Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Рӯдакӣ хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо роҳбари шабакаи мазкур Ҷалилов Пирумшо Басирович суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Дар оғози суҳбат номбурда қайд кард, ки аз фурсати муносиб истифода карда, кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро бо ҷашни бузурги миллӣ-Истиқлоли давлатӣ, ки дар остонаи таҷлили он қарор дорем, муборакбод мегӯям ва бигзор Истиқлоли кишвари азизамон поянда бод!

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар кишвари соҳибистиқлоли мо давра ба давра амалӣ шуда истодаанд, ки баёнгари ҳусну таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳат тиб мебошад.

Табибон, шифобахшон ва ҳомиёни саломатии мардум мебошанд. Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат баробари дигар соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ, тибби тоҷик низ рушду инкишоф ёфта, ба хотири беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба ҷомеа як қатор барномаҳои давлативу соҳавӣ қабул гардиданд.

Чӣ тавре, ки Пешвои муаззами миллат дар як баромади худ гуфта буданд:

“Дар воқеъ, касби табибӣ яке аз пешаҳои муҳимтарини инсонӣ ба шумор меравад, ки дар таърихи фарҳанги башарӣ мақом ва мартабаи хоса дорад. Табибон нафароне мебошанд, ки инсоният ҳамеша ба онҳо ниёз дорад. Зеро, инсон дар рафти зиндагӣ ҳамеша бо бемориҳо рӯ ба рӯ мешавад ва ягона нафаре, ки дар чунин ҳолат ба дарди онҳо дармон шуда метавонад, ин табиб аст. Аз ин ҷост, ки шаҳрвандон ба табибон ҳамчун наҷотбахши ҷони хеш муроҷиат менамоянд”.

Дар идомаи суҳбат номбурда афзуд, ки Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солимии ноҳияи Рӯдакӣ дар давоми 6 моҳи соли 2023, тибқи қарори амрҳои Пешвои муаззами миллат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2021 таҳти №566 оиди “Барномаи милли ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”, нақшаи кории марказ, нақшаҳои муштарак бо маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО, Маркази имунопрофилактика, бахши кор ба ҷавонони ноҳияи Рӯдакӣ, Раёсати маорифи ноҳия, КАТС-и ноҳия, ВАО ва дастуру супоришҳои Вазорати Тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Маркази Ҷумҳуриявии ташакулли тарзи ҳаёти солим, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ фаъолият намуда, корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ва чорабиниҳои пешгирикунанда оид ба бемориҳои сироятӣ ва ғайри сироятӣ дар байни аҳолӣ, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, боғчаҳо, омӯзишгоҳҳо, корхонаҳо, бозорҳо, марказҳои хизматрасонӣ, МСД-ҳо,бунгоҳҳои  тиббӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ корҳои зеринро ба анҷом расонид, аз ҷумла:

Сӯҳбатҳо ва машваратҳо- 531 адад.

Чорабиниҳо дар байни мактаббачагон ва боғчаҳои кӯдакона 27- адад.

Иштироки аҳолӣ дар чорабиниҳои иттилоотию маърифатӣ 21727- адад.

Тақсимоти маводҳои иттилоотӣ 3612- адад.

Дар 6 моҳи  соли  2023 аз ҷониби кормандони соҳаи тиб, дар муасиссаҳои Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ 482740 нафар муроҷиаткунандагон қабул карда шудаанд, ки аз онҳо бо сабаби беморӣ 166743 нафаранд.

Солимии модару кӯдак

Ҳамзамон, номбурда қайд кард, ки яке аз нишондодҳои асосии солимии ҷомеа ин сатҳи сиҳатии модару кӯдак мебошад. Аз ин сабаб, масъалаи сиҳатии модарон зери назорати доимии маъмурияти КАТС қарор дорад.

Ҳарруза аз тарафи табибони машваратчӣ ва момодояҳо дар мактаби  тайёрӣ ба зоиши партнёрӣ махсусан бо занҳои якум ҳомиладор суҳбатҳо гузаронида шуданд.

Дар 6 моҳи соли 2023 бо 13 нафар, ки бо модару кӯдак сару кор доранд дарсҳо гузаронида шуд. Бо 4 нафар нав ба кор қабул шудагон, ки 18 соата дарс гузаронида шуд. Дар байни занони фаъол дар минтақаҳо гуруҳои дастгирикунанда оиди синамаконӣ ташкил карда шуда аст.

Дар 6 моҳи соли 2023 бо ҳамаи занҳои ҳомиладор ва ширмакон оиди 10 қадами ширмаконӣ маслиҳат дода шуд.

 Омӯзиш ва пешгирӣ

Ҳамзамон, мафсуф афзуд, ки Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2023 пешниҳод гардидааст, маълумотҳои зерин пешниҳод менамояд.

Дар маркази ноҳия барои бартараф кардани хатари осеббардорӣ ва бақайдгирӣ инчунин омилҳои татбиқи иқлимӣ ташкил карда шуда, аз рӯи онҳо корҳо бурда мешавад.

Байни толибилмон ба гуруҳҳои аҳолӣ бо мақсади пурзӯр кардани корҳои профилактикӣ оиди пешгирии осебҳо, шахсони мутассадӣ таъин карда шудаанд.

Тавассути радиои маҳаллӣ пахши мустақим бо иштироки табибони осебшинос оид ба масъалаи осеббардорӣ ташхис, табобати замонавӣ ва офиятгардонӣ аз осебрисолаҳо хонда шуд.

Дар ҷаласаҳои пагоҳирӯзӣ байни кормандони КАТС ва МСН-ҳо сардухтурони МСД-ҳо оиди пешгирии осеббардорӣ ёрии аввалини тиббӣ дарсҳои амалӣ ва семинарҳо хонда шуд. Аз тарафи мутахасиссони осебшинос байни 741 нафар ШКД ва БДА дарсҳои амалӣ ҳангоми садамаҳои нақлиётӣ ва осебҳо расонидани ёрии аввалин маърӯзаҳо хонда шуд.

Ҳамагӣ муасиссаҳои истеҳсолӣ, ки дорои хатари осеббардорӣ мебошад, зери назорат ва ба қайд гирифта шудаанд. Дар муассисаҳо корҳои пешгири оиди осебгирӣ гузаронида шуда қуттиҳои ёрии аввалин ва нуқтаҳои ёрирасон ташкил дода шудаанд.

Ба барномаҳои таълимии мактабҳо пешниҳоди ворид намудани машғулиятҳо оид ба пешгирии осеббардорӣ тарғиби тарзи ҳаёти солим ворид карда шавад. Дар давоми 6 моҳи соли 2023 тавассути радиои маҳаллӣ паёми мустақим бо иштироки мутахассисон бемориҳои осеббардорӣ оиди осеббардорӣ ва пешгирии он ташкил дода шуд.

Дар давоми 6 моҳи соли 2023 аз тарафи мутахассисони МСД, ки наздик ба шоҳроҳҳои калон ҷойгир шудаанд, нуқтаҳои расонидани ёрии аввалин ҳангоми осеб ташкил дода шуд, ки 8 ададро ташкил мекунанд.

Нуқтаҳои номбурда бо асбобҳои лозима таҷҳизонида шудаанд.

Ёрирасонӣ ва шароит

Номбурда дар идомаи суҳбат зикр дошт, ки ҳисоботҳои оморӣ ҳангоми садамаҳои нақлиётӣ, саноатӣ ва хоҷагӣ дар ҳар шаш моҳи соли ҷорӣ ташкил дода шуда, аз муассисаҳои лозима талаб карда мешавад. Дар маркази сухторхомушкунии ноҳияи Рӯдакӣ ва бригадаи зудамали КАТС ва ёрии таъҷилӣ дарсҳои амалӣ оиди расонидани ёрии аввалин гузаронида шуд.

Дар ҳайати шӯъбаи ҷарроҳи 10 кати бемориҳои осебгирифта ва 4 кати бемориҳои ҷарроҳӣ, асаб ташкил дода шудааст.

Дар КАТС 1 ҳуҷраи осебшиносӣ воқеъ буда, дар он 4 нафар табибони тахасуснокии дараҷаи гуногун фаъолият доранд.

Ҳамаи табибон ва ҳамшираҳо бо дараҷаҳои тахасусӣ таъминанд.

Дар миқёси маркази саломатии ноҳияи Рӯдакӣ ҳамагӣ 430 нафар бемор бо гирифтани осеб ва бемориҳои ортопедӣ муроҷиат кардааст.

Дар КАТС 1 ҳуҷраи  осебшиносӣ ва 4 нуқтаҳои расонидани ёрии аввалин дар ҳайати МСД-и Баҳористон, МСД Сарикиштӣ фаъолият  доранд. Шумораи беморони дар қайди «Д» буда 63 нафар: ортопедия 23  нафар, бо осебҳо 24 нафар (осеби андоми боло 16 нафар, осеби андоми поён 13 нафар, осеби сутунмуҳра нест ва боқимонда бо осебҳои гуногун) ва 22 нафар осебҳои газида. Ройгон 120 нафар.

Тибби оилавӣ

Инчунин, мавсуф иттило дод, ки дар асоси нақшаи кори сохтори КАТС-и ноҳия ва амалӣ гардонидани фармони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.06.1998с. № 236 «Оиди ворид намудани тибби оилавӣ дар муассисаҳои тандурустии ноҳия» чунин маълумот пешниҳод менамояд.

Маркази саломатии ноҳиявӣ фаъолияти худро дар  бинои нав оғоз намуда, шуъбаҳои 1-ум ва 2-юми тибби оилавӣ дар ошёнаҳои 1-ум ва 2-юм ҷойгир шуда ва бо мудирони шуъбаҳо таъин карда шудаанд. Дар марказ ҳамагӣ  27 -нафар табибон, 74 нафар хамшираи тибби оилавӣ фаъолият менамоянд. Ҳамагӣ дар  ноҳия 1-ум ва 2-юми соли хониши ординатураи клиникии тибби оилавӣ 2 нафар фаъолият доранд.

Ҳамаи онҳо кор бо принсипҳои тибби оилавӣ тахминан ба

55180 нафар аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд. Минтақаҳои хизматрасонӣ дар ш. Сомониён ва ҷамоати Чоргултеппа ҷойгир шудааст.

Ҳуҷраи СБФМС (ЭЭГ)

-Дар 6 моҳи соли ҷорӣ адади санҷиши СБФМС (ЭЭГ) ҳамагӣ- 116 нафарро ташкил медиҳад,- 55 нафар калонсолон, – 61 нафар кӯдакони то 18  сола, ройгон 17 нафар.

Ҳуҷраи СБД (ЭКГ)

Дар 6 моҳи соли ҷорӣ адади санҷиши СБД (ЭКГ)- ҳамагӣ- 1621 нафарро ташкил мекунад, калонсолон – 1592 нафар, кӯдакони то 18 сола 29 нафар, ройгон 905 нафар.

Ҳуҷраи Фавқуссадо (УЗИ)

Дар 6 моҳи соли ҷорӣ адади санҷиши фавқуссадо (УЗИ) ҳамагӣ- 2214

нафарро ташкил медиҳад. Калонсолон- 2105 нафар, кӯдакони то 18 сола 109 нафарро ташкил медиҳад, ройгон 100 нафар,-афзуд номбурда.

Дурнамо

Ҳамсуҳбати мо оид ба нақшаҳои дар пеши истодаи шабака сухан гуфта, аз ҷумла изҳор дошт, ки барои беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, таъмини амнияти саломатии мардуми ноҳияи Рӯдакӣ:

  1. Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ дар байни кормандони тиб ва аҳолӣ омӯхта, иҷроиши он таъмин карда шавад.
  2. Кӯмаки аввалияи тиббиву санитариро дар Марказҳои саломатии ноҳиявӣ, Марказҳои саломатии деҳот ва хонаҳои саломатӣ беҳтар намуда, вазифаҳои дар пеш гузоштаи Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустиро саривақт иҷро намоянд.
  3. Баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббии фаврӣ.
  4. Хизматрасонии аввалияи тиббиро ба модарону кӯдакон беҳтар намуда, фавти онҳоро пешгирӣ намудан. Оиди иҷроиши Нақшаи миллии чорабиниҳо оид ба таъмини ҳифзи саломатии модарон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рушди саломатии кӯдакон ва наврасон чораҳои зарурӣ андешида, паст намудани таваллудҳои хонагӣ ва ҳолатҳои фавти модарон.
  5. Эмгузаронии кӯдакони навзодро оиди пешгирии бемории сил беҳтар намуда, фарогирии онро ба 96 – 100% расониданд.
  6. Иҷроиши барномаҳои миллии соҳаи тандурустӣ ва ташхису табобат аз рӯи протоколҳои клиникӣ дар муассисаҳои тиббии ноҳия.
  7. Ҳамаи қарору фармонҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, раиси ноҳия, ВТҶТ-ро саривақт ба кормандони тиббии ноҳия расонида, назоратро оиди иҷроиш таъмин намоянд.
  8. Сифати гузаронидани семинару машғулиятҳо, сӯҳбату вохӯриҳо дар байни кормандони тиб ва аҳолӣ беҳтар намуда, барои такмили ихтисос ва баланд бардоштани маҳорати касбии кормандони тиб кӯшиш намуда, сафи дараҷаноки кормандони тиббро зиёд намоянд.
  9. Баланд бардоштани маърифати тиббӣ, дар байни аҳолии ноҳия.

Дар фароварди суҳбат ҳамсуҳбати изҳор дошт, ки тарҳрезӣ намудани нақшаҳои корӣ барои соли 2024 оиди беҳдошти хизматрасонии сохтори КАТС  ва мувофиқа намудан бо ВТ ва ҲИАҶТ, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия.

МСННР ва МСД-ро аз мутахассисон таъмин намудан, шароити корӣ ва бо таҷҳизҳои ҳозира замон таъмин намудан.

Шароити мувофиқ фароҳам овардан, дар МСННР ва МСД-ҳо барои хизматрасонии беморони имтиёзнок (МҶБВ ва ИҶБВ ба онҳо баробар шудагон, модар ва кӯдак, маъюбони гурӯҳҳои 1, 2, 3).

Таъмини МСННР ва МСД-ҳо бо таҷҳизотҳои нав, аз ҷумла дастгоҳи флюрография.

Ҳамкорӣ бо дигар сохтору муасиссаҳои ноҳия баҳри иҷроиши барномаҳои миллӣ ва соҳавӣ идома дода мешаванд.

Хулоса, мо кормандони соҳаи тиб тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода карда, мекӯшем соҳаи тиб беш аз пеш беҳтару сифтан беҳтар гардад ва ҳамчунин, донишу малаки худро рӯз аз рӯз афзун карда, дар ин соҳаи пуршараф саҳми боистаи худро хоҳем гузошт. Ва албатта, дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи кор худ намуда, нисбат ба ғамхориҳои онкас сипосмандии хешро арза медорем ва мекӯшем сазовори боварии Пешвои миллат бошем.

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь