Бо мақсади ошнӣ аз фаъолияти Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю. Б. Исҳоқӣ хабарнигори МТЖТ бо директори муассисаи мазкур Мавлонзода Алимат Ҳақбердӣ суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.
Таърихи инсоният ба таври возеҳ нишон дод, ки маорифу тандурустӣ соҳаҳои арзишманду афзалиятнок дар ҳаёти ҷомеа пураҳамият ва тақдирсоз мебошанд. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва илм диққати махсус зоҳир менамоянд.

Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю. Б. Исҳоқӣ барои тайёр намудани мутахассисони зинаи миёнаи соҳаи тиб амал карда, аз рӯи меъёрҳои стандартӣ ва талаботи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, вазорати маориф ва илми ҶТ, Барномаҳои Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Консепсияи миллии таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи муассисаи таълимӣ, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф фаъолият менамояд.

 Базаи кадрӣ

Мавсуф изҳор дошт, ки мувофиқи ҳисоботи омории кадрӣ ҳайати омӯзгорону кормандон 290 нафар мебошанд. Аз ин миқдор 32 нафар духтурон ба ҳайси омӯзгор фаъолият мекунанд. Аз 219 нафар омӯзгорони асосӣ: омӯзгорони калон- 75 нафар, ассистентон – 30 нафар, коромӯз-тадқиқотчӣ – 16 нафар мебошанд.

Дар давоми 9 моҳи соли 2023 41 нафар ба кор қабул шуда, 11 нафар пас аз рухсатии ҳомиладорӣ ба кор шуруъ намуданд.

Маъмурияти муассиса дар Шӯрои олимон тасмим гирифтааст, ки барои ҳавасманд намудани омӯзгорони гурӯҳҳои забони русӣ музди маошро ба тариқи шартномавӣ зиёд кунад.

Мутахассисони оянда

– Теъдоди умумии донишҷӯён 4331 нафарро ташкил дода, аз ҳисоби буҷа 1025 нафар ва аз ҳисоби шартнома 3306 нафар таҳсил менамоянд. Дар соли таҳсил маблағи таҳсили шартнома барои донишҷӯёни кори момодоягӣ, кори тиббӣ – профилактикӣ, кори тиббӣ-ташхисӣ, кори ҳамширагӣ ва кори табобатӣ 3159 сомонӣ, кори дандонсозӣ 4999 сомонӣ, кори фарматсевтӣ 5199 сомониро ташкил медиҳад. Маблағи аз ҳисоби шартномавӣ ба даст омада аз рӯи сметаи махсус барои беҳдошти вазъи иҷтимоии устодону кормандон, хариди ашёву аёниятҳои таълимӣ, таъмири бино ва ғайра истифода бурда мешавад, – изҳор дошт номбурда ва афзуд, ки дар оғози нимсолаи 2-юми соли таҳсили 2022-2023 аз ҷумлаи донишҷӯёни гурӯҳҳои буҷавӣ ба 438 нафар  ва дар нимсолаи 1 соли таҳсили 2023-2024 ба 600 нафар донишҷӯён идрорпулӣ дода мешавад. Андозаи идрорпулӣ барои донишҷӯёни аълохон 324,00 сомонӣ  (11 нафар), барои хубу аълохонон 226 сомонӣ (589 нафар) муқаррар шудааст.

Такмили ихтисос

Номбурда қайд кард, ки такмили ихтисос аз тарафи 15 нафар омӯзгорони фанҳои химия ва биология, география, забони англисӣ, технологияи информатсионӣ, таърих ва фаъолияти китобдорӣ аз ҳисоби муассиса иҷро гардида шудааст. Инчунин, омӯзгорони тахассусӣ олии тиббидошта аз фанни педагогика ва психология 14 нафар ва миёнаи тиб аз фанни асосҳои кори ҳамширагӣ ҳамагӣ 14 нафар аз такмили ихтисос гузаронида шудаанд.

Иштирок дар олимпиада ва озмунҳо

Оид ба вазъи иштироки хонандагон дар олимпиада ва озмунҳо мавсуф зикр кард, ки ба даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” 14 нафар донишҷӯёни муассиса, ки ғолибони даври дуюми дохилимуассисавии озмун мебошанд, иштирок карданд ва аз он 2 нафар аз фанни биология Гаппорова Мухлиса, донишҷӯи бахши дуюми ихтисоси кори табобатӣ ҷойи сеюмро ишғол намуд ва Турсунбаева Маҳина, ихтисоси кори ҳамширагӣ (хатми 9) аз фанни география ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

Санаи 11.05.2023 даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар муассисаи давлатии таълимии Гимназияи №28 шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар озмун 5 нафар донишҷӯён ва 1 нафар омӯзгор иштирок намуданд. Дар натиҷа аз рӯи номинатсияи адабиёти ҷаҳон байни донишҷӯён Турсунбоева Маҳина аз ихтисоси кори ҳамширагӣ ҷойи сеюм, ва аз рӯи номинатсияи адабиёти муосири тоҷик байни омӯзгорон Файзуллоева Сурайё ҷойи якумро сазовор гардида, ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

Санаи 16.08.2023 дар мактаби Президентии шаҳри Бӯстон даври вилоятии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гузаронида шуд. Дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон Турсунбаева Маҳина иштирок намуд. Дар номинатсияи адабиёти муосири тоҷик (касбу кори гуногун, омӯзгорон) Файзуллоева С. иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм ва роҳхат ба даври ҷумҳуриявӣ гирифт.

Бо донишҷӯёне, ки дар даври дуюми олипиадаи тахассусии дохиликоллеҷӣ ғолиб омаданд, аз тарафи омӯзгорони кафедраҳои тахассусӣ дарсҳои иловагӣ гузаронида шуда истодаанд.

Дар асоси мактуби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 50-и Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 оид ба амалигардонии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф – солҳои 2020-2040», “Рӯзи ҷавонон”, “Рӯзи умумиҷаҳонии ҳамшираҳои тиб”, “Иди касбии кормандони соҳаи тандурустӣ” аз 20 апрели 2023 сол оид ба баргузории олимпиадаи дохилимуассисавӣ аз фанҳои тахассусӣ олимпиада аз фанни Техникаи сохтани протезҳо дар 2 давра  гузаронида шуда, дар он 11 нафар донишҷӯён ба тариқи тестӣ ва шифоҳӣ санҷида шуда, бо пешниҳоди мудири кафедра аз онҳо 3 нафар ба даври хотимавии озмун роҳ ёфтанд.

Баргузории олимпиадаи ҷумҳуриявии фанҳои тахассусӣ аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар коллеҷи ҷумҳуриявӣ санаи 10 майи соли 2023 тариқи 20 адад саволҳои пӯшида навиштани ҷавоби хаттӣ муҳлати 3 соат дода шуда, баъдан аз тарафи омӯзгорони тахассусашон мувофиқ тафтиш намуданд.

Семинари омӯзгорони ҷавон

– Кор бо омӯзгорони ҷавон аз рӯи нақша ба роҳ монда шудааст. Рӯйхати омӯзгорони ҷавон 61 нафарро ташкил медиҳад. Омӯзгорони ҷавон ба омӯзгорони собиқадори кафедраҳо вобаста карда шудаанд, – изҳор дошт А. Мавлонзода ва афзуд, ки мувофиқи нақша дар давоми моҳҳои январ – март семинари омӯзишӣ бо мутахассисони ҷавон гузаронида шуд, ки чунин масъалаҳоро дар бар гирифт:

1.Ташрифоварӣ ба дарси омӯзгорон ва таҳлили минбаъдаи дарсҳо

2.Тарзи ба роҳ мондани КМРО ва КМД

  1. Ташкили корҳои мустақилона дар машғулиятҳо
  2. Дарси муосир – омили рушди донишу малака ва маҳорати донишҷӯ

5.Методикаи ташкили корҳои тарбиявӣ ва беруназсинфӣ

6.Барномаҳои миллии соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди таълим ва истифодаи он.

7.Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

8.Тарзи тартиб додани ҳисобот ва пур намудани нақшаи инфиродӣ.

Бахши идоракунии сифати таҳсилот

Дар идомаи суҳбат мавсуф зикр кард, ки бахши идоракунии сифати таҳсилот бо мақсади татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи маориф, иҷрои стандартҳои давлатии таҳсилотро дар коллеҷи тиббӣ назорат карда ба ҷараёни таълиму тарбия, сатҳи сифати дониши донишҷӯён, тайёр намудани мутахассисон ва дигар самтҳои фаъолияти коллеҷ баҳо медиҳад ва дар асоси нақшаи корие, ки аз тарафи директори муассиса тасдиқ карда шудааст, кору фаъолият бурда истодааст.

Дар моҳи август барои нимсолаи I кормандони бахш нақшаҳои таълимӣ, барномаҳои кории фаннӣ (силлабус), комплекси таълимӣ методӣ, омода намудани презентатсияҳо, видоенаворҳои мавзӯъҳои дарсӣ, маводҳои дидактикии омӯзгорон дида баромад шуда, барои бартараф намудани камбудиҳо ва пурра намудани ҳуҷҷатҳо тавсияҳо дода шуд.

Бунёдкорӣ ва сохтмон

Номбурда изҳор дошт, ки моҳи апрел барои кулли кормандон ва омӯзорони Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б. Исҳоқӣ» хотирмон буд. Зеро 1-уми апрел аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии муассиса барои истифодабарӣ ифтитоҳ гардид. Қадами мубораки Сарвари давлатамон моро водор месозад, ки нисбати таълиму тарбияи мутахассисони касбӣ серталаб бошем ва вазифаи омӯзгориро бо масъулияти баланд иҷро намоем.

Бинои иловагии таълимӣ 4000 метри мураббаъро ташкил намуда, аз 4 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Бинои мазкур барои 2200 донишҷӯ дар 2 баст буда, масоҳати зери сохтмон 1189,81 метри мураббаъ мебошад. Дар бино 2 адад лифт, 2 адад зинапоя, ошхона барои 80 ҷой, маркази компютерӣ барои 80 ҷой, 23 синфхона, 12 утоқи корӣ, толори лексионӣ ва толори маҷлисгоҳ барои 300 нафар пешбинӣ карда шудааст.

Дар таҳхона долон, ошхона барои 80 ҷой, толори маркази электронӣ бо 80 ҷой, ҳуҷраи техникӣ, бойгонӣ, анборхона, гиреҳи санитарӣ ҷойгир карда шудааст.

Дар ошёнаи якум фойе, долон, гиреҳи санитарӣ, утоқи кории муовини директор, кафедраи стоматология, маркази таълимии дандонсозӣ, озмоишгоҳи таълими ташхисии фармасевтӣ, озмоишгоҳи таълимии биология, кафедраи дорушиносӣ, озмоишгоҳи таълимии химия, маркази таълимии малакаҳои амалӣ ва толори лексионӣ барои 212 ҷойи нишаст ҷойгир карда шудааст.

Дар ошёнаи дуюм фойе, долон, 5 синфхона, кафедраи биология, кафедраи микробиология ва утоқи кории бахши кор бо ҷавонон ҷойгир карда шудааст.

Дар ошёнаи сеюм фойе, долон, 10 синфхона, кафедраи анатомия ва физиология, кафедраи химия, гиреҳи санитарӣ ҷойгир карда шудааст.

Дар ошёнаи чорум фойе, долон, 3 синфхона, толори маҷлисгоҳ, анборхона, утоқи равоншинос, ҳуҷраи либосивазкунӣ, гиреҳи санитарӣ ҷойгир карда шудааст.

Фаъолияти китобхона

Оид ба фаъолияти китобхона ва китобхонаи электронии Муассисаи давлатии таълимии коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Б. Ю. Исҳоқӣ А. Мавлонзода тазаккур дод, ки он тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2003, таҳти №32 «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» ба роҳ монда шудааст. Дар китобхона 4 воҳиди корӣ мавҷуд аст.

Теъдоди умумии адабиёт дар  китобхонаи  анъанавӣ ва электронӣ дар умум 33511  адад аст, ки  аз инҳо 12803 адад ба забони тоҷикӣ

7297  адад  тахассусӣ, 3744  адад умумитаълимӣ, 107 адад асарҳои Пешвои миллат ва китобҳо оид ба фаъолияти  Пешвои миллат, 1481 адад китобҳои бадеӣ, 174 адад китобҳои гуногунмазмун мебошанд.

Миқдори китобҳои электронӣ 1114 адад буда, тахассусӣ  229 адад,         умумитаълимӣ 409 адад,  китобҳои бадеӣ 476 адад аст ва 450 адад бо забони русӣ ва 664 адад бо забони тоҷикӣ мебошад.

Ба китобхонаи электронӣ 56 адад китоб ворид карда шуд, ки аз ин 27    адад китобҳои тахассусӣ, 14 адад умумитаълимӣ, 15 адад бадеӣ мебошад. Бо забони тоҷикӣ 40 адад ва бо забони русӣ 16 адад мебошад.

Барои ҷалби донишҷӯёну омӯзгорон ба китобҳои бадеӣ санаи 20.04.2023 дар саҳни муассиса китобҳои тозанашри бадеӣ ба намоиш гузошта шуд.

Маркази бақайдгирӣ ва машварат

Мавсуф зикр кард, ки Маркази  бақайдгирӣ ва машварат бо  мақсади муайян ва танзим намудани самтҳои асосии низоми таҳсили кредитӣ бо Фармоиши директори муассиса ташкил гардида, донишҷӯёни бахшҳои якум, дуюм, сеюм ва чорумро, ки тибқи низоми кредитии таҳсилот таҳсил мекунанд, пурра дар зери назорат гирифта, раванди донишазхудкунии онҳоро идора мекунад.

Бояд қайд намуд, ки дар маркази бақайдгирӣ ва машварат 8 нафар корманд кор ва фаъолият менамоянд. Ҳайъати кормандони марказ аз сардор, 2 нафар мутахассис ва 5 нафар эдвайзерони факултетҳо иборат аст.

Дар давоми фаъолияти корӣ кормандони марказ маҷлисҳои шӯъбавӣ гузаронида раванди кори марказро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Ҳоло дар муассиса шумораи умумии донишҷӯён 4326 нафарро ташкил менамояд, ки ин нишондиҳанда дар соли гузашта 4314 нафар буд. Ҳамчунин донишҷӯёни дар шакли буҷет таҳсилкуннада 1023 нафар буда, аз ин 942 нафарашонро духтарон ташкил менамоянд. Инчунин, бояд қайд кард, ки дар муассиа шумораи донишҷӯдухтарон  3881 нафар буда, 89,7,%-и умумии донишҷӯёни муассисаро ташкил медиҳад.

Аз ҷониби кормандони марказ ба ҳамаи донишҷӯён корти донишҷӯӣ ташкил карда шудааст. Корти донишҷӯиро донишҷӯён метавонанд ҳамчун корти нақлиётӣ, корти бонкӣ (DC) ва барои дидани давомоти худ дар раванди дарсҳо истифода намоянд.

Ҳамчунин, ҳамарӯза аз ҷониби кормандони марказ рафти иштироки донишҷӯён дар дарсҳо зери назорати қатъӣ қарор дода  шуда, бо мақсади боварӣ ҳосил намудан барои иштирок дар дарсҳо имзои ҳар як донишҷӯ гирифта шуданд.

Нуқтаи тиббӣ

– Дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд нуқтаи тиббӣ фаъолият мекунад. Нуқтаи тиббӣ дар ошёнаи якуми бинои таълимии муассиса бо масоҳати 18 метри мураббаъ ҷой гирифта, иборат аз як ҳуҷра мебошад. Дар ҳуҷра, ки асосан барои амалиёти тиббӣ аст, 1 кат барои гузаронидани амалиёт, 1 мизиши шагӣ, 1-то ҷевони шишагӣ бо маводди доругии гурӯҳбандӣ кардашуда, ҳароратсанҷ, фишорсанҷ, шпателҳои яккарата, шина, бинти эластикӣ, бикс ва латокҳо мавҷуданд. Ба ғайр аз ин барои ҳолатҳои таъҷилие, ки рух медиҳад. ба монанди беҳушӣ, хунравӣ кумаки аввалияи тиббӣ расонида мешавад.  Тартиби ташкили расонидани кумаки тиббӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулода бо  андешидани тадбирҳо оид ба пешгирӣ, расонидани кумаки таъҷилии тиббӣ, кумаки тиббӣ, наҷоти ҳаёти ҷабрдидагон ва бартараф намудани таъсири давомноки омилҳои осебрасонанда мебошад.

Санаи 04. 01. 2023 дар муассисаи коллеҷи мазкур аз тарафи Маркази саломатии №1 муоинаи тиббӣ ташкил карда шуд, ки 98 нафар кормандон аз муоинаи тиббӣ гузаштанд, ба монанди таҳлили хун ва оташак, амрозизанона, пусту таносул, асабшинос, амрози дарунӣ, шушу шоҳрагҳо,  сӯзок ва ғайра. Дар муассиса оиди гузаштан аз муоинаи тиббӣ дар як сол як маротиба ҳамаи кормандон ва донишҷӯён аз муоинаи тиббӣ ба роҳ монда шудааст. Санаи 12.09.2023 дар муассисаи коллеҷи мазкур аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуъбаи дезинфексияи профилактикии шаҳри Хуҷанд корҳои дезинфексионӣ дар муассиса ва инчунин дар хобгоҳи ин муассиса низ гузаронида шуд, – иттилоъ дод дар анҷоми суҳбат Алимат Мавлонзода.

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь