Ҳамасола 18 август, рӯзи мавлуди яке аз фарзандони фарзонаи халқи тоҷик шайхурраис Абӯалӣ Ибни Сино, ҳамчун Рузи кормандони соҳаи тиб ҷашн гирифта мешавад. Ба муносибати ин санаи муборак мо бо Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои тиб, профессор Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло суҳбат оростем.

 – Муҳтарам вазир, қабл аз ҳама мехостем вобаста ба вазъи тандурустӣ дар кишвар баъд аз КОВИД-19 баҳо медодед. Оё паёмадҳои ин бемории ҳамагир то имрӯз эҳсос мегардад?

– Ташаккур! Сараввал мехоҳам қайд намоям, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба масоили солимии аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин самт то кунун корҳои муҳиму назаррасро ба анҷом расонидааст.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, дар давраи соҳибистиқлолӣ барои табибони мамлакат аз ҳама соли мушкил – ин соли 2020 ва 2021 ба шумор меравад. Зеро, дар ин сол дар олам бемории ҷадиде бо номи коронавирус пайдо гардида, кори табибонро боз ҳам мушкилтар намуд. Бо дарназардошти вазъият, бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи озмоишгоҳҳои вирусологӣ дар кишвар аз 5 адади фаъол то ба 22 адад расонида шуд, ки дар онҳо 24 адад дастгоҳи таҷзияи занҷираи полимеразӣ насб карда шудаанд. Аз он, ки табибони кишвар дар сафи пеши мубориза бо ин беморӣ қарор доштанд, талош ва меҳнати шабонарӯзии ин қишри ҷомеа аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадрдонӣ карда шуданд. Дар ин давраи мушкил ба буҷети соҳа иловатан 1 миллиарду 800 миллион сомонӣ ҷудо карда шуда, теъдоди катҳо барои табобати гирифторони сирояти мазкур, маводҳои доруворӣ, таҷҳизотҳо, молҳои тиббӣ ҷудо ва дастрас карда шуданд. Ҳамин кӯмаку дастгириҳои Ҷаноби Олӣ буд, ки мо имкон ёфтем вазъи эпидемиологиро дар кишвар идорашаванда нигоҳ дорем.

Дар ин росто, қайд кардан ба маврид аст, ки шурӯъ аз моҳи майи соли 2020 дар доираи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқоли минбаъдаи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории коронавируси нави COVID-19 ҳамарӯза 2 маротиба ба тариқи онлайн баргузор мегардид, ки дар он шахсан вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони вазир ва ҳамзамон ба тариқи онлайн сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок менамуданд.

Дар ҷаласаҳои ситоди вазорат пеш аз ҳама масъалаи гардишҳои хонагӣ, дарёфт ва ба ташхис фаро гирифтани беморон ва гумонбарони бемории коронавируси нави COVID-19 ва ҷараёни ваксинакунонӣ миёни аҳолии кишвар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегирифтанд. Махсусан, аз ҷониби сардорони раёсатҳои тандурустӣ ва роҳбарони беморхонаҳо табибони оилавӣ ба минтақаҳои аҳолинишин тақсим шуда, гаштҳои хонагӣ анҷом додаву нафарони дорои нишонаҳои бемории COVID-19-ро ба ташхис фаро мегирифтанд. Ҳамин тавр, нафароне, ки бо нишонаҳои сабуки ин беморӣ дарёфт карда мешуданд, дар муҳити хона ба табобат фаро гирифта шуда, нафарони дорои нишонаи вазнин ба беморхона интиқол дода мешуданд.

Ҳангоми баргузории ситоди вазорат дар ду марҳила сардорони раёсатҳо ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо доир ба натиҷаи гаштҳои хонагӣ, аз ҷумла чанд хоҷагиро гаштан, чӣ қадар гумонбар дарёфт намудан ва ҳамзамон чанд нафарро пас аз табобат аз беморхона рухсат додан ба роҳбарияти вазорат ҳисобот  пешниҳод карда мешуд.

Инчунин, аз ҷониби роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ, махсусан рӯйхати шаҳрвандоне, ки бо нишонаҳои бемории коронавируси нави COVID-19 аз ҷониби табибони оилавӣ ба қайд гирифта мешуданд, бо навиштани ному насаб, суроғаи истиқомат ва рақами телефони мобилӣ ба вазорат пешниҳод мегардиданд.

Чунин тарзи корбарӣ на танҳо барои саривақт дарёфт ва ба табобат фаро гирифтани беморони коронавируси нави COVID-19 дар Тоҷикистон мусоидат намуд, балки имкон дод то шиддати ин беморӣ ҳарчӣ зудтар дар Тоҷикистон ба маротиб коҳиш ёфта, дар натиҷа он аз байн бурда шавад.

Бояд гуфт, ки бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳоло низ ситоди вазорат баргузор мегардад, ки дар он ба тариқи маҷозӣ роҳбарони муассисаҳои тандурустии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок намуда, доир ба натиҷаи гаштҳои хонагии кормандони марказҳояшон ба роҳбарияти вазорат маълумот медиҳанд.

Дар маҷмӯъ, ҳоло вазъи соҳаи тандурустии мамлакат муътадил мебошад ва кормандони соҳа бо дасту дили пок баҳри таъмини солимии аҳолӣ шабонарӯзӣ фаъолият доранд.

– Дастовардҳои тибби тоҷик маълуманд ва имрӯз ҳатто аз хориҷа барои табобат ба кишвари мо меоянд. Чӣ тавр ин ба табибони мо даст дод ва чаро шумораи беморон аз Ӯзбекистону Қирғизистон ва Афғонистону дигар кишварҳо афзудааст? Шояд нархи табобат ва ё сифати  он ин ҷо нақши асосӣ доранд?

– Бале, боиси хушнудист, ки агар қаблан шаҳрвандони Тоҷикистон барои анҷом додани як қатор ҷарроҳиҳо, хосатан ҷарроҳиҳои мураккаб ба хориҷи кишвар сафар менамуданд, баръакс, имрӯзҳо шаҳрвандони хориҷӣ барои гузаронидани ҷарроҳиҳои гуногун ба кишвари мо меоянд.

Албатта, пӯшида нест, ки соҳаи тандурустии кишвар марҳилаҳои душворро пасисар намуд. Аз ҷумла ҷанги шаҳрвандӣ дар баробари дигар бахшҳои ҳаётан муҳим, ҳамзамон ба соҳаи тандурустии мамлакат хисороти ҷиддӣ ворид намуд. Аммо ба мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта нигоҳ накарда, маҳз бо дастгириҳои доимии Пешвои муаззами миллат соҳаи тандурустии мамлакат дар як муддати кӯтоҳ рушду пешрафт намуда, ба дастовард ва муваффақиятҳои назаррас ноил гардид.

Давоми солҳои охир табибони кишвари мо низ ба кишварҳои пешрафтаи олам сафар намудаву бо ҳамкасбони хеш мубодилаи таҷриба намудаанд ва бо боварии комил метавон гуфт, ки таҷрибаи табибони мо аз таҷрибаи табибони ҳатто кишварҳои пешрафтаи дунё камие надорад. Ҳамзамон, муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои соҳаи тандурустии кишвар бо навтарин таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ низ давоми солҳои охир босуръат рушд намуд, ки дар натиҷа шумораи муроҷиати шаҳрвандони хориҷӣ ба муассисаҳои тандурустии мамлакат барои табобат сол то сол зиёд гардида истодааст.

Бо мақсади фароҳам овардани дастрасии бештари аҳолӣ ба ҷарроҳиҳои мураккаб ва гаронарзиш, дар 6 моҳи соли 2023 дар муассисаҳои давлатӣ ва хусусии тиббӣ 1083 амалиёти ҷарроҳӣ дар дилу рагҳо, 1594 амалиёти ангиография ва 1033 амалиёти ангиопластика ва стентгузорӣ инчунин, ба 319 нафар беморон амалиёти ҷарроҳии иваз намудани буғум ба буғуми сунъӣ ва 124 амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии узвҳо гузаронида шудаанд, ки 30 нафар беморон аз хориҷи кишвар мебошанд.

Дар ин давра, аз тарафи мутахассисони соҳаи ҷарроҳии дилу рагҳо бори аввал амалиётҳои стентгузаронӣ ҳангоми омоси даврашакл ва экзофитии қисми кардиоэзофагеалии сурхруда, хитинэктомияи эндоскопӣ аз маҷрои умумии талхагузар ба воситаи дуоденоскоп, бурида гирифтани омоси трахея тавассути бронхоскоп, гузоштани баллони силиконӣ дар меъда дар мавриди тағйиротҳои метаболикӣ (ҳангоми бемории фарбеҳӣ), декомпрессия ва рафъи ногузароии рӯдаи ғафс бо колоноскоп, ҳангоми тобхурии шадиди рӯдаи сигмашакл гузаронида шуд.

Дар соҳаи ҷарроҳии қафаси сина, бори аввал ҷарроҳии кифосколиозҳои қисмати қафаси синагии сутунмӯҳра, дараҷаи вазнин, усули дискотомияи фонашакли коррексионӣ, бо фиксатсияи транспедикулярии трансторакалӣ, резексияи қисмати тангшудаи трахея бо трахеопластика, дар болои стенди Т-шакл, амалиёти Люис ба беморони гирифтори ногузароиш ва тангшавии сурхрӯда, баъди сӯхтани химиёвии он, амалиёти симултантӣ, торакоскопия, эхинококэктомияи шуши рост ва лапароскопия, эхинококэктомияи ҷигар, стентгузории трахея чун марҳилаи аввали табобати беморони гирифтори носури сурхрӯдаву бронхиалӣ, реканализатсия, бужгузаронӣ ва стентгузории қисмати тангшудаи гранулятсионии трахея, рафъи эндоскопии омоси ковокии бронх, рафъи омоси миёнадевори болоӣ бо резексия ва протезкунонии вариди болоии холӣ гузаронида шуд.

Ҳамзамон, дар шашмоҳаи аввали соли 2023 дар муассисаҳои соҳа 12 навгонӣ, аз ҷумла гузоштани адасаи дохилии чашм, истеҳсоли чашми сунъии сулбиявии девораш тунук, буриши метаболикии меъда, гастропексияи эндоскопӣ, дар самти пайвандсозӣ (гирифтани вариди гунодалии донорҳои гурда барои истифода ҳамчун графт, нефроэктомияи лапароскопӣ, барои гирифтани ҳуҷайраҳои бунёдӣ (аз хуни периферӣ), усули нави ташхис ва табобати малформатсияи шараёнӣ – варидии лаб, лифтинги эндоскопии пешонӣ, ҷорӣ намудани ташхиси сили ниҳонӣ, гузоштани стент ба ковокии трахея ҳангоми тангшавӣ, тоза намудани гранулясияҳои дохили трахея бо усули эндоскопӣ бо барқарорсозии ковокии трахея, гузаронидани ҷарроҳии трахеопластика, гузоштани клапани эндоброхиалӣ амалӣ карда шудааст. Мавриди зикри хос аст, ки амалиётҳои мазкур на танҳо дар пойтахт балки бо сафарбарнамоии мутахассисони варзидаи соҳаи тиб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар низ анҷом дода мешаванд.

Яъне, маълумоти дар боло зикршуда аз он шаҳодат медиҳад, ки давоми солҳои охир бахши ҷарроҳӣ низ дар Тоҷикистон хеле пешрафт намуд ва маҳз дар амал ҷорӣ намудани усулҳои нави ҷарроҳӣ боис бар он гардид, ки шаҳрвандони хориҷӣ барои анҷоми ҷарроҳӣ ба муассисаҳои тандурустии мамлакат муроҷиат намоянд.

Ин гуфтаҳо бори дигар исбот менамоянд, ки имрӯз барои ташхис ва табобати ҳам шаҳрвандони кишвар ва ҳам шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.

– Дар минтақаҳои Тоҷикистон имрӯз солимии аҳолӣ зери назорати доимиӣ қарор дорад ва дар ҳар деҳаи хурдтарин ҳам нуқтаҳои хизматрасонии тиббӣ вуҷуд доранд. Аммо, бигуед, ки дараҷаи таъмини ин нуқтаҳо бо таҷҳизоти зарури тиббӣ то кадом андоза қаноатбахш аст?

– Қобили зикр аст, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ шумораи муассисаҳои тандурустӣ дар мамлакат бамаротиб зиёд гардид.

Дар ин давра бунёд ва ба истифода додани садҳо биноҳҳои хуштарҳу замонавии тандурустӣ худ далели раднопазири онанд, ки воқеан ҳам дар даврони соҳибистиқлолӣ рушди соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон маҳз дар партави сиёсати дурандешонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври комил таъмин карда шуд.

Масалан, агар дар кишвар то соли 1991 ҳамагӣ 2862 муассисаи тандурустӣ фаъолият мекард, ҳоло дар кишвар шумораи муассисаҳои тиббӣ ба 5116 адад расидааст.

Бо мақсади боз ҳам хубтару беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ айни замон дар кишвар Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои давраи то соли 2030 мавриди амал қарор дорад.

Тавре дар стратегияи мазкур омадааст, таъмини дастрасӣ ба хизматарсониҳои тандурустӣ бояд тавассути рушди кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ бо тибби оилавӣ асоснокшуда, ҳифзи солимии модару кӯдак ва хизматрасонӣ оид ба солимии ҷинсӣ, репродуктивӣ ва ҳуқуқи наврасон, фаъолият дар самти бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла пешгирӣ, нигоҳубин ва табобат, пешгирӣ ва табобати бемориҳои ғайрисироятӣ, ҳамзамон, таъмини хизматрасониҳои асосии тандурустии ҷамъиятӣ, баланд бардоштани масъулияти аҳолӣ барои саломатии худ ва дигарон тавассути тарғиби тарзи ҳаёти солим, татбиқи механизми таъмини бехатарӣ ва қобили қабул будани таъминоти оби нӯшокӣ, фаъолияти пурраи соҳаи тандурустӣ ва низоми озмоишгоҳӣ амалӣ карда мешавад.

Инчунин, бо мақсади таъмини рушди муассисаҳои табобатии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, давра ба давра муҷаҳҳаз намудани онҳо бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои сифатноки тиббӣ, «Барномаи рушди муассисаҳои табобатии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2025» таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021 таҳти №461 тасдиқ карда шуд.

Дар ин росто, ёдовар шудан ба маврид аст, ки танҳо соли 2022 дар кишвар аз ҳамаи сарчашмаҳо 124 муассисаҳои тандурустӣ сохта ба истифода дода шуданд.

Бо мақсади беҳтарсозии ҳолати инфрасохтори муассисаҳои соҳа дар 6 моҳи соли 2023 аз тамоми сарчашмаҳо 36 муассиса сохта ба истифода дода шуда, сохтмони 122 иншооти дигар идома дорад. Инчунин, дар ин давра 118 муассиса аз таъмир бароварда шуда, таъмири 137 муассисаи дигар идома дорад.

Танҳо давоми солҳои 2020, 2021, 2022 ва шаш моҳи аввали соли 2023 ба муассисаҳои тандурустии кишвар ба маблағи 888 миллиону 716 ҳазору  751 сомонӣ таҷҳизот ва асбобҳои тиббӣ, мебел ва молҳои тиббӣ ва дору, аз қабили  компютери тамографи магнитию резонансӣ (МРТ), тамографи компютерӣ (КТ), дастгоҳи рентгени рақамии беморхонавӣ ва сайёр, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, маҷмӯи дастгоҳи видеоэндоскоп, таҷҳизоти ташхиси фаросавтии беморхонавӣ ва сайёр, (УЗИ) стансияи тавлиди оксиген, аплификаторҳои ПЦР барои муайян намудани COVID-19, дастгоҳи анализатори КШС, дастгоҳи сабти барқии дил, (ЭКГ), дастгоҳи кашиши барқии ҷарроҳӣ, инфузомат ва перфузорҳо, катҳои функсионалии эҳёгарӣ, монитори назди кати бемор, генератори оксигендиҳӣ, пулсоксиметр ва ғайра дастрас карда шудааст.

Гуфтаҳои боло худ далели онанд, ки дар кишвар бунёд ва бо таҷҳизоту лавозимоти тиббӣ таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ дар сатҳи хуб қарор дорад ва ин раванд минбаъд низ идома дода хоҳад шуд.

– Муҳтарам вазир, мехостем дар мавриди омода намудани кадрҳои тиббӣ маълумот гирем. Оё ин самти кор шуморо то кадом андоза қаноатбахш мекунад?

– Беҳтар намудани вазъи таъмини муассисаҳои соҳаи тандурустии кишвар бо мутахассисони тиббӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад. То 20 декабри соли 2022 теъдоди умумии табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ дар ҷумҳурӣ мутаносибан 21170 ва 61383 нафарро ташкил медиҳад, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта 1,8 ва 1,7 % зиёд мебошад. Айни ҳол таъминотноки бо табибон 87 фоиз ва ҳамшираҳои тиб 97 фоизро ташкил медиҳад.

Бо мақсади беҳтар намудани заминаи моддию техникии коллеҷҳои тиббӣ тибқи Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои давраи  то соли 2030 корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст.

Бояд гуфт, ки дар кишвар баҳри омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ ду донишгоҳ – Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи далатии тиббии Хатлон, се донишкада – МТҒ “Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоии Тоҷикистон”, Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тиб, Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ” ва 35 коллеҷҳои тиббии давлативу хусусӣ фаъолият менамоянд.

Омодасозии мутахассисони баландихтисос дар мадди назари роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошта, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона сохта истодааст.

Танҳо дар соли таҳсили 2022 – 2023 шумораи хатмкардаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии тиббӣ 2349 ва кормандони миёнаи тиббӣ 14255 нафарро ташкил медиҳад.

Ҳоло дар кишвар фаъолияти табибони хориҷӣ, аз ҷумла табибони чинӣ роиҷ гардидааст, мехостем назари шуморо дар ин маврид фаҳмем.

– Боиси хушнудист, ки давоми солҳои охир дар баробари тибби давлатӣ, ҳамзамон тибби хусусӣ низ дар кишвар дар доираи ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ рушд намуда истодааст.

Айни замон муассисаҳои тиббии хусусӣ дар таъмини аҳолӣ ба хизматрасониҳои муосири тиббӣ бо истифода аз технологияҳои муосир фаъолияти пурсамар дошта, саҳми онҳо дар таъмини солимии аҳолии мамлакат назаррас мебошад.

Агар то соли 2012 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 508 муассисаи тиббии хусусӣ фаъолият мекард, айни ҳол ин шумора 801 ададро ташкил  медиҳад, ки 106 адади он битаринамоӣ мебошанд. Муассисаҳои хусусии тиббӣ дорои 6759 кати битарӣ буда аз ин миён 411 адад дар шакли шахсони ҳуқуқӣ бо 81 филиал ва 390 адад дар шакли шахсони воқеӣ фаъолият доранд.

Табибони хориҷӣ низ бо гирифтани иҷозатнома тибқи қонунгузории кишвар фаъолият менамоянд.

– Солҳои наздикро Пешвои миллат солҳои рушди саноат эълон намудаанд. Оё ин ба рушди саноати дорусозии кишвар низ таъсир хоҳад гузошт ва агар чунин аст, пас нақши вазорат дар ин маврид чӣ гуна аст?

Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади рушди соҳаи дорусозӣ дар мамлакат соли 2023 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дорӯ, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ» қабул ва мавриди амал қарор гирифт.

Айни замон дар ҷумҳурӣ 57 корхонаҳои ватанӣ истеҳсоли зиёда аз 560 намуд ва 320 номгӯи дору, молҳои тиббӣ ва коркарду бастубанди гиёҳҳои шифобахшро ба роҳ мондаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта, 4 корхона, 40 намуд ва 12 номгӯй дору ва молҳои тиббӣ зиёд мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли дору ва молҳои тиббии истеҳсолшуда дар шаш моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 40 миллион ададро ташкил дод.

Дар ин миён, зикр намудан ба маврид аст, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтмоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои байнидавлатӣ бо як қатор кишварҳо, аз ҷумла бо Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Белорус, Хитой ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар самти рушди дорусозӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш ҳамкориҳоро ба роҳ мондааст.

Айни замон ҷиҳати ҳарчи бештар коркард ва мавриди омӯзишу таҳлил қарор додани гиёҳҳои шифобахши ватанӣ мутахассисони соҳа корбарӣ карда истодаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баҳри ҳарчи бештар ба истеҳсолот ворид намудани гиёҳҳои шифобахши ватанӣ минбаъд низ чораҳои зарурӣ хоҳад андешид.

Мусоҳиб Шервони УМРИДДИН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь