мирова  Мафтуна  Рауфовна – донишҷӯи бахши 4-уми ихтисоси “Кори табобатӣ” ҷойи 3-юм, Ҷуразода Азиза Абдулҳалим – донишҷӯи бахши 3-юми ихтисоси “Кори фарматсевтӣ” ҷойи 3-юм, Баротов Шаҳриёр Мирзоалиевич – донишҷӯи бахши 3-юми ихтисоси “Кори фарматсевтӣ” ҷойи 3-юмро соҳиб шуданд, – изҳор дошт мавсуф ва афзуд, ки инчунин, санаи 12-уми майи соли ҷорӣ бо роҳбарии мудири кафедраи “Кори дандонсозӣ” Абдулҳақов Ҳ. А ва омӯзгори кафедра Султонова А. донишҷӯи бахши якуми факултети “Кори дандонсозӣ” Раҷабзода Тоҳир намунаи макети бинои асосии коллеҷро сохта, дар ҳузури сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ва як қатор роҳбарони коллеҷҳои тиббии кишвар ба роҳбарият ва аҳли коллективи муассиса пешкаш намуданд. Ин туҳфа аз ҷониби роҳбарияти муассиса ва дигар иштирокчиёни ҳамоиш баҳои баланд гирифта, бо дастури роҳбар дар осорхонаи муассиса нигоҳ дошта мешавад.

“Фурӯғи субҳи доноӣ…”

Мавсуф зикр кард, ки аз 10 то 20-уми майи соли 2023 дар даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки дар ноҳияи Сино баргузор гардид, донишҷӯёни коллеҷ аз рӯйи номинатсияи адабиёти муосир иштирок намуда, аз ҷумла, Нуракова Амина – донишҷӯи бахши сеюми ихтисоси “Кори фарматсевтӣ”, Бегова Адиба – донишҷӯи бахши якуми ихтисоси “Кори фармасевтӣ”, Булбулова Шаҳдигул – донишҷӯи бахши сеюми ихтисоси “Кори ҳамширагӣ” (таҳсилоти умумии асосӣ) ҷойҳои 2 ва 3-юмро ишғол намуданд.

Ҳамчунин, донишҷӯёни зерини коллеҷ дар даври шаҳрии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” фаъолона иштирок намуда ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфтанд:

Бегова Адиба – донишҷӯи бахши 2-юми ихтисоси “Кори фарматсевтӣ” (таҳсилоти умумии асосӣ) дар номинатсияи адабиёти муосир ҷойи 2-юм;

Содиқова Амина – донишҷӯи бахши 4-уми ихтисоси “Кори фарматсевтӣ” (таҳсилоти умумии асосӣ) дар номинатсияи адабиёти муосир ҷойи 3-юм.

“Илм – фурӯғи маърифат”

– Рӯзҳои 27-30-юми майи соли 2023 як қатор донишҷӯёни муассиса дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд ва тибқи муқаррароти озмун ба даври 3-юми (шаҳрии) озмуни мазкур роҳхат гирифтанд.

Дар номинатсияи математика Холмуродова Фотима – донишҷӯи бахши 1-уми факултети “Кори ҳамширагӣ” (таҳсилоти умумии асосӣ) – ҷойи 2-юм, Норбекова  Дилноза Хизиралиевна – донишҷӯи бахши 1-уми факултети “Кори ҳамширагӣ” – ҷойи 2-юм; дар номинатсияи физика Ҷомизода Шукрона Расул – донишҷӯи бахши 1-уми факултети “Кори табобатӣ” – ҷойи 1-ум, Фариштамоҳи Баҳодур – донишҷӯи бахши 1-уми факултети “Кори ҳамширагӣ” – ҷойи 2-юм, Азизова Мавлуда Раҳматиллоевна – донишҷӯи бахши 3-юми факултети “Кори ҳамширагӣ” (таҳсилоти умумии асосӣ) – ҷойи 2-юм; дар номинатсияи химия Пирзода Муҳаммадбашир Сабзаалӣ – донишҷӯи бахши 2-юми факултети “Кори фарматсевтӣ” (таҳсилоти умумии асосӣ) – ҷойи 2-юм; дар номинатсияи биология Мунисаи Абдулҳамид – донишҷӯи бахши 2-юми факултети “Кори табобатӣ” – ҷойи 2-юм, Манижаи Обидҷон – донишҷӯи бахши 3-юми факултети “Кори фарматсевтӣ” (таҳсилоти умумии асосӣ) – ҷойи 3-юм; дар номинатсияи география Таманнои Султон – донишҷӯи бахши 1-уми факултети “Кори ҳамширагӣ” (таҳсилоти умумии асосӣ) – ҷойи 2-юм; Малазода Рамазон Фатҳулло – донишҷӯи бахши 2-юми “Кори ҳамширагӣ” – ҷойи 2-юм; дар номинатсияи технологияи иттилоотӣ Ғаниев Шаҳзод Ҳотамович – донишҷӯи бахши 2-юми факултети “Кори табобатӣ” – ҷойи 1-умро сазовор гардиданд, – изҳор дошт мавсуф.

Ҳавасмандкунӣ ва ҷалби ҷавонон ба мутолиаи китоб

Вобаста дастгирии моддиву маънавии донишҷӯёни фаъол ва ҷалби бештари ҷавонон ба омӯзиш, номбурда изҳор дошт, ки бо мақсади бештар ҷалб ва ҳавасманд кардани донишҷӯён ба мутолиаи китоб ва эҷодкорӣ аз ҷониби роҳбарияти МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ба ғолибони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” туҳфаҳои пулӣ супорида шуд, ки бовар дорем, барои рушди қобилиятҳои эҷодии донишҷӯён ғамхории хоса зоҳир хоҳад намуд. Ба Бегова Адиба Ёдгоровна – донишҷӯи бахши 2-юми факултети “Кори фарматсевтӣ” (таҳсилоти умумии асосӣ), ки аз рӯйи номинатсияи “Адабиёти муосир” сазовори ҷойи 2-юм гардид, 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ, ба Маҷидзода Меҳрона – донишҷӯи бахши 1-уми факултети “Кори дандонсозӣ” (таҳсилоти умумии асосӣ), ки аз рӯйи номинатсияи “Маснавихонӣ”сазовори ҷойи 2 ва 3-юм гардид, 2000 (ду ҳазор) сомонӣ ва ба Содиқова Амина Комиловна – донишҷӯи бахши 4-уми факултети “Кори фарматсевтӣ” (таҳсилоти умумии асосӣ), ки аз рӯйи номинатсияи “Адабиёти муосир” соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардид, 2000 (ду ҳазор) сомонӣ туҳфа карда шуд.

Дастоварди муассиса дар Чемпионати ҷумҳуриявӣ

– Иштирок дар чорабиниҳои варзишӣ барои донишҷӯён дар нигоҳ доштани саломатӣ, баланд бардоштани сатҳи тобоварӣ, пешбурди тарзи ҳаёти солим ва ташаккули сифатҳои беҳтарини инсонӣ кумак мерасонад. Бинобар ин, бо дастури роҳбарияти МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” мунтазам миёни донишҷӯён оид ба пешбурди тарзи ҳаёти солим ва иштироки фаъолона дар тамринҳо ва чорабиниҳои варзишӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад. Ҳамчунин, таҳсили тамоми донишҷӯёни варзишгар дар мадди назари роҳбарияти муассиса қарор дошта, зимни баргузории мусобиқаҳои варзишӣ ба онҳо дар таҳсил имтиёзҳои гуногун дода мешавад, – изҳор дошт номбурда ва афзуд, ки санаи 4-уми июни соли 2023 яке аз варзишгарони фаъоли муассиса, донишҷӯи бахши 3-юми факултети “Кори ҳамширагӣ” (таҳсилоти умумии асосӣ) Нурова Ирода дар Чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба каратэ-до миёни калонсолон ширкат варзида, дар вазни 61 килограмм (кумитэ) ҷойи аввалро ишғол намуда, соҳиби диплом ва медали тилло гашт.

Иштирок дар Чемпионати ҷаҳонӣ

Дар идомаи суҳбат мавсуф изҳор дошт, ки аз 8 то 10-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон 13-умин Чемпионати ҷаҳонӣ оид ба шотокан каратэ баргузор шуд. Дар чемпионати номбурда миёни ҷавондухтарони варзишгари вазни 61 кг донишҷӯи бахши 4-уми факултети “Кори ҳамширагӣ” (таҳсилоти умумии асосӣ) Нурова Ирода иштирок намуда, сазовори ҷойи дуюм ва диплому медали нуқра гашт.

Пирӯзии волейболбоздухтарон

Бобати ҷалби духтарон ба варзиш ва дастовардҳои онҳо дар ин самт мавсуф иттилоъ дод, ки донишҷӯйдухтарон низ хеле фаъолият нишон медиҳанд, ки ин қобили ситоиш аст. Масалан, дастаи волейболбоздухтарони МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” дар Чемпионати кушоди шаҳри Душанбе оид ба намуди волейболи духтарона байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ иштирок намуда, дар даври финалӣ бо дастаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бозӣ кард. Дар ин давр бо ҳисоби 2:0 ба дастаи мазкур ғолиб омада, сазовори ҷойи якум гашт ва ба чемпионати ҷумҳуриявӣ, ки  дар шаҳри Кӯлоб баргузор мегардад, роҳхат гирифт.

Мусобиқаи варзишӣ оид ба “Футболи хурд”

– Ногуфта намонад, ки барои таҷлили сазовори ҷашнҳои соҳавӣ, аз қабили “Иди касбии кормандони соҳаи тиб”, “Рӯзи умумиҷаҳонии ҳамшираҳои тиб” ва “Рӯзи ҷавонон” рӯзҳои 11-12-уми майи соли 2023 дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” бо ибтикори роҳбарияти муассиса мусобиқаи варзишӣ оид ба “Футболи хурд” миёни дастаҳои яккачин аз 20 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии тиббии ҷумҳурӣ баргузор гашт, ки дастаи МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ҷойи аввалро соҳиб гардид, – изҳор дошт дар анҷоми суҳбат номбурда.

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь