Оё ёрии башардӯстонаи Ӯзбекистон дар замони коронавирус ба муҳтоҷон расид?

Пеш аз тасдиқи расмии мавҷудияти COVID-19 дар Тоҷикистон, аксари мардум аз бемории «илтиҳоби шуш» ҷон бохтанд. Ин беморӣ дар солҳои пеш низ буд, аммо дар ин сол нисбат аз солҳои гузашта шумораи фавт афзуд. 30-юми апрели соли 2020 расман дар Тоҷикистон мавҷудияти COVID-19 тасдиқ шуд.

Дар Тоҷикистон аввалин бор нимаи дуюми моҳи апрели соли 2020 беморхонаи марказии ноҳияи  Ҷаббор Расулов ҳамроҳи пизишконаш ба қарантин фаро гирифта шуданд. Он замон дар давраи пандемии COVID-19 аз кӯмакҳои башардӯстона ба ин беморхона як дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, як адад оксигенератор ва воситаҳои ҳифозатӣ дода шудааст.

Ба гуфтаи Алишер Абдукаримов, муовини сардухтури ин беморхона, дар рӯзҳои авҷи коронавирус бештар аз соҳибкорону сокинони ноҳия дастгирӣ ёфтаанд.

Пеш аз расман тасдиқ шудани мавҷудияти пандемӣ дар Тоҷикистон, чандин кишвари ҷаҳон ва созмонҳои байналхалқӣ, ба дастгирӣ омода буданашонро эълон карданд ва барои пешгирӣ аз ин беморӣ кӯмакҳоро ба Тоҷикистон равон карданд. Ёрии башардӯстона чӣ дар дар шакли маблағ, чӣ дар шакли дору, дастгоҳҳои тиббӣ ва маводи ғизоӣ ворид гардид, аммо дар мавриди тақсимоти дурусти он дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳо баланд шуд. Вобаста ба ин шикоятҳо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кор бурданд, вале дар охир хабаре дода нашуд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, ёриҳо  наздики 12 ҳазор тонна аз 52 кишвари ҷаҳон ворид шудаанд. Кишварҳои мададрасон асосан Чин, Русия, ИМА, Белгия, Дания, Нидерландия, Ҳиндустон, Олмон, Малайзия, Туркия, Қазокистон, Узбекистон ва 47 ташкилоту ширкатҳои дигар буданд. Зиёда аз 300 номгӯйи таҷҳизоти тиббӣ, маводи доруворӣ, муҳофизатӣ, безараркунанда ва лабораторӣ (дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, оксигенератор, ниқобҳои муҳофизатӣ, либоси махсуси муҳофизатӣ, термометри фосилавӣ, кулоҳи тиббӣ, бахил, маҳлули антисептикӣ, хокаи хлор, халтаи якбомасрафи тиббӣ, тестҳои ташхиси COVID-19 ва ғайра) ба маблағи умумии 41 миллиону 267 ҳазор сомонӣ тақсим шуданд.

Дар ин миён ёрии башардӯстонаи ҳамсоякишвари Узбекистон ба Тоҷикистон қобили зикр аст. Узбекистон, аз ҷумла, 24 тонна маводи антибиотик, 18 вагон маводи тиббӣ ва маҳсулоти ғизоӣ, 10 тонна таҷҳизоти тиббӣ, 15 дастгоҳи сунъии нафасдиҳӣ, 1000 тонна орд ва ба ғайр аз ин комбинезонҳои муҳофизатӣ, айнакҳо, гипохлориди моеи натрий, респераторҳо ва пирометир кӯмак кард. Муҳимтар аз ҳама, 144 контейнери тиббӣ чун беморҳонаи муваққатии «Сайёр» ворид гардид. Ин контейнерҳо дар варзишгохҳ «Бофанда» ҷойгир карда шуданд.

«Як миқдор мошинҳои ёрии таъҷилӣ ба Вазорати тандурустии Чумхурии Тоҷикистон супорида шудааст. Бо мақсади васеъ кардани парки махсуси нақлиёти ёрии таъҷилӣ ва расонидани кӯмаки саривақтӣ ба беморон дар давраи пандемӣ нақлиёти ёрии таъҷилӣ ба Тоҷикистон фиристода шуданд, ки ҳар нақлиёт барои кормандони тиб ҳамчунин таҷҳизоти иловагии муҳофизати инфиродӣ дошт. Ин мошинҳо барои тақсимоти минбаъда дар байни муассисаҳои тиббӣ ба Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуданд.

Истеҳсоли ин мошини махсус дар пойгоҳи Дамас аз ҷониби «УзАвто Моторс» соли 1996 таъсис ёфтааст. Нақлиёти мазкур барои интиқоли беморон дар якҷоягӣ бо кормандони тиббӣ тарҳрезӣ шудааст»,  – хабар додааст сомонаи Sputnik.tj

Дар ҳамин вақт ва дар ҳамин маврид дар шабакаҳои иҷтимоӣ вожаҳои «ғайримақсаднок» ва «дуздӣ» сермасраф шуданд. Аз чумла, дар гузориши радиои «Озодӣ» аз нарасидани кӯмакҳо ба ҷойҳои лозима, мардум шикоят мекарданд.

Оё  тақсимоти ин кӯмакҳои башардӯстона шафоф сурат гирифт? Ба ин савол мардум байни худ баҳсҳо мекарданд ва ба  журналистон муроҷиат мекарданд, то ба ин савол ҷавоб пайдо кунанд.

Воқеият чӣ буд? «Оё контейнерҳои Узбекистон дар ҷояшон ҳастанд, ё фурӯхтаанд?», – мардум ин гуна саволҳо медоданд.

9-уми май ҳангоми авҷи пандемии COVID-19 дар ҷаҳон, аз тарафи Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 144 контейнери тиббӣ фиристода шуд. Контейнерҳои тиббӣ дар ҳудуди варзишгоҳи «Бофанда» чун беморхонаи муваққатии «Сайёр» гузошта шуд, аммо ин беморхона дар вақти пандемӣ ва то ҳол кор накардааст.

Дар ин бора як нафар масъули Вазорати тандурустӣ, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, чунин гуфт: «Вақти омадани контейнерҳо дар Тоҷикистон сироятёбии пандемии COVID-19 ба поён рафт ва зарурати ба кор даровардани ин беморхонаро надоштем, вале контейнерҳо тамоми таҷҳизотҳои заруриро дороянд ва дар беморхонаи муваққатӣ пурра омода карда шуда, дар ҳолати омодабош қарор доранд».

Доруворӣ ва дастгоҳи нафасдиҳии сунъии фиристодаи Ӯзбекистон куҷо шуд?

Шахси масъул дар расонидани  кӯмаки башардӯстона аз Ӯзбекистон Салим Абдулазизов дар сӯҳбат бо мо чунин гуфт: “Бо мақсади пешгири интиқол ва паҳншавии бемории сироятии коронавирус Covid-19 кӯмакҳои башардӯстонае, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Узбекистон ворид гардидаанд ба тамоми марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳо тақсим карда шуд. Ҳамзамон, 60 тонна гипохлорид натрийи 13% тавассути ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Тоҷикхимпром” ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ҷудо гардидааст. Ин кӯмак 5-тоннаӣ ба раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, муассисаҳои давлатии “Боғи Ғалаба” ва “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” ва 30 тоннаи он ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади безараргардонии кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе дастрас карда шудаанд”.

Ба иттилои ин ниҳод инчунин, 40 тонна маҳлули гипохлорид натрийе, ки барои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардида буд, аз ҷониби Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қабул ва ба марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастрас гардидаанд. Аз миқдори ҷудогардида 8 тоннааш ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофияи граждании назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас карда шудааст.

Дастгоҳи пирометр, маводи дорувории спирти этилӣ, либоси махсуси муҳофизатӣ, ниқоби  муҳофизатӣ, дастпӯшакҳои якбормасрафшаванда, айнакҳои муҳофизатӣ, маводҳои доруворӣ ва система барои гузаронидани маҳлулҳо ба миқдори умумии 885 850 адад аз Ӯзбекистон расидаанд. Ҳамаи ин кӯмакҳо ба зиёда аз 250 муассисаи тандурустии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тақсим карда шудаанд. Аз чумла, аз 15 адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ба Раёсати тандурустии вилояти Суғд 3 адад, Раёсати тандурустии ВМКБ 2 адад, Маркази тиббии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 адад, МД “Пажӯҳишгоҳи гастроэнтрология” 1 адад, МД «Беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе» 1 адад, МД «Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи К. Ахмедов» 2- адад, МД «Беморхонаи сироятии кӯдаконаи шаҳри Душанбе» 2- адад, беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат 1 адад, беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор 2 адад тақсим шудаанд.

Маркази саломатии шахрии № 1 дар вақти пандемӣ беморонро ба қарантин қабул мекард. Як табиб аз ин беморхона, ки нахост номаш ошкор шавад, гуфт: “Дар давраи пандемии COVID-19 ба ин беморхона кӯмак як маротиба омад ва он ҳам ба миқдори хело кам.  Аз номи Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон буд, лек барои табибон ҳамавақт маводи хурокворӣ аз ҷумла орд, картошка, нахӯд, марҷумак, макарон биринҷ, равған, пиёз, сабзӣ ва гайра мерасид”.

Кӯмакҳои ғизоие, ки ба Тоҷикистон расидаанд, ба табибони шаҳру ноҳия ва вилоятҳо тақсим карда шуданд.  Ба он шахсоне, ки дар ҳолати вазнини пандемӣ ба вирус мубтало гардидаанду чӣ дар хона табобат гирифтанд ва чӣ дар беморхона ин кӯмак расонида шудааст.

Дар байни 52 кишвари ҷаҳон Ӯзбекистон дар расонидани кӯмак ба Тоҷикистон дар ҷойи дуюм меистад. Масали “ҳамсояи наздик беҳ аз хеши дур”  беҳуда нест. Ин ҳамсоякишвар тавонист дар вақти пандемӣ ба Точикистон дасти ёрии худро дароз кунад ва ёрии башардӯстонаи худро бедареғ расонад.

Хусравҷон Норов

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь