Бемор шудед? Духтур ба шумо доруи зиёд фармуд? Дорухонаи наздиктарин дар кишвар кадом аст, ки интихоби васеъ ва нархи арзон дошта бошад? Инак, боз як имконияти хуб барои беморон фароҳам омад, ки он ҳам барномаи мобилии замимаи “Доруи ман” мебошад. Аз инҷо тамоми доруҳоро осон ва бо нархи арзон меёбед. Акнун замимаи “Доруи ман” – ин наздиктарин дорухонаи шумост. Доруҳоро бо сифати баланд ва нархи дастрас аз “Доруи ман” дар фурсати муносиб пайдо намоед! Барномаи мобилии замимаи “Доруи ман” дарёфти осони дору ва шифои комил!

…Ман бо соҳибкор Бадриддин Гуляев дар назди Боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Алишер Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ замоне вохурдам, ки дар даст телефони мобилӣ ба касе чизеро бо ҳарорат шарҳ медод. Пас аз хотимаи суҳбат ӯ ба ман нигариста гуфт:

– Ана дидед, боз як мушкили нафаре осон шуд ва ӯ акнун дигар дар ҷустуҷӯи доруи даркориаш аз як дорухона ба дорухонаи дигар намедавад.

Аз суҳбати пешакӣ бо ӯ медонистам, ки вай чиро дар назар дорад. Гап дар сари он, ки соҳибкор Бадриддин Гуляев айни замон барномаи махсуси телефониеро ба роҳ монда истодааст, ки дар кишвари соҳибистиқлоли мо бори аввал амалӣ мешавад. Барои шарҳ додани ин барномаи мобилӣ ва тарзи истифодаи онро фаҳмидан, ният кардам, ки сари мавзӯи мазкур бо муассиси барномаи мобилии замимаи “Доруи ман” соҳибкори ҷавон Бадриддин Гуляев суҳбате дошта бошам.

– Чӣ сабаб шуд, ки Шумо ба ин амали нек даст задед?

– Ёд доред, замоне, ки дар Тоҷикистони мо COVID-19 дар авҷ буд? Он вақт ҳазорҳо нафар дар ҷустуҷӯи доруи даркории худ аз ин дорухона ба дорухонаи дигар медавиданд. Зеро доруи зарурӣ баъзан дар як дорухона мешуду дар дигар дорухона набуд. Мардуми мо саргардон аз ин гӯшаи шаҳр ба гӯшаи дигари шаҳр медавиданду вақти қимати зиёдеро сарф мекарданд, ки ин ба зарари ҳам бемор буду ҳам беморбону бемордор. Маҳз дар ҳамон давра ман ба ин кор оғоз намудам ва барои кӯмак ба беморон сар то сари шаҳрро гашта, дар кадом дорухона чи хел дору ҳаст, рӯйхат намудаму ба кор сар кардам. Барои ин кор бояд аввал барномаи махсуси телефонӣ сохта мешуд ва барои ин барномасозонро даъват карда, онро сохтем. Албатта, мақсади асосии мо дар ин барномаи мобилӣ кӯмак расонидан ба шаҳрвандон мебошад на пул кор кардан. Масалан агар нафаре аз ягон минтақаи дурдасти Тоҷикистон бемореро ба шаҳри Душанбе орад, духтур ба вай мефармояд, ки фалон доруро ёфта биёред. Ин нафар, ки аз дурдасттарин деҳа меояду на шаҳрро ба пуррагӣ медонаду на дар куҷо будани дорухонаро, бо истифода аз ин барномаи телефонӣ зуд ҷойи доруи даркориро меёбаду кораш осон мешавад.

Бояд гуфт, ки ҶДММ “Айти Сервис” барои рушди соҳаи хидматрасонии тибби кишварамон хеле кӯшиш мекунанд ва ташкили замима барои сомонаи “doru.tj” яке аз чунин ташаббусҳои онҳо мебошад.

Соҳибкор Бадриддин Гуляев инчунин, дар мавриди ҳамкории минбаъдааш бо дорухонаҳои кишвар ва духтурон суҳбат карда, чунин мегӯяд:

– Воқеан ҳам дар оғози кори худ мо мушкилӣ доштем ва барои ҷалби мардум ва ҷамъ намудани маълумоти зарурӣ аз хидмати донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ ва Колеҷҳои тиббии кишвар истифода бурдем. Онҳо дорухона ба дорухона гашта, моҳияти кори замимаро мефаҳмонданд ва аз ин кор дорухонаҳо низ фоида бурданашонро мегуфтанд. Оҳиста – оҳиста сафи онҳое, ки моро дастгирӣ мекарданд афзудан гирифт ва ҳоло сокинон роҳи осони дарёфти доруи заруриро дар ворид гардидан ба замимаи сомонаи мо мебинанд.

Барномаи мобилии “Доруи ман” платформаи иттилоотӣ ва ҷустуҷӯӣ мебошад.

Барномаи мобилии “Доруи ман”, ки аз он ҷо дору ёфтан мумкин аст, инчунин, нарх ва маълумотро дар бораи дорухонаҳо дарёфт мекунед. Барнома ба шумо имкон медиҳад, ки вақт ва пулро сарфа кунед. Зеро бо истифода аз барнома шумо метавонед доруи худро бо нархи мувофиқ бароятон аз наздиктарин дорухона пайдо кунед.

Бартарии барномаи мобилии “Доруи ман” дар чӣ аст?

– Ҷустуҷӯи қулай ба шумо имкон медиҳад, ки якбора якчанд дорувориро пайдо кунед. Шумо метавонед нархҳоро дар дорухонаҳо муқоиса кунед. Ёрдамчии онлайнии замимаи мобилии “Доруи ман” 24 соат фаъол аст. Ҷойгиршавии масофаро то дорухона фаҳмед ва ба дорухонаи интихобшуда роҳсипор шавед.

Платформа бо тамоми дорухонаҳои шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад. Шумораи дорухонаҳо ва номҳои доруҳо ҳар рӯз дар барномаи мобилии “Доруи ман” зиёд мешавад.

– Шумо бо ҳамин иктифо мекунед ва ё боз ягон нақшаи дигар дар ин маврид доред?

– Албатта дорем ва қадами дуюми мо иборат аз он аст, ки минбаъд дар ҳамин замина расонидани доруи заруриро ба беморону шахсони ба онҳо ниёздошта ба роҳ монем.

Вақте, ки бо муассиси барномаи мобилии замимаи “Доруи ман” соҳибкори ҷавон Бардриддин Гуляев суҳбатро ба охир расонидам, барои имтиҳон ба барномаи мобилии замимаи “Доруи ман” ва сомонаи “doru.tj” номи доруи даркориро навиштам ва дидам, ки тамоми маълумоти зарурӣ ва ҳатто мавқеи ман аз он дорухона то ҷои истам рӯйи эрани телефон баромад. Беихтиёр шиори замимаи сомонаи мазкур ба ёдам омад: “Доруи арзону хушсифат мехоҳед, пас ба барномаи мобилии замимаи “Доруи ман” ва сомонаи “doru.tj” ворид шавед!

Шервони УМРИДДИН,

журналист

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь