Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон яке аз маъруфтарин муассисаҳои миёнаи касбии тиббӣ дар кишвар ба ҳисоб рафта, соли 1988 таъсис ёфтааст ва он дар тайёр намудани мутахассисони соҳаи тибби вилояти Хатлон ва бурун аз он саҳми арзанда дорад.
МДТ Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон дар тӯли 33 – соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 7000 мутахассисони миёнаи тибро омода намудааст, ки онҳо дар аксари гӯшаву канори дунё ва ҷумҳуриамон фаъолият менамоянд. Роҳбарии ин муассисаи таълимиро ҷавони кордону фидоии касб ва ташаббускор Амирзода Шарофиддин бар дӯш дорад, ки дар як мудати кутоҳ ин муассисаро пурра аз таъмири асосӣ бароварда барои донишҷӯён беҳтарин шароитҳоро фароҳам овардааст.
Таърихи коллеҷ
Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон” дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи ҳифзи сиҳатии аҳолӣ”, Низомномаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асосӣ карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2024, № 292, Низомномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ, “Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Консепсияи миллии тарбияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Оинномаи Коллеҷ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Ҳамаи ин ҳуҷҷатҳо дар ҷаласаи Шурои олимони Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон” мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор дода шуда, нақша чорабиниҳо оид ба иҷроиши онҳо тартиб дода шуда, мунтазам кор бурда мешавад.
Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон» дар асоси мактуби Вазорати тандурустии собиқ иттиҳоди Шӯравӣ № 15-6/13–15 аз 08.06.1988 ва Қарори Кумитаи давлатии иттиҳоди Шӯравӣ оид ба маорифи халқ № 92–04–889/80 07 аз 31.05.1988 «Оид ба ташкили омӯзишгоҳи тиббӣ дар шаҳри Ёвон, вилояти Қурғонтеппа» дар базаи филиали омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе ва бинои Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон таъсис дода шудааст ва дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 148 аз 03.03.2014 сол Омӯзишгоҳ ба Коллеҷ номгузорӣ карда шудааст.
Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон ҳамчун муассисаи таълимии миёнаи касбӣ оид ба тайёр намудани мутахассисони соҳаи «Кори ҳамширагӣ», «Кори тиббӣ- ташхисӣ», «Кори момодоягӣ», «Кори фармасевтӣ», «Кори табобатӣ», «Кори дандонсозӣ» фаъолият менамояд. Коллеҷ дар тобеияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва ҳуқуқи додани дипломи маълумоти миёнаи тиббиро дорад.
Суроғаи ҳуқуқии Коллеҷи тиббӣ – Ҷумҳурии Тоҷикистон вилояти Хатлон, ноҳияи Ёвон, кӯчаи К. Қурбонов – 182/а.
Коллеҷ фаъолияташро тиббӣ Оиннома, Иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ Т-ИФ № 0001294, № 474 аз 09.07.2021 сол то 09.07.2026 эътибордошта.
Дар моҳи июли 2023 сол, дар асоси Фармоиши директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.04.2023 сол, № 253, гурӯҳи корӣ ба Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон ташриф оварданд ва акредитатсияи давлатӣ гузаронида шуд. Пас аз он ба муассисаи таълимӣ, дар асоси фармоиши директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.07.2023 сол, № 595 шаҳодатномаи акредитатсияи давлатӣ Т-АД № 0001458, аз 14.08.2023 сол, № 100 ба қайд гирифта шудааст дода шуд.
Коллеҷ дорои амволи давлатӣ бо ҳуқуқӣ идоракунии фаврӣ, баланси мустақил, суратҳисоб дар бонкҳо ва муҳри даврашакл бо нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Коллеҷ тибқи Стандарти давлатии маълумоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти таълимиро ба роҳ мондааст.
Пояи моддӣ–техникӣ
Бинои Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон» иборат аз 4 ошёна иборат аст. Айни замон дар Коллеҷ 10 кафедра фаъолият дорад: кафедраи «Морфологӣ», кафедраи «Гуманитарӣ», кафедраи «Забонҳо», кафедраи «Таббии-риёзӣ», кафедраи «Тарбияи ҷисмонӣ», кафедраи «Кори ҳамширагӣ дар ҷароҳия», кафедраи «Кори ҳамширагӣ дар терапия», кафедраи «Фанҳои биологӣ», кафедраи «Кори ҳамширагӣ» ва кафедраи “Момодоягӣ”. Бинои муассисаи таълимӣ пурра аз таъмир бароварда шуда, дар чор ошёнаи муассисаи таълимӣ бо тартиби зайл маъмурият ва кафедраҳои таълимӣ ҷой дода шуданд.
Ду кафедра «Кори ҳамширагӣ дар ҷароҳия», ва «Кори ҳамширагӣ дар терапия» дар шуъбаҳои Беморхонаи марказӣ кор мекунад.
Воҳидҳои сохтории коллеҷ фаъолияти худро дар асоси талаботи Оиннома (ба Фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон № 970 аз 16.12.2019 сол тасдиқ карда шудааст), Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, (ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри 2024, № 654) ва Низомномаи Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14.05.2024, № 292) ва Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст.
Таълиму тарибия дар маддӣ аввал
Раванди таълим дар коллеҷ дар ду давра гузаронида мешавад. Дар баробари ин қайд кардан лозим аст, ки машғулиятҳои амалӣ асосан дар синфхонаҳои замонавӣ, яъне синфхонаҳои шуъбаҳои Беморхонаи марказӣ, КАТС, МНДСЭ -и ноҳия, Стоматология гузаронида мешавад.
Беҳтарин мутахассисон дар Коллеҷ
Дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон” айни ҳол 228 нафар кормандон фаъолият доранд. Аз он ҷумла 107 нафар омӯзгорони асосӣ:
50 мард, 57зан, 79 нафар омӯзгорони соатбайъ, 49 мард, 30 зан. 15 нафар омӯзгорон дар рухсатии ҳомиладорӣ ва нигоҳубини тифл қарор доранд. 42 нафарро аъзоёни роҳбарияти коллеҷ, кормандони хоҷагӣ ва ёрирасон, ташкил медиҳанд: маъмурият – 21 нафар: 15 мард, 6 зан.
Дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон 1 нафар номзади илмҳои тиб ва 1 нафар номзади илмҳои химия фаъолият доранд. Дараҷанокии омӯзгорон чунин мебошанд:
6 нафар омӯзгорони дорои тахассуси дараҷаи олӣ,
4 нафар омӯзгорони дорои тахассуси дараҷаи якум,
52 нафар бо тахассуси дараҷаи дуюм фаъолият мекунанд.
Теъдоди омӯзгорони асосӣ аз руи маълумот чунин мебошад:
– бо маълумоти олии тиббӣ 30 нафар
– бо маълумоти олии ғайритиббӣ 64 нафар
– бо маълумоти миёнаи касбӣ 12 нафар
– бо маълумоти олии нопурра 1 нафар
КОЛЛЕҶИ ТИББИИ НОҲИЯИ ЁВОН ҚАБУЛИ ДОВТАЛАБОНРО ДАР СОЛИ 2025-2026 ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Ба коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон, хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ, мувофиқи шартномаю созишномаҳои байнидавлатӣ қабул карда мешаванд. Имтиҳонҳои дохилшавии довталабон барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва асосӣ (синфи 9 ва 11) дар Маркази миллии тестӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Ба ҳамаи ихтисосҳо, гурӯҳҳои буҷетӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд. Ба гурӯҳҳои шартномавӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ, ки ҳуҷҷати баробарэътирофии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва асосӣ доранд, қабул карда мешаванд.
Ба шакли таҳсили рӯзона довталабони синнашон то 35 қабул карда мешаванд. Дар коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон дар шӯъбаи рӯзона довталабон аз рӯи ихтисосҳои зерин қабул карда мешаванд:
-Таҳсилоти миёнаи асосӣ (синфи 9) мӯҳлати таҳсил 4 сол дар ихтисосӣ «Кори ҳамширагӣ» бо додани тахассуси «Ҳамшираи тиб» (барои ҷавондухтарон) ва «Бародари тиб» (барои ҷавононписарон) гурӯҳҳои шартномавӣ:
-Таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 9) мӯҳлати таҳсил 4 сол дар ихтисосӣ «Кори фарматсевтӣ» бо додани тахассуси «ёрдамчии фарматсевт» гурӯҳи шартномавӣ:
-Таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11) мӯҳлати таҳсил 3 сол дар ихтисосӣ «Кори ҳамширагӣ» бо додани тахассуси «Ҳамшираи тиб» (барои ҷавондухтарон) ва «Бародари тиб» (барои ҷавононписарон) гурӯҳҳои буҷавӣ ва шартномавӣ:
-Таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11) мӯҳлати таҳсил 3 сол дар ихтисосӣ «Кори тиббӣ-ташхисӣ» бо додани тахассуси «Ташхисгар» гурӯҳи шартномавӣ:
-Таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11) мӯҳлати таҳсил 4 сол дар ихтисосӣ «Кори момодоӣ» бо додани тахассуси «Момодоя» гурӯҳи шартномавӣ.
-Таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11) мӯҳлати таҳсил 3 сол дар ихтисосӣ «Кори фарматсевтӣ» бо додани тахассуси «ёрдамчии фарматсевт» гурӯҳи шартномавӣ:
-Таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи11) мӯҳлати таҳсил 4 сол дар ихтисосӣ «Кори табобатӣ» бо додани тахассуси «Хамшираи тибби оилавӣ» гурӯҳи шартномавӣ
-Таҳсилоти миёнаи умуми (синфи 11) мӯҳлати таҳсил 3 сол дар шӯъбаи «Кори дандонсозӣ» бо додани тахассуси «Дандонсоз» гурӯҳи шартномавӣ.
-Таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11) мӯҳлати таҳсил 3 сол дар ихтисосӣ «Кори ҳамширагӣ» бо додани тахассуси «Ҳамшираи тиб» (шабона) (барои ҷавондухтарон) ва «Бародари тиб» (барои ҷавононписарон) гурӯҳи шартномавӣ.
НАРХНОМАИ ШАРТНОМАҲО АЗ РӮИ ИХТИСОСҲО ДАР МДТ КОЛЛЕҶИ ТИББИИ НОҲИЯИ ЁВОН
Ихтисоси “Кори ҳамширагӣ” – 2400 сомонӣ
Ихтисосӣ ” Кори тиббӣ-ташхисӣ” – 2400 сомонӣ
Ихтисоси “Кори момодоягӣ” – 2500 сомонӣ
Ихтисоси “Кори табобатӣ ” – 2800 сосонӣ
Ихтисоси “Кори фармасефтӣ”- 2800 сомонӣ
Ихтисоси “Кори дандонсозӣ” – 3500 сомонӣ
Талошҳо баҳри ободист
Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон баҳри беҳтар намудани раванду сифати таълим ва омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ, табодули таҷриба ва воридсозии услубҳои муосири таълим ва омодасозии мутахассисони тиббӣ ҳамкориро бо як қатор муассисаҳои таълимии миёна ва олии касбӣ ва баъдидипломӣ ҳамкории пурсамарро ба роҳ мондааст.
Дар фароварди суҳбат, Амирзода Шарофиддин, директори Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон иброз дошт, ки “Мо ҳайати кормандону омӯзгорон дастгирии ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мунтазам эҳсос менамоем ва ин моро водор месозад, ки дар ҷавоб ба ҳамаи ин ғамхориҳо боз ҳам беҳтару хубтар меҳнат намуда, мувофиқи талаботи замон баҳри беҳтар намудани пояи моддӣ-техникии таълимгоҳ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ кӯшиш ба харҷ бидиҳем”.
–Мо ҳайати омӯзгорони Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон бо азми қавӣ Ҷашни фархундаи 33– солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо натиҷаҳои сазовору арзанда пешвоз мегирем ва ман аминам, ки дастовардҳои мо дар ин самт ин туҳфаи хубе ба ин Ҷашни бузург хоҳад буд.
МТЖТ