Агар абрҳо намебуданд, мо ба қадри Офтоб намерасидем. Агар беморӣ намебуд мо ба қадри саломатӣ ва ба қадри табибон намерасидем. Воқеан, чунин аст, мо то сиҳат нашавем ва саломатии худро барқарор накунем дар андешаи хушбахтӣ ва дигар корҳо нестем. Пас, то вақти сиҳат шудан ва роҳ ба сӯи хушбахтӣ кушодан, кӣ ҳамроҳи мо буд ва ҳаст албатта, табиб. Табибони ҳақиқӣ мудом паи омӯзиш ҳастанд ва аз болои пешаи худ кор мекунанд. Чунинанд табибони КАТС-и шаҳри Кӯлоб, ки дар бораи фаъолияташон мо сухане чанд рӯи сафҳа меорем.

Муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ш. Кӯлоб супоришҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ намуда, баҳри хизматрасонии тиббии аҳолӣ шабу рӯз омода ҳастанд. Беҳуда нагуфтаанд, саломатии мардум боигарии давлат аст. Бо ҳамин мақсад кормандони КАТС-и шаҳри Кӯлоб доимо талош бар он доранд, ки солимии мардуми шаҳри таъмин бошад.

Айни ҳол дар шаҳр зиёда аз 119052 ҳазор нафар аҳоли зиндагӣ менамоянд, дар ҳамин давраи соли гузашта 117852 нафар ба қайд гирифта шуда буданд. Аз ин миқдор 60976 нафарашон мард ва 58076 нафарашон занҳо мебошанд. Занони қобиляти таваллуддошта 33481 нафар, кӯдакони синни то 1 сола 3147 нафар, синни то 5 сола 15520 нафар, синни то 18 сола 50001 нафарро ташкил медиҳанд. Ба ин миқдор аҳолӣ 1 адад маркази саломатии шаҳрӣ, 10 адад марказҳои саломатии деҳотӣ ва 41 адад бунгоҳои саломатӣ хизмати тиббӣ мерасонанд. Дар муассисаҳои табобатии шаҳр 31 нафар табибон ва 556 кормандони миёнаи тиббӣ фаъолият менамоянд. Таъминоти аҳолӣ бо табибон 2,7 ва кормандони миёнаи тиббӣ 40 нафар ба 10000 аҳолӣ рост меояд. Дар соли 2022 ҳам 32 табиб ва 523 нафар кормандони миёнаи тиббӣ фаъолият доштанд, ки таъминот бо табибон 2,6 ва кормандони миёнаи тиббӣ 38 нафарро ба 10000 аҳолӣ ташкил медод. Нишондоди таъминоти аҳолӣ бо табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ аз нишондодҳои вилоят ва ҷумҳурӣ паст мебошад. Дар соли 2023-юм 4 табиб ва 37 нафар ҳамшираҳои тиббӣ курси 1 моҳаи такмили ихтисосро гузаштанд. Самти асосии фаъолияти кормандони соҳаи тиббӣ шаҳр дар соли 2023-юм ин ҳифзи саломатии насли наврас ва занону модарон мебошад.

Давоми соли 2023 дар шаҳр 3225 нафар кӯдакон таваллуд шудаанд, ки аз ин миқдор 3214 нафарашон дар таваллудхона (99,6%) ва 12 нафарашон дар шароити хона (0,3%). Бо фармоиши роҳбари муассиса шӯрои табибон таъсис додашуда, тасдиқ карда шуд, ки давоми 11 моҳи соли 2023 зиёда аз 15 масъалаҳои беҳтаршавии хизматрасониро таҳлил намуда, қарорҳои дахлдор баровард. Ҳамзамон, нақшаи мукаммали кории муассисаҳои КАТС-и шаҳр тартиб дода шуда, аз тарафи масъулини ҳукумати маҳаллӣ тасдиқ карда шудааст.

Айни ҳол дар шаҳр 1848 нафар маъюбон ба қайд гирифта шуданд, ки 458 нафарашонро маъюбони то 18 сола ташкил медиҳанд. Аз ин шумора 217 нафарашон ба гурӯҳи якум, 945 нафарашон ба гурӯҳи дуюм ва 686 нафарашон ба гурӯҳи сеюм мансубанд. Давоми соли равон 45 нафар маъюбон фавтиданд ва аз қайд бароварда шуданд. Дар шаҳри 12 нафар шаҳрвандони дар садамаи Чернобил иштирок намуда ва 42 нафар ҷанговарони башардӯст ба қайд гирифта шудаанд. Онҳо таҳти назорати доимии кормандони тиб қарор доранд.

Дар Маркази саломатии шаҳри ҳуҷраи қабул ва табобати бемориҳои пӯсту зуҳравӣ фаъолият менамояд, ки дар ин муддат 65 нафар беморони пӯст, бемории хоришак 25, бемориҳои замбуруғӣ 30 нафар, пиодермия 36 нафар ба қайд гирифта шудаанд.

Сохтмон ва азнавсозии 3 адад бунгоҳи тиббӣ, ки дар мактаб ва ҷойҳои номувофиқ ҷойгиранд дар соли 2023 ба нақша гирифта шудааст, азнавсозӣ шуда, ба истифода дода мешаванд. Аз ҳисоби Лоиҳаи “Беҳтаркунонии хизматрасонии тиббӣ” 3 адад марказҳои саломатии деҳотӣ аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, бо таҷҳизотҳои замонавии тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Дар асоси дастуру супоришҳои Вазорати тандурустӣ дар муассиса дафтари қайди муроҷиати шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст. Муроҷиати шаҳрвандонро маъмурияти муассисаҳои КАТС сари вақт дида баромада, ба онҳо ҷавоби мусбӣ пешниҳод намуда, таклифу дархостҳои онҳоро аз рӯи имконият ҳал менамояд.

– Раҳмоналӣ Талбов, табиби ҷарроҳ, Исматзода Розямоҳ, табиби бемориҳои занона, Амирҷон Расулов, табиби гӯшу бинӣ ва гулӯ, Кароматулло Қурбонов, табиби ҷарроҳи кӯдакона, Эмомалӣ Саидов, сардухтури маркази тибби оилавии Ҳакимобод, Азиз Ҳалимов, табиби оилавии маркази саломатии Лағмон, Холмурод Ганҷалов, собиқадор, табиби силшинос, Фазилаи Ҷалил, сарпарасти маркази саломатии шаҳри, Савлатбӣ Расулова, сарпарасти маркази саломатии Сарёзии боло, Мағфират Сафарова, табиби оилавӣ, сардухтури маркази саломатии Чорбоғ, Ибодулло Исупов, сарпарасти маркази саломатии Даҳана, Қаландаров Идихон, сарпарасти маркази саломатии Хатлон, Бобоева Зулфия, сартабиби маркази саломатии деҳотии Панҷосёб устодони касби худ буда, дар байни сокинони шаҳри Кӯлоб сазовори обрӯ ва эҳтироми махсус ҳастанд.

Нақшаи қарори №600 аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, дар 11 моҳаи аввали соли 2023 нақшабандӣ шуд, 20167 сомонӣ иҷро гардид, 30393 сомонӣ баробар ба 152%. Нақшаи муоинаҳои ҳатмӣ аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 11 моҳи соли 2023 нақшабандӣ гардид, 82500 сомонӣ, иҷро шуд 115619 сомонӣ, баробар ба 140%. Аз тарафи муассисаҳои КАТС- и шаҳри Кӯлоб дар 11 моҳ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби қарори №600 5% 700 сомонӣ ва аз ҳисоби муоинаи тиббӣ ҳатмӣ 30%, 36500 сомонӣ маблағгузорӣ карда шуд. – мегӯяд, С.Ҷалолов, роҳбари муассисаҳои КАТС-и шаҳрии Кӯлоб.

С.Халилиён,

МТЖТ, шаҳри Кӯлоб

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь